1 апрел – Рӯзи ханда

«Шукри обат…»

Чанд сол муқаддам бо ҳамроҳии як гурӯҳ олимону адибон ва рӯзноманигорон ба кишвари Туркия сафар карда будем. Чанд рӯз баъд аз Истанбул ба Қуния бо автобус сафар кардем, ки тақрибан 10-12 соат дар роҳ сарф шуд. Чун ба меҳмонхона расидем, маълум шуд, ки шоир Зиё Раҳмон ҳамёнашро гум кардааст. Агар як ҳамён мебуд-ку ҳеҷ гап не, вале гап дар сари он ки ин ҳамён ҳам пули калон дошту ҳам билети бозгашти ҳавопаймо, ҳам ҳуҷҷатҳои шахсии ӯ ва ҳам доруҳое, ки ана дар ҳамин фурсат барои Зиё Раҳмон сахт даркор мешуданд. Чун аз ин вазъият ҳама воқиф шудем, иштиҳои ҳамаамон гашт. Ҳар нафаре барои тасаллии дили Зиё Раҳмон мисраву зарбулмасали дар майнааш пайдошударо қироат мекард, аз қабили «Ғам махӯр аз бепулӣ Зиё, ки дарё бепул аст», «Не имей сто рублей, а имей сто друзей», «Пул чирки даст аст», «Пулро ёфта мешавад, одамро ёфта намешавад» ва ғайра.

Зиё Раҳмон оромона ҳамаро гӯш мекарду посухаш як буд:

– «Бе пул суханат асар надорад». Пулҳои худам мебуданд, майлаш, лекин пулҳои як одами муътабар аст, ки хоҳиш кард аз Туркия бо ин маблағ барояш мол биёрам. Агар гӯям, ки пулро гум кардам, ӯ ҳеҷ бовар намекунад ва маро ба қаллобӣ гунаҳкор мекунад.

Ҳамоно гурӯҳи тадорукотӣ ва Ситоди кӯмак ба осебдида ташкил кардем. Ҳар нафар 100 долларӣ ба Зиё додему ваъда додем, ки агар сиҳату саломат ба Тоҷикистон баргардем, ҳамаамон шоҳидӣ медиҳем, ки пулро дар ҳақиқат гум кардаӣ.

Субҳи дигар дар зиёрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ будем, ки бо баландгӯяк исми Зиё Раҳмонро гирифтанд. Маълум шуд, ки нафаре шом ба коргоҳаш – ба корхонаи мебелсозӣ мерафтаасту ҳамёнеро пайдо кардааст ва онро ба милиса супурдааст. Дар ҳамён дастгоҳи аксбардории Зиё Раҳмон ҳам будааст ва аз аксҳои он ва рақами автобус муайян кардаанд, ки ин ҳамёни меҳмонони тоҷикистонист.

Пас аз соате тамоми ҳайат дар шуъбаи полис будем. Ҳамёни Зиё Раҳмон дар ҳамон шакли аввала соҳибашро ёфт.

Чун ба хӯроки нисфирӯзӣ омадем, аллакай кайфият ва иштиҳои Зиё Раҳмон тамоман дигар буд ва зери лаб замзама мекард:

– «Шукри обат, шукри хокат…»

Нафаре аз ҳамсафарон ҳамоно посух дод:

– «Шукри халқи раҳмнокат».

Баъди аз Зиё Раҳмон баргашта гирифтани 100 долларии «хайркардаамон» иштиҳои мо ҳам қозгир шуд.

 «Юдаковро дидам»

Дар Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» бо ҳамроҳии Ҷумъахон Сайдалӣ ва Ҳотами Ҳомид шоҳиди нақле шудем, ки ин аст.

Устод Меҳмон Бахтӣ устод Гулназарро (равони ҳардуяшон шод бод) ба маъракае ба ноҳияи Рашт даъват мекунанд. Устод Гулназар аз боду ҳавои тоза ва зиёфатҳои шоҳонаи мардуми Рашт ҳаловат бурда, ҳар рӯз меҳмони аҳли адаби ин ноҳия мешуданд.

Рӯзе аз кӯчаи марказии шаҳраки Ғарм ба хонаи як шахси муътабари ноҳия равон буданд ва онҳоро адиб Диловари Мирзо ҳамроҳӣ мекард. Чун аз назди хонае мегузаштанд, духтарчаи тахминан 6-7 солае дар наздашон истода, пас аз адои салом гуфт:

– Ман Шуморо мешиносам.

– Хуб, ман кӣ будаам? – кунҷковӣ карданд устод Гулназар.

– Шумо муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ мебошед, – ҷавоб дод духтарак.

– Офарин, ту Суруди миллиро аз ёд медонӣ?

– Албатта медонам, – ҷавоб дод духтарак ва интизор нашуда дар як дам Суруди миллиро қироат кард.

– Қандата зан, ана акнун гӯй, ки дар паҳлӯи ман кист? – ба Диловари Мирзо ишора карда пурсиданд устод Гулназар.

– Намедонам, – ҷавоб дод духтарак.

– Ин кас муаллифи оҳанги Суруди миллӣ Сулаймон Юдаков мебошанд, – гуфтанд устод.

Духтарча гӯё кони тилло ёфта бошад, ба назди бибияш, ки дар хараки назди дарвозаи хонаашон нишаставу ин ҳамаро мушоҳида ва ифтихор мекард, давида омад ва хурсандона гуфт:

– Ур-р-р-а-а, бибиҷон, ман худи ҳозир бо муаллифони Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ва Сулаймон Юдаков шинос шудам.

«То рӯзи худоӣ»

Солҳои аввали кор дар рӯзномаи бачагонаи «Анбоз» утоқи кории ман бо утоқи кории котиби масъули маҷаллаи «Машъал» Нозирҷон Боҳирӣ ҳамшафат буд. Рӯзе яке аз кормандони калонсоламон ба утоқи кории Боҳирӣ даромада, суҳбатро сар карданд:

– Бекорӣ? – савол доданд.

– Ҳа, чӣ буд? – хавотир шуда пурсиданд устод.

– Ба ҷанозаи як одами хуб рафтан даркор. Савоби ҷаноза ба ту ҳам мерасад, – пешниҳод намуданд он кас.

– Мерафтаму фаромӯш кардам, ки як кори зарур дорам ва баъдан, дар ҷаноза овози гиряи одамонро шунида сахт зиқ мешавам ва чанд рӯзи дигар ба худ намеоям.

– Ҳамин зиқиатон чанд рӯз давом мекунад? – кунҷковӣ карда пурсиданд ҳамсуҳбаташон.

– То рӯзи худоии марҳум. Ту ба ҷанозааш раву рӯзи худоияшро ба ман хотиррасон намо. Савоби худоӣ аз савоби ҷанозахонӣ камтар нест, – аз хушгӯияшон намонда ҷавоб доданд Нозирҷон Боҳирӣ.

«Ба Шумо ҳам бурдборӣ мехоҳем»

Дар ҷаласае, ки бахшида ба даҳсолагии қабули «Қонуни забон» доир гардид, шоир ва адабиётшиноси маъруф Рустам Ваҳҳобзода дар мавриди истифодаи калимаи «бурдборӣ» чунин нақл кард:

– Як рӯзноманигори ҷавони радио хоҳиши зиёд намуд, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам. Розӣ шудам ва омаду дастгоҳи сабти овозро рӯшан кард. Дар давоми сӯҳбат яке аз саволҳояш чунин буд:

– Нуқтаи назари Шумо дар мавриди истифодаи ҷумлаи «Ба Шумо бурдборӣ мехоҳем» чист?

Дар ин хусус тақрибан чор-панҷ дақиқа сӯҳбат кардему шарҳ додам, ки асло маънии ин ҷумла «Ба Шумо муваффақият мехоҳем» набуда, балки маънои он «Ба Шумо сабру таҳаммул хоҳонем»-ро дорад.

Рӯзноманигор бо ишораи ризоият сар ҷунбонду дар анҷоми сӯҳбатамон гуфт:

– Устоди арҷманд, барои як чунин сӯҳбати муфиду гуворо ба Шумо изҳори сипос мекунем ва бурдборӣ мехоҳем.

 «Аз нӯги хамир фатир…»

Солҳои вазифаи сардабирии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»-ро ба дӯш доштанам, кӯшиш мекардам, ки рӯзноманигорони ҷавон ё донишҷӯёни факултаҳои журналистика ва филологияи тоҷикро ба ҳамкорӣ давъат намоям, то ҳам дасташон дар касби интихобкардаашон рост шаваду ҳам як-ду сомонӣ ҳаққи қалам кор кунанд. Яке аз рӯзноманигорони муваффақ ва ҷӯяндаву серкор Наврӯз Ҷобиров буд ва кӯшиш мекард, ки дар ҳар як шумора маводеро пешниҳод намояд. Чун охири моҳ мешуд, ба қадри имкон ҳаққи қаламро ба дасташ медодам ва гумон мекардам, ки ӯ қаноатманд мешуд. Аз байн чанд моҳ гузашт ва дар анҷоми яке аз моҳҳо ҳаққи қалами навбатиашро, ки 50 сомонӣ буд, (понздаҳ сол муқаддам ин мабалағи кам набуд ва қариб ду баробар стипендияи донишҷӯёнро ташкил медод) ба дасташ додам. Наврӯз маблағро бо дили нохоҳам гирифту пурсид:

– Устод, ин «аз нӯги хамир фатир» будагист?

Чун нашрия дар ҳолати начандон хуби молиявӣ қарор дошт, ҷавоб додам:

– Не, Наврӯзҷон, ин аз нӯги ҳамир ҳам фатир аст, ҳам кулча, ҳам чаппотию гирдача ва ҳам қаламаву озуқ.

Наврӯз аз ин ҷавоби ман ончунон баланд хандиду хурсанд шуд, ки гӯё 50 сомонӣ неву 500 сомонӣ ҳаққи қалам гирифта бошад.

«Ҳаштод фоиз намегӯӣ…»

  Дар Сафорати кишвари Фаластин дар шаҳри Душанбе вохӯрии сафири ин кишвар бо рӯзноманигорони тоҷик баргузор мегашт. Дар толор намояндагони рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион сафирро интизор буданд. Барои гузаштани вақт рӯзноманигорон бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Сардабири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» аз ҷумла гуфт:

– Чанд сол пеш ба яке аз кишварҳои арабӣ сафар карда будам. Дар як вохӯрӣ канда-канда бо забони арабӣ сухан рондам. Яке аз шайхони сарватманди араб аз суханронии ман дар ҳайрат монда, пурсид:

– Забони арабиро аз куҷо омӯхтӣ?

– Забони мо ба забони арабӣ монанд аст. Қариб чил фоизи калимаҳои забони мо арабист, – гуфтам ба ӯ.

Баъди анҷоми мулоқот он шайх ба наздам омаду ба ҷайбам як миқдор маблағ гузошт. Ба утоқи меҳмонхона омада, киссаамро тагурӯ кардам, ки як ҳазор доллар будааст…

Сардабир нақлашро ба охир нарасонда буд, ки гуфтам:

– Аҷаб сода будаӣ. Агар ман ба ҷойи ту мешудам, мегуфтам ки чил фоиз не, балки ҳаштод фоизи забони моро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд ва он гоҳ соҳиби ду ҳазор доллар мешудам.

«Коллега»

Анҷомхонаи бинои сеошёнаи мо дар пушти партовгоҳ ҷойгир шуда буд. Яке аз рӯзҳои истироҳат ашёҳои даркору нодаркори анҷомхонаро ҷобаҷо мекардам. Дар партовгоҳ як-ду нафар ба истилоҳ «бомж» ҷумбуҷул доштанд. Чун ашёҳои нодаркорро ба як тараф ҳаво додам, ҳамин вақт нафаре аз онҳо сарашро аз болои девор бароварду аз ман хоҳиш кард:

– Ягон халтаи холӣ надоред?

– Дорам, – гуфтам ва як халтаро тарафи ӯ ҳаво кардаму корамро идома додам.

Аз байн тақрибан даҳ-понздаҳ дақиқа вақт гузашта буд, ки боз сарашро аз девор бароварду ҳамон хоҳишро такрор кард.

Дилу бедилон боз як халта ба ӯ додам. Аз ин муносибати ман «бомж» ба фикрам каме ранҷиду гуфт:

– Хайр, братан, мову ту бояд ҳамдигарро фаҳмему дастгирӣ кунем, охир мо «коллегаем» – ку.

«Акнун ба хонаи мо меравем»

Охири солҳои 80-уми асри гузашта мо як гурӯҳ собиқ ҳамсабақон дар радиову телевизион ва нашрияҳои пойтахт фаъолият доштем. Гоҳ – гоҳ вомехӯрдем ва дар хонаи иҷораи нафаре дастархони хоксорона ороста, солҳои донишҷӯиро ба ёд меовардем. Яке аз рӯзҳои тобистон аз шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) шоир Сиёвуш ба Душанбе омад. Пас аз анҷоми кор аз «Хонаи радио» баромада, бо ҳамроҳии Толиби Озарахш, Мирзо Абдулло масъалаи дар куҷо ҷамъ шудану нишастанро муҳокима мекардем. Шароити ягон нафар имкон намедод, ки чор-панҷ нафарро дар хонааш бо ҷойи хоб таъмин намояд. Сӯҳбаткунон ба гастрономи машҳури рақами 1, ки дар шафати Универмаги марказӣ ҷой гирифта буд, наздик шудем. Ба қадри имкон харидорӣ намудем: як қуттӣ тухм, каме ҳасиб, нону ширинӣ, қаймоқу ҷурғот ва дигар анвои хӯрданӣ. Чун ҳамаро ҷобаҷо кардем, боз ҳамон савол ба миён омад: ба куҷо бояд равем?

Банда дар маҳаллаи Лучоб, дар хонаи иҷора зиндагӣ доштам ва чун ҳамсарам бо ҳамроҳии кӯдаки хурдсол ба ноҳия рафтаву хона холӣ буд, аввал ба халтаҳои пури маводи озуқа ва баъд ба бачаҳо нигоҳ карда, бо дили пур гуфтам:

– Ана акнун ба хонаи иҷораи ман меравем.

Ҷумъа МИРЗО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь