Дар бораи зарари нос ба саломатии истеъмолкунандагон бисёр гуфтанду мегӯянд. Табибон огоҳ менамоянд, ки тамоку майнаро хушк, зеҳнро кунд менамояд, ба дандону забон зарар мерасонад.
Носкашон ба ҳар ҷойи рост омада, тамокуи дар даҳонашон бударо туф мекунанд ва атрофро ифлос менамоянд. Аз дасти носкашон фаррошону кӯчарӯбҳо ба дод омадаанд, вале чизе гуфта наметавонанд, рафту онҳо ба носкаше эрод гиранд, таҳдиду дашном мешунаванд ва ҳатто баъзан шатта мехуранд.
Воқеае, ки мо дар зер нақл мекунем, маҳз аз касофати нос ибтидо гирифт ва бо фоҷиа анҷом ёфт.
Сокини кӯчаи ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе Исуфалӣ Қаюмов он рӯз шикамсерӣ арақ нӯшида, хеле сарсарӣ кӯча ба кӯча гашт. Муддате дар истгоҳи мошинҳо ба қавли худаш пойҳояшро дам дод ва беихтиёр ба автобуси ба наздик омадаи хатсайри №12 савор шуд. Нақлиёт аз маҳаллаи Сурхоб ба самти Меҳробод одам мекашонд.
Исуфалӣ одамонро тела дода пеш рафт ва норозиёна атрофиёнро аз назар гузаронд, баъд ба фарши автобус носи даҳонашро туф кард. Мусофирон норозиёна ба вай менигаристанд, вале «аз бало ҳазар» гуфта, ба марди сархуши беодоб чизе нагуфтанд. Исуфалӣ дид, ки касе ба кирдораш эрод намегирад, боз чанд маротибаи дигар туф кард.
Кондуктори автобус ноболиғ Маҳмаев Раҷабалӣ, ки тоза кардани дохили автобус ба уҳдаи ӯ буд, ин кирдори мусофири беодобро дида, хоҳиш намуд, ки дигар ба фарш туф накунад, онро шустан душвор аст.
– Тибқи қарори муқарраркардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани нос ва туф кардани он манъ карда шудааст, – афзуд Раҷабалӣ.
Ҷавон инро гуфту ба бало монд. Қаҳри Исуфалӣ омад ва ин марди 57- сола, падари шаш фарзанд, ноболиғи аз фарзандонаш хурдро зад.
Марди ҳузарб дид, ки ҷавон ба вай муқобилият нишон дода наметавонад, ба мушти ҷавобӣ гардонидан зӯраш намерасад, худро шер пиндошта, ба рӯйи Раҷабалӣ боз чанд маротибаи дигар зад.
Ронандаи автобус К. Хамитов вазъияти ташвишовари дохили автобусро дида, барои кондукторашро аз дасти авбош халос кардан мошинро нигоҳ дошт. Маҳмаеви рӯяш хуншоршуда, барои аз чанголи марди маст халос хӯрдан дари пеши автобуси мусофиркашро кушода берун ҷасту гурехт.
Аммо ӯ дур рафта натавонист. Дар назди маркази савдои «Рахш» Исуфалӣ ба ҷавони ноболиғ расида, бо чанд зарба вайро аз пой афтонд ва наздаш нишаста, аз киса кордашро бароварду ба пайкари Раҷабалӣ якчанд маротиба зада, ӯро ҷароҳатнок кард.
Чанд мусофири аз автобус фаромада ва роҳгузарон ба мадади ҷавони маҷруҳ омада хостанд ӯро наҷот диҳанд, вале Исуфалӣ онҳоро бо таҳдид наздик омадан намемонд. Як вақт авбош аз ҷойи ҳодиса гурехт. Ронандаи автобус С.Хамитов бо ёрии роҳгузарон Маҳмаеви захмбардоштаро ба автобус савор карда, мошинашро сӯи беморхонаи ҷумҳуриявии ба номи А.М.Дяков ронд.
Духтурони беморхона Маҳмаевро аз марг наҷот доданд, вале чанд узви вай ҷароҳати вазнин гирифта буд. Акнун ин ҷавони камбизоат дар оянда чӣ тавр зиндагӣ кардану бурдаи нон ёфтанашро Худо медонад.
– Ман аз бозори «Баракат» харид карда ба назди истгоҳи автобус омадам, – гуфт сокини шаҳри Турсунзода А. Сабуров. – Як вақт овози одамонро шунидам, ки доду вой мекарданд. Он тараф нигариста дидам, ки марди тахмин 50 сола корди хунолуд дар даст пеш медавид, аз қафояш чанд нафар думболагирӣ мекарданд. Аз нафаре пурсидам:
– Чӣ гап, тинҷӣ, чаро вай мегурезад?
– Ин мард нафареро кушта, фирор мекунад, – ҷавоб дод ӯ. Вайро ба милиса супоридан лозим, вагарна боз ягон роҳгузарро заданаш мумкин.
– Ман халтаҳоямро назди дӯкони зане гузошта, аз қафои гуреза давидам.
– Ман ҳамроҳи рафиқам Зафар бо мошини вай сӯйи РКИ ВАҶТ равон будем, – гуфт шоҳид Нозим Сангинов, корманди муассисаи ислоҳотии ¾.
– Ҳангоми ба назди бозори «Баракат» расидан дидем, ки якчанд нафар аз қафои марде медаванд. Зафар мошинро нигоҳ дошта сабаби дунболагириашонро пурсид.
– Ин мард ба ҷавоне корд зада мегурезад. Мо вайро дошта, ба милиса супориданием.
Зафар аз паси гуреза мошин ронд. Мо дидем, ки корд ба даст ба тарабхонаи «Келлерс» воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ тоб хӯрд. Мард ба тарабхона даромад. Мо аз паси вай шитофтем ва пеши роҳи ӯро гирифтем. Мард бо корд ба Зафар таҳдид карда гуфт:
– Набиё, ки корд мезанам,- ҳақорат дод вай.
– Нагурез, биё ба назди он кӯдаки задаат равем, шояд ба ӯ ёрӣ лозим бошад, охир ту ҳам кӯдак дорӣ.
Мард лаҳзае дар ғафлат монд ва Зафар сӯяш ҷаҳида вайро ба замин пахш карду аз дасташ кордро гирифт, баъд тасмааашро кушода, дастони хунолудаашро баст.
Мо Исуфалиро ба милисаҳо супорида, роҳамонро давом додем,- шаҳодаташро анҷом дод Нозим Сангинов.
Айбдоркунандаи давлатӣ гуноҳҳои содир намудаи Исуфалӣ Каюмовро чунин шарҳ дод:
Судшаванда И. Қаюмов бо моддаҳои 237, қисми 3, банди «а» ва 32, қисми 3-104, қисми 2 бандҳои «в,е,к» КҶ Ҷумҳурии Точикистон гунаҳкор дониста шуда ва ба ӯ бо моддаи 237, қисми 3, банди «а» 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва бо моддаи 32, қисми 3-104, қисми 2 бандҳои «в,е,к» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо мусодираи амвол таъин карда шавад.
Дар асоси моддаи 67, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан 18 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо мусодираи амвол, бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низоми сахт таъин карда шавад.
Ҳамаи ин аз ибтидо аён буд. Марди калонсол агар арақ нӯшида, ба мошини мусофиркаш савор намешуд, бар замми ин нос кашида, ба фарши автобус туф намекард, шояд ҳоло ӯ назди фарзандонаш менишаст. Маҳмаев Раҷабалӣ ҷароҳат намегирифт ва ҳоло дар ягон ҷой кор карда ба волидонаш ёрӣ мерасонд.
Айбдоршаванда вақти мурофиа ба ҷойи узр пурсидану аз карда пушаймонӣ зоҳир намудан, худро тамоман бегуноҳ ҳисобид, гӯё ба ӯ туҳмат мекарда бошанд.
Суд ҳамаи инро ба мизони қонун гузошта, вайро ба муҳлати дароз аз озодӣ маҳрум кард.
Ромиши Фирдавс