69 сол аст, ки 20-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ҳоло ҳам волидоне ҳастанд, ки фикр мекунанд, нисбат ба кӯдаконашон “ба ҳар коре” ҳақ доранд.

Ҳоло маълум кардан душвор аст, ки соли 1993 ҳукумати он замон ҷавони Тоҷикистон бо чӣ ҳадаф Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Ин санади муҳими байналмилалиро на ҳамаи кишварҳои олам ҷуръат мекарданд ба тасвиб расонанд, чун пеши онҳо ӯҳдадориҳои муҳимро мегузорад.

54 банди бисёр муҳим барои шахсиятҳои оянда

Тоҷикистон замоне ба ин ҳуҷҷат имзо гузошт, ки ҳамоно тақрибан дар шароити ҷангӣ қарор дошт.  Муқобилияти ҷонибҳои даргир низ чандон коҳиш наёфта буд. Дар натиҷаи ҷанги бародаркуши панҷсола кишвари нав ба истиқлол расида аз рӯи омори гуфташуда беш аз 150 000 нафарро  аз даст дода, дучори харобаҳои иқтисодӣ шуд, ки арзишашро беш аз даҳ миллиард доллар арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешуд, беш аз як миллион нафар Ватанро тарк карда, ба Афғонистону кишварҳои минтақа ва Русия гуреза шудаанд, ки дар байнашон кӯдакон кам набуданд.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти оморӣ, 25 ҳазор зан ҳамсарони худро аз даст дод ва 65 ҳазор кӯдак бесаробон монд. Ин ҳама наметавонист дар баробари мушкилоти дигар, ба вазъи умумии кӯдакон бетаъсир монад.

Дар чунин шароит чаро Тоҷикистон зарур донист ба Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак имзо гузораду онро ба тасвиб расонад?

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки агар аз як ҷониб ҳукумат он замон мехост ба василаи тасвиби ин санади муҳим ба кишвару созмонҳои маблағгузор даст ёбад, аз сӯи дигар хоҳиши самимонаи раҳбарияти кишвар буд, ки мехостанд ба мушкилоти зиёди пешомада нисбат ба кӯдакон бар асари ҷанги шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд.  Зеро, дар шароите, ки Тоҷикистон қарор дошт, дар танҳоӣ ҳал кардани ин ҳама мушкилот имконпазир набуд.

Аслан худи Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шароити душвори пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон  пайдо шудааст. Фоҷиаҳои гӯшношуниди замони ҷанг ва пас аз он мардуми сайёраро водор намуд, ки нисбат ба мушкилоти пешомада аз ҷумла вобаста ба кӯдакон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошанд. Бовуҷуд, ҷараёни қабул шудани ин эъломия дар миқёси ҷаҳонӣ осон даст надод. Ҳарчанд  аз соли 1954 20 ноябрро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил мекарданд, аммо танҳо аз соли 1959   Созмони Милали Муттаҳид Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол, 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ – Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.

Дар натиҷа кишварҳои дунё соҳиби як санади ҳуқуқии байнулмилалие гардиданд, ки давлатҳоро муваззаф мекунад ба ҳаёти хушбахтонаи афтол мусоидат кунанд. Воқеан, ин санад ҳуқуқи кӯдаконро ба таҳсил, сатҳи муносиби зиндагӣ ва инчунин ҳифзи онҳоро аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз таъмин менамояд.  Он аз 54 банд иборат буда, то имрӯз аз ҷониби 196 ҳукумат имзо шудааст. Ҳукуматҳои дар зери ин санад имзогузошта, аз ҷумла Тоҷикистон ӯҳдадор шудаанд, ки на танҳо ҳаққу ҳуқуқи кӯдаконро таъмин кунанд, балки ба рушди ҳамаҷонибаи инсонии онҳо дар шароити озод аз гурӯснагиву ниёзмандӣ, бераҳмию хушунат, истисмор ва дигар суистифодаҳо, мусоидат намоянд.

Инак 25 ноябр ба санаи ба тасвиб расидани Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

Зимнан, ҳар сол 20 ноябрро ба як мавзӯе  мебахшанд, ки дар он мушкили муҳимтарини кӯдакони дунё ифодаи худро ёбанд. Масалан мавзӯи соли 2023 “Ҳама ҳуқуқҳо ба ҳама кӯдакон” номгузорӣ шудааст. 10 сол пеш – 20 ноябри соли 2013 мавзӯи «Хотима додан ба озору азияти кӯдакон» ихтисос дода шуда буд.

Ҷойгоҳи махсуси кӯдак: ҳам ҳукумат гузориш медиҳад, ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки дар муддати 30 соли қабул шудани эъломия кишвар дастовардҳои муҳимро сазовор шудааст. Дар баробари беҳтар намудани шароити иҷтимоии кӯдакон, ҳамчунин аз беҳтар шудани вазъи ҳуқуқии онҳо мисолҳо меоранд. Аз ҷумла аз қабул гардидани қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (соли 2011), «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (соли 2015) ва татбиқ гардидани онҳоро иқдомоти бисёр муҳим медонанд.

Пештар аз қабули ин қонунҳо, ҳанӯз соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши муҳим мебозанд.

Масъулони сатҳи баланди ҳукумат тибқи ӯҳдадории ба зимма гирифтаашон вазифадоранд дар бораи натиҷаи корҳо ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид гузориш пешниҳод намоянд.  Гузориши аввали Тоҷикистон соли 2000-ум, гузориши дуюм соли 2010-ум ва сеюму чорум мутаносибан солҳои 2015, 2022 аз ҷониби Кумитаи СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар гузоришҳо асосан ҳолати умумии кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, тадбирҷӯиҳо баҳри беҳдошти зиндагӣ ва ҳалли масоили ҷойдошта  дар самти чораҳои андешидашуда барои татбиқи ҳуқуқҳояшон иттилоъ пешниҳод шуданд.

Дар баробари мақомоти давлатӣ, тибқи талаботи ин санади байналмилалӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  низ гузоришҳои алтернативии худро пешниҳод мекунанд. Ин ба он маъно аст, ки меъёрҳои Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак хеле ҷиддӣ пайгирӣ мешаванд ва танҳо ҳукумат наметавонад дар танҳоӣ ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гардад.  Баррасии масоил ва ҳисобот додан ба Кумитаи СММ ба хотири он аст, ки мушкили ҳуқуқии кӯдакон ҳарчӣ зудтар ҳалли худро ёбанд.

Аз рӯи тартиби қабулшуда баъди омӯзиши пурраи ҳисобот Кумитаи СММ ба давлатҳои иштироккунанда тавсияҳои худро медиҳад. Тоҷикистон дар натиҷаи омӯзиши зиёд ва пешниҳодоти ироашуда аз соли 2015 тасмим гирифт институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро таъсис диҳад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон барои соли 2022 аллакай маърӯзаашро пешниҳод намуд. Масъулини  ин ниҳод мутмаинанд, ки дар ин маърӯза тамоми масоили вуҷуддошта ва пешрафтҳои кишвар дар самти ҳуқуқи кӯдакро хулоса намудаанд. Бовуҷуд, “бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди қабул ва баррасии муроҷиатҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон –3 тавсия, такмил додани қонунгузории амалкунанда ва таҳкими механизми иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ – 4 тавсия, вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон – 9 тавсия, вазъи таъмини ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт ва саломатӣ – 7 тавсия, вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакони маъюб – 9 тавсия ва вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил – 7 тавсия ва дар маҷмӯъ 39 тавсия пешниҳод гардидааст” мехонем дар ин маърӯза.

Созмонҳои байналмилалӣ низ дар ҳисоботу гузоришҳои худ мегӯянд вазъи феълии кӯдакон дар Тоҷикистонро албатта бо 30 сол пеш муқоиса намудан имкон надорад. Бовуҷуд таҳлилгарон ба ин назаранд, ки кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоно ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯанд ва воқеиятҳои нав мушкилоти дигарро ба миён овардааст.

10 мушкили аслии атфол дар Тоҷикистон

Як назарсанҷии мо дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” (https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/posts/3699817376929827/) нишон дод, ки калонсолон ҳоло дар робита ба атфол кадом мушкилоти ҷиддиро мебинанд.  Агар ҳама масоили иброзшуда дар ин назарсанҷиро мухтасар намоем, чунин мавзӯъҳои муҳим пайдо мешаванд:

Камбизоатии оилаҳо: Гуфта мешавад ҳоло ҳам кӯдаконе кам нестанд, ки бе таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кофӣ боқӣ мондаанд. Ба ин гурӯҳ хоса кӯдаконе дохил мешаванд, ки дар вазъияти душвори оилавӣ қарор доранд, ё ятиманд, ҳамчунин атфоли муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бе назорати волидайн мондаанд.

Ҳарчанд тибқи омори расмӣ мизони камбизоатӣ аз 81 дарсади соли 2003 то 22,5 дарсади соли 2022 коҳиш ёфт, аммо хонаводаҳое ҳастанд, ки ҳамоно дар ҳолати камбизоатии шадид қарор доранд, ки ба ояндаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа, кӯдакон метавонанд бо ғизои нокифоя, дастнорасӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва таҳсил рӯ ба рӯ шаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ аз эълону дархостномаҳое пур аст, ки барои табобати кӯдакон мардум аз ҳамдигар кӯмак мепурсанд.

Дастрасӣ ба таҳсил: Масъулин мегӯянд дастрасӣ ба таҳсили ройгон дар қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла муқаррароти банди 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 17  “Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил”-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба таври мушаххас зикр  шудаанд. Ба гуфтаи онҳо ҳуқуқҳои кӯдак ва шаъну эътибори инсонии ӯ риоя шуда, мунтазам ба мактаб рафтани ӯ таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дорад. Ҳамчун далел дар самти дастрасӣ ба таҳсилот омори зерин оварда мешавад, ки дар 4736 муассиса, аз ҷумла 707 муассисаи томактабӣ 102525 нафар ва дар 2111 маркази инкишофи кӯдакон 68891 нафар ба тарбияву таълим зери тарбияи 13079 нафар мураббия қарор доранд. Фарогирӣ ба зинаи томактабӣ баробар ба 15,6 дарсад ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ зиёдтар аст.

Бовуҷуд, аз деҳоти Тоҷикистон намунаҳое оварда мешавад, ки масъалаи дастрасӣ ба таҳсилоти босифатро чун як мушкили ҷиддӣ намудор мекунад. Аз ҷониби дигар, сатҳи донишандӯзии насли наврас на дар ҳама ҷо ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯст.

Тандурустӣ:  Масъулони бахши тандурустии Тоҷикистон мегӯянд вобаста ба саломативу тансиҳатии кӯдакон муваффақиятҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, фавти кӯдакони то 5 сола, ки ҳатто дар замони шӯравӣ масъалаи ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт, ҳоло то 85 фоиз коҳиш ёфт.

Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабабҳои асосии фавти кӯдакони то 1 соларо аз бемориҳои роҳҳои нафас, нуқсонҳои модарзодии инкишоф, бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва дигарон арзёбӣ кардаанд.

Сабабҳои асосии фавти кӯдакон дар маҷмӯъ бошад, ба садамаҳои гуногун, ҳолатҳои фавқулодда (сӯхтагиҳо, заҳролудшавӣ, ғарқшавӣ), нуқсонҳои модарзодии инкишоф (аз ҷумла, нуқсони модарзодии дил), сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, меъдаву рӯда, бемориҳои системаи асаб нисбат дода мешавад.

Воқеан, солҳои охир зиёд шудани фавти кӯдакон ҳангоми оббозӣ мушкили бисёр ҷиддӣ шудааст. Соли гузаштаи 2022, ҳамон тавре дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мехонем, бештар аз 80 нафар ноболиғон ҳангоми шиноварӣ ба ҳалокат расиданд, ки 11 нафари онҳо то 4-сола, 25 нафар аз 5 то 10 сола ва 44 нафар аз 11 то 16-сола буданд.

Дар маърӯзаи Ваколатдор як масъалаи хеле ҷиддӣ ва хеле нигаронкунанда махсус таъкид мешавад: фавти кӯдакон бо сабабҳои куштор, садама, ҳолатҳои фавқуллода, аз ҷумла ғарқшавӣ ва махсусан ҳолатҳои худкушӣ, кушта шудани кӯдакони хурдсол аз ҷониби калонсолон.

Худкушӣ ҳамроҳ бо кӯдакон: Мутаассифона чанд соли ахир ҳолатҳои даҳшатангезе ба қайд гирифта мешавад, ки кӯдакони хурдсолро модаронашон ба нишони эътироз ҳамроҳи худ ба дарё ғарқ мекунанд. Мисолҳои ваҳшатангезеро дар ин замина мақомот пешниҳод менамоянд:

Сокини шаҳри Норак З. Маҳмуродова бо муносибат ва рафтори хоҳари шавҳараш тоқат накарда, 5 феврали соли 2016 бо 4 нафар фарзанди хурдсолаш ба болои купрӯки дарёи Вахш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, шаҳри Норак рафта аввал кӯдакон ва баъдан худашро ба дарё партофта, ба ҳалокат расонд.

Сентябри соли 2015 Саломат Пирова сокини 23- солаи ноҳияи Вахш се фарзанд ва худашро ба нахр партофт.

Моҳи апрели соли гузашта модари ҷавоне аз деҳаи Негноти Панҷакент се фарзанди хурдсол ва худашро дар боғ овехт.

Моҳи июни соли равон Санъат Ғаффорова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканд.

Ин гуна даҳшатҳо бештар ҳангоми муноқишаҳои оилавӣ рух медиҳанд, ки фарзандони хурдсол ҳамчун василаи қассос истифода мешаванд.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин ҳолати задани кӯдакон аз ҷониби модарон ва сабту паҳн карданашон ба хотири нишон додани ҳолат ба падари онҳо роҳ ёфтанд, ки аз ҷониби мақомоти марбута мавриди вокуниш қарор гирифт.

Чунин ҳолату ҳодисаҳо бозгӯӣ аз он меккунад, ки фаҳмишу тасаввуроти бархе волидон ҳанӯз асримиёнагист. Онҳо кӯдакро моли шахсии худ пиндошта, хаёл мекунанд, ки нисбати атфоли худ ба ҳама кору амал иҷозат доранд. Ба назар нагирифтани фикри кӯдакон, раво дидани зӯровариву таҳқир нисбати кӯдакон аз ҳамин ҷост. Ҳол он ки ҳам қонунҳои Тоҷикистон ва ҳам санадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумда Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак ин гуна муносибатро қотеона манъ кардааст.

Истисмори нерӯи ҷисмонӣ: Тоҷикистон дар ин маврид албатта ба Ӯзбекистони чанд сол пеш монанд нест. Ҳамон тавре медонем, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои пешрафта бархе аз маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ҳамсоякишвари моро мамнӯъ эълон карда буданд. Аз ҷумла маҳсулоти пахтагиро, чун  гуфта мешуд дар пахтачинӣ меҳнати кӯдакон истифода мешавад. Дуруст аст, ки солҳои пеш дар Тоҷикистон ҳам чунин ҳолатҳое ҷо дошт. Аммо то сатҳи вокуниши байналмилалӣ нарасид.

Расонаҳо менависанд, дар оғози соли 2010 созмонҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ корҳои решакан намудани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистонро суръат бахшиданд. Соли 2012 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи байналмилалии барҳам додани меҳнати кӯдакони Созмони Байналмилаии Меҳнат (СБМ – ИПЕК) оид ба меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон  аввалин таҳқиқотро анҷом доданд. Тибқи маълумоти ҳосилшуда ҳиссаи кӯдакони коргар он вақт 23,4 фоиз (522 ҳазор нафар) буд. Сатҳи баландтарини шуғл (45,5фоиз) миёни писарони аз 15 то 17-сола ба ҳисоб мерафт.

Дар натиҷа, соли 2014 ҳукумат қарор «Дар бораи Барномаи миллии барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»-ро қабул кард.

Бовуҷуд, то ҳанӯз дар шаҳрҳо кӯдакони аробакаш, боркаш, мошиншӯй, ёрдамчии савдогарон, салафанфурӯш ва ғайраро вохӯрдан имкон дорад. Мутаассифона ҳоло омори дақиқи навшуда, аз ҷумла оид ба миқёси меҳнати кӯдакон вуҷуд надошта, танҳо маълумоти пароканда мавҷуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд пинҳон кардани омор роҳи ҳал нест. Бояд сабабҳои асосии ҳолатро маълум кард, ки дар натиҷа роҳи ҳал пайдо мешавад.

Ҳуқуқшиноси шинохта Ойниҳол Бобоназарова дар сӯҳбатҳояш мавзӯъро аз ин дидгоҳ ба баррасӣ мегирад:

– То замоне, ки волидон мушкилоти иқтисодиро эҳсос мекунанд, меҳнати кӯдакон ҷой дорад. Ман ёд дорам, чанд сол пеш созмонҳои баналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар ин самт хеле фаъолона кор карданд, аммо ҳоло мо мебинем, ки инро решакан кардан номумкин аст, зеро кӯдакони коргар худашонро таъмин мекунанд, – мегӯяд ӯ.

Ба андешаи ҳомии ҳуқуқ, агар қонун ва санадҳое, ки кӯдаконро аз фаъолият манъ мекунанд,  ҷиддӣ гирифта шаванд, давлат муваззаф мешавад, ки барои онҳо ғамхорӣ кунад – барои оилаҳои камбизоат мактаб – интернатҳо таъсис диҳад, барои онҳо маблағ ҷудо намояд.

«Чун ҳукумат чунин имконият надорад, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат маҷбур мешаванд дар таъминоти оила саҳм гузоранд, ҳарчанд ин ғайриқонунист», – гуфтааст Бобоназарова.

Алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ, таҷовуз ба номус, издивоҷи бармаҳал: Се сол пеш суди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе  ҷавонеро, ки духтараки ноболиғи 14 соларо таҷовуз кардааст, ба 3 соли зиндон маҳкум намуд. Ин ҳолат вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард.  Пештар аз ин дар расонаҳои хабарӣ шикояти як мӯйсафед аз шаҳри Турсунзода паҳн гардид, ки амма ва амакаш бо роҳи зӯрӣ ба узви занонаи набераи 3-солааш М, сабзии калонеро ворид карда, кӯдакро қариб то дами марг расонидаанд. Вале нисбати афроде, ки чунин амали ваҳшиёнаро нисбати кӯдаки бегуноҳ раво дидаанд, аз ҷониби мақомот ягон чора андешида нашудааст. Арзи ин мӯйсафед ба раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ расиду ӯ ин парвандаро зери назорат гирифт. Дар натиҷа гунаҳкорон дастгир гардида, муҷозот шуданд.

Мутаассифона чунин ҳолатҳо кам нестанд. Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон на танҳо таҷовуз ба номуси ноболиғ, балки алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни 16 солагӣ норасида ва ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати онҳоро мамнӯъ эълон кардааст. Тибқи маълумоти расмӣ чунин ҷиноятҳо мутаносибан дар солҳои 2022 ва 2021 чунин омор доранд:  алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида 69 (соли 2021 – 81); – ҳаракати бадахлоқона 31 (соли 2021 – 40).

Дар ҳамин ҳол, раванди дигар барои ноболиғон хатарнок аз ҷониби волидон зиёд ба назар мерасад: ба шавҳар додани духтарони ноболиғ. Ҳарчанд мавзӯи мазкурро чанд сол пеш дар сатҳи ҳукумат бисёр ҷиддӣ баррасӣ намуда, дар ин замина бархӯрд намуданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, як сабаб ин будааст, ки духтарон аз мактаб канор мемонанд. Соли гузашта тибқи маълумоти дастрасшуда барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ 122 нафар муҷозот гардид (ин рақам соли 2021 ба 116 баробар буд).

Новобаста ба бархӯрдҳои ҳуқуқӣ, соли гузашта 6 ҳолати ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида (соли 2021-18 ҳолат) ва 10 ҳолати  бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст (соли 2021 низ ҳамин қадар) ба қайд гирифта шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд масъала танҳо ба мавзӯи таҳсили духтарон дахл надорад ва мушкилро бояд фаротар дид, то ҳалли ниҳоии он пайдо гардад.

Муҳоҷират:  Тибқи як пажӯҳиш, ки чанд сол пеш сурат гирифт, таъсири мардони тоҷик ба хонаводаҳои худ пас аз муҳоҷират ба Русия камтар мешавад ва худи онҳо низ то ҷое ба оилаву масоили он камтаваҷҷӯҳ.

Фишор, набуди дастгирӣ, шароити бади рӯзгор, мушкилоти фаровон дар хона ва тарбияи кӯдакон — ҳолату шароити аксар заноне мебошад, ки шавҳарони муҳоҷирашон моҳҳову солҳо суроғашон намекунад. Ин хулосаи пажӯҳиши муштараке аст, ки созмонҳои кор бо муҳоҷирон ва занон анҷом дода буд. Ин пажӯҳиш маълум кард, ки афсурдаҳолӣ ва ҳолати бади равонии занони таркшуда ба фарзандони онҳо, ки ҳамчунин аз шароити бади зиндагии бидуни падар ва таъқибу озор дар мактабу маҳалла азият мекашанд, таъсир мерасонад. Таъсири ин ҳолат ба худи фарзандони ноболиғ ҳам кам нест.

Барои ҳамин ҳукумат бояд талош намояд, ки фарзандон дар оилаи солим ва комил тарбия гиранд. Барои ин бошад, дар дохили кишвар ҷойҳои кории муносиб бояд пайдо шаванд. Ё мисли раванди нав суръатгирифта, бо аҳлу оила ва фарзандон ба Русия куч бастан мемонад, ки албаттта ба манфиати Тоҷикистон аз ҳама дидгоҳ нест.

Кӯдакони фирорӣ аз майдони ҷанг: Даргирӣ ва моҷароҳои гуногуни сиёсию динию мазҳабие, ки дар иддае аз кишварҳои олам аланга задаанд, ҳаёти насли наврасро зери хатар гузошта, аксаран боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои атфол мегарданд ва кӯдаконро аз кӯдакии хушбахтона маҳрум месозанд. Бадбахтона ҳудуди 2000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба ин кишварҳо рафтанд. Бархе бо зану фарзанди худ рафта бошанд, баъзеи дигар баъдан дар он кишварҳои ҷангзада соҳиби кӯдак шудаанд. Тоҷикистон тасмими гирифт занону кӯдаконро бозпас ба ватанашон баргардонад. Аз ҷумла, моҳи майи соли равон 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 наврас аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Тобистони соли гузашта ҳам 146 зан ва кӯдаки тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба кишвар оварданд. Мақомот мегӯянд, ин гурӯҳи занону кӯдакон, ҳамсарону фарзандони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳастанд, ки дар майдонҳои ҷанг кушта шуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, на ҳама хонаводаҳо дар Тоҷикистон тавони таъмину тарбияи атфоли баргардонидашударо доранд. Ин дар ҳоле, ки аксари кӯдакони баргардонидашуда  ятими кулл ҳастанд. Ё падар надоранд ва модар дошта бошанд ҳам, дар зиндон аст. Агар ин бачаҳо ба дасти бобову бибӣ супорида шаванд, тарбияи онҳо душвор аст. Ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам равонӣ тарбия кардани ин кӯдакон осон нест.

Худкушӣ дар байни ноболиғон: Худкушӣ дар байни ноболиғон ҳам солҳои охир, бадбахтона афзоиш меёбад. Танҳо дар соли гузашта 69  ва соле пештар аз он 73 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Тибқи маълумотҳо аз ин шумора 38 нафар писар (2021 – 36) ва 31 нафарашон духтарон (2021 – 37) мебошанд. Сабабу омилҳои худкуширо гуногун шарҳ додаанд: 6 нафар бинобар касалиҳои руҳӣ ва 63 нафар бо сабабҳои номаълум.

Оид ба ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон дар 4 (соли 2021 – 4) ҳолат бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) нисбати шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳамаи онҳо бо ҳукмҳои суд аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нишон дод, ки дар аксарияти ҳолатҳо сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набудани ҳамдигарфахмӣ дар байни аҳли оила, рашк, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ ва ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати депрессивӣ, бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, бо сабаби майзадагӣ, шарму ҳаё, инчунин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.

Зимнан, яке аз санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» мебошад, ки новобаста аз сипарӣ шудани қариб 16 сол аз қабули он муқаррарот ва талаботи он муҳим ва рӯзмарра боқӣ мондаанд. Мутаассифона, ба назар мерасад ин қарор ва ин равандро то ҳанӯз ҷиддӣ нагирифтаанд.

Кӯдакони ҷинояткор: Мушкили дигар ҷинояткорӣ аз ҳисоби ноболиғон аст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ соли 2022 аз тарафи 737 ноболиғон (37 духтар ва 692 писар) ҷиноят содир гардидаст, ки нисбат ба соли гузашта 26 ҳолат ё 3,5% кам мебошад. Аз ин шумора 103 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 нафар хонандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, 1 нафар хонандаи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва 626 нафарашон ноболиғоне мебошанд, ки ба кору таҳсил фаро гирифта нашудаанд.

Нишондиҳандаҳои содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон чунинанд: – одамкушӣ 2 (соли 2021 – 3); – қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 7 (соли 2021 – 14); – таҷовуз ба номус 1 (соли 2021 – 4); – ҳаракатҳои зӯроварӣ дорои хусусияти шаҳвонӣ 7 (соли 2021 – 9); – муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор 2 (соли 2021 – 4); – дуздӣ 505 (соли 2021 – 528); – қаллобӣ 6 (соли 2021 – 12); – ғоратгарӣ 13 (соли 2021 – 14); – роҳзанӣ 0 (соли 2021 – 5); – авбошӣ 86 (соли 2021 – 86); – дигар ҷиноятҳо 108 (соли 2021 – 84).

50

Дар бораи омилҳои ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон назарҳои мухталиф ҷой доранд. Назарпурсӣ ва таҳлилҳо муайян намудаанд, ки наврасони ҷинояткор бештар аз оилаҳои носолим ва сарватманд мебошанд. Яъне, агар аз оилаи носолим барои аз тарбияи волидон дур мондан наврас ба амалҳои номатлуб даст занад, пас аз оилаи сарватманд, аз эркагиву дар ҳамаи амалҳо дастгирӣ ёфтанашон аз тарафи волидон мебошад.

Масалан баъзе аз волидон ӯҳдадориҳои худро танҳо дар таъмини моддии фарзандон мебинанд, тарбияи онҳоро бошад, дар мадди дуюм мегузоранд ва онро ба мактаб ҳавола мекунанд. Дар натиҷа кӯдак ва наврас умуман аз тарбия дур мемонад ва гурӯҳҳои ҷиноӣ аз онҳо мақсаднок истифода менамояд…

Хулоса

Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ҳар нафареро кӯдак меҳисобад, ки ба синни 18 нарасидааст. Ҳуқуқҳои вобаста ба кӯдак барои Тоҷикистон мешавад гуфт наванд. Ба ҳар сурат,  дар замони шӯравӣ дар Кодекси оилаи ҶТ оид ба ҳуқуқи кӯдак боби алоҳидае вуҷуд надошт.  Аз ин ҷост, ки гуфтан мумкин раванд ва бархӯрдҳои нави ҳуқуқӣ баҳри ҳимояи пайвастаи ҳуқуқҳои кӯдак ва инкишофи минбаъдаи ӯ мусоидат хоҳанд кард.

Дар банди сеюми Эъломия махсус таъкид мешавад, ки “Дар ҷараёни баровардани қарор калонсолон бояд андеша кунанд, ки тасмими онҳо ба кӯдакон чӣ гуна таъсир мерасонад. Ҳар коре, ки калонсолон мекунанд, бояд ба таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакон равона бошад”.

Ин чунин маъно дорад, ки ҳам падару модарон, ҳам ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳам ҳукуматҳо бояд зимни ҳар тасмиму қарори худ бояд фаромӯш накунанд, ки бо шахсиятҳои оянда сарукор доранд.  Тасаввуроту фаҳмишҳо низ акнун нисбат ба атфол бояд дар зеҳни волидон комилан дигар шаванд. Ниҳоят онҳо фаҳманд, ки кӯдак моли шахсии касе набуда, аз лаҳзаи ба дунё омаданаш шахсе хоҳад буд, ки ҳуқуқҳои мушаххаси худро дорад…

Р. Мараимов,

махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь