Ба унвонии Акбар Бобохоҷаев аз Ҷамъияти умумииттифоқии дӯстдорони китоб аз шаҳри Маскав мактубе омад. Дар он чунин суханон қайд шуда буданд:

 «Шуморо ҳамчун дорандаи нахустин китобхонаи шахсӣ дар СССР ба пленуми ҷамъияти ихтиёрии дӯстдорони китоби умумииттифоқ, ки рӯзҳои 10 то 13-уми моҳи май дар шаҳри Днепропетровск баргузор мегардад, таклиф менамоем. Хароҷоти роҳ ба зиммаи ҷамъияти ҷумҳуриявии дӯстдорони китоб вогузошта шудааст.

Иштирок ва баромади Шумо аз таҷрибаи кориатон боиси хушнудӣ ва тарғиби кори китоб мебошад. Мо шуморо интизорем.

Бо эҳтиром, Муовини раиси ҷамъияти дӯстдорони китоби умумииттифоқ.

Мактуб боиси хурсандии дӯстдорони китоби Уротеппа гашта буд. Ҳамаи дӯстон Акбар Бобохоҷаевро бо ин пешниҳод табрик менамуданд.

Рӯзи муайяншуда фаро расид. Аз шаҳри Душанбе ако Акбарро ба тайёра шинонида ба Днепропетровск гусел намуданд. Ако Акбар нақл карда буданд, ки ӯро аз фурудгоьи Днепропетровск бо гулдаста истиыбол гирифта, бо нақлиёти сабукрави ҷамъият савор карда ба меҳмонхона мебаранд. Ҳамон рӯз ҷои хӯрокхӯрӣ ва маҷлисгоҳро муайян карда то бегоҳ ба он шахс истироҳат медиҳанд. Субҳи рӯзи дигар аз ҷамъияи умумииттифоқ шахсе ба меҳмонхона омада ако Акбарро ба маҷлисгоҳ гирифта мебарад. Дар ин маҷлисгоҳ, ки назди 200 нафар китобдӯстон аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ СССР иштирок доштанд, Акбар Бобохоҷаевро ба аҳли толор шинос мекунанд ва ба гуфтаҳои раиси маҷлис, нисбати аввалин шахсе, ки китобхонаи шахсиашро барои истифодаи умум гузоштааст, қарсакзанӣ карданд.

Дар нимаи дуюми рӯз Акбар Бобохоҷаев аз таҷрибаи кории худ баромад карда, аз дастгирии мақомоти ироияи ташкилоти ҳизбӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ сухан гуфта, ҳар як суханашро бо варақаҳои махсус ва аксҳоро доир ба китобхона ба аҳли толор нишон дод. Дар ҳамин ҷо қарори Ҷамъияти ихтиёрии дӯстдорони китоби умумииттифоқро дар бораи бо нишони сарисинагии «Аълочии ҷамъияти китобдӯстони СССР» қадршиносӣ мешавад ва нишони сарисинагиро ба Акбар Бобохоҷаев бо тантана месупоранд.

Дар вақти танаффус аҳли толор ҳаракат мекарданд бо ако Акбар Бобохоҷаев вохӯранд, якҷоя аксбардорӣ кунанд ва ё ақалан соядасте бигиранд. Пленум то соати 17 давом мекунад ва баъди он меҳмононро ба намоишгоҳе ки созмон дода буданд даъват мекунанд. Намоиш то бевақтии шаб тӯл мекашад.

Соати 10-и шаб ако Акбар ба меҳмонхона меоянд ва дар роҳрави меҳмонхона бо зане, ки тахминан 50-55 сола дучор мешаванд. Он зан баробари наздик шудан аз ҷой бархоста бо забони тозаи тоҷикӣ «Ассалому алейкум» мегӯяд ва бо забони ноби тоҷикӣ аҳволпурсӣ менамояд ва баъд худро мешиносонад.

Номам Нина, ману модарам солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне 8 сол дар гузари Боши шаҳри Уротеппа зиндагӣ кардаем. Ҳоло дӯстонам хеле бисёр. Он ваҷт ман 5-6 сола будам бо духтарон Адолат, Назокат «ҳаппак»-бозӣ мекардем. Ҳоло Ҳам шеърҳои бачагонаро фаромӯш накардаам гуфта ду-се мисра шеър хонд.

Ако Акбар ҷавобан мегӯянд, ки ман ҳам аз гузари Бош он вақт ман 7-8 сола будам. Мо бештар бо писарон бозӣ мекардем. Лекин дар бораи Шумо каме шунида будам. Нина ба ако Акбар мегӯяд, ки мо алалхусс модарам баромади Шуморо аз телевизиони марказӣ тамошо карда бисёр хоҳиш карданд, ки Шуморо ёфта ба наздашон барам. Модарам, ки худро уротеппагӣ ҳисоб мекунанд ва мегӯянд, ки дар солҳои қаҳтӣ набудам нони серӣ мардуми Уротеппа, алалхусус аҳли сокинони гузари Бош моро аз гуруснагӣ халос карда, нагузоштанд, ки мо азоб кашем. Ҳар кадом аз будаш бо як ё нимта нон як коса хӯрок ба хонаи мо равон мекарданд. Натиҷаи ҳамин ғамхорӣ буд, ки ман намурда, синнам ба 85 даромадааст ва ҳоло ҳам зиндаву саломатам. Вақтҳое шуд, ки ҳамсояҳо охирин нон ва ё хӯрокашонро ба мо дароз мекарданд, то ки Нинаҷонам аз гуруснагӣ вафот накунад. Ана, ҳамин хел одамони нек ҳастанд уротеппагиҳо.

Аз ин сабаб модарам бисёр мехоҳанд, ки ман Шуморо наздашон барам. Мо дур аз Днепропетровск дар шаҳри дигар зиндагӣ мекунем. Роҳ як-якуним соат вақтро мегирад.

Акбар Бобохоҷаев миннатдории худро баён карда мегӯянд. Агар рӯз мебуд, албатта мерафтам, ҳоло ақрабаки соат даҳро нишон медиҳад. Рафту омад ба ман муяссар намешавад, гӯён аз киса чиптаи ҳавопайморо гирифта нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки соати 7-и саҳар тайёра ба Маскав парвоз мекунад ва аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз мекунам. Ако Акбар бо забони тоҷикӣ муроҷиат мекунад Нина, ин тавр бошад, ақалан ҳамроҳ як сурат гирему онро ба модарам нишон диҳам, ки хурсанд шаванд. Ҳарду назди аксбардор рафта сурати якҷоя мегиранд. Ҳоло ин акси хотиравӣ бо зани украинӣ гирифта албоми хотираҳои ако Акбари раҳматиро зеб медиҳад.

Ҳафтае нагузаша як мактуб омад, ки аз 8 саҳифа иборат буд ва модари Нина тамоми меҳру садоқати худро ба мардуми Уротеппа баён кардааст. Сад дареғ, ки он мактуб дарёфт нашуд. Ако Акбар низ мактуби ҷавобӣ навишта эҳсосоти худро аз вохӯрӣ бо Нина хуб баён кардаанд.

Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигор,  Аълочии ҷамъияти китобдӯстони  СССР, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи А. Лоҳутӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь