Тоҷикистон, ки бо сарватҳои табиии худ, аз ҷумла захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ машҳур аст, дар масъалаи таъмини доимии барқ бо мушкил рӯ ба рӯст. Тавлиди зиёди энергияи барқ, аммо камбуди он дар дохил ин гуфта саволҳои зиёдеро ба миён меорад. Чӣ сабаб аст, ки кишваре, ки дар рӯйхати пешсафони тавлиди барқи обӣ дар ҷаҳон ҷой дорад, то ҳол натавонистааст талаботи аҳолии худро пурра қонеъ кунад?

Бо доштани нерӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла НБО Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва ҳоло дар ҳоли рушд будани НБО Роғун, Тоҷикистон ҳар сол миллиардҳо кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Аммо ин захираҳо наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисоди кишварро пурра қонеъ кунанд.

Нерӯи барқ дар Тоҷикистон асосан аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Ин системаҳо ба обу ҳаво сахт вобастаанд. Дар фасли зимистон, вақте ки сатҳи оби обанборҳо паст мешавад, истеҳсоли барқ коҳиш меёбад.

Гарчанде Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Ӯзбекистон, барқ содир мекунад, дар дохил талаботи аҳолӣ пурра қонеъ намешавад. Ин содирот аз лиҳози иқтисодӣ муҳим аст, аммо он норозигии сокинонро ба миён овардааст.

Махсусан дар фасли зимистон, аксари минтақаҳои деҳот бо маҳдудиятҳои шадиди барқ рӯ ба рӯ мешаванд. Оилаҳо маҷбур мешаванд, ки ба истифодаи ҳезум ё ангишт рӯ оранд, ки ин ба муҳити зист зарар мерасонад.

Мушкилоти “барқ дорем, аммо мо барқ надорем” то кай идома мекарда бошад. Ҳоли ҳозир дар деҳотҳо лимит ҷорӣ аст. Ва баъзан ҳолат ҳатто ба лиммит нигоҳ накарда тамоман барқро хомӯш мекунанд. Масъулони “Барқи тоҷик” бо Афғонистон  оиди фурӯши барқ дар фасли гармо ба тафовуқ расиданд. Аммо кай лимитро аз дохили кишвар мебардоранд?

ЗОҲИРШОҲ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь