Субҳони Аъзамзод яке аз муҳаққиқини хеле фаъол ва ворид ба масъалаҳои ҷараёни илмиву адабии муосир ба шумор меравад. Дарвоқеъ, вай аз он насли ҷавони пажӯҳишгарон аст, ки кору фаъолияти илмиашон дар замони Истиқлоли кишавар шакл гирифтаву ба камол расидааст. Ҳаминро бояд таъкид кард, ки агар замони таҳсили ӯро ба назар гирем, пас метавон гуфт, ки вай ва муҳаққини ҳамсинну солаш дар пайванди ду марҳала – замони шӯравӣ ва истиқлол ба фаъолият оғоз кардаанд. Ва бинобар ин, онҳо бо худ боз ҷиддияти пажӯҳишгарии шӯравӣ ва навгароиҳои давраи охирро таҷассум мекунанд. Ҳаминро бояд ба назар гирем, ки дастоварду сустиҳо, агар дар кори онҳо вуҷуд дорад, натиҷаи ҳамин даврони гузариш бояд ба шумор ояд.

Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки Аъзамзод имрӯз ба бисёр масоили адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, таърихнигорӣ, таҳияи матн ва кутуби библиографӣ кор гирифтааст. Тибқи маълумоти библиографии мавҷуда вай зиёда аз ҳазору шашсад маротиба дар бахшҳои сухансанҷӣ иштирок доштааст, ки ин маънои дар пажӯҳиши бахшҳои филология саҳми чашмрас гирифтни ӯро дорад. Муҳимтар аз ҳама, ба фикри банда ин аст, ки Аъзамзод ворид ба асосҳои назарии мавзӯъ ва таърихи масъалаҳост, ки дар бораи он менависад. Дарвоқеъ, ин хусусият барои як муҳаққиқи воқеӣ бояд бисёр муҳим ба шумор ояд, зеро дар аксари таълифоти илмии имрӯз чунин эҳсос мешавад, ки аҳли таҳқиқ ҷойгоҳ ва самти мавзӯъу масъалаҳое, ки бояд ба баррасӣ кашанд, дақиқ тасаввур карда наметавонанд. Мавзӯъ ва масъала барои онҳо ба сари худ муҳим менамоянд ва якандоза яктарафа аз назар гузаронида мешавад ва ҳатто таърихи пажӯҳиш ёдовар шавад ҳам, вале аслу моҳияти он аз назарҳо дур мемонад. Гумон мекунам, ки ин камбудӣ имрӯз дар адабиётшиносии тоҷикӣ чизи  хурд нест.

Аммо аз маҳосини аввалини навиштаҳои Аъзамзод бояд ҳамин ба шумор ояд, ки онҳо бар мабнои асли назарии масъалаҳо таълиф мешаванд ва аз ин сабаб далеру арқом на танҳо манзараи умумии ҳодисаи адабӣ ва ё илмии мавриди пажӯҳишро равшан месозанд, балки моҳияти онҳоро ба қадри имкон мекушоянд ва майл ба тамоюлбинӣ доранд.

Дар омади гап бояд гӯем, ки боре миёни банда  ва эшон дар мавриди сабк дар пажӯҳишгарӣ ва сабки пажӯҳишгар изҳори назарҳо ба миён омад. Эшон мехост, масъалаи сабкро дар адабиётшиносӣ ва мисоли пажӯҳшгарони алоҳида ба миён гузорад ва равшан кардани сабки муҳаққиқро чун як қазияи илмӣ ба кор бигирад. Аммо, ба фикри банда, сабк бештар ҷанбаи зеҳнӣ дорад ва бар навиштаҳои озоде мисли эссеи илмӣ ва рӯзгорномаҳо, ки бар асоси таассурот таълиф шудаанд ва то дараҷае куллан ба баъзе намунаҳои нақд, ки табиатан зеҳнгароӣ аз ҷузъи муҳиммии он аст, хос бошад. Дар ин маврид ҳатто метавон аз сабки як ноқиди адабӣ ҳам сухан ба миён овард. Аммо дар таҳққиқи ҷиддӣ ва бунёдии илмӣ аз сабк, ки ба маънии шохисаи субъективист, сухан ба миён овардан он қадар самарабахш намебошад. Зеро ин ҷо муҳим нест, ки муҳаққиқ ба чӣ лаҳн, бо чӣ обу ранге аз эҳсоси худ, ки асоси сабканд, масъалаҳоро баррасӣ менамоянд. Муҳим ин ҷо баррасии солим, дараҷаи асосноку бодалел ва мантиқӣ таҳлилу равшан кардани масъалаҳо ва ба натиҷаву хулосаҳои солим расидан аст. Агар сабк нигориш ва муассирии зеҳниро тақозо дошта бошад, пас таҳқиқоти илмӣ пӯяндагӣ, таҷзия, эътимоднокӣ ва расидан ба натиҷаи дурустро тақозо дорад. Бинобар ин, дар пажӯҳишгарӣ интихоби тарзу усули (методи) таҳқиқ ва ё ковиши ҷиҳатҳои номаълуми масъала ва ё расидан ба натиҷаҳои тозаи илмӣ ва куллан шакл додани мактаби хоси муҳаққиқӣ бояд муҳим ба шумор равад. Ва гумон дорам аз китобу рисолаҳои Субҳони Аъзамзод “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода” (2009), “Адабиёт ва маърифати нақд” (2012), “Фурӯғи нақд” (2018), маълум мешавад, ки эшон дар роҳи пажӯҳишгарии ба тарзу тариқи хосе қадам бардоша, ба ҷиддияти чустуҷӯҳои илмӣ тафовут дорад. Муҳаққиқ  мекӯшад, ки бар асоси далолили таърихӣ аз вазъи пажӯҳишҳои адабӣ, ки ҳоло сурати илми комили адабиётшиносиро нагирифта буд, падидаҳои онро дар мисоли ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода анҷом дода бошад. Маълум аст, ки кӯшиши шакли додани адабиётшинохтӣ ба сифати илми алоҳида тавассути “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ оғоз шуд ва дар ин поя ба таври пароканда мақолоти дигар пайдо гардид ва хоса боз рисолаҳои Айнӣ дар бораи Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Рӯдакӣ савия ва пояи ин илмро шакл додаанд. Пажӯҳишҳо дар сатҳи дигари илми сухансанҷӣ, адабиёти муосир ва фарҳанги мардумӣ низ ривоҷ пайдо кард ва адабиётшиносӣ дар ҳалқаи куллан илми сухансанҷӣ рӯ ба инкишоф дошт. Масалан, як намунаи он маҷмӯаи “Намунаҳои адабиёти тоҷик”, бо сарсухани алоҳида, ки фарогири иттилооти таърихӣ ва намунаҳои адабиёту эҷодиёти мардумист, мебошад. Ва дар ҳамин солҳо мақолаи донишномаии Сотим Улуғзода низ таълиф шуда буд, ки таърихи адабиёти сеҳазорсолаи моро то солҳои 40-уми асри ХХ ба таври фишурда фаро мегирад. Муҳим он аст, ки ин ду асари охир дар канори намунаҳои адабиёт ҳатман маълумот ва осоре аз шоирони халқӣ ва, умуман, адабиёти мардумиро ба пайваст доштанд. Хоса дар ин айём шахсиятҳое ба майдон омаданд, ки ба масъалаҳо аз чанд ҷиҳат назар дӯхта корҳои ҷолибе анҷом дода тавонистанд. Аслан ин афрод ва ин тарзи тафаккури чандбин бештар хоси давраҳои ибтидоӣ дар ташаккули илмиу фарҳанги нав бояд ба шумор ояд. Вале он бозгӯкунандаи сифати тафаккури ин афрод низ ҳаст, ки Лутфулло Бузургзода аз ҳамин навъ шахсиятҳо будааст ва инро Аъзамзод дар заминаи асноди илмии мазкур хуб нишон дода тавонистааст.

Вай, бе ҳеч нигариши зеҳнӣ, ки дар ин мавзӯъ дар таҳқиқоти дигар ҳаст, фаъолияти чандҷиҳатаи пажӯҳандагии Бузургзодаро ба таҳқиқи дақиқ ва густурдаи илмӣ мекашад. Дар асл, шояд фаъолияти Бузургзодаро, ки дар бахшҳои забоншиносӣ, шеванигорӣ, фолклоршиносӣ, таҳқиқи адабиёт, таълифи маҷмӯаҳои фолклориву адабӣ (“Намунаҳо…”) ва дастурҳои дарсӣ ҷараён гирифтаву савияи хуби илмии муосирро дошт,  дар раванди ташаккули илми филологӣ куллан дидан, натиҷаҳои боз дилхоҳе дода, падидаи ӯро чун олими пешкисват бештар бармало созад ва вазъи илми сухнсанҷии даврро низ мушаххастар равшан намояд. Ба ҳар ҳол, кори илми Аъзамзод фарогири ин ҳама маҳосини фаъолияти Бузургзода аст ва онро метавон бар мабнои адабиётшиносии тоҷикӣ, яке аз пажӯҳишҳои дасти аввал муаррифӣ кард. Ҳаминро ҳам илова метавон кард, ки Аъзамзод дар ин маврид ба зоҳир намудани сабки зеҳнӣ ҳеч кӯшише намекунад ва дар пояи таҳқиқи собити илмӣ меистад.

Дар маҷмӯаи “Адабиёт ва маърифати нақд” низ баррасиҳои Аъзамзод дар ҳамин замина анҷомидаанд. Хоса мақолаи муқаддимавии маҷмӯа дар бораи масъалаи муҳимми адабиётшиносии муосир баҳс мекунад, ҷолиби диққат мебошад. Дар ин маврид муҳаққиқ дар заминаи андешаҳои навназарие, ки солҳои бозсозӣ ва Истиқлол дар афкори ҷамъиятӣ ва  илми адабии тоҷикӣ ба вуҷуд омад ва осори пажӯҳишие, ки бо диди нав дар мавриди таърихи адабиёт таълиф шуда буданд, ақидаи худро оид ба чӣ гуна таълиф намудани таърихи нақду адабиётшиносии замони нав, яъне даврони шӯравӣ пешниҳод мекунад, ки ҷолиби диққат мебошанд. Ба фикри банда, дар ин маврид, ки ҳанӯз таърих навишта нашудааст, бояд консепсияи пажӯҳиши зуҳуру таҳаввули нақд муайян карда шавад, ки дар заминаи дастовардҳои асилу воқеии илмӣ сохта шавад. Бомаврид аст ёдовар шавем, ки Аъзамзод дар бораи таърихи нақди адабии тоҷикӣ сухан ба миён оварда, аз пажӯҳишҳои Маъруф Раҷабӣ ва банда ёдовар мешавад ва кӯшиш мекунад дар бораи баъзе ихтилофи назарҳо миёни моро ба нақд кишада бошад. Аммо эшон ҷонибдори он аст, ки дар мавриди нақд асари Раҷабӣ низ ҷолиби диққат аст. Банда ба арзиши асари мазкур назари мусбат дорам ва гуфтаам, ки он хеле аз маводи нақди адабиии содҳои 20-50-уми садаи бистро бори аввал бо густурдагӣ фаро гирифтааст. Аммо ғарази банда ин аст, ки чун китоб “Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ” номида шудааст, пас бояд вазифаи аввалини муҳаққиқ баррасии таърих бошад ва таърих бояд фарогири ҷараёни зуҳур ва таҳаввули мазӯъ бошад, ки асри мазкур аз ин ҷиҳат ҷавобгӯ нест. Агар минбаъд низ мо таърих навиштанӣ шавем, пас, ба фикри банда, чунки дар боло гуфта омд, аз ҳамин меъёр: чӣ гуна зуҳур кардан ва рушд намудану ба чӣ поя расидани қазияи мазкурро дар маркази диққати илмӣ бигзорем, ки алабатта дар ин зимина ва меъёр бисёр аносири дигари нақд низ бояд ба баррасӣ кашида шаванд.

Ба ҷуз аз китобу мақолоти проблемӣ Аъзамзод дар мавриди таърихи нақд ва адабиётшиносӣ низ мақолаҳо таълиф намудааст. Дар ин маврид вай аз жанри нақди нақд истифода мекунад. Ҳамчунин мақолаҳои зиёда дар нақди осори адабӣ таълиф кардааст, ки ҳама дар маҷмӯаи “Адабиёт ва маърифати нақд” (2012) гирд омадаанд. Дар солҳои минбаъда вай дар нақди адабӣ иштироки фаъолона доштааст.

Нақди вай дар бораи таърихи адабиёт бештар ба баррасии масълаҳои баҳснок ихтисос дода шудааст. Аз ҷумла, назари Далатшоҳи Самарқандӣ дар мавриди шеъри устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”, нақди Ҷалол Икромӣ дар мубоҳисаҳои интиқодии солҳо 20-30-юми садаи бист, сиёсти адабӣ дар партави маводи Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон, нақди шахс ва осори Фирдавсӣ дар Тоҷикистон, таҳаввули афкори интиқодии Мирзо Турсунзода дар бораи мероси адабӣ аз ҳамин қабил мақолоти ӯ мебошанд. Ин мақолаҳо ҳама бо далелу арқом, такя ба сарчашмаҳо таълиф шуда, назари шахсии ҳирфакоронаи муаллиф низ равшан иброз шудаанд. Дар ин маврид ҳаминро ҳам бояд гӯям, ки дар пажӯҳиши илмӣ Аъзамзод гоҳо далелу гуфтаҳои зеҳнӣ ва саридастурхониро (масалан, хотироти Икромиро дар бораи назари Бектош ба эҷодиёти Лоҳутӣ) ба сифати далели боэътимод ба шумор меоварад, ки ба ҳақиқати амалии воқеияти  навиштаҳои илмии он замон мувофиқат намекунад. Ва онҳоро намешавад ба сифти далели қотеъ қабул кард, чун хотирае беш нестанд, ки асосан ҳадафи шахсии муаллифонро ифода мекунанд ва беғаравз нестанд.

Дар фаъолияти Аъзамзод нақди адабиёти муосир ва фаъолияти мунтақидон низ ҷойи муҳим дорад. Таҳлили осори адибону ноқидоне чун Лутфӣ Саид, Муаззама Аҳмадова, Додоҷон Раҷабӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Атохон Сайфуллоев, Валӣ Самад, Аскар Ҳаким, Абдувалӣ Давронов, Матлубаи Мирзоюнус ва дигарон мавриди таваҷҷӯҳи ӯ мебошанд. Дар ҳар маврид мунаққид кӯшиш кардааст, ки қазоватҳояш одилона, дар заминаи дарки моҳияти фаъолияти адибону ноқидон ва бо назари тоза анҷом ёфта бошад. Ҳаминро бояд гӯям, ки мавзӯи интиқоди мову Аъзамзод дар бисёр маврид ҳамоҳангӣ доранд. Масалан, нақди сарнавишт, дарду аламҳои Муаззама ва дар ин поя баррасӣ кардани осори вай диққати мунаққидро ба худ кашидааст. Бояд гӯям, ман ба эҷодиёти Маззама аз аввали солҳои ҳаштодум ошно ҳастам. Нақди дохилие ба маҷмӯаи аввалин вай навишта будам. Сипас, дар мақолаи ба эҷодиёти нависандагони ҷавони солҳои ҳаштод навиштаам (1987), ба осори Муаззама ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷӯяндагиҳои адибони тозаназар махсус таваққуф кардаам. Ҳамчунин мақолаи “Донишномаи адабиёту санъат” ба қалами банда тааллуқ дорад. Ниҳоят, барои маҷмӯаи комили Маззама (1910) пешгуфтор навиштаам, ки  дар он асосан сухан аз навҷӯиҳо ва бахудхосагии ҳунари нависандагии вай меравад. Ва ин ҳама, фикр мекунам, барои назари мукаммали мо дар бораи ин нависандаи боистеъдод бояд кӯмак намояд.

Дар мавриди фаъъол будани Аъзамзод дар нақди ҳодисаҳои адабӣ ва илмӣ сухан ба миён оварда, наметавон дар мавриди иштироки вай дар сомонаҳои интернетӣ ҳарфе нагуфт. Вай яке аз пуркортарин блогерҳо мебошад. Рӯзе ва мавриде нест, ки мақолае ва ё маводе аз ӯ ба нашр нарасад. Хоса, навиштаҳои вай дар бораи аҳли илму адаб ҷолибанд ва ҷӯяндагиҳои вай гувоҳӣ медиҳанд. Аҷибаш, онҳо ба мухлисону дӯстони вай, ки аксар аҳли мутолиа ҳастанд, тоза ба назар мерасанд. Банда чунин пешниҳод дорам, ки Аъзамзод ин силсила навиштаҳояшро дар сурати маҷмӯае гирд оварад ва пешниҳоди хонандагон кунад.

Ниҳоят, ман дар бораи фаъолияти илмиву интиқодии дӯсти ҷавонам Субҳонҷон Аъзамзод чанд нуктаи куллӣ гуфтам ва ҷо-ҷо баҳс ҳам кардаам, ки ин гувоҳ ба ғанӣ ва ҷолибу тоза будани андешаҳои эшон буда, зиёда аз он, бо ҷустуҷӯҳои банда ягонагӣ доштани онҳост. Ба бародари азиз, ки акнун ба марҳалаи камолот қадам мондааст, тансиҳатӣ ва барори корҳои илмиву ҷодӣ таманно дорам.

Абухолиқи Набавӣ,

ходми пешбари илмии ИЗА

 ба номи Рӯдакии АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь