Ҳама сола дар Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон маъракаҳои иттилоотӣ дар доираи “16 рӯзи фаъолият алайҳи зӯроварии гендерӣ” баргузор мегардад. 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад, ки дар он ҷомеъаи шаҳрвандӣ роли асосӣ мебозад. Он ҳама сол 25 ноябр, дар тамоми дунё оғоз гардида, 10 декабр дар рӯзи ҳуқуқи инсон ба анҷом мерасад. Ин маъракаро фаъолзанони институти якуми умумиҷаҳонии занон дар соли 1991 ташкил кардаанд. Бо дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш таҳти шиори “Мо дар якҷоягӣ то соли 2030 зӯровариро алайҳи занон ва духтаронро хотима медиҳем” роҳандозӣ гардид, ки он ҷомеъаро барои беҳтар кардани ин амалиёти глобалӣ даъват мекунад. Таҷлили ин маърака аз соли 2008 ҳамчун як ташаббуси бисёрсолаи таблиғотӣ мебошад, ки ба пешгирӣ ва барҳам додани зуроварӣ нисбат ба занон ва духтарон дар тамоми ҷахон нигаронида шудааст.

Имрӯз шарикони рушд барои амалӣ гардонии қонуну барномаҳои давлатӣ ва санадҳои байналмилӣ ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак мерасонанд. Филиали Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар консорсиум бо БР СММ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолат»-ро чанд сол боз амалӣ карда истодааст. Мақсади асосии ин лоиҳа дастрасии шаҳрвандони осебпазир, бахусус занон ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба Адолат”, Ҳелветас сиёсати давлатро ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба адолат ва волоияти қонун пурра дастгирӣ мекунад. Лоиҳа бо мақсади татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои миллӣ ва стратегӣ нигаронида шудааст. Ҳамчунин, Ҳелветас ҳамасола дар доираи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат бар асоси гендерӣ, дар минтақаҳои кишвар як қатор маъракаҳои иттилоотӣ мегузаронад. Ин маъракаҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи чораҳои пешгирӣ ва решакан кардани зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон, омӯзонидани аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ин мушкилот нигаронида шудааст.

Амнияти иқтисодии занон- хушунатро кам мекунад

Дар соли 2023 мавзӯи маъракаи16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат “Сармоягузорӣ барои пешгирии зӯроварӣ алайҳи занон ва духтарон» интихоб гардидааст. Мавзӯи маъракаи имсола инчунин ба мавзӯи афзалиятноки Комиссия оид ба вазъи занон барои соли 2024 мувофиқат мекунад, ки ба ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозӣ нигаронида шудааст.

Зӯроварӣ нисбати занон ба оилаҳо ва ҷомеа таъсири иқтисодӣ мерасонад ва ба дастовардҳо халал мерасонад. Тибқи маълумотҳо дар саросари ҷаҳон, арзиши зӯроварӣ дар нисбати занон (давлатӣ, хусусӣ ва иҷтимоӣ) 1,5 триллион долларро ташкил медиҳад. Чорабиниҳо дар ин самт натиҷаҳои мусбат нишон медиҳанд. Сармоягузории ҳамаҷониба барои хотима додан ба зӯроварӣ метавонад дар ҳаёти занон ва духтарон нақши муҳим бозад. Бахусус сармоягузорӣ ба созмонҳои ҳуқуқи занон, дар тағйир додани меъёрҳои иҷтимоӣ, масъалаи муносибат оид ба баробарҳуқуқӣ сари вақти мебошад. Камбизоатӣ, фишори молиявӣ ба занон ин хатари ба зуроварӣ гирифтор гаштани занон мебошад ва ё баръакс зӯроварӣ хатари камбизоатӣ ва мушкилоти иқтисодиро зиёд мекунад.

Барои пешгирӣ намудани зуроварӣ дар нисбати занон чанд ҳадафи асосиро мо бояд амалӣ кунем. Ин пеш аз ҳама дар якҷоягӣ фаъолият намудан, аз ҷумла сафарбар кардани ҳамаи давлатҳои узв барои ҷудо кардани буҷет аз давлат, сектори хусусӣ, фондҳо ва дигар донорҳо дар ин самт, амнияти иқтисодии занон мебошад.

Чаро маълумоти оморӣ дар мо кам ва ё аниқ нестанд

Мувофиқи маълумотҳо 736 миллион занон дар саросари ҷаҳон – тақрибан аз ҳар се як нафарашон гирифтори зӯроварии ҷисмонӣ, ё ин ки ба зӯроварии шаҳвонӣ аз ҷониби шарики худ ҳадди ақал як маротиба дар ҳаёти хеш дучор шудаанд. Ҳангоми дар ҷомеа сар задани зӯроварӣ он равшан зоҳир ва эътироф мегардад, ҷомеа онро маҳкум менамояд, тарафи зарардида мавриди дастгирии равониву қонунии ҷомеа қарор мегирад.

Солҳои охир тавассути ВАО махсусан саҳифаҳои иҷтимоӣ дар бораи қурбониёни зӯроварӣ дар оила зиёд маълумот мегирем. Қариб ҳар рӯз оид ба латту куби занон ва ҳар моҳ оид ба худкушӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар чоп мегардад. Аммо дар асл дар як сол чӣ қадар худкушӣ шудааст ва чӣ қадар занон аз зӯроварии хонаводагӣ садамаи равонӣ ва ё маъюбият гирифтаанд, омори аниқ нест ва ҳатто ин ҳолатҳо ба қайд гирифта ҳам намешаванд. Ҳол онки бисёре аз кишварҳо маълумотҳои аниқи оморӣ доранд ва татқиқотҳои зиёде низ мегузаронад. Масалан, тибқи маълумоти оморӣ дар Федератсияи Русия ҳар 40 дақиқа як зан аз хушунати оилавӣ ба қатл мерасад. Шояд сабаби нопурра ва ё кам будани маълумотҳои оморӣ ин муроҷиат накардани ҷабрдидаҳо ба мақомотҳо бошад. Дар бисёр ҳолат баъд аз худкӯшӣ наздикони қурбонӣ аз даъво даст кашида, марги онҳоро як ҳолати фоҷиавии ногаҳонӣ мегӯянд, ки дар ин ҳол парванда шояд кушода ҳам нашавад, ки сабаби он паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Яке аз талаботҳои ҳар як кишвари демократию ҳуқуқбунёд ин ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш мебошад. Чунки дар ин сохт ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷои аввал меистад. Барои ҳимоят намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва поймол нагаштани ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо бояд пеш аз ҳама маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.

Ширини МИРЗОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь