“Ҳар касе, ки бисёр мехонаду бисёр мегардад, ҳамон нафар бисёр медонаду бисёр мебинад”

Мигел Сервантес Сааведра

Ҷопониҳо ба он назаранд, ки “Ҳар инсон агар ду моҳ китоб нахонад, 80% шуурнокияш кор намекунад”. Ин гуфта барҳақ дуруст аст. Агар нафаре китоб нахонад, ба ҳар коре даст мезанад. Барояш фарқ надорад, ки оқибати он чӣ мешавад.

Миллати тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки дорои фарҳанги бойи китобхониву китобдори аст. Доир ба ин гуфтаҳо муфассал ҳар сари чанд вақт дар рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион, маҷлису машварат, конфронсу симпоҳиумҳо қайд месозанд. Мо аз гуфтаи он худдорӣ мекунем. Вале мақсади аслии мо он аст, ки чаро имрӯз, насли имрӯза аз ин фарҳанг дур шудаанд? Чӣ гуна метавон насли интернету насли имрӯзаро китобхон кард? Саволест, ки тамоми бузургону донишмандонро ҳайратзада намудааст.

Баъзеҳо сабаби дур шудани миллат аз китобхониро дастрасии интернет ба бештари қишри ҷомеа медонанд. Вале як маротиба ба Ҷопон назар андозед. Ҳарчанд дар Ҷопон ба истисное фоизи каме ҳама ба интернет дастрасӣ доранд, ҳамзамон, китобҳо ба теъдоди зиёд нашр мешаванду мағозаҳои китоб бузург ва харидорон дар навбатанд. Ба ғайр аз ин мардуми рӯзномахонанд, ки баъзе рӯзномаҳо то 10 миллион нусха дар рӯз нашр мегарданд. Вале дар мо бошад китобҳои солҳо нашршуда дар анборҳо хобидаанд ва ин ба таҳиякунандагони китоб “дарси ибрат” шуда, китобҳоро бо теъдоди кам чоп мекунанд, то зуд ба дасти мардум расад. Имрӯз бархе мағозаҳои китоб ба ғайр аз китоб васоили дигаре ҳам ба фурӯш гузоштаанд, зеро харидорони китоб кам ҳастанд ва рӯзи дароз мунтазири муштарии ангуштшумори китоб нишастан ба фоидаашон нест. Рӯзнома бошад дар кишвар ҳарчанд ба теъдоли кам нашр шаванд ҳам, хонанда кам доранд ва бештари хонандагони онҳоро обуначиҳояшон ташкил медиҳанд.

Бархе вазъи иқтисодиро мисол меораду онро сабаби дурӣ аз китоб медонанд, вале даврони шӯравӣ мисоли комили он шуда метавонад. Дар замони шӯравӣ мардум аз субҳ то шом дар даруни заминҳо кор мекарданд, вале имрӯз агар бо ҳар калонсоли дар шӯравӣ бузургшуда ҳамсуҳбат шавед, ӯро сухандону огоҳ аз китоб дармеёбед. Ман одамонеро мешиносам, ки мардикоранд, вале чунон аз адабиёту асарҳои бадеӣ огаҳанд, ки боварнокарданӣ. Яъне ин омилҳо сабаби дур шудан аз китоб намегардад.

Сабаби аслиро ман дар оила медонам. Падару модар рисолати қарзии худро имрӯз иҷро намекунанд. Фарзандонро ба мактаб мефиристанду таълиму тарбия, рушду инкишофи ондаи ӯро ба омӯзгорон вогузор мекунанд. Дар як рӯз ҳадди имкон соате як тарафа, бист дақиқа ҷудо намекунанд, вале соатҳо дарн шабакаҳои иҷтимоӣ менишинанд. Ё дар баъзе хонаҳо китобро нахоҳӣ дид. Шоҳиди хариди беҳудаю исрофкориҳо мегардем, вале намебинем, ки волидоне моҳе як маротиба – ду маротиба ба мағозат китоб сар халонаду китобе харад. Ин гуна мисолҳо бисёр аст. Аммо барои аҳли фаҳм як ишора бас аст.

Сиёсати давлату ҳукумат дар ин бобат арзанда аст, ба мисоли таъсиси китобхонаҳо ва таъмини онҳо бо китоб. Ҳамзамон, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намунаи олии тарғиби китоб аст, вале агар мардум ба ин таваҷҷуҳ накунанд, натиҷае ба бор намеояд. Ба ин мисол шуда мешавад наздики ҳама наврасону ҷавонон имрӯза, ки рӯзи худро дар интернет кафеҳо, калян-барҳо паси корҳои ношоиста мегузаронанду падару модар огоҳӣ дошта бошанд ҳам, аксуламале нишон намедиҳанд.

Бар хилофи ҳамаи ин гуфтаҳо имрӯз гуруҳе аз ҷавонон ҳамаи қолабҳоро шикаста, насле ба вуҷуд омадаанд, ки ҳам насли интернет ҳастанд ва ҳам насли китоб, ки ин хушҳолкунанда ҳаст.

Руҳи бузургони миллат шод мегардад, замоне, ки мардум дар хонаҳои худ барои шинохти таърих фарҳанг, миллат, давлат ва дину мазҳаби худ китобҳои “Қуръон”, “Шоҳнома”, “Маснавии маънавӣ”, “Гулистон”, “Ёддоштҳо”, “Тоҷикон” ва бархеии дигаре аз ин гуна китобҳоро худ хонанду сипас ба кӯдакони худ талқин намоянд.

Ба умеди фардои дурахшони меҳан азизони ҳамватан биёед аҳли китоб шавем. Тавассути он дунёро дарк созем ва ба кашфиётҳои бузург даст занем.

“Ман яқинам: ҷойи китобро дар оянда чизе гирифта наметавонад, ончуноне, ки дар гузашта чизе ҷойи китобро гирифта натавонист”

Айзек Азимов,

Шарипов Идибек,

Донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь