(Бахшида ба рӯзи 1-сентябр, Рӯзи сулҳ)

Сулҳ… Чунин менамояд, ки туро ҳамасола ба ин рӯз, аниқтараш ҳамин танҳо як рӯз чанд соатаке ёд мекунему халос… Ҳамин як рӯз аз ашъори гузаштагону шоирони муосир аз забони кӯдакон дар боғчаҳою аз толибилмон дар мактабҳо шеъру сурудҳои дилнишин мешунавему халос!

Танҳо як рӯз…

Куҷост он сулҳи деринтизори инсонҳо?! Чаро «ҷомаи сулҳ»-ро даридаю пора-пора мебинем?!

Чаро одамон, хоса бузургтарин сарварони сиёсию роҳбарони давлатҳои абарқудрат бо ҳар баҳона, бо ҳар сабабҳои зишту мақсадҳои нопоки хеш аз сулҳе, ки баҳор меовараду мардуми сайёраро ба оромию сарҷамъӣ, иттиҳоду иттифоқ раҳнамоӣ мекунад дурӣ меҷӯянд?! Балки он сулҳи ларзонакро боз ҳам ноустувор кардаю дар панҷаи сахту қавии хеш буғӣ менамоянд?!

Чаро мардуми бегуноҳ дар ҷаҳон бо ҳар сабаб: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва ғ… беватан, дарбадар, саргардон, бехонумон, бебахт, овораю ғариб мешаванд?!

Ман ҳамон кабӯтари сафед, ҳамон рамзи сулҳи покро дар чанголи хуношоми уқоби ҷаҳонхоҳ ларзон мебинаму охирин ларзиши қалби нозукашро барало мешунавам!

Қиёматро ба ростӣ наздики наздик эҳсос мекунам! Аҷалро дар ҳар кӯчаю хамкӯча, хиёбону растаҳои дилхоҳ шаҳру шаҳрак ва деҳу деҳкадаи олам мебинам, рӯ ба рӯ, яроқбадаст, дар либоси аҳримании одамӣ!

Шояд ҳамон Аҳриману Аҷал, ҳамон Иблису Шайтон ва Азозилу Азроил аз кору бор ва гирудори инсонӣ ва Бани Одам лол мондаю аз корҳои зишти мо дар ҳайрат афтода бошанд?!

Охир, аз ибтидо, аз фарзандони Одаму Ҳавво, аз Қобили Ҳобил то ба имрӯз чӣ қадар Суҳробҳо аз дасти Рустамҳо – аз дасти падарони хеш кушта шуданд?! Он куштаҳо пуштаҳою калламанораҳо шуду он ҳама қатли ом магар сабақ гашт?! Албатта не!

Магар амалҳои бераҳмонаи Александри Македонӣ, Чингизхону Темурланг, Гитлеру даҳҳо чунин шахсиятҳои сиёҳу манфур ва заҳҳоктабиатон боре онҳоро безобита карда буд?! Албатта не!

Баръакс, имрӯз иддае аз миллату халқҳо онҳоро «падарони барҳақи хеш» наберагони воқеии ҳазрати Одам ва асосгузорони давлатҳои муосири худ медонанд! Ҳайҳот…  қотилони насли одамӣ ба мартабаи баланде расидаю ба шарафи куштору «корнома»-и онҳо имрӯзҳо дар майдонҳои марказии давлатҳои алоҳида муҷассамаю ҳайкалҳо гузоштаю ба номи онҳо ҳазорон кӯдак ва хиёбону кӯчаҳо номгузорӣ мешаванд!

Сулҳ… дарси сулҳ… Магар он барои имрӯзиён сабақе медиҳад, кай дода буд?! Кай мо аз ҷангу ҷидол ва хархашаю инқилобҳо дарс гирифта будем?! Тақрибан ҳеҷ гоҳ!!!

Ҳама вақт аз шикасту шикастаҳо ва шикастанҳо боз сабақ он шуд, ки бештар, тезтар бо иқтидори даҳшатафкан яроқу аслиҳа барорем! Кай парвои он гуруснагону камбағалон кардем, ки маҳз аз ҳамин ҷангҳо бо чунин ҳол афтода буданд! Кай?! Ҳеҷ гоҳ!!!

Охир, ҶАНГ ягона василаи ҳалли низоъҳо, муноқишаҳо, мушкилот гаштаю онро боз ҳам васеътар истифода мекунем!

Магар ягон аслиҳаи мудҳиштаринро аз бунёди оламу Одам то имрӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ягон давлати камқудрат ва шахси бесавод ихтироъ кардааст?! Дар бисёр маврид чунин силоҳ аз тарафи маъруфтарин давлату аз ҷониби муҳандисону коршиносони машҳури олам ба муқобили одам равона мегардад!!!

Магар касе аз онҳо парвои ҷони одамӣ доштанд?!

Қиссае ҳаст, ки вақте император Наполеон аз қотили касбӣ бо номи Шарл Анри Сансон (1719-1778), ки дар маҷмуъ бо дастуру фармони ҳокимони давр 2918 касро қатл карда буд, пурсид: «оё дар чунин касб шабона хоби ором дорӣ?»

Ҷавоб дода буд: «Агар королу диктаторҳо ва императорон оромона хоб кунанд, пас чаро қотил хоби ором надошта бошад?»

Ва ё ҳамон ду нафар лётчики амрикоӣ, ки рӯзҳои 6-9 августи соли 1945 ба Хиросимаю Нагасаки Ҷопон бомбаи атомӣ партофта буданд, бе ягон асабонияту пушаймонӣ ва дарди виҷдон то 80-90-солагӣ умр диданд. Аммо қариб 300-ҳазор одами бегуноҳ, хурду бузург, тифлону кӯдакон, занону мардон бо дарди ҷонкоҳтарин ҷони хешро бохтаю аз ин дунё бо як ҷаҳон ҳасрат рафтанд!!! Магар ин сабақ шуд?! Албатта не!!!

Магар намедонем, ки ҳоло, яъне пас аз анҷоми Ҷанги Ҷаҳонии дуюм, яъне баъди соли 1945 доираи амалиётҳои ҳарбӣ, майдонҳои ҷанг, набардҳо, муноқишаю бархӯрдҳо рӯ ба афзоиш буда, талафот ҳамарӯза меафзояд. Ва ҳоло ҳам ҶАНГ барои кам кардани шумора ва нуфусу нуфузи одамон, бартараф намудани даҳҳо масъала ва тавсеаи қудрати қудратхоҳон истифода мешавад, яъне ҶАНГ нисбат ба СУЛҲ бартарӣ дошта, мавқеъ ва мақоми онро дар олам кам менамояд. Дар ҷаҳони кунунӣ, ки ба як деҳкадае монанд гаштааст, низоъ ва марказҳои ҷангҳои ояндаро ҳатто дар ҳамон Антарктида ва Уқёнуси яхбастаи шимолии беодам низ мебинем. Аллакай то андозае муттаҳидии одамон ва давлатҳо алайҳи короновирус аз байн рафтаю боз ҳам ба ҷои ҳалли мушкилоти зиёди экологӣ, гуруснагӣ, камии оби нӯшокӣ ва муҳоҷирати бемайлони инсонҳо, ба ҷойи сохтаи лонаҳо гарму бехатар барои кабӯтарони Сулҳ мо боз ҳам аз пайи ҷангу ҷидол гаштаем. Танҳо як яроқи зидди дифоии амрикоӣ «Пэтриот» 1 млрд. доллар арзиш дораду нархи ҳар як тири он (32-тир дорад) 3 млн. доллар! Бо ин қадар маблағ чӣ қадар маҷрӯҳу дилшикаста ва гуруснаю маризро метавон табобат кард?!

Дарси сулҳ… шояд ба хотири ин рӯз ба таври рамзӣ муҷассама ва ё мақбарае созему ҳамасола одамони зиндамонда ба наздаш омада гуле ва ё гулдастае бигзорем?!

Ва ё шояд сулҳро тақвият бахшему ҳама дар сулҳу салоҳ монем?!

Ҳоло вақти интихоб дорем, ҳама…

Сабзаалӣ Асозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь