Аз шумо як хоҳиш, пеш аз ин матлабро хондан ба худ савол диҳед, ки “бори охир кай калимаи “убол”-ро шунидед ё ба касе гуфтаед?”. Фикр кардед? Дар хотиратон нест?
Бале, чанд соли охир аст, ки калимаи убол қариб дар луғати забони гуфтугӯйии мо истифода намешавад. Шояд насли калонсол ба хурдсолон ин калимаро гӯянд, аммо насли навраси мо ба ин гап на он қадар аҳамият медиҳанд. Бибиям мегуфт, ки ҳар вақте мо ягон кор ё сухани ноҷо мекардему мегуфтем, падару модаронамон эрод мегирифтанд, ки “накун, бачам, ин кор убол аст”. Мо бошем, тамоман дигар он корро ё суханро такрор намекардем”.
Дар асри XXI кӣ калимаи уболро мешунавад? Албатта, ҳамон нафароне, ки бобою бибӣ доранд. Мутаассифона, ба фикри мо, на ҳама бобою бибиҳои имрӯза низ бо калимаи убол шиносанд.
Дар овони кӯдакӣ калонсолон сари ҳар қадам ба ҳар кори мо гӯшу ҳуш шуда, мегуфтанд: “Бачам, нонро бо як даст нашикан, резамағзҳои нонро аз таги по гир, поятро ба тарафи қибла дароз накун, калонҳоро дашном надеҳ, дурӯғ нагӯ, дуздӣ накун…, ки убол аст”.
Як одат дорам, ки зуд-зуд ба сайругашт, барои ҳавои тозахӯрӣ ба боғҳои наздикамон буда меравам. Як рӯз дар боғ нишаста будам, ки як мӯйсафед бо наберааш оҳиста-оҳиста қадам мезад. Худ ба худ гуфтам, ки “хуш ба ҳоли кӯдак, чунки аз бобояш ҳар дафъа калимаи уболро мешунавад”. Онҳо пеши нимкате, ки менишастам, наздик омаданд. Тифоқо аз самти муқобил як зани рус бо сагчаи худ расида омад ва кӯдак хост, ки сагчаро дар бағалаш гирад. Аммо бобояш бо овози баланд ба кӯдак дашномҳои қабеҳ дод, ки аз навиштанашон шарми кас меояд. Ҷои афсӯс аст, мӯйсафеде, ки ришаш ба сари синааш мерасад, дашном диҳад, боз дар назди набераи хурдсолаш. Намедонам, аз кадом сабаб намебраашро нагузошт, ки ба сагбача наздик шавад? Шояд сагро дӯст намедорад? Ё ба кӯдак ягон касалӣ мечаспад? Ё мӯйсафед калимаи “убол”-ро аз ёд баровардааст, ки чунин бадгуфторӣ кард? “Дастат чиркин мешавад, чизи бегоная нақап, убол аст, ҷони бобо” мегуфт, хуб набуд!?
Дар овони наврасӣ бисёр қартабозӣ мекардем. Як-як ба хонаи ҷӯраҳоямон ҳам мерафтем. Рӯзе дар хонаи яке аз онҳо меҳмон шудем. Қариб соате бозӣ карда будем, ки ногаҳон падараш омада монд. “Ҳеҳ… очаи тра ма… ” – бо овози баланд гуфт ӯ. Мо ҳамакаса гурехтем. Писари ӯ ва мо аз куҷо фаҳмем, ки ин кори мо хато буд. Агар падари дағалнамои ӯ ба ҷойи ҳақорат бо мулоимӣ мефаҳмонд, ки “қартабозӣ убол асту одамро ба ҳар кӯча мебарад”, мо мефаҳмидем.
Баъдан дар вохӯрии дигарамон аз ҷӯраам пурсидам, ки модараш дар куҷо аст? Фаҳмида будам, ки модараш дар беморхона фаррош асту падараш бекорхӯҷаи оворагард. Онҳо рӯзи дароз бесаробон будаанд. То ҳол худамро намебахшам, ки чаро ҳамон рӯз ба қартабозӣ рафтам…
Дар замонҳои пеш вақте убол мегуфтанд, ҳама ба ларза меомад. Ҳоло бошад, ҳеҷ кас наметарсад, чунки гуноҳро хурд меҳисобанд. Мегӯянд, ки аз ҳама гуноҳи калон кардан – ин гуноҳро хурд шуморидан аст. Акнун, ки дар хонаводаамон уболро намедонанд, мо ҳам намедонем. Барои ҳамин, калонсолони муҳтарам, ба мо “ин ёшу ҷавон дигар убола намедонад” нагӯед! Хуб?
Аминҷон РАҲМАТЗОДА