Модарон ҳамеша мебахшанд ва гӯё барои ҳамин ба дунё омадаанд. Қалби модарон чу амвоҷи баҳр бахшанда ва бебок аст.

Александр Дюма

(Дар даврони донишҷӯӣ ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои кишвар устод Қурбон Собир як рӯз ба мо шогирдонаш, ки аз фанни “Маҳорати актиёӣ” дарс мегузашт, супориш дод, то ки пеши пойи модарҳоямон ба зону задаву дастонашро бӯсида, аз ӯ барои хатогиҳои кардаамон бахшиш бипурсем).

Ҳангоми донишҷӯӣ яке аз дарсҳои дӯстдоштаи ман-ин дарси “Маҳорати актиёрӣ” буд. Чунки дарси «Маҳорати актиёрӣ» муқаррарӣ набуд. Дарси тӯфони ақлу руҳ буд. Дарси ақлбаркашиву маънавиётсанҷӣ буд. Дарси чашми қалб кушодану пардаи ғафлат дарондан буд. Дарси мани манро ҷустану хешро шинохтан буд. Дарси саманди нафсро занҷир бастан ва зиндагиро шинохтан буд. Дарси бо хеш мубоҳиса оростану роҳ ба сӯйи худшиносиву худошиносӣ пеш гирифтан буд. Дарси виҷдонро бедор кардан буд.

Дарсе буд, ки мо донишҷӯёнро водор кард, то кафлес ба деги ақл занем: Дар ин дег чӣ дорем, чӣ надорем, чӣ бояд кард, ки ин дег пур шавад. Дарсе буд, ки водорамон сохт, то мани ҳақиқии хешро биҷӯем ва онро бишносем, зеро мо он қадар дар миёни манҳои худ роҳгум задаем, ки намедонем кадоме аз онем. Дарси «Маҳорати актиёрӣ» ба мо омӯзонид, ки бояд дар зиндагӣ ҳатман мани аслии хешро пайдо кард, вагарна манҳои бешумор туро ба ҳеҷ муроду мақсуд нахоҳанд расонид. Балки манҳои бешумор касро дар набарди зиндагӣ нобуд мекунанд.

Дарси «Маҳорати актиёрӣ» барои мо донишҷӯён амсоли оина буд, то дар он худро бубинем…Ба чеҳра ва вуҷуди худ назар афканем ва лаҳзае биандешем: “Ин афту андом, ин фикру андеша магар аз ман аст? Дар дохили ин ҷисм чӣ касест?” Ва ё ба қавли шоир: “Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ аст?”

Маҳз ба воситаи дарси “Маҳорати актёрӣ” мо донишҷӯён дарк кардем, ки китоб хондан, мутолиа намудан барои чист ва чаро бояд инсон китоб бихонад. Ва маҳз дарси “Маҳорати актиёрӣ” шавқ ва ҳаваси китоб хонданро дар қалби мо донишҷӯён зинда кард.

Хусусияти хоси дигари ин фан дар он буд, ки устод Қурбон Собир берун аз доираи дарси хеш ба мо донишҷӯён супориш медод, то ягон асари бадеӣ бихонем ва дарси оянда ҳатман аз ҷараён ва бардошти мутолиаи асар аз мо пурсон мешуд.

Ҳамин тавр, як рӯз дар ҷараёни дарси мазкур устод Қурбон Собир ба мо донишҷӯён чунин саволҳо дод:

-Кӣ то ҳол аз модараш бахшиш пурсида?

Кӣ ба модараш гуфта, он қадар озоре, ки туро додам, он қадар ранҷе, ки бароям кашидӣ, ҳаққатро ҳалол бикун, шири сафедатро бубахш!

Кӣ ба модараш гуфта:

-Оча, дӯстат медорам!

Ва идома дод сухани хешро устод,-бубинед бачаҳо-ишора ба мо ҷавонписарон намуда, -ҳамаи шумо то имрӯз ҳатман ба духтаре ошиқ шудаед ва садҳову ҳазорҳо маротиба ба ӯ гуфтаед: “Азизам, дӯстат медорам. Бе ту ҳаётам маъно надорад. Ту зеботарин духтари дунё ҳастӣ”. Чаро як духтари бегонае, ки танҳо чанд маротиба бо ҳам вохурдаед, сазовори ин суханҳои пурмуҳаббат бошад, вале модар, ки шуморо ба дунё овард, баҳратон хуни ҷигар хурд, хобашро ҳаром кард, ба ин суханҳо сазовор набошад?

Ҳамон замон дарк кардем, ки дар ин дунё мушкилтарин саволҳо барои инсон саволҳое мебошанд, ки дар ҳаёт бори аввал мешунавад. Саволҳое, ки ҳатто шахс тасаввур карда наметавонад, ки рӯзе касе онҳоро барояш хоҳад дод. Ва мусаллам аст, ки посух додан ба чунин саволҳо саҳлу содда нест…Касро то ҳадде ба андеша кардан водор месозанд, ки шояд олиме ҳангоми ихтирое онгуна ба фикр фуру наравад.

Он рӯз мо донишҷӯён бори нахуст дар умри сари хеш ба дарс ва устоде вохурдем, ки ингуна саволҳо бароямон медиҳад. Мо донишҷӯён он замон дарёфтем, ки бо вуҷуди дар макотиби олӣ таҳсил намудан, ҳанӯз кӯдакони нодонем, зеро на танҳо посух додан ба саволҳои пешниҳодкардаи устод, балки танҳо шунидани онҳо мо донишҷӯёнро нодонтарин инсонҳои рӯйи олам муаррифӣ намуд. Сарҳои аз нодонӣ ва хиҷолат хами ҳар кадоми мо донишҷӯён худ гувоҳи он буд, ки ҳеҷ кадоми мо дар тули 21 соли ҳаётамон ба ин саволҳо посух надодаем.

Бо шунидани чунин саволҳо аз эҳсоси хиҷолат ҳатто нафаскашиямон душвор гашта буд. Он гоҳ мо назди виҷдонҳоямон худро гунаҳкор тасаввур кардем. Чун воқеан, посух надодан ба саволҳои устод аз рӯйи виҷдон набуд.

-Охирин маротибае, ки модаратонро ранҷонида будед, онро барояш ёдовар шуда, аз ӯ бахшиш бипурсед. Ҳар нафаре, ки модараш дар шаҳр аст, пеши пояш ба зону задаву дастонашро бӯсида, -модар, маро бубахш- бигӯяд. Нафароне, ки модарҳояшон дар деҳот ҳастанд, занг зада бахшиш бипурсанд ва вақте ба назди модарашон рафтанд, дастонашро бӯсида, аз ӯ узр бихоҳанд. Ин супориши қатъӣ ҳаст, ҳатман иҷро бикунед. Дарси оянда натиҷаашро аз шумо пурсон мешавам- дар анҷоми дарс таъкид намуд устод Қурбон Собир.

Дарси навбатӣ сар шуд.

-Кӣ супоришро иҷро кард?,-пурсон шуд устод Қурбон Собир.

Сардори гурӯҳи «а» Абдуқаҳҳор пешдастӣ карда, -ман иҷро кардам устод-гуфтаву ба нақли як воқеа пардозид:

-Замони наврасӣ рӯзе пас аз бозӣ бо ҳамсолони хеш назди модарам омада гуфтам:

-Оча, гурусна шудам, ба ман нон бидеҳ!?

Модарам гуфт, -ҳозир дар танур нон бастам, каме тоқат кун, мепазад.

Гуруснагӣ ончунон безобитаам мекард, ки тоқат карда натавонистам ва барои он, ки нон тезтар бипазад, аз очаам пинҳон як бағал коҳро аз замин бардошта, ба даруни танур партофтам. Оташ аланга зад ва модарам то аз хона омада расид, ки нонҳо сӯхтанд. Ӯ аз пасам давид, вале маро дастгир карда натавонист. Ман ин қиссаро ба модарам ёдовар шуда, аз ӯ узр хостам. Гуфтам, -маро бубахш оча, барои ин хатогии кардаам. Аммо ӯ дар ҷавоб гуфт, -то наздам омада бахшиш напурсӣ, қабул намекунам”.

Баъдан ҳамкурси шухтабиат ва ҳозирҷавобамон Наҷибулло бо рӯҳияи маҳзун ва хотироти парешон риштаи суханро ба даст гирифт ва оромонаву бо сари хам гуфт:

-Устод, ман наметавонам ва намехоҳам аз модарам бахшиш бипурсам!

Ҳама дар тааҷҷуб афтодем. Устод Қурбон Собир аз ӯ сабаб пурсид.

-Чанд сол муқаддам як апаам пеш аз марг ба модарам мегуяд, -оча ширатро ҳалол бикун. Маро бубахш. Баъди марги ӯ модарам намехоҳад ин суханро бишнавад. Ӯ мегӯяд, ман шумо фарзандонамро кайҳо бахшидаам, бинобар ин, дигар аз ман бахшиш напурсед, ки хоҳари раҳматиятон ба ёдам меояд ва ин сухан ҷону диламро сахт азоб медиҳад. Аз ин рӯ, ман намехоҳам ин суханро ба модарам ёдовар шавам ва ӯро нороҳат созам- ҷавоб дод ҳамкурсамон Наҷибулло.

Пас аз шунидани ин қисса хомӯшии синфро танҳо оҳҳои ғамангези мо донишҷӯён мешикаст. Балки устод низ ба андеша фуру рафта, бо маҳорати хоси актиёрӣ қадамзанон ва ба замин дида духта, -ин чӣ дунёе, чӣ саргузаштҳое, чӣ қиссаҳои нодир ин ҷо буда. Ана таҷриба, ана панд, ана шеъру достон, ана саҳнаву филм. Пас, маълум мешавад, ки агар ҳамаи шуморо бишнавӣ, китобҳо қиссаву ҳикояҳо доред,- иброз дошт оромона.

Пасон бо қиёфаи ҷиддӣ андоми мо донишҷӯёнро аз назар гузаронида, -бачаҳо, ин аст зиндагӣ, ин аст мақсади дарси «Маҳорати актиёрӣ». Ҳар яки шумо пур аз чунин қиссаву ҳикояҳои аҷиб ва пурҳикмат ҳастед. Худро ҷустуҷӯ намоед, ингуна қиссаҳоро бинависед, чашми қалбу руҳатонро бикушоед. Зиндагӣ танҳо хурдану хоб кардан нест. Зиндагӣ ин нақли бародарҳоятон аст. Зиндагӣ бурду бохт, фоҷиа, ашку хун, ҳикмату андеша, панду андарз, тавбаву омӯзиш аст,-таъкид намуд устод.

Офаридани этюд яке аз бахшҳои ҷолиби дарси “Маҳорати актиёрӣ” буд. Яъне, мо донишҷуён дар алоҳидагӣ ва гоҳ якҷо ягон лаҳзаи зиндагиро дар саҳнаи синф бозӣ мекардем. Як шарти асосии ин бахш он буд, ки бояд саҳна сидқан ва табиӣ бозӣ карда шавад. Масалан, шодӣ, гиря, ғамгинӣ, захм бардоштан, эҳсос кардан ҳама бояд ҳангоми саҳна бозӣ кардан тавре табиӣ бошанд, ки сохта буданашон эҳсос нашавад.

Як рӯз дар дарс устод Қурбон Собир ба мо шогирдонаш этюди аҷиберо омӯзонид:

– Нахуст андешаҳоятонро ҷамъ намудаву чашмҳоятонро пӯшида, фикран танҳо дар дохили синф бошед- таъкид намуд устод ва афзуд, -инак, тасаввур кунед, ки дар назди модаратон ҳастед. Меҳри ӯро эҳсос кунед, бӯи модар, силаи дастони модаратонро эҳсос кунед. Сар ба домонаш гузоштаву дастонашро бибӯсед. Хоҳиш, ҳатман онҷо бошед, аз саҳна набароед. Бубинед, модаратон чӣ сон зебост.

Ба ӯ бигӯед:

-Оча, ба мисли ту дар дунё касе зебо нест.

Пеши пойи модаратон ба зону зада бигӯед:

-Модар, маро бубахш. Туро дӯст медорам. Хоҳиш бачаҳо, ҳатман он ҷо бошед, ин лаҳзаро аз назаратон дур насозед.

Модар шуморо набахшид.

Пеши пояш афтодаву бо гиряву зора бигуед:

-Модар маро бубахш!

Ҳамин лаҳза хомӯшии синфро садои гиря халалдор сохт. Бечора ҳамкурсамон Бунафша ончунон ба саҳна дода шуда, ки то ба ҳадди гиря кардан расидааст.

Пас аз он, ки чашмҳоямонро кушодем, устод Қурбон Собир иброз дошт, ки ками дигар дар ин саҳна мебудед, ин духтар аз гиря аз ҳуш мерафт. Он лаҳза вақте мо донишҷӯён ба ҳам менигаристем, дар гирди чашмони аксарамон ашк ҳалқа задаву майли ҷоришавӣ дошт.

***

Дарси навбатӣ сар шуд. Ман як лавҳаи (агар онро чунин ном бурдан дуруст бошад) шогирдонаамро ба устод пешниҳод намудам, ки ӯ онро дар ҳузури мо донишҷӯён баланд хонд:

“Эй очаи ҷон зӣ гиря чашмат варамай,

Ҳар лаҳзаи умри ту саросар аламай,

Ҷони ту ҳама қабат-қабат дарду ғамай,

Кардем агар ҳазор хизмат, ки камай.

Ҳангоми дар курси якум таҳсил намудан шоми баҳорие бо модарам тамос гирифтам.

Баъд аз ҳолпурсӣ (одати ҳамешагии модарам аст, ки ҳар бори бо фарзандонаш бо телефон сӯҳбат кардан, шояд аз аломати пазмонӣ бошад, ки нахуст бо гиря ҳарф мезанад) ӯ ба гиря даромад. Баъдан, гуфт, ҳамин бегоҳ ба овули Луриён баромадем ва ҳоло гусолаҳоро баста истодаам. Аз он тарафи гӯшӣ низ садои маости гову гусола баръало ба гӯш мерасид.

Аммо баъди хайрухуш сухани навбатии модар диламро пора кард:

– Хайр бачам, раҳмат барои телефон карданат, боз занг зан- гуфт ӯ.

Он лаҳза бо худ андешидам, модаре, ки маро бо хуни дилу азоби ҷон ба воя расонида, бар подоши як занги телефонӣ бароям раҳмат мегӯяд. Ман то кунун чӣ хизмате ба ӯ кардаам, ки сазовори раҳмат шунидан аз модар бошам!?

Ҳамон замон худро назди калимаи “раҳмат”, ки аз забони модар шунидам, ончунон дар хиҷолат эҳсос кардам, ки гӯё пеши ин калима сарвати дунёро қарздор бошам. Гӯё кони тиллои ин калимаро дуздида бошам, ки назди ӯ худро ҳатто «шарманда» тасаввур кардам.

Ин сухани модар, андешаи имшаб дар миёни чор кӯҳ буданаш ва бароям ашк рехтанаш он шом бухси диламро кафониданд.

Суханони аламомези дигар думболагирам шуданд: “Имшаб занону модарони шаҳр дар кӯчаҳои зебову ороста ва пургул сайругашт доранд. Имшаб занони шаҳр дар зери навои мусиқӣ меболанд. Имшаб занони шаҳр бо бӯйи атру упо ба тамошо мебароянд. Вале имшаб модари дунёнадидаи кӯҳистонии ман зери чароғи пилпилаки қадима, дар хонаи сангин ва зери дуди чубу таппак ва садои гову гӯсола шабро рӯз мекунад».

Ин андешаҳо ончунон нафратамро нисбат ба зиндагӣ бедор намуданд, ки беихтиёр ба худ гуфтам: «Чаро зиндагӣ нобаробарист?! Чаро модари ман азобу машаққат мекашад, аммо бархеҳо бекорхуҷа шоҳона зиндагӣ доранд? Ин айби кӣ: Зиндагӣ, қисмат, тақдир, замон?»

Ҳамон лаҳза дар хаёли хеш модарамро қаҳрамони лавҳанаворе тасаввур кардам: “Модарам дар сари теғаи овул нишаставу чашм ба роҳ духта истодааст, ки шояд кадом ҷигарбандаш ба дидораш мебарояд. Шамоли нарме мӯйҳояшро парешон ва навозиш карда истодааст. Ҳаво майли резиши борон дорад. Ӯ ба осмон менигарад ва бо гиря мегӯяд:

Эй абри сияҳ пеша надор ман бинам,

Ин баччаҳои мусофирама кай мебинам.

Чашмони модарам аз дидани роҳ хаста шуд. Ӯ бо дили пур аз алам, ки ҳеҷ кадоме аз ҷигарбандаш ин бегоҳ ба аёдаташ набаромад, аз ҷой хеставу роҳ сӯи кулбаи хоксоронааш пеш гирифт.

Ҳангоми ба панҳои борику качу килеб рафтан, аз пеши як бурси пуршохае чанд қадам дуртар гузоштан садои кӯдаконаи,-очеҷун- очеҷун-ба гӯши модарам расид. Модарам бо тааҷҷуб ва ҳайрат ба бурс нигарист ва ногаҳон як эҳсоси ғайричашмдошт ҳастияшро ба ларза овард ва ба худ гуфт: «Худоё, ин садои ҷигарбандонам аст». Дарахти бурс ҳамоно аз вазиши шомбода алвонҷ мехурд.

Оҳҳҳ, модари ман асрори ин нидоро дарёфт. Ӯ ба хотир овард, ки вақти бештари наврасии фарзандонаш дар овул дар зери ин бурс сипарӣ мешуд. Фарзандонаш он замон бо хаёли тифлӣ шохаҳои ин бурсро хару асп пиндоштаву дар болои онҳо бо завқу шавқ бозӣ мекарданд, дар таги он бурс хоначаҳо месохтанд, бо ҳаваси кӯдакона роҳчаҳо мекашиданд ва дар онҳо ба воситаи сангҳо мошинбозӣ мекарданд. Ва ӯ шомгоҳон омадаву ҷигарбандонашро аз зери ин бурс ба хона мебурд.

Балки модарам дар шохаҳои он арча бӯйи фарзандонашро эҳсос кард ва дар симои он бурс чеҳраи даврони кӯдакии фарзандонашро дид, ки яке,-оча, гурусна шудам, ба ман нон бидеҳ, дигаре, -оча поям хун омад ва саввуми ,-оча, ба ман қаттиқ деҳ-мегӯяд.

***

Дар курси аввал мехондам. Инак, дарсҳои донишкада низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Чизе, ки мо донишҷӯёнро дилгарм ва руҳбаланд месозад, ин бозгашт ва деҳа, ба назди падару модар мебошад. Пазмон шудани волидон, зодгоҳ, хоса дар даврони донишҷӯӣ аҷаб эҳсоси гуворост. Инро танҳо касе эҳсос мекунад, ки чунин марҳиларо аз сар гузаронида бошад.

Ҳавои тасфони дилзиқкунандаи шаҳр ҳасрати боду ҳавои диёрро дар қалбам даҳчанд зиёд мекард. Ёди боду ҳавои муаттарангез, оби хунуки дарёи деҳа, дашту домани сабзу хуррам, тагоби дар чатри сабаву гулу лола хуфтидаи деҳа маро ҷунуни хеш гардонида буданд.

Ба деҳа рафтам. Модар дар овул ҳаст ва ин бегоҳ ба дидораш мебароям. Аз тарафи қибла абрҳои сиёҳ танини хешро ба осмон оғозиданд. Садои раъду барқ аз паси куҳҳои зертуман наъра зад. Борони ваҳшие лука-лука ба замин зада, ҳарҷо селобчаҳоро ба миён овард. Андаке абрҳо аз осмон гурезон шудаву шиддати борон пасттар гардид.

Гарчӣ аз сару танам об мешорид ва аз таъсири хунукӣ ҷисмам меларзид, чизе, ки маро барои идомаи сафар қувваи махсус мебахшид, ин дидори модар буд.

Луриён охирон овули деҳаи мост. Мавзеи афсонавист. Зеботарин манзараи ин овул-аз баландии 150-200 метр аз миёни санги бузурге ҷорӣ шудани Мулошаршара мебошад. Аз чор тарафи куҳҳои ин мавзеъ чашмаҳои шухоб ҷорӣ мешаванд. Куҳу шахҳои баланд ва азимҷуссае дорад, ки дар бархеи он ҳатто дар тобистон ҳам барф ва пиряхҳо мехобанд. Бурсҳои хеле азим дорад, ки умри садсолаҳо доранд. Дар ин ҷо чандин изи деворҳои бо санг сохташуда низ мавҷуданд, ки гувоҳ аз он медиҳанд, ки дар замонҳои пеш низ дар ин мавзеъ мардум зиндагӣ мекардаанд…

Инак, овули Луриёнро расидам. Ҳангоме қутани пушти хонаҳои Луриёнро расидам, модарам саргарми говҷӯшӣ буд.

Аз дур рӯйи ожангзадаи пурашк ва чашмони обпанаҳаш, ки бераҳмона гиристан буд, баръало ба чашмам бархурд. Ӯ сатилро як сӯ гузоштаву ба ҷониби ман қадам монданро оғоз кард. Модарам маро ба оғуш гирифт, ман ҳам ӯро. Дунё дар оғӯши ман буд. Замину осмон, офтобу маҳтоб, ситорагон, сайёраҳо ҳама он замон дар бағали ман буданд. Он замон меҳри Худоро эҳсос кардам. Он замон навозиш ва бӯйи Худоро эҳсос кардам.

Он замон дар худ фалсафаеро дарёфтам, ки воқеан Офаридгор порае аз бузургиашро дар ҷисм ва руҳи модар ҷо кардааст. «Ташаккур Худованд барои маро ҳаст карданат ва модарамро офариданат»- гуфтам он гоҳ ба худ ғайриихтиёр ва қаноатмандона.

Аз модарам буйи неъматҳои овул бар машомам меомад. Он замон бори нахӯст дар умри сарам бӯйи кӯдакиамро эҳсос кардам. Он накҳати ноназаргире, ки аз модарам бар машомам омад, то кунун эҳсос накарда будам. Ман он бӯйро бузургтарин накҳати маънавӣ медонам. Ӯ буйест, ки ҳеҷ техника ва технологияи муосир амсолаш ягон намуд атриёт истеҳсол карда наметавонад. Олимони дунё оҷизанд, то ки он тавр бӯи табиие ихтироъ кунанд. Бӯйи модар ва овулро ингуна дарёфтам.

Ман ончунон эътиқод ва ихлос ба модарам дорам, ки гӯё ба Худо.

Мутмаин ҳастам, ки аз дуои модар хушкистон гулзор, торикистон равшан, дарахти хушк сабз, дашти лабташна шодоб хоҳад гашт. Нафари бадбахт дар ду дунё касест, ки ба қадри модар нарасида, бузургиашро нашнохтаву эътироф накарда, боре наандешида, ки ӯ кист дар ин олам. Вале ҳар касе дар ин дунё ба мартабаҳои бузурги инсонӣ расида, бо дуои модар ва эҳтироми ӯ ин мақомро дарёфтааст, зеро ҳама бузургон ва нобиғагони олам ғулом ва пойбӯси модар буданду ҳастанд ва хоҳанд монд.

Танҳо Худо шоҳид аст, ки ман модарамро чӣ қадар зиёд дӯст медорам. Аммо намедонам чаро, ман ҳанӯз ҷуръат пайдо накардаам, ки ба модарам бигуям:-Дӯстат медорам оча.

Ман худ дар ҳайратам, ки чаро ҳатто Худовандро гуфтан, ки дӯстат медорам, бароям осонтар аст, аз он, ки ин суханро ба модарам бигӯям. Ман ҳанӯз ба дарки ин фалсафа нарасидаам.

Ман наметавонам дӯстдориамро ба модарам бо забони ҳол иброз намоям.

Ман наметавонам бо хандаву табассум барояш ин ҳарфҳоро расонам.

Ман наметавонам ба чашмонаш нигариста ин розро ифшо созам.

Ва ҳоло бо ин сатрҳои печ дар печ аз модарам бахшиш мепурсам.

Модаре, ки барои мо фарзандонат нафас мекашӣ, барои мо ҷону ҷигаратро асири зиндагӣ гузоштаӣ, худро барои мо ба дунёи пурмакр дар гарав мондаӣ.

Барои мо тоату ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, даст ба дуо бардоштаву ашк мерезӣ.

Модарҷон, мо фарзандони хешро, ки гоҳе аз гапҳоят саркашӣ кардем, гаҳе ба руят ҳарфи баланд задем, гоҳе бо қавоқи гирифта сӯят нигаристем, гаҳе туро гирёндем, гаҳе ранҷонидем. М(а)оро бубахш модар! Шири покатро ҳалол бикун!”

Пас аз хондани лавҳаи мазкур устод Қурбон Собир баъзе эродҳои онро баён дошт ва гуфт, маълум мешавад, ки аз падару модарат ба ту хислатҳои хуб гузаштаанд.

Ва хушбахтона, баъдан ман ҳам то андозае супориши устод Қурбон Собирро иҷро кардам. Бахшида ба яке аз зодрӯзҳояш дар нашрияи “Фараж” табрикномае навишта ва маҳз ба воситаи он ба модарам расонидам, ки мо фарзандон туро бештар аз худамон дӯст медорем. Агар аз ҷониби мо хатогие гузашта бошад, моро бубахш модар. Модарам он тарбикномаро хонд ва хеле шод шуд.

Агар ҳоло дар ин дунё се ҳадаф барои зиндагӣ кардан дошта бошам, яктоаш ҳамин аст, ки тавонам заррае ҳам бошад, ба модарам хизмат кунам. Аммо афсӯс, то ҳануз натавонистаам.

Ӯ ҳоло дар деҳа аст ва ҳанӯз ҳам барои пешбурди зиндагии худ ва фарзандонаш кор мекунад. Ҳарчанд ҳеҷ зарурати кор кардани модарам нест, шукр фарзандонаш аз уҳдаи таъмини рӯзгораш мебароянд, вале ӯ мегуяд, Худо тану ҷонам додааст, кор мекунам.

Оҳҳ ин модари ман ин қадар меҳнат карданро дӯст медорад. Масалҳои мардумӣ, ки ба кору меҳнат бахшида шудаанд, дар зиндагӣ шиори модарам мебошанд. Мегуяд, агар ҳамин рӯз як нон хурдӣ, бояд ҳаракат кунӣ, ки ҳадди ақал маблағи ними он нони хурдаатро кор кунӣ. Модарам мегуяд, то аз ор мурдан, аз кор мурдан беҳтар аст. Ва ҳамзамон мегуяд, агар меҳнат кунӣ, хуб зиндагӣ мекунӣ ва ба касе муҳтоҷ намешавӣ. Агар модарам олим нест, диплом надорад, вале ба фарзандонаш тарбияи меҳнатӣ дод. Тарбияе, ки донишгоҳу диплом надорад. Танҳо дӯст доштани он кифоя аст. Модарам муҳаббати кор ва меҳнат карданро маҳз аз хурдӣ дар қалби фарзандонаш ҷой кард. Имрӯз аз ин тарзи тарбияи модар мо фарзандонаш хеле қаноатмандем.

Модарам зани баорият аст. Иззати худро медонад. Касеро ҳурмат мекунад, ки ӯро низ ҳурмат мекунад. Ростӣ, ин хислаташро хеле зиёд дуст медорам. Дар зиндагӣ ҳамин гуна бояд буд!

Тозагиву озодагиро дӯст медорад. Бо вуҷуди серкорӣ, ба худ, хоса ба сару либосаш махсус аҳамият медиҳад.

Як хислати дигари модарам “аз меъёр зиёд” дили нозук доштани ӯст. Модарам барои мусибату фоҷиаи дигарон, агар ҳатто ба ӯ ҳеҷ иртиботи хешу таборӣ ҳам надошта бошанд, ғам мехурад ва ҳатто гиря мекунад.

Ва мо фарзандон гоҳ ӯро “сарзаниш” мекунем, ки охир ба ту чизе нашаванд, чаро барояшон ғам мехурӣ?

Модарам кадбонуи хуб аст. Хӯрокҳои хеле болаззат мепазад. Махсусан ошро хеле хуб мепазад.

Дузандаи хуб ҳам ҳаст модарам. Махсусан пардаву дастархонҳои зебо медӯзад. Дар соли 1994-ум бахшида ба маъракаи хатнаи фарзандонаш, ки новобаста ба мушкилоти рӯзгори он замон падарам маъракаи бузкашӣ дода буд, модарам дар матое бо риштаҳои гуногун байте навиштааст, ки он то имрӯз дар як гӯшаи хонаи деҳаамон овезон аст.

Як хусусияти хоси дигари модарам дар бештар масъалаҳои зиндагӣ тасмимҳои дуруст гирифтани ӯст. Ҳатто агар гоҳ падарам сухани модарамро нагиранд ва барои ҳалли масъалае тасмими дигар бигиранд, ӯ иҷро намешавад ва ҳамон гуфтаи модарам мебарояд.

Чунин хислатҳо дар модарам тасодуфӣ нестанд. Бобои ӯ Боймурод бо додарашон Абдулло хатмкардаи мадраса дар Қарамаи Бухоро будаанд. Бино ба нақли ҳолдонҳо, ҳатто як муддат бобои модарам Боймурод дар Қарама имомхатибӣ ҳам кардаанд. Тавре модарам нақл мекунад, бобояш Боймурод шахси ботақво ва китобхон будааст. Одамони зиёде аз дуру наздик ба аёдаташ меомадаанд. Мавсуф моҳи январи соли 1978 дар ноҳияи Зафаробод аз дунё мегузарад.

Падари модарам Ҳоҷӣ Нурулло низ шахси ботақвою худотарс, меҳнатдӯст ва қадршинос буданд. Ҳарчанд зодгоҳашон деҳаи Утоғари ноҳияи Айнӣ буда, вале бо сабабҳое ба ноҳияи Зафаробод куч баста, то охири умр онҷо зиндагӣ кардаанд. Бобоям Ҳоҷӣ Нурулло ҳанӯз дар синни 13-солагӣ дар деҳаашон раиси анбор интихоб шудаанд, ки дар замони Шӯравӣ дар ин вазифа кор кардан осон набуд. Соли 2016 дар синни 87 солагӣ бобоям Нурулло аз дунё гузаштанд.

Модарам барои ман бештару беҳтар аз як бонуи олим, профессор, дипломдор ва соҳибмансаб мебошад.

Баъд аз Худо, худои мо ту ҳастӣ, модар.

Ба бахти мо фарзандонат, Худо нигаҳдорат, модари беҳтар аз ҷон!

Ҳар лаҳзаи Худо, ки ту соябони сари мо фарзандонат ҳастӣ, бароямон беҳтарин ид аст.

P.S: Дар симои модарам кулли бонувони кишварро бахшида ба Рӯзи модар сидқан табрик намуда, ба ҳар кадоми онҳо тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Шумо ҳастед, ки мо ҳастем, модарону хоҳарон ва бонувони азиз.

Хусрав ШОҲСАИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь