Шоири шаҳири тоҷик зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар ҳусни матлаъи як ғазали шӯрангези худ менависад:

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо,

Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо.

Оё шумо ифтихори шоирро ҷиҳати он, ки мо зодагони аҷдоди меҳнатқаринем ва то охири умр меҳнатдӯст хоҳем монд, дарк кардед ва онро бо вай қисмат мекунед? Агар ҳа, пас аҳсант ба шумо!

Дар забони мо калимаи меҳнат ба маънои кор, амал, шуғл, касб, пеша меояд ва калимаи меҳнатзода бошад, ба ҷои меҳнаткаш, коргар, ранҷбар, меҳнатдӯст, коркунанда низ истифода мегардад. Аммо имрӯз шароити меҳнату меҳнаткашро дидаистода, ин ду калимаро, ки тобишҳои мусбияшонро ном бурдем, ба маънои аслиашон, яъне мусибат, ранҷ, бало, бадбахтӣ ва балокаш, мусибатзада, дучори бадбахтӣ, азобкаш кор фармоем, дурусттар мебуд. Чаро?

Чунки имрӯз барои аксар меҳнат маънои пурраи зиндагонӣ маҳсуб ёбад ҳам, аз чорчӯбаи он рӯзҳои истироҳату фароғат истисно гардидааст. Одамон соати зиёди бехобии худро ба кор мебахшанд, кор ченаки муайян кардани макони истиқомат ва шароити зиндагии онҳо шудааст. Хаёл мекунанд, ки агар онҳо шабу рӯз меҳнат накунанд, чархи рӯзгорашон аз гаштан мемонад ва ба ҷони ӯву наздиконаш хатар таҳдид мекунад. Бисёр касон дар зиндагонӣ аз ҷавонӣ сар карда то синни нафақавӣ ба ғайр аз меҳнат чизи дигарро намебинанд. Ҳол он ки барояшон ҳамвора шуғл варзидан пурра қаноат намебахшад ва воситаи рӯзгузаронии суруровар нест. Бархе арзиши меҳнатро танҳо дар музди он ё мақомаш мебинанд. Ҳастанд касоне, ки кор барояшон воситаи вақтгузаронӣ ва ё хати ботил кашидан ба соатҳои ғанимати умр гардидааст. Гуруҳе ҷиҳати он кор мекунанд, зиндагӣ намоянд, гуруҳи дигар зиндагӣ мекунанд, ки кор кунанд. Чӣ таззоде!

Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар кор, барои кор ва ҷои кор  меҳнаткашон ҷон медиҳанд. Тибқи як ҳисоботи нашркардаи СММ «аз ҳарбу нашъамандӣ ва майзадагӣ ва натиҷаи якҷояи онҳо дида, меҳнатзадагӣ бештар сабаби марг ва маризиҳо мешавад». Дар шарҳи ин хулоса рӯзномаи «Гардиан» (Лондон) менависад: «Ҳар сол зиёда аз ду миллион одам аз фалокатҳои мухталифи корӣ ва касалиҳои касбӣ оламро тарк мекунанд… 

Гарду ғубор, маводи зараровари кимиёвӣ, ғалоғулаи муассисаҳои истеҳсолӣ боиси зуҳур намудани саратон, касалиҳои қалбӣ ва сакта мешаванд». Имрӯз меҳнати иҷбории бачагона низ як ҳақиқати талх ва тавқи лаънат дар гардани ғафси ҷаҳони муосир мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳо мо шумораи зиёди бачагону наврасонро дучор шуданамон мумкин аст, ки зери офтоби сӯзон, барфу борон пайи пули пучаки корфармоён ба шустани нақлиёт, аробакашӣ ва ҳатто гадоӣ машғуланд.

Аз суҳбат бо ашхоси менҳнаткаш, ки ҳаёти худро пурра ба кор бахшида, ҳатто қуллаи карериро фатҳ кардаанд, маълум шуд, ки онҳо танҳо изтироби доимӣ, ошуфтагӣ ва афсурдагӣ эҳсос мекунанду халос, кор ё карера барояшон қаноатмандии руҳӣ наовардааст, баръакс танҳо доме шудааст, ки роҳи баромад надорад. 

Инсони солимақл имрӯз фарқ миёни меҳнаткаш ва меҳнатзадаро бояд дида тавонад. Бисёр меҳнатзадагон хаёл мекунанд, ки кор барояшон ранги гӯшаи оромӣ дар ҷаҳони пурихтору пуртаззод мебошад. Меҳнаткашон бошанд, корро муҳимтарин ва воситаи қаноатмандӣ маҳсуб медонанд. Меҳнатзадагон онҳое мебошанд, ки ба ғайр аз кор ҳамаро, ба амсоли фароғату истироҳат, оила, ёру дӯстон ва ғайраро истисно намудаанд. Лекин меҳнаткаш медонад, ки кадом вақт компутарро хомӯш кунад ва ба ҷашн гирифтани солгарди тӯяш, зодрӯзаш ё маъракаи дигарон гузарад. Меҳнатзада то зада шуданаш кор мекунад ва ба ин васила эҳсоси руҳбаландӣ менамояд, ки чунин қаноатмандӣ дар меҳнаткаш дида намешавад.

Ҷаҳони муосир фарқи миёни ин ду намуд дӯстдорони меҳнатро рабудаистода, одамонро водор менамояд, ки қувваи худро боз ҳам бештар ба кор сафарбар намоянд. Модему, телефонҳои мобилӣ, пейджеру мессенджер ва компутарҳо ба тавофути дафтари корию ҷои истиқомат хотима бахшидаанд. Дар сурате, ки ҳар макон ва ҳар замон ҷои кор мешавад, ҳаёти одам пурра маънои корро касб мекунад ва ин то даме идома меёбад, ки ӯ аз пой наафтад.

Баъзе одамон ба кори ҷисмонӣ машғуланд, баъзе ба ақлонӣ. Инҷониб ҳаргиз муқобили боҷадал меҳнат кардани инсон нест, танҳо гуфтанист, ки ҳар меҳнат бо истироҳаташ хуш аст. Корзада нашавему набошем, шуд. Ҳеҷ неъмате беҳтар аз он нест, ки одам аз маҳсули ранҷи кашидааш қаноатмандона хӯраду нӯшаду пӯшад. Меҳнати боғайратона ва аз таҳти дил, бешубҳа, хурсандию баракатҳо зиёд меоварад. 

Тибқи Эъломияи ҳуқуқи башар, «ҳуқуқ доштан ба меҳнат» яке аз муҳимтарин ҳуқуқи ҳар инсон ба шумор меравад. Аммо, таассуфовар аст, ки ин ҳуқуқ на ҳама вақт таъмин карда мешавад. Устувории ҷои кор аз бисёр ҷиҳат ба шароити иктисодии минтақа ва ҳолати бозори ҷаҳонӣ  вобастагӣ дорад. Одатан, дар ҳолатҳое, ки одамон корро гум мекунанд ё ин хатар ба онҳо таҳдид мекунад, дар ҷомеаи башарӣ эътирозу бенизомӣ ва корпартоиҳо сар мезананд. Кам давлате ёфт мешавад, ки дар он ин гуна ҳолатҳо рӯй надиҳанд. Ба қавли нависандае, «калимаи «меҳнат» ҳама вақт бо эҳсосоти мо зич алоқаманд аст».

Коршиносон таъкид менамоянд, ки меҳнат натанҳо бо сабабҳои маълум барои мо муҳим буда, даромад меоварад, балки дар барқарор кардан ва устувор нигоҳ доштани руҳи солими одамизод нақши босазо мегузорад. Маҳз туфайли меҳнати ҳалол кас дарк мекунад, ки вай барои ҷомеа зарур аст, зиндагиаш маънӣ дорад ва то дараҷае обрӯй пайдо мекунад. Бинобар ҳамин, касоне, ки аз андоза зиёд пул доранд ва синнашон ба нафақа расидааст, минбаъд низ корро идома доданӣ мешаванд. Аз тарафи дигар, онҳое, ки меҳнат мекунанд, дарк месозанд, ки имрӯз меҳнат барояшон чӣ қадар ташвишу ошуфтагӣ меоварад. Масалан, аз рақобати пурзӯр дар бозори имрӯза бисёр ширкату корхонаҳо барои сарфа кардани хароҷоташон кормандони худро ихтисор мекунанд, ки дар натиҷа барои  боқимондагон корҳои сарборӣ илова мешаванд. 

Дар асри иттилоотӣ васоити техникии муосир ҳарчанд корро сабук месозанд, натиҷаи истеҳсолотро баланд мебардоранд, боиси ошуфтагӣ низ мешаванд. Малакаи корӣ доштан бо компутару Интернет ва ғайра водор мекунад, ки кас натанҳо дар ҷои кор кор кунад, балки онро ба хона оварда низ давом диҳад. Одамони насли калонсол аз он метарсанд, ки тағйирёбиҳои бемайлон дар иқтисодиёт ва бозори меҳнат сабаби пеш аз вақт рондани онҳо аз кор мешавад. Як рафиқам, ки пештар аз ҳуқуқи меҳнаткашон ҳимоя менамуд, дар ин бобат изҳор дошт: «Ҳозир чунин мепиндоранд, ки агар одам аз 40 гузашта бошад, дар гумон аст, ки вай бо компутару технологияи нав кор карда тавонад». Аз ин рӯ, бисёр кормандоне, ки дар айни камоли эҷоду офаридан ҳастанд, бо ченаки имрӯза пир ва номутабиқ ҳисобида меёбанд ва сабукдӯш мешаванд. Бешубҳа, чӣ манзараи фоҷиаангез! Магар шахси эҷодгарро то дами марг дар қолаби нафақаву пирӣ нигоҳ дошта метавон? На.

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилоти ҷойдошта дар масъалаи меҳнат, хушбахтона, як талоботи муҳими инсон дар зиндагӣ- меҳнат кардан бояд қонеъ гардонда шавад. Кордорону корфармоёни дар ин бобат бояд назари солим дошта бошанд, то зердастон пеш аз вақт меҳнатзада нагарданд, баръакс, аз меҳнати худ қаоатмандӣ ҳосил намуда, ба ояндаи нек боварии комил дошта бошанд.

Азизмуроди АЛИАКБАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь