“Лайк” бо “Шарҳ” солҳои зиёд дӯстӣ доштанд. Ҳарду камбудиҳои якдигарро пур карда, дар ҳар пастию сахтиҳо дастгири ҳам буданд. Аммо рӯзе аз паси обуначиён гапашон гурехт. Ба хотири дӯстиашон хостанд бе расонидани осеб ба якдигар бо роҳи гуфтушунид байни ҳам дороиҳои солҳои тӯлони ҷамъовардаашонро тақсим карда, пасон ҳар касе ба роҳи худ равад. Аммо намедонистанд чӣ гуна инро ба марази ом расонанд. Агар якбора аз ҷудоии якдигар хабар диҳанд, мисли Барону Абдурозиқ мешаванд. Ба хулосае омаданд, ки нишасте доир мекунанд. Бо ин мақсад ба обуначиён даъватнома фиристода шуд. Тибқи даъватнома бояд ҳама рӯзи Душанбе соати 9-и субҳ дар майдони марказии шаҳр ҳозир мешуданд.

Он рӯз фаро расиду майдон пур аз обуначиён буд. Аммо “тарки одат амри маҳол” гуфтагӣ барин соат кайҳо аз 9 гузашта буду дар саҳна корҳои техникӣ анҷом дода мешуданд.

Ҳама мунтазири омадани “Лайк” ва “Шарҳ”. Ниҳоят баъд аз интизориҳо “Лайк” ҳозир шуду аз пасаш ҳаводоронаш саф кашиданд. Аз паҳлӯи дигар “Шарҳ” ҷой гирифт ва аз паси ӯ ҳам низ ҳаводоронаш.

“Иштирокгузор”(Поделиться) ба хотири корчаллон буданаш масъули ин нишаст таъин шуд. Ӯ ба назди баландгӯяк омада суханро оғоз кард.

-Муҳтарам обуначиён! Имрӯз ба хотири ҳалли як масъалаи муҳим ҷамъ омадаем. Муҳтарам “Лайк” бо ҷаноби “Шарҳ” ба қароре омадаанд, ки…

Зуд ба минбар “Навсозӣ” (Обновить) баромада баландгӯякро аз дасти “Иштирокгузор”(Поделиться) гирифта ба гап шурӯъ кард.

-Дуруд ба ҳама обуначиён ва иштирокдорони ин нишаст. Ба хотири густохӣ сараввал аз ҷаноби “Лайк” ва “Шарҳ” бахшиш мепурсам. Сабаби ҷамъ омаданамон тамоман масъалаи дигар аст. Муҳтарам “Лайк” ва “Шарҳ”! Нофаҳмие, ки байни шумо рух дод, тарҳрезишуда буд. Барои ҳардуи шуморо якҷо овардан роҳи дигаре наёфтем ва маҷбур шудем, ки бо воситаи чанд фейк байни Шумо нофаҳмӣ ба вуҷуд орем, то ин ки худи шумо ин нишастро доир кунед. Мақсади ҷамъомади имрӯза  шунидани арзу шикоятҳои обуначиён аст. Акнун вақти он расидааст, ки ҳар нафари шумо фикри худашро озод баён кунад ва нотарсона аз рӯйи минбар ҳарф занад. Касе аз касе қарз дорад ё талабе дорад, метавонад озод ҳарф занад. Мо барои ин ҷамъ  омадем, ки мушкилро бартараф кунем. Биёед, хоҳишмандонро аввал даъват мекунем. Кӣ ба саҳна мебарояд?

Шоир аз аввалинҳо шуда ба назди баландгӯяк омад ва бо иқтибоси байтҳои Бузургмеҳри Тоҷиддин суханро оғоз кард.

-Аз касе, ки қарздорам лайк,

Аз касе, ки қарздорам шарҳ,

Зудтар гӯяд ҳисобашро,

Карда субҳу шом ҷамъу тарҳ.

Ҳам барои ӯ гузорам лайк,

Ҳам барои ӯ нависам шарҳ.

То ҳисоби мо баробар бод,

Мекунам сад бор ҷамъу тарҳ.

Саломи ғулғуладор ба дӯстони маҷозиам. Ман дар бораи обуначиёне, ки бо ман дӯстӣ доранд, чанд гуфтанӣ доштам.

Ҷаноби “Лайк” ва “Шарҳ”! Баъд аз ошноӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ ман шеърҳоямро дар сомонаҳо  мегузорам. Ба навиштаҳоям лайк  мегузоштанду шарҳ менавиштанд. Аммо мебинам, ки рӯзҳои охир дар байни лайкгузорону шарҳнависон номи якчанд дӯстонам нест. Ҳайрон шудам, ки ба онҳо чӣ шуда бошад. Пасон маълум шуд, ки онҳо дар постҳои пешини ман лайк гузоштаанду ман дар ҷавоб ба навиштаҳои онҳо лайк гузоштанро фаромӯш кардаам. Шояд аз ин сабаб қаҳр карда бошанд.

Ҷаноби “Лайк” ва “Шарҳ” чунин ранг гирифтани нишастро интизор набуданд. Ба “Иштирокгузор”(Поделиться) ишора карданд, то рафти маҷлисро иваз карда зуд хотимааш диҳад.

Мубодила суханҳои шоирро бурида мехост ҳарчи зуд нишаст ҷамъбаст шавад. Аммо “Навсозӣ” (Обновить) ба минбар нафари дигарро хонд. Журналист ба минбар баромаду баландгӯякро гирифта, ба сухан даромад.

-Аз сад  лайки нодон як лайки доно беҳ… Рӯзе, ки белайк гузашта бошад, аз шумори рӯзҳои умратон ҳазф кунед… Ҳаргиз онеро, ки 500 лайк гирифта,  бо оне, ки 5000 лайк дорад, баробар машуморед. Навиштаи белайк мисли оши бенамак аст… Лайк ҳам вазн дорад: лайки вазир баробари гӯсфанд арзиш дорад, лайки  фаррош баробари ҷорӯби куҳнаи дасташ… Лайк лайк мезояд, лайк хоҳӣ лайк мон… Хоҳӣ маҳбуби ҳамагон бошӣ, ба ҳама навиштаҳои фачу лач лайк мондан гир…

Ман як шикоят дорам. Як нафар аз дӯстонамро одами хуб гумон карда будам. 10 рӯз шуд, ки ба ягон постам лайк намемонад. Бахилиро бибин, ки  ҳама постҳояшро лайк мемонаму ӯ аз 10 постам ба якаш базӯр лайк мегузорад. Аз ман насиҳат ҳамин ки бо 100 ҳазор лайк мағрур машав. Касонеро мешиносам, ки бо 300 ҳазору 500 ҳазор лайк оқибат  мурданд. Боз як маслиҳат ин ки ҳаргиз ба матлабе, ки хонданаш 20 дақиқа вақт металабад, дар 20 сония лайк нагузор. Агар муаллиф дӯстат, ҳамсояат, ҳамшаҳрат ё  мақомдоре бошад ва фурсати хондан надошта бошию ҳатман лайк гузоштанат зарур бошад, ним соат – як соат дар сафҳаҳои дигар гаштугузор куну баъд баргарду лайк гузор. Илоҳӣ ба 100 навиштаат як лайк нагирӣ.(А.Р)

Навбати сухан кардан ба Адолат расид. Ӯ аз аввал мехост вуҷудашро холӣ кунад, аммо суханро муаддабона оғоз кард.

-Дӯстони ман, шукри будану набуданатон. Магар шабакаҳои иҷтимоиро ҳам ба маҳал тақсим кардаед? Ё ба гурӯҳи махсуси худ, ки агар зери навишатаатон як нафар шарҳ гузорад, гурӯҳӣ шуда ба ӯ ҳуҷум мекунед ва аз решааш сар карда, то ба мӯйи сараш дасиса мебофед. Муҳтарам Лайк! Ин мавзуъро ҷиддӣ баррасӣ кунед. Ин гурӯҳҳо рӯз ба рӯз меафзоянд. Мо ҷанги гурӯҳиро дар филмҳо дида будем, аммо имрӯз ин ҳолатро дар шабакаи иҷтимоӣ ҳам мебинем.

“Навсозӣ” (Обновить) пай бурд, ки дар байни обуначиён баъзеҳо сурху сафед шуда истодаанд ва оқибаташ нохуб хоҳад шуд, суханро ба хонум Ноз дод.

-Ман гуфтании зиёд надорам. Танҳо як чизро мегӯям, ки ҳар касе ба постҳоям лайк намонад, аз рӯйхати дӯстонам ҳазфаш мекунам. Чӣ лозим ба ман ин гуна дӯсте, ки ҷойи дигаронро банд мекунаду лайк намегузорад?!

Ғалоғула зиёд шуд. “Навсозӣ” (Обновить) чун одати ҳамешагӣ бозиро оғоз карда аз тамошояш лаззат мебурд. Ноз зуд минбарро тарк кард. “Лайк” ҳис кард, ки каме дигар агар ин маҳфил идома ёбад, тамоми обрӯву эътиборашро аз даст медиҳад. Ба “Шарҳ” рӯ оварда гуфт.

-О, дӯстам инҳо дар ҳаққи мо дасиса мебофанд. Агар ками дигар истем, ҳоламон бад мешавад. Коре кун, ки аз ин мушкилӣ ҳам хушк бароем.

-Ту табоҳ шудӣ, на ман.

-Медонам, аммо ту ҳам бо ман тавъам ҳастӣ. Дар бораи ту ҳам мегӯянд.

“Шарҳ”, ки боақлу дурандеш буд, гуфт:

-Ба ҳар чиз ки ман гуфтам, розӣ мешавӣ ва хомӯш меистӣ.

“Шарҳ” баландгӯякро гирифту аз донишу заковати хеш истифода бурда, шуруъ кард.

-Хонумон ва ҷанобон, – ғалоғула ором шуду ҳама ба “Шарҳ” гӯш доданд. – Ман ҳамаи гуфтаҳои шуморо гӯш кардам. Ин мушкилии Шуморо дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳем кард. Аз ҳозир мутасаддиён таъин карда мешаванд. Бародари мо “Лайк” иштибоҳ кардааст. Ӯро бубахшед, ки сабабгори байни ҳам қаҳриву ҷангӣ шудани шумо гардидааст. Баъзеҳо барои лайк муҳтоҷ шудаанд, ки аз ҳамдигар “лайкгадоӣ мекунанд”. Ман шахсан ин мавзӯъро пайгирӣ карда, “Лайк”-ро ба мӯҳлати 1 шабонарӯз ҳабси хонагӣ мекунам!

Бо ин суханҳо нишастро хотима бахшиду зуд минбарро холӣ карда ҳамроҳи “Лайк” дар як лаҳза аз чашми дигарон пинҳон шуданд.

Шаҳзод ЗАФАРҶОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь