Нодир ба бозии “алик малик” вақте дучор шуд, ки баҳри таҳсил ба пойтахт омад. То ин ҷониб чунин бозиро дар деҳа ё ноҳияи худ надида буд. Баъди он ки дар шаҳр каме “чашмкушода” шуд, борҳо дар кӯча ба анбӯҳи одамон, ки ба ин бозӣ машғул буданд, рӯ ба рӯ гардид. Ҳатто боре фиреби ин гурӯҳро хӯрд ва нисфи маблағеро, ки барои хариди пойафзоли зимистона дошт, аз даст дод.

Ҳодисаи аз сараш гузашта се сол қабл рух дода буд. Ҳарчанд, ҳоло ҳам ин гурӯҳҳоро дар кӯчаҳои Душанбешаҳр мебинад, вале дигар фиреби чунин “морҳои сарироҳӣ”-ро намехӯрад. Ин қиссаи воқеист ва худи Нодир онро баён дошт.

Аз воқеият дур нест, ки баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанберо шахсоне, ки бозии нангбори “алик – малик” -ро пеша кардаанд, “зеб медиҳанд”. Шеваи кори онҳо “обро лой намудану моҳӣ ба даст овардан” аст ва аз ин масал хеле ҳушёрона кор мегиранд. Бештари вақт наврасон, ҷавонон ва калонсол фиреби чунин гурӯҳҳоро мехӯранд.

Талаботи инсон ба пул доимист. Маҳз ҳамин чиз ба бисёриҳо шавқу шӯр медиҳад, то ба ин бозӣ машғул шуда, “карта зер кунанд”. Макони бозии ин гурӯҳ кӯчаҳои серодам ва наздик ба бозор аст. Онҳо медонанд, ки мақсаду омоли худро дар ин кӯчаҳо пиёда карда метавонанд.

Аслан, гӯё соҳиби ин бозӣ як нафар аст ва шахсони гирди ӯ ҷамъомада муштариёнанд. Вале ошкор аст, ки чанде аз муштариён низ “одамон”-и картабозанд. Ҳамин одамонанд, ки бо “бурд намудан”-у соҳиби маблағ шудан, таваҷҷӯҳи ҷамъомадагонро беш ва майли онҳоро ба бозӣ зиёд мекунанд. Шахси мушоҳидакор онҳоро метавонад зуд шиносад. Бо суханҳои дурӯғин, вале таконбахши “бурд мекунӣ”, “зер кун, ана ҳамин карта”, “ҳозир пула мегирӣ” мардумро бештар ҷалб месозанд. Соҳиби пул шудаҳо аксаран се ва ё чор нафаранд. Ғолибшавии онҳо воситаи дилгармӣ ва ҷалби одамон мегардад.

Ин ҳаннотон тавонистаанд чандин донишҷӯи камтаҷрибаи нав аз деҳот ба шаҳр омадаро фиреб диҳанд. Чанд падар пули фарзанди хешро ба даҳони ин “морҳои сарироҳӣ” партофта, дасти холӣ ба хона баргаштаанд. Ҷавонони зиёди бекор ва корҷӯй, ҳамон як миқдор пули доштаашонро низ дар ин бозӣ аз даст додаанд.

Далели воқеист, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар кӯчаҳои пойтахт аз қонуншикании шаҳрвандон огоҳӣ ва ба он расидагӣ мекунанд. Чӣ мешавад, ки онҳо чунин афроди ғоратгарро низ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашанд? Чунки “фаъолӣ”-и чунин бозингарон воситаи маҳдудшавии роҳҳои одамгузар низ мегардад. Баъдан воситаи фиреб нахӯрдан ва як миқдор пули хешро аз даст надодани шахсоне ба мисли Нодир гарданд.

Давлати АБДУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь