I

Масъала ба мизони адл

Фикр намекунам, ки аз ҳаёт ва корномаҳои ибратбахши аҷдодону хешу таборон гуфтану навиштан нодурустие дошта бошад. Зеро онҳо порчаҳои воқеии таъриханд ва сарчашмаи таърихи калони Ватан ҳастанд. Агар нагӯию нанависӣ бо гузашти вақт хушку нобуд мешаванд.

Дар ҳаёт баробари адолат беадолатиҳо низ зиёданд. Яке аз он беадолатиҳо ин эътибор надодан ё эътибори хеле кам додан ба корнамоиҳои дар маҳалҳо содиршуда мебошад. Ҳол он ки агар жарф омӯзему таҳлил кунем ва дар тарозуи адлу ростӣ бар кашем, маълум мегардад, ки аҳамият, манфиат ва моҳияти чунин корнамоиҳо хеле бузургу баланд аст, алалхусус дар замони ҳозира, ки намедонӣ фардо чӣ ҳодиса рух медиҳаду чӣ ҳолату вазъият ба амал меояд. Яъне, ки арҷгузорӣ ба корнамоиҳои дар маҳалҳо воқеъшуда талаботи замон аст – замони пуртазоду бесару сомониҳо.

Худи корнамоӣ чист ва он чӣ гуна мешавад?

Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе – 2008, ҷ. 1 саҳ. 626) ин вожа чун «рафтори қаҳрамонона ва фидокорона» маънидод шудааст. Вожаи «қаҳрамонона» бошад, дар навбати худ (ҳамон сарчапшма саҳ. 678) ба маъноҳои «мисли қаҳрамон», «қаҳрамонвор»… ва «фидокорӣ» омадааст. Вожаи «фидокорӣ»-ро (ҳамон ҷо, ҷ. 2 саҳ 400) ба маънои «аз ҷон гузашта, дар роҳи коре дареғ надоштани ҷон ё манфиати худ» овардаанд. Вожаи «фидокорона»-ро низ (ҳамон ҷо) «чун фидоӣ (амал кардан), қаҳрамонона: меҳнати фидокорона» нишон додаанд. Маҳз ҳамин гуна сифатҳоро мо дар рафтору кирдори як омӯзгори деҳотӣ мушоҳида намуда, чанд сол пеш матлабе омода кардем. Аммо масъули як ҷаридаи бонуфуз матлаби онро «сатҳи маҳаллӣ» номида қабул накард. Албатта, қабул кардану накардани нигоштаҳои муаллифон, ин ҳуқуқи қонунии кормандони ҷаридаҳо аст, амалест, ки мувофиқ ба фаҳму дониш ва малакаи ҳар корманди онҳо содир мешавад. Лекин, масъала он аст, ки оё корнамоиро ба «маҳаллӣ», «минтақавӣ» ва «ҷумҳуриявӣ» тақсим кардан дуруст бошад? Агар «ҳа», оё чунин фарқгузорӣ ба ташаббускорию корнамоию қаҳрамонӣ кардани одамон таъсирӣ манфӣ намерасонад? Бовар дорам, ҳар хонанда баъд аз мутолиаи матлаби зер худаш ҷавобро пайдо мекунад.

Ташаббусе, ки баробар ба корнамоӣ буд

Бо иллати бесару сомониҳое, ки дар натиҷаи фалаҷшавии ҳокимияти марказии вақт сар зада буд, мардум гирифтори дилхунукию рӯҳафтодагиҳо шуданд. Мӯҷиби сарзании ҷанги шаҳрвандӣ бошад, садҳо ҳазор нафар бо аҳли оилаашон муҳоҷири иҷборӣ шуда, рӯ ба ғурбат оварданд. Аз ҷумла, камина низ бо аҳли оилаам ба Ҳисор омада, дар деҳаи Қаҳрамон ҷой гирифта будам ва аз бисёр ҳолату воқеаҳои ин деҳа ва деҳаҳои атрофи он хабар доштам. Зеро чун як шахси мушоҳидакор ва рӯзноманигор баъзе чизҳои заруриро аз одамон пурсидаю ёддошт менамудам, атрофи онҳо андешаҳо мерондам ва ба риштаи таҳлил мекашидам. Аз зумраи ҳамин гуна корҳо як ташаббуси дастгирифтаи директори мактаби деҳа устод Тошхон Юсуфов буд, ки одамони гуногун то кунун дар бораи он хеле самимӣ ва бо иштиёқ нақл мекарданду мекунанд. Дар ҷаридаю китобҳо ҳам навиштаю нашр намудаанд. Ман он ташаббусро аз рӯи ченаки он замона ва баҳодиҳии ин замона ба корнамоӣ баробар медонам. Инак, хулосаи гуфтаҳои одамон ва мушоҳидаҳои худам пешкаши хонандагони азиз мегардад!

Пешгирии яъсу ноумедӣ ва фалокат

Аз деҳаи Қаҳрамон ҳам чандин нафарон, ба Душанбе рафта, дар ҳамоишҳои ҷониби мухолифин ширкат мекарданд ва дар ин кор на танҳо аъзои олаи худ ва хешу таборон, балки одамони сустиродаи дигарро низ ҷалб менамуданд. Кор ба дараҷае расид, ки одамон ба яъсу ноумедӣ афтода аз дубора фарорасии рӯзҳои нек ва беҳшавии вазъият тамоман умедашонро канданд. Ана дар ҳамин гуна муҳит устод Тошхон Юсуфов чанд нафар одамони солимандеши деҳаро ҷамъ оварда бо ин зайл маслиҳат андохтанд:

– Вазъияти дар ҷумҳурӣ ба амал омада, митингбозию шӯру ғавғоҳо, задухӯрдҳои минтақаи Вахш, беҳокимиятии қариб саросарии ҷумҳурӣ мардуми деҳаро рӯҳафтодаю дилшикаста кардаанд. Ин ҳолат бисёр бад аст ва оқибати ташвишовар дорад, – гуфт муаллим. – Сабаби шумоёнро ҷамъоварданамон он аст, ки маслиҳати аз ин ҳолу вазъият баровардани мардуми деҳаҳоямонро кунем. Зеро агар дар ин давраи беҳокимиятӣ ин корро худамон накунем, ҳатман пайдо мешаванд одамони алоҳида ва ё гурӯҳҳое, ки мардуми бе роҳбару бе пушту паноҳ мондаро ба ҷониби худ мекашанд ва ногузир ба гирдоби фалокате тела медиҳанд. Дар ҳоле, ки ҳам дар деҳаи худамон ва ҳам дар деҳаҳои ҳамсоя одамон ва гурӯҳҳои ҷонибдори ҳарду майдони митингбозиҳо ҳастанд, ин тавр шуданаш имкони зиёд дорад.

Меҳнат, ободӣ, осоиш

Натиҷаи ин пешниҳоди муаллим он шуд, ки ситоде бо шиори «Меҳнат, ободӣ, осоиш» ташкил гашт. Дар пайи корҳои фаҳмондадиҳии аъзои он, мардум ба зиндагӣ дилгарм шуданд, умед ба ояндаи нек бастанд ва ба саҳро баромаданду кор карда, аз пайи рисқу рӯзии худ ва фарзандонашон шуданд. Таҳти роҳбарии ситод гурӯҳ-гурӯҳ одамон ба тозакунии ҷӯю заҳбурҳо, таъмири роҳу кӯпрукҳо, ғунучини ғалладонагиҳо, чиниши пахта машғул буданд. Гурӯҳҳои дигар ғамхории пирону барҷомондагон ва одамони муҳтоҷро ба зимма доштанд. Ҳимояи боғот, чорво ва молу мулки мардум низ аз мадди назари аъзои ситод дур набуд. Гурӯҳҳои алоҳида, – асосан онҳое, ки хизмати ҳарбиро гузаштаю ҷисману рӯҳан солим буданд, дар саргаҳи роҳҳо, дар сари кӯпрукҳо, дар кӯчаю гузарҳо навбатдории шабонарӯзӣ мекарданд ва вазъу ҳолатро назорат менамуданд. Ин гуна амалҳо мардумро хеле дилпуру ба зиндагӣ дилгарм мекард ва рӯҳу тавонашон мебахшид.

Радиои ситод

Ситод радиоузели худро дошт. Муҳаррирӣ ва барандагии он ба зиммаи худи роҳбари ситод ва директори мактаб Тошхон Юсуфов буд. Он кас аз тариқи ин радио ахбороти расмӣ оид ба вазъу ҳолати ҷумҳурӣ, ҷараёни корҳои саҳро, корҳои сомонбахшидаю нав ба дастгирифтаи ситод ва нақшаҳои наздиктарини он маълумот пахш мекард. Устод фаҳм ва дониши хуби худододӣ, ки доштанд, аз рӯи касб ва аз рӯи одамгарӣ, гуфторҳои ба тарбия, ба хислатҳои накӯи инсонӣ, иззату эҳтироми одамӣ бахшидашударо манзури шунавандагон мекарданд. Мардумро ба рафоқат, шафқат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамуданд. Чунин гуфторҳо барои ба зиндагӣ дилгармшавии одамон, аз фирефташавӣ эмин монданашон мусоидат менамуд. Устод аз тариқи ин радио қотеъона талқин менамуданд, ки бесарусомониҳои сарзада муваққатӣ ва гузароанд. Аз ин рӯ дар доираи қонунҳо ва қоидаҳои инсонӣ амал кунанд, ноумед нагарданд, ба ҳар гуна сухану пешниҳодоти фиребанда ё иғвогарона дода нашаванд.

Макон хатарнок, ҳолатҳо хатарноктар

Камина ҳолату вазъиятҳои гуногуни замони ҷанги шаҳрвандиро хуб медонам, махсусан хатарҳояшро. Аз ҳамин нуқтаи назар, бояд гӯям, ки мавзеи ҷойгиршавии мактаб ва радиоузели он бас хатарнок буд. Яъне, берун аз деҳаю дур аз одамон. Аз се тараф майдонҳои кишти пахта ва ҷӯйбори калони об, аз як тараф селдараи чуқуру пастию баландиҳои зиёд иҳотааш мекарданд. Ба болои ҳамаи ин анбӯҳи буттаю дарахтон барои пинҳонӣ омадани бадхоҳон бас мувофиқу қулай буданд. Дар он замон, дар ҳамин гуна мавзеъ, ситодро шабу рӯз роҳбарӣ кардану бо радио корбарӣ намудан аз кас ҷасорати фавқулода бузургро талаб менамуд. Устод Тошхон Юсуфов чунин ҷасоратро доштанд. Ин гуна ҷасорат ва амаликунии корҳои нек, аз ҷумла сарҷамъу ба зиндагӣ дилгармкунии мардум ба табақаҳои муайяни ҳамдеҳагон ва деҳаҳои ҳамсоя маъқул наафтод. Махсусан, ташкилкунии ситод, гурӯҳҳои ҳимоятгару назоратчӣ, навбатдории шабонарӯзии онҳо, радиошунавонӣ ва ғайра писандашон наомад. Ин буд, ки атрофи ин фаъолиятҳо гапу калочаҳои зиёд паҳн карданд, суханони иғвоангезонаю башӯроваранда бофтанд ва бо ин усул барои ташкилкунии нотинҷиҳо замина гузоштанд. Зиёда аз ин, ба муаллим ва ҳамақидаҳояшон бо чунин мазмун таҳдид карданд: Он рӯз дур нест, ки чун мукофоти амалҳоятон сари як тир мешаведу ситодатон оташ мегирад. Ин таҳдид бе иҷро намонд. Чанд рӯз пас рост ба сӯи мактаб тири тӯпи дурзан (снарияд) омада, дар масофаи тақрибан 50-60 метр дуртар аз мактаб даруни замини пунба афтода таркид. Инро тамоми аҳли деҳ ва рустоҳои атроф диданд, аз ҷумла худам ҳам. Ҳатто шахсан рафта чуқурии ҷои таркишро аз назар гузарондам. Аммо гуфта наметавонам, ки ба сӯи мактаб омадани ин тир огоҳӣ буд ё тасодуф ва ё хатои тирпарронҳо, ки масофаро нодуруст ба ҳисоб гирифтанду тирашон то мактаб нарасид.

Таҳдидҳо ва омадани тир шахсан ба устод заррае таъсир накарда, баръакс, барои чунин хулосабарориашон мусоидат кард: «Таҳдид кори одамони заиф, беҳунар ва нотавон аст. Модоме таҳдид мекунанд, пас моён чизе ҳастему кореро карда тавонистаем. Кореро, ки ба қалбҳои онон чун дарафшу ба чашмҳояшон чун сӯзан мехалад».

Беяроқӣ – беҳтарин яроқ

Таҳдиди «сари як тир мешавед» ва омадани тири тӯп барои баъзе аъзоёни дигари ситод таъсири бад расонд. Онҳо хулоса карданд, ки модоме таҳдидкунандагон ибораи «сари як тир мешавед»-ро истифода бурдаанд, пас бо яроқ мусаллаҳанд ва дар фикри истифодабарии он ҳастанд. Ҳатто имкон дорад, ки дар ба ҷониби ситод омадани тири тӯп ҳам онҳо сабабгор бошанд. Аз ин рӯ андеша пешниҳод карданд, ки худ низ яроқ пайдо кунанду мусаллаҳ шаванд. Аммо ин андеша ба муаллим ва бисёре аз солимфикрони дигар маъқул наафтод. Муаллим гуфтанд:

– Мусаллаҳшавӣ бо яроқ роҳи дурусти ҳалли масъала нест. Мантиқан даъват ё ишора барои задухӯрди яроқнок аст, воситаест барои тезутундшавии вазъият. Як андеша кунед: Мо яроқро ба муқобили кӣ ё киҳо мегирем? Онҳое, ки дар паси он таҳдид истодаанд, магар ягон нафарашон бегонаю ношинос ҳастанд? Ҳамаашон ҳамдеҳагон ё аз деҳаҳои ҳамсояанд. Қисмашон собиқ шогирдони мову қисми дигарашон ҳамсабақҳои шумоанд. Бинобар ин, дар хусуси яроқ пайдо кардану яроқнок шудан, ҳеҷ гоҳ андеша накунед. Нерумандиро танҳо дар мусаллаҳ будан бо яроқу аслиҳа нафаҳмед. Нерумандии асосӣ дар кавирӯҳию қавииродагӣ, фаҳму идрок ва пешбинӣ карда тавонистани воқеаҳои имкинпазир аст. Беяроқиамон, худ беҳтарин яроқ аст. Кору фаъолияте, ки карда истодаем, худаш аз ҳамагуна яроқ бартарӣ дорад. Он ба ҷои яроқамон ва сипарамон хизмат мекунад. Ба ҳар гуна иғвою шӯрангезӣ дода шудан – сифати одамони қавииродаю дурандеш нест…

Хулоса, устод Тошхон Юсуфов тавонистанд, ки бо сухан, бо фаҳмондан ва талқин кардан дар замири аҳли ситодашон ҳамин чизҳоро рушду тарбият диҳанд, «ҷӯшу хурӯши» баъзе саргармҳоро паст кунанд, қаҳру ғазабашонро фурӯ нишонанд ва рисолати омӯзгорию роҳбарии худро тавре, ки бояд иҷро намоянд. Ин буд, ки аз ҷониби шархислатон ба қишлоқу деҳа ҳеҷ гуна зарари ҷиддӣ нарасид. Чунки дар ин ҷо неруи пуриқтидори қавирӯҳу қавиирода ва бо фаҳму идрок арзи вуҷуд мекард, ки мақсаду маромашон меҳнати осоишта буд. Меҳнати осоишта дар замони ноосишта. Меҳнати осоишта барои аз гуруснагӣ раҳонидани аҳли деҳ. Меҳнати осоишта то замони ба осоиштагӣ расидан.

Гиря барои холикунии дил аз дарду ғам ва ба он ҷойкунии шодию фараҳ

Кишвар ба осоиштагӣ расид. Ҳукумати қонунӣ интихоб шуд. Устод баъди аз телевизор фаҳмидани суханони Эмомалӣ Раҳмон гӯё болу пар бароварданд, дар куртаашон нағунҷиданд, саропо фараҳманд шуданд, завқиданд, шӯриданд ва рақсиданд. Бале, рақсиданд – бе муболиға. Аммо, чанд лаҳза пас, якбора давиданду даруни хона даромаданд ва худро болои кат партофтанду гиристанд. Хеле гиристанд. Касе ба он кас халал нарасонд. Ман ҳам. Зеро медонистам, ки гиряи он кас гиряи одӣ не, гиряест барои холикунии дил, берункунии дарду ғам, сабуккунии ранҷу азобҳои рӯҳию ҷисмонӣ. Гиряест барои ҷойкушоӣ баҳри шодию нишот, фараҳу шодмонӣ ва хурсандӣ…

Устод баъд аз фосилаи начандон зиёд баромаданд, симояшон воқеан шукуфта буд. Хастагиашон қариб, ки эҳсос намешуд. Қадамзанон то ба назди ман расидан дастонашонро чун наттоқон гоҳ болою гоҳ поён кунонда, гуфтанд:

– Ҷеҳра тоҷикӣ, қадду қомат тоҷикӣ, сухан тоҷикӣ, гуфтор қавӣ, боварибахш, рӯҳнавоз. Ин одам метавонад вазъиятро ба даст гирад. Метавонад тинҷию осоиштагиро барқарору побарҷо кунад…

Дар паҳлуям лаби кат нишастанду лаҳзае пас садо карданд:

– Муаллима!

– Ҳамсарашон Бадринисо Раҳмонова, ки воқеан муаллима буданд, ҷавоб доданд:

– Лаббай!

– Илоҷ ҳаст, ки ҳамакаса як палавча хӯрем.

– Ҳаст. Дар ин гуна рӯз, аз ноилоҷӣ ҳам илоҷ меёбем!

II

Қолабшикан

Ин кас бародар, устоди фанни забону адабиёт ва роҳбари синфи камина буданд. Ёдашон ба хайр, ҳаёти воқеан ибратбахш гузаронидаанд. Байни ҳамаи хатмкардагони собиқаю имрӯзаи мактаби ибтидоии Авзикент аввалин маълумоти олигирифта ҳастанд. Дуюмашон Мансур Исматӣ буд. Камина сеюмин ва охиринашон ҳастам.

Устод Тошхон Юсуфов донишкадаи омӯзгории дар замони худ ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудаанд. Бино ба гуфтаи ҳамсабақонашон, аз ҷумла Қувватов ном омӯзгор, директори мактаби деҳаи Ботрободи ш. Леваканд ва Нуриддин Салимов ном олими шинохта он кас на танҳо дар хондану рафтору кирдор пешсаф будаанд, балки нисбатан озодандешӣ, ҷасурӣ ва ташаббуспешагӣ ҳам мекардаанд. Қудрати каму беш шикастани қолабҳои кӯҳна ва фарсудаи замонаро низ доштаанд. Ба дурустии гуфтаи ҳамсабақонашон ягон хел шакку шубҳа нест. Зеро ҳанӯз аз замони дар мактаби миёна хонданам, баъзе қолабшиканиҳои он касро худам ҳам медонистам. Чунончӣ, дар байни сокинони Авзикенту Қаҳрамон ва дигар рустоҳои атроф аввалин нафаре буданд, ки баробари хатм намудани донишкада бо худ зан оварданд – зани одӣ не, зани маълумоти олидор, зани «бегона», яъне аз минтақаи тамоман дигар! Ин чизҳо дар замони ҳозира бисёри бисёр одию муқаррарианд. Дар он замонҳо дар шароити деҳаҳои мо, бемуболиға ҳангома ва рӯйдоди афсонаосо буданд.

Ҳамчунин, он кас байни ҳамин деҳаҳо аввалин фарде буданд, ки якҷо бо ҳамсарашон – Бадринисо Раҳмонова дар як мактаб омӯзгорӣ карданд. Ҳамсарашон дар деҳаҳои номбурда ва атрофи онҳо аввалин зани маълумоти олидор буданд.  Худи устод вазифаи мудири бахши илмӣ, ҳамзамон муовини директори мактабро ба дӯш доштанд. Аввалин нафаре буданд, ки бо ташаббус, ғайратмандӣ ва давуғеҷашон дар қишлоқи Қаҳрамон мактаби миёнаи замонавӣ (бо ченаки солҳои 80-уми асри ХХ) бунёд шуд. Ин матлаб дар китоби «Донишномаи Ҳисор» таври зайл таъкид гардидааст: «Бо ташаббуси Т. Юсуфов дар деҳаи Баракат (Қаҳрамони онвақта – Ҳ. Ю) мактаби нави замонавӣ (с. 1985) сохта ба истифода дода шуд». («Донишномаи Ҳисор», нашриёти «Ирфон», с. 2015, саҳ. 742).

Падида

Бунёди чунин мактаби наву замонавӣ дар он замон падида буд. Он дар замоне амалӣ гардид, ки ба сохтани биноҳои асосӣ (капиталӣ) ҳавасмандӣ набуд, махсусан дар деҳаҳои кӯҳистон. Маблағ қариб, ки ҷудо намешуд. Агар маблағ пайдо мегашт, замин намедоданд. Замин, ки ёфт шуд, лоиҳа ёфт намешуд. Хулоса дар он гуна замону шароит на ҳар кас кӯшиши ташаббускорӣ мекард. На ҳар говҷигар қудрату тоқати паси дари идораҳои хурду бузурги соҳаҳои гуногун нишаста, соату рӯзҳо интизорӣ кашидан, ранг зард кардан ва гарданкаҷӣ намудан дошт. Аммо устод Тошхон Юсуфов ба хотири фарзандони деҳаи худ ва деҳаҳои атроф ин корҳоро кард, ин зинаҳоро гузашт ва иҷозати расмии бунёди мактабро гирифт. Аммо оғози бунёди сохтмон ба ҳар баҳона қафо партофта мешуд. Қафопартоӣ якмоҳу ду моҳ не, солро ташкил дод. Идораи соҳавие намонд, ки устод сар надароварда бошанд. Ҳамааш бар абас, ҳамааш бе натиҷа…

Маслиҳати «колхозчӣ»

Иттифоқ афтоду суҳбати бародарон Бобошарифу Тошхон Юсуфовҳо атрофи кашолёбии оғози бунёди мактаб печид. Акои Бобошариф, ки саркори деҳа ва раиси маҳалла буд нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:

– Шумо зиёиён одамони хубу доноед. Ҳама чизро аз рӯи назария андеша карда, ҳалли масъалаҳоро танҳо дар усулҳои расмии муроҷиат мебинед. Болонишинон одамони камкор нестанд. Онҳо ҳамеша банди корҳои хурду бузурганд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар шумобаринҳо ба эшон муроҷиат мекунанд. Муроҷиати расмӣ барои онҳо як чизи одӣ ва доимию муқаррарӣ аст. Шумо ба онҳо як бору ду бор муроҷиати расмӣ кардад. Акнун як бор эшон ва онҳоеро, ки ба ҳамин масъала сару кор доранд, аз рӯи одамгарӣ даъват кунед. Масалан, ба «сайру саёҳат», «тамошо», «дамгирӣ». Худи ҳамон ҳафта агар кори бунёди мактаб оғоз нашуд, ҳисоб намоед, ки акои колхозчиатон одами аз ҳаёт бехабар будааст. Албатта, сайру саёҳату дамгирӣ бе як «пиёла чой» намешавад. Рӯи дастурхон чӣ мегузорӣ – кори ту. Оби «гарму хунукат» ҳам – кори ту. Лек як гӯсфанди бӯрдоқӣ тани акот…

Ёздаҳ нафар аз «болою поён» омаданд. Дам гирифтанд. Истироҳат карданд. Дар бораи оғози бунёди мактаб на директор, на раиси маҳалла, на раиси колхоз ҳатто лаб во накарда бошанд ҳам, яке аз болонишастагон гуфт:

– Қариб ҳамаи одамони масъулу мутасаддии бунёди мактаб дар ҳамин ҷо. Сохтмончиёну маблағгузорони бевосита низ ҳамин ҷоянд. Магар барои оғози бунёди мактаб боз як бор ҷамъшудану маслиҳат кардану вақтро зоеъ кунонданамон зарурат дорад? Намешавад, ки дар ҳамин ҷо якбора маслиҳат кунему дар кӯтоҳтарин муҳлат ба бунёди мактаб оғоз намоем?

– Раис, ба фикрам ҳеҷ зарурат надорад. Махсусан, дар ҳоле, ки муҳлати оғози сохтмон кайҳо гузаштааст, – гуфт нафаре, ки рӯ ба рӯи он болонишин буд.

Нафари аз ду кас поинтарнишаста низ нимхез шуда бо ниммуроҷиат гуфт:

– Раис, супориш шавад, мо тайёрем, ки аз ҳамин ҳафта дер накарда, техникаи сохтмонӣ ва қувваи кориро ба ҳамин иншоот партоем.

– Дигарон ягон андешае доранд? – пурсид раис.

Ҳама хомӯш. Касе чизе нагуфт. Раис давом дод:

– Хуб. Маслиҳат пухт. Корро ҳамин ҳафта оғоз кунед, – ба он шахси нимхезшуда нигаронида гуфт раис.

– Албатта, раис. Аз пагоҳ аз қафои иҷрои ҳамин кор мешавем, – ду даст пеши бар гирифта гуфт он шахс.

Ду бародар – директори мактабу раиси маҳалла маънидорона ба ҳам нигаристанд. Дар лабонашон табуссум буд.

Сохтмон ҳамон ҳафта оғоз шуд. Аз он ки роҳбарон «одами сухан» будани худро исбот карданд, ҳам директори мактабу ҳам раиси маҳалла қоил шуданд. Аммо мушкилоти дигар пеш омад: Комиссия аз паи комиссия, санҷиш аз паи санҷиш. Ба болои ин, маслиҳатгар, тафтишгар, санҷишгару озмоишгар ва боз чандин «гар-гар»-ҳои дигар. Ҳамаи инҳо танҳо не – бо намояндаҳо, ронандаҳо, роҳбаладҳо ва дар ҳукми меҳмон. Як моҳу ду моҳ не – се сол! Хӯроки серғизо ва ҳамарӯзаи сохтмончён ҳам – танҳо аз ҳисоби директори мактаб. Ин буд, ки маоши ӯ ба хона намеомад ва мӯҷиб мешуд ба норизоиҳои оилавӣ.

Толори варзишро дуздиданд

Мактаби дуқабатаи бо ченаки онвақта хеле боҳашамат бунёд шуд. Хурсандии хонандагон, омӯзгорон, волидайне, ки фарзандонашон дар ин мактаб мехонданд, ҳадду канор надошт. Овозаи бунёди чунин мактаби зебо ба атрофу акноф паҳн гашт. Вале, он як камбудии ниҳоят ҷиддӣ дошт. Толори варзишашро насохтанд. Сабабаш – муаммо. Ташвишу давуғеҷи нав сар шуд. Боз паси дарҳои идораҳои гуногуни пасту баланд нишастану ранг зард кардан ва сабаб пурсидан оғоз ёфт. Раиси колхоз ҳам ба байн даромад. Маълум шуд, ки дар айни ҷӯшу хурӯши кор маблағи толори варзиширо «қайчӣ» карда, бо лоиҳааш гӯё ба деҳаи дигар додаанд. Лек ин дақиқ набуд, «гӯё» буд. Ва агар воқеият буд, қонунӣ набуд. Дуздӣ буд. Бинобар ин, устод Тошхон Юсуфов қаноатбахш нашуд. Ба нанг омад. Дар сатҳҳои гуногун пасту баланд гуфт, гапгузаронӣ кард. Онҳое, ки гӯё бо «як тир ду нишон» зада буданд, дарк карданд, ки то ба суду прокурор кашида шуданашон андак мондааст. Биноан, омаданду ба сохтани толори варзишӣ сар карданд. Чун онро тамом намуданд, маълум гашт, ки  аз рӯи лоиҳаи аслӣ не, аз рӯи лоиҳаи тамоман дигар сохта шудааст. Иллати ба девори бинои асосии мактаб мувофиқ наомадан ва начаспиданашро низ ба ҳамин рабт доданд. Зеро онро бо истилоҳи халқӣ «дарбеҳ» намуда буданд, дарбеҳе, ки на бо риштаю на бо ширеш часпон набуд. Ба болои ин ҳаҷман хурд буд, имконоти машқкуниаш маҳдуд буд. Чун боришот оғоз шуд, иллатҳои дигараш маълум гашт. Бомаш мечакид, аз чандин ҷои пайвандиаш об чун аз ҷумак мешорид. Ин иллати «модарзодиаш» бо вуҷуди борҳо таъмиру навсозӣ намудани хайрхоҳон то кунун ба дараҷае, ки бояд, барҳам нахӯрдааст. Чӣ тавр барҳам хӯрад? Охир, дарбеҳ – дарбеҳ аст ва чун дарбеҳ мондан мегирад.

«Фарҳоди кӯҳкан»

Коре, ки бояд намешуд, шуд. Илоҷи дигар набуд. Мактаб бо ҳар буду камбудаш мавриди истифода қарор гирифт. Аммо ҳама мактаб бо долу дарахту гулу буттаҳояш, бо сабзаю себаргаю дигар гиёҳҳояш зебост, ҷолибу дилкашу дилрабост. Лек мактаби нав мӯҷиби дар замини лалмӣ бунёд шуданаш, аз ин зебоиҳо тамоман тиҳӣ буд. Бинобар ин, ба Тошхон Юсуфов лозим омад, ки ҳам директорӣ кунаду ҳам боғпарварӣ. Ёфтани ниҳоли дарахту гулу буттаҳо чандон мушкил набуд. Мушкил сабзондани онҳо буд. Зеро бо вуҷуди наздик буданаш, ҷӯи об дар пастӣ ҷойгир буд. Аз ин рӯ дар ибтидо ниҳолҳоро бо сатилкаш об доданд. Чун самараи хуб набахшид, устод усули таърихӣ – бобоиро ба кор бурд. Яъне, аз болои ҷӯи об чархофалак сохта, аз тариқи он обро ба баландӣ баровард. Ин ҳам навигарӣ буд. Аз ин рӯ вирди забони мардум гашт. Гоҳ шӯхию гоҳ ҷиддӣ оббарориашро дар назар дошта, шогирдону волидайн устоди худро «Фарҳоди кӯҳкан» мегуфтанд. Хулоса, ки Тошхон Юсуфов бевосита бо дастони худаш ва асосан мудири хоҷагӣ, посбон ва поккорон (фаррошҳо) ҳар як ниҳолаки гулу буттаю дарахти шинондаашонро чун тифлакони навзод парваришу навозиш карда, бо воя расонданд ва як боғи биҳиштосоро бунёд карданд. То ба нафақабароии устод ин боғ роҳатфизои тану ҷони мактабиён ва ифтихори хурду калон буд. Баъди ба нафақа баромаданашон ҳам касе ҷуръати шикастани як шохи дарахтеро намекард. Аммо аз вафоти устод 6 моҳ нагузашта, ду-се кӯрдили дарунию берунӣ аксар дарахтони бузургшударо бурида тахта карданду ба пул табдил доданд. Навдаҳояшонро ҳезум намуда, ба ошхонаю тарабхонаҳо фурӯхтанд. Миқдори ҳангуфти китобҳои бо машаққат ҷамъ кардаи дар ҳисоби китобхона бударо низ барои пул шуда, ба коғазпора супориданд. Бо ин амал дурустии мақоли «Киҳо кашад ҷабру ҷафо, киҳо кунад кайфу сафо»-ро исбот намуданд. Аммо Худованд адолатпарвар аст. Дере нагузашта мукофоти амали хешро аз Ӯ гирифтанд…

Хулоса, устод Тошхон Юсуфов бо вуҷуди мушкилию нокомиҳо ташаббускориҳои зиёд нишон доданд, ки дар замону ҳолату вазъияти иҷрошавиашон аз корнамоии ҳақиқӣ камтар набуданд.

Барои он ки:

– рӯзи мардум беҳ гардад;

– ҳазорон одам аз вартаи яъсу ноумедӣ бароянд;

– даҳҳо нафари дигар аз роҳи хато баргашта, вориди роҳи дуруст шаванд;

– боз даҳҳо нафар «ҷанг» гуфта хуни одамон, ҳатто хуни худро нарезанд, ӯ донистаю фаҳмида ҷони худ ва зану фарзандонашро ба хатар гузошт.

Барои он ки:

– кӯдакони шаш деҳаи калон бо теъдоди тақрибан 1200 нафар дар тамоми соли таҳсил борҳо аз даруни селдараи каҷмакаҷи чуқуру хатарнок нагузаранд;

– се наҳри калони чуқуру тезобро аз рӯи чандин «кӯпрук»-и иборат аз як тахта ё аз як дарахти болояшон хобонда ду-себорӣ убур накунанд;

– пиёдароҳи бемуболиға пушти уштурмонанди қад-қад он селдараю наҳрҳо бо дарозии аз 1,5 то 4 км тӯлкашидаро тай намуда, ба мактаби тамоман ҷамоати дигар наоянд, баҳри бунёди мактаби наву замонавӣ камар баст, боз дар давроне, ки худи давлату ҳукумат барои бунёди чунин мактабҳо ҳавасмандӣ надоштанд? Пас меарзад, ки корнамоиҳои устод Тошхон Юсуфов барин одамон, ки дар ҳар минтақа албатта ҳастанд, ақаллан дар сатҳи ҷамоатҳо ва мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо маълум бошад. Моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои онҳо ба эътибор гирифта шавад. Ҳар сари чанд вақт барои насли наврас чун намунаи ибрат талқин гардад. Баҳри мукофоту унвонҳо не, баҳри қадркунии молию молиявӣ не, баҳри дар вуҷуди худи аҳолӣ парвариш намудани хислатҳои ташаббуспешагӣ, корнамоӣ, фидокорӣ ва қаҳрамонӣ. Такроран таъкид мекунам, ки ин гуна амалҳо талаботи давру замон аст. Давру замоне, ки мо ҳар рӯз шоҳиди рухдиҳии воқеоти изтиробангезу ташвишовараш мешавем.

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь