(Ё чанд мулоҳиза баъди натиҷагириҳои ин озмуни миллӣ-байналмилалӣ)

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори понздаҳум аст, ки озмуни “Қалами тиллоӣнатиҷагирӣ ва 3-юми май – Рӯзи байналмилалии озодии баён ғолибон аз рӯи номинатсияҳои гуногун бо мукофотҳои он сарфароз мегарданд. Ин бор низ ғолибон 3-юми май соҳиби мукофотҳои худ шуданд. Мукофот аз тандис ё рамзи қалами тиллоӣ, нишони сарисинагӣва як миқдори муайяни мукофоти пулӣ иборат аст. Аммо дар миёни онҳо ягон нафар журналисте набуд, ки ба забони тоҷикӣ эҷод мекарда бошад.

Имсол аз ду мукофоти асосии озмуни “Қалами тиллоӣ” яке ба сардабири рӯзномаи “Янги Ӯзбекистон” (Ӯзбекистони нав) Салим Дониёров ва дуввумӣ ба директори Агентии ахбори “Дунё” (марбути Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон) Садриддин Суяров тақдим гардид. Ҳамчунин аз рӯи номинатсияҳои маводи беҳтарини телевизион, радио, матбуот ва интернет-журналистика низ ғолибон бо мукофотҳои ин озмун сазовор шуданд. Як гурӯҳ журналистон аз рӯи номинатсияҳои иловагӣ ба гирифтани мукофот ноил гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи “Маводи беҳтарини журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон” дар радифи журналистони Туркия, Русия, Қазоқистон ва Олмон як нафар журналисти тоҷикистонӣ низ ба гирифтани мукофоти “Қалами тиллоӣ” сазовор шуд. Ин журналист Атобек Ғоибов – муҳаррири калони бахши ӯзбекии радиои “Овози тоҷик”-и назди Кумитаи садо ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раёсати муваққати Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар айни ҳол бар дӯши Холмурод Салимов вогузорӣ шудааст, зеро раиси қаблӣ Саъдулло Ҳаким чанде муқаддам бар асари беморӣ фавтид ва ин курсӣ то ҳанӯз соҳибашро наёфтааст. Дуруст аст, ки чанд нафар барои ишғоли ин курсӣ даъвогарӣ карданд, вале он низ натиҷагирӣ нашуд.

Дар ин озмун як гурӯҳ журналистоне низ ҳамеша ширкат мекунанд, ки маводашон танҳо ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасанд. Онҳо кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” – нашрияи муштараки ОЛий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барномаи “Рангинкамон”-и шабакаи аввали Садо ва симои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кормандони саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои маҳаллӣ ва амсоли онҳоянд.

Масъалаи асосӣ аз таҳқиқи ин мавзӯъ ҳамин аст, ки оё маводи ба озмуни “Қалами тиллоӣ” тақдимнамудаи журналистони тоҷики Ӯзбекистон мавриди баррасии ҳайати доварони озмун қарор мегиранд ё на? Оё ба ҳайати доварон донандаи забони тоҷикӣ низ шомил аст ё хайр? Агар шомил бошад, чаро ягон журналисти рӯзномаи “Овози тоҷик” ва нашрияҳои тоҷикии Ӯзбекистон имсол ба гирифтани “Қалами тиллоӣ” сазовор нашуд? Ё ин журналистон аз рӯи малакаву маҳорат ва истеъдод нисбат ба журналистони дигар дар сатҳи паст қарор доранд?

Ҳамаи ин саволҳоеанд, ки қаламкашони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон мехоҳанд ба он посух пайдо кунанд.

– Ман ду маротиба дар ин озмун иштирок кардам ва мавод пешниҳод намудам, вале ширкатам дар он ягон натиҷа ба бор наовард,- мегӯяд муҷрии барномаи тоҷикии “Рангинкамон”-и шабакаи аввали Садо ва симои ҷумҳурӣ Шарофатбону Эрматова.

Вай афзуд, ки агар медонист, ки вақти худро зоеъ ба харҷ медиҳад, аз ширкати такрорӣ дар озмун даст мекашид.

Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон эълон кард, ки ба хотири шаффофият маводи журналистонро дар роёнаи худ мунтазам чоп мекунад ва ҳар кас метавонад онро хонаду аз рӯи қолаби панҷбалӣ ба он баҳо гузорад.

Аммо дастандаркорони ИЭЖӮ баъди чанде ташреҳ карданд, ки ба маводи пешниҳодшуда танҳо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ бо қайди номи он ва зикри пароли махсус баҳогузорӣ карда метавонанд. Дар акси ҳол, ин арзёбиҳо ба эътибор гирифта намешаванд.

Пурсидам, ки дар он сурат маводи журналистони тоҷикро киҳо баҳогузорӣ мекунанд, зеро аксарияти кормандони воситаҳои ахбор ва расонаҳои давлативу мустақили Ӯзбекистон забони тоҷикиро намедонанд.

– Шумо нигарон набошед. Дар Ӯзбекистон як қатор воситаҳои ахбор ба забони тоҷикӣ фаъолият мекунанд. Кормандони он ин намунаҳоро хондаву арзёбӣ хоҳанд кард,- гуфтанд дар ҷавоби ин суол.

Ёдовар мешавам, ки аз рӯи номинатсияи матбуот мувофиқи қоидаи озмун то даҳ мавод пешниҳод кардан мумкин аст, ки тӯли як соли охир (31-уми марти соли 2020 – 31-умимарти соли 2021) ба табъ расидааст.

Аз раиси муваққати Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов пурсидам, ки маводи журналистони тоҷик аз назари таҳқиқи киҳо мегузарад. Чаро аз 20 мукофоти миллии “Қалами тиллоӣ” ягон журналисти тоҷик бархӯрдор нашуд?

– Ман дар ҳайати доварони ин озмун саҳме надорам. Шумо метавонед бо суолҳои худ ба раиси ин ҳайат Абӯсаид Кучимов, ки директори умумии Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон мебошад, муроҷиат кунед,- гуфт Холмурод Салимов.

Сӯҳбат бо Абӯсаид Кучимов дар утоқи кории ӯ сурат гирифт.

– Натиҷагирии ин гуна озмунҳо кори мушкил аст. Зеро иштирокчиёни он хеле зиёданд ва ҳар як нафар журналист даъво мекунад, ки маводи ӯ нисбати дигарон беҳтар аст,- ба сӯҳбатамон ҳусни оғоз бахшид устод Кучимов.

Вай афзуд, ки аъзои ҳайати доварон ба панҷ гурӯҳ тақсим шуданд ва аз рӯи панҷ номинатсия маводи тақдимшударо баррасӣ карданд. Сардори гурӯҳи баррасии маводи нашаротӣ ё матбуот бар дӯши ноиби сардабири рӯзномаи марказии “Халқ сӯзи” Шӯҳрат Ҷабборов вогузорӣ шуд.

Вақтро ғанимат шумурдам ва барои пайдо кардани ин узви ҳайат ба идораи “Халқ сӯзи” баромадам. Ин идора танҳо як ошёна баландтар аз маҳали истиқрори “Овози тоҷик” воқеъ гаштааст. Дар долони он назарам ба лавҳаи калони “Халқ сӯзи” афтид. Дар он гуфта мешуд, ки дар рӯзнома теъдоди зиёди журналистон кор мекунанд ва онҳо соҳиби кадом мукофотҳо шудаанд.

Дар ҷумлаи зер ин маъниро хондам ва тарҷумаи онро аз забони ӯзбекӣ ин ҷо меорам: Аъзои ҳайати эҷодии мо чанд карат мукофотҳои миллӣ дар соҳаи журналистика, аз ҷумла “Қалами тиллоӣ”-ро ба даст овардаанд.

Аммо дар бораи ходимони эҷодии рӯзномаи “Овози тоҷик” ин маъниро наметавон ба кор бурд. Зеро то кунун ягон корманди “Овози тоҷик” сазовори мукофоти миллии “Қалами тиллоӣ” нашудааст!

Сӯҳбати мо бо узви ҳайати доварони озмуни “Қалами тиллоӣ” Шӯҳрат Ҷабборов аз тариқи телефон сурат гирифт.

– Шумо ҳайати доварони озмуни “Қалами тиллоӣ” дар бахши матбуоти нашриро сарварӣ мекардед. Ин дуруст аст?

– Бале. Аммо ман низ як узви он ҳайат будам.

– Маводи ба озмуни “Қалами тиллоӣ” тақдимнамудаи журналистоне, ки дар нашрияҳои тоҷикии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, оё мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳайати доварон қарор гирифтааст? Оё онҳое, ки ин бахши корро ба анҷом расонидаанд, яъне ба маводи тоҷикӣ болварӣ намудаанд, забони тоҷикиро фасеҳ медонанд?

– Ин кор ба дӯши шахсони алоҳида буд. Ман ҳақ надорам, ки номи онҳоро ифшо кунам.

– Номи шумо дар айни ҳол ба ҳайси узви ин ҳайат ифшо шуд. Чаро наметавонам бидонам, ки аъзои ҳайати доварони озмун дар бахши маводи тоҷикӣ киҳоянд?

-…

– Пас ин барои ҳамеша сири нуҳуфта боқӣ мемонад?

– Бале.

Баъд ба Шӯҳрат Ҷабборов гуфтам, ки зимни мулоқот бо раиси умумии ин ҳайат оқои Абӯсаид Кучимов вай бо ман хеле самимӣ сӯҳбат кард ва боз тавзеҳ низ дод, ки озмуни имсоларо аъзои ҳайат чи гуна натиҷагирӣ кардааст. Вай афзуд, ки худаш дар тайини ғолибони озмун ҳеч саҳме нагирифтааст. Шумо дар ин маврид чизе метавонед илова кунед?

– На.

Сӯҳбати телефонии мо ба ин шакл идома мекард. Боз аз оқои Ҷабборов пурсидам, ки дар ҳар сурат чаро дар озмуни имсолаи “Қалами тиллоӣ” ягон нафар журналисти тоҷик ба гирифтани ин мукофот ноил нашуд?

– Пас, журналистони тоҷикзабон адами маҳорату малака натавонистаанд чун дигарон соҳиби “Қалами тиллоӣ” шаванд. Ё маводашон ба панҷ мизони ин озмун пурра ҷавоб дода натавонистааст. Дигар ин ки, журналист барои мукофот наменависад.

– Дар байни журналистони тоҷикзабон қаламкашони моҳиру боистеъдод низ кам нестанд.

– Пас, онҳо метавонанд дар озмунҳои навбатӣ ширкат кунанду ғолиб бароянд.

– Шумо гуфтед, ки журналист барои мукофот наменависад. Ин ҳарфҳо танҳо ба журналистони тоҷикзабони Ӯзбекистон тааллуқ дорад?

– Чаро ин тавр мегӯед? Як журналисти тоҷик соҳиби мукофоти “Қалами тиллоӣ” шуд. Магар шумо инро аллакай фаромӯш кардед?!

– Фаромӯш накардаам. Аммо вай аз зумраи журналистони ӯзбектабори кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон мебошад.

-…

Дар ҷараёни сӯҳбат Шӯҳрат Ҷабборов боз тазаккур дод, ки агар як журналист ҳатто то даҳ сол маводашро ба озмуни “Қалами тиллоӣ” пешниҳод кунад, имкон дорад, ки бо сабабҳои гуногун соҳиби мукофот нашавад.

То ҷое, ки маълум шуд, дар озмуни имсола як гурӯҳ хабарнигорон аз рӯзномаҳои “Овози тоҷик” (Тошканд) ва “Субҳи Гулобод” (ноҳияи Самарқанд) бо маводи худ ширкат карданд ва ҳама ноком монданд.

Оре, журналисте, ки худро эҳтиром мекунад, ҳаргиз аз пайи мукофот намедавад. Аммо агар вай дар ягон озмун ширкат накунад, магар маводи ӯро дигарон гирдоварӣ мекунанду бидуни огоҳӣ ба вай ягон мукофот месупоранд? Ҳаргиз!!!

– Меҳнати журналист бояд қадр карда шавад. Агар меҳнати вайро аз тариқи супурдани мукофот ё ягон роҳи дигар қадр накунанд, вай ҳатман дилсард хоҳад шуд. Дар он сурат мизони адолат низ вайрон мешавад! Ман аз шахсе, ки журналист барои мукофот наменависад гуфта даъво мекунад, тарафдорӣ намекунам. Қадрдониву қадршиносӣ дар ҳамаи давру замон ба кас роҳат ва илҳом мебахшад!,- гуфт шоир, журналист ва адиб Абӯсаид Кучимов.

Журналистон Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷони Шодӣ, Амрулло Авезов, Шоқаҳҳор Салимов ва иддае дигар аз зумраи он қаламкашонеанд, ки солҳост дар рушду такомули журналистикаи тоҷик ва тарғиби забону фарҳанги миллӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мардонавор заҳмат мекашанд. Онҳо дорои салоҳият, малака ва маҳорати баланди хабарнигорӣ мебошанд. Пӯшида нест, ки ин журналистон соҳиби чандин китоб низ мебошанд ва борҳо шудааст, ки ба озмуни “Қалами тиллоӣ” мавод тақдим кардаанд.

Ногуфта намонад, ки ду сол муқаддам ҷамоъаи рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба гирифтани мукофоти “Қалами тиллоӣ” сазовор гардид. Аз ин навид ҳамаи қаламкашони тоҷики муқими Ӯзбекистон шоду хурсанд шуданд. Шояд дар даҳ соли охир ва ҳатто бештар аз он ин нахустин эътироф аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмуни “Қалами тиллоӣ” нисбати журналистони тоҷиктабори муқими ин кишвар бошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори хоси “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь