Устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов аз зумраи муҳаққиқонест, ки фаъолияти илмии худро барои омӯзиши ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни журналистикаи муосир сарф намуда, бештар ҷанбаҳои гуногуни таърихи матбуотро таҳқиқ баррасӣ менамояд.

Асарҳои сершумори илмии ӯ доир ба таърихи матбуот, таъсис ва ташаккули матбуоти тоҷик дар солҳои 20-ум, 30-юм ва 40-уми асри XX, худшиносӣ, худогоҳӣ, саҳифаҳои норӯшани таъриху фарҳанги тоҷик, таҳқиқи журналистикаи муосир, рисолати рӯзноманигорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими илми публитсистикашиносиро фаро гирифта, хонандаро ба паҳлӯҳои печидаи журналистикаи тоҷик шинос менамояд.

Ӯ таҳқиқоти илмии худро аз омӯзиши матбуоти солҳои бистум ва сиюм оғоз намуда, доир ба инъикоси адабиёт дар матбуоти солҳои сиюм мақолаҳои арзишманд навиштааст. Аз ҷумла, дар мақолаҳои «Матбуот ва адабиёти навин» ва «Дар масири ҳаёт» профессор А. Азимов иштироки шоирон, нависандагон ва умуман адибони тоҷикро дар матбуоти солҳои сиюм нишон дода, боздидҳои бамаротиби адибони байналмилалиро ба Тоҷикистони Шӯравӣ ва навиштаҳои онҳо дар матбуоти тоҷик ва берун аз онро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Муҳаққиқ дар бораи маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» маълумот дода, дар он нашр шудани аввалин шеъри инқилобии тоҷик, ки бо номи «Суруди озодӣ» ё «Марши ҳуррият» аст, мужда медиҳад. Таъкид менамояд, ки ҳарчанд он дар шумораи №23, 7-декабри соли 1919 нашр шуда бошад ҳам, вале ин суруд ҳануз соли 1918 навишта шуда буд. Дар ҳамин мақолааш таваҷҷуҳи бештари шоирону нависандагони ҳамон давраро ба матбуот дақиқназарона баррасӣ намуда, онҳоеро зикр кардааст, ки ҳамеша бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ мекарданд.

Барои нишон додани бедории мардуми тоҷик, шинос кардани адабиёти ҳазорсола, пайдо шудани фарҳанги ҷадид, рӯ овардан ба забони русӣ, ки воқеъан он вақт мавқеи муҳим дошт, рӯзнома ва маҷаллаҳои рӯсӣ ҳам ба монанди «Правда Востока» ва «Советская литература народов Средней Азии» дар шаҳри Тошканд нашр мешуданд, адибони мо тарҷумаи асарҳои манзуму мансури худро дар он чоп мекарданд. А. Азимов матбуоти солҳои 20-ум ва 30-юмро таҳқиқ намуда, ба хулоса омадааст, ки «Адабиёти нави шӯравии тоҷик аз матбуот манша гирифтааст».

Агар навиштаҳои илмии ӯро бо навиштаҳои муҳаққиқони дигар, аз ҷумла М. Шукуров, М. Раҷабӣ, А. Набиев, ки адабиётшиносони варзидаанд, муқоиса намоем, мебинем, ки ӯ андеша ва ақидаҳои онҳоро аз як тараф эътироф карда, аз ҷониби дигар бо  диду назари тоза  хулосаҳои худашро низ баён намудааст. Миёни асарҳои зиёди илмиаш «Рӯзнома ва рисолати худшиносӣ»-и ӯ диққати маро ба худ ҷалб кард. Ин китоб аз панҷ қисм иборат буда, қисми якум «Рисолати рӯзнома», қисми дуюм «Зеркало истории», қисми сеюм «Журналистика ва сиёсат», қисми чаҳорум «Таърих гувоҳ аст» ва қисми панҷуми он «Тақризҳо» унвон гирифтааст.

Ӯ дар мақолаи  худ  « Рӯзномаи Овози  тоҷик»  ҳамҷун   сарчашмаи  таърихӣ »   дар  асоси   санадҳои   бойгонӣ  таърихи    нашр,  мавзуъҳои  рӯзнома,  вазифа,  мақсад,   мавқеъ  ва  ахиран  нақши  ин  рӯзномаи  тақдирсозро  дар  рушди  маънавиёти  мардуми  тоҷик   нишон  додааст.    Ҳамзамон, нақши муҳими  устод  Айниро  дар  таъсиси  рӯзномаи  мазкур  зикр   намуда,  аз  мақолаи  аввалини  рӯзнома  ҳам,  ки  ба  қалами  устод  тааллуқ  дошт,  ёдовар  шудааст:  «Устод  Айнӣ яке  аз  муассисони  рӯзномаи «Овози  тоҷик»  буда,  таъсиси  онро  бо  хушнудӣ  истиқбол  кард.  Дар шумораи   аввали  ин  рӯзнома   «Қавми  тоҷик  ва  рӯзнома»  ном  мақолаи  ӯ  ба  табъ   расидааст,  ки  Айнӣ   нашри  рӯзномаи «Овози  тоҷик» – ро  дар  ҳаёти   сиёсӣ,  иҷтимоӣ  ва  мадании  халки  тоҷик  ҳодисаи   фаромӯшнашавандаи  таърихӣ  номидааст»   ва  суханони  устод  Айниро  аз  рӯзнома   овардааст,  ки  ба  гумонам  онро  дар  ин ҷо  овардан  барои  насли  имрӯз  хеле  муҳим  аст.  «Ин рӯзнома»  – навиштааст  Айнӣ,  мисли  номаш,  албатта  тоҷик  хоҳад  буд. Акнун   гуфта  мешавад, ки  ҳамаи  даркориҳои  худро  ба  рӯзномаи  худ  нависад.  Акнун метавонад,  ки  аз  аҳволи  олам  бохабар    шавад.   Акнун метавонад, ки  дарди  дили  худро   ба  воситаи  рӯзномаи  худ,   ки  забони  тоҷик  аст,  ба  ҳар  кас  во  намояд». Бино бо  таҳқиқи  ӯ  дар  рӯзномаи  «Овози  тоҷик»  ҳамаи  масъалаҳои  мубрами  рӯз  ва  ҳатто  мавзуъҳои  сиёсӣ  низ  дарҷ  гардида,  мавриди  баҳсу   мунозираи  зиёиёни   бедори  тоҷик  гардидааст.  Мақолаҳои аз  қабили «Дар  бораи  тақсими  ҳудуди  миллатҳои  Осиёи  Вусто»,  «Боз  дар  атрофи  масъалаи  тоҷикӣ», «Тоҷикон  фаромӯш  нашаванд», «Аҳолии Хуҷанд  ва  Ӯротеппа   аксар  тоҷиканд»,   «Тақсими  худуди  миллатҳоро  комилан  ба  ҷо  овардан  лозим  аст»  ва  ғайра   аз  тарафи  шахсиятҳои  гуногун    бо  имзоҳои  мустаор  навишта  шудааст.  Воқеан онҳо  бо  миллати  худ  дилсӯз  буданд,  воқеиятро  дарк  мекарданд  ва  барои  ҳақиқат  мубориза  мебурданд. Мақолаи дигари  пурарзиши   ӯ  «Тоҷикистони  сурх»  дар  солҳои   Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ»  аст,  ки  муаллиф  дар  он  нақши  рӯзномаи  мазкурро дар пурзӯр кардани тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани эҳсоси башардӯстӣ, садоқат ба Ватан ва таъмини ғалабаи мардуми советӣ аз болои Германияи фашистӣ возеҳ арзёбӣ кардааст. Албатта, дар он солҳо шоирон, нависандагон ва умуман адибон дар матбуот фаъолона иштирок намуда, бо қалам ба муқобили душман мубориза мебурданд. Устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳ. Юсуфӣ, Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, С. Улуғзода, Р.Ҷалил бо эҷодиёти ватандӯстона саҳифаҳои рӯзномаро рангин мекарданд. Муаллиф пас аз таҳқиқу баррасӣ нақши рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»-ро бо чунин андешаҳо ба итмом мерасонад: «Меҳнат ва хизмати публитсистон, журналистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Журналистон ва кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» садоқати худро ба Ватан ва қарзи фарзандиро дар назди таърих бошарафона иҷро кардаанд».

Мақолаҳои қисми дуюми китоби «Рӯзнома ва рисолати худшиносӣ» бо забони русӣ таълиф гардида, он ба хонандагони русзабон пешниҳод шудааст. Мавзуъҳои он аз назару нигоҳи муаллиф ба матбуоти солҳои сиюм, такмил ва ташаккули матбуот дар он солҳо, мавзӯъ ва маводҳои рӯзномаҳо, навовариҳо дар матбуот, нуфузи устод Айнӣ ва Лоҳутӣ дар матбуоти даврӣ ва ғамхории онҳо дар тарбияи мутахассисон, мушкилот ва масъалаи кадрҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ иборат буда, хонандаро мутаваҷҷеҳ менамояд, ки рӯзнома монанди ойина ҳаёти ҳаррӯзаи мардумро равшан инъикос мекунад.

Қисми  чоруми  китоб  бештар  диққати  хонандаро  ба  худ  ҷалб  мекунад.  Он ба масъалаи хеле муҳими сиёсию таърихии   рӯзҳои мо бахшида шудааст, яъне, масъалаи Ворух.  Муаллиф дар барои Ворух ду мақолаи хубу арзишманд навиштааст: «Аз Вара то Ворух» ва «Ворух дар шинохти А.П.Федченко».  Ӯ дар ин мақолаҳо, ки худ зода  ва  парвардаи  ҳамин  деҳа  аст,   оид  ба  таърих    ва  пайдоиши  Ворух,   мазмуни  воҷаи  Ворух,  сокинони  бумӣ,  таърихи  баромади  номвоҷаҳои   суғдии   маҳаллаҳо,   маконҳои  таърихӣ,   мавзеъҳои  он  мавқеи  ҷуғрофӣ  ва  нуфузу  эътибори  Ворух  андешаҳои  ҷолиб  баён  кардааст.  Дар мақолаи  дигараш  хонандаро    ба  сайру   саёҳати  олими    табиатшинос  ва  сайёҳи    рус  Алексей  Павлович  Федченко  ба  водии  Фарғона,  аз  ҷумла   ба  Ворух  дар  соли  1871  шинос  менамояд.  Аз мазмуни  мақола  бармеояд,  ки  А.П.Федченко  дар  ин  саёҳаташ  пас  аз  тамошои  водии  Фарғона  ба Хуқанд омада, ба воситаи дараи Лакон-Даҳана ба Исфара ва аз Исфара ба Сурх, Чоркӯҳ ва ахиран ба Ворух меояд. Ӯ деҳаи Ворухро тамошо карда, аз нигоҳи ҷуғрофӣ маълумоти нодир медиҳад. А.П.Федченко дар «Рӯзнома»-аш навиштааст: «Ворух охирин деҳа аст: аз Ворух баландтар дар кӯҳҳо заминҳои корами сокинони Ворух – тоҷикон, боз болотар – чарогоҳ (айлоқ)-и тобистонаи қирғизҳо ҷойгир аст. Дар ин кӯҳҳо қирғизҳои кӯчӣ буду бош доранд». А.П. Федченко аз Исфара то Ворух ба ягон қирғиз вонахӯрдаю  ё аз ягон деҳаи қирғизнишин ёд накардааст. Бошандагони музофоти Исфара ва то Ворухро сирф тоҷик номидааст, ки ин ҳақиқат аст.  Профессор Аъзамҷон Азимов мақолаашро бо чунин ҷумлаҳо ба итмом расонидааст: «Аз қайдҳои сафари А.П. Федченко мо мушоҳида ва дарк мекунем, ки дар водии Фарғона, бахусус Исфара, Сурх, Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло, Ворух умуман ин дараи зебоманзар ба тоҷикон тааллуқ дошту дорад. Дар раванди таърих деҳаи Ворух «ҷазира» буданаш дар ягон сарчашмаву маъхазҳои таърихӣ ёд нашудааст. Пас, таърих гувоҳ аст, ки Ворух пайванд ва ҷузъи ҷудонашавандаи шаҳри Исфара ва Тоҷикистони азизи мост». Ҳамин тавр, муҳаққиқи пуркор профессор Аъзамҷон Азимов асарҳои зиёди илмӣ ва мақолаҳои илмии фаровоне оид ба таърихи журналистикаи тоҷик навишта, мавзӯҳои мушаххасро мавриди таҳлил, таҳқиқ қарор додааст, ки онҳо дар рушду такомул ва пешрафти журналистикаи тоҷик нақши муҳим дошта, ба донишҷӯён, муҳаққиқони соҳаи матбуот, адабиётшиносон, муаррихон ва ходимони ВАО маълумотҳои диқиқ медиҳад ва дар ҷаҳонбинии илмии хонанда таъсири амиқ хоҳад гузошт.

Маҳмудҷон Ниёзӣ, директори  Қасри фарҳанги Ворух,

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь