Муждагони дӯстон, китоби навбатии журналисти тавоно, андешаманд, заминӣ ва ҳушманд Далер Абдулло ба унвони “ Касбият, садоқат, ҷасорат” аз нашр баромад. Худи муаллиф дар сафҳаи фейсбукиаш навишт: Дӯстони гиромӣ! Бидуни худситоӣ, бо арзи эҳтирому ихлос ба шумо мужда мерасонам, ки китоби 5-уми ман – «Касбият, садоқат, ҷасорат» дар нашриёти “Шарқи озод”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Он барчида аз маҳсули заҳмати 2- солаи камина буда, аз ҷамъи таълифот «қатрае аз баҳр аст».

Ба андешаи инҷониб, матбуот мисли оинаест, ки одамон дар он на танҳо симо, балки ҳақиқати рӯзгорро мебинанд.

Аз ин ҷост, ки хонандагон ба журналист, албатта қаламкаши ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқу арҷгузор, итминони комил доранд, чакидаҳои хомаи ӯро айни ҳақиқат медонанд. Хабару мақола, очерку лавҳа, фелетону памфлет… аз қалами журналист рӯи саҳфа мерезаду ҷаҳони андешаи мухотабро такон мебахшад. Аз ин лиҳоз, рӯзноманигорон бори сангини масъулиятро бар дӯш доранд.

Албатта, Далер Абдулло тайи чанд соли охир аст, ки дар пешаи журналистӣ гомҳои амиқу бомуваффақият мебардораду дар масоили фарҳангиву сиёсии кишвар назару андешаҳои хоси худро, ки қобили арҷгузорист, баёну таҳлил карда, ба ҷомеа пешкаш менамояд ва бар ин андеша аст, ки журналисти асил хуб медонад, ки «аз фитнаи забони сухан эҳтиёт бояд кард» ва «ғофил набояд буд, ки гардани море гирифтааст». Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест, ки ба сухан муносибати дуюмдараҷа кард, бо ин абзори аз теғ ҳам буррандатар бозӣ намуд, чунки дар пушти ҳар вожа ба маънои том сарнавишт қарор дорад. Рӯзноманигор бояд ҳамаро ташхис намояд ва неруи қаламро ба манфиати халқу Ватан истифода барад.

Муаллифи китоб бисту як сол аст, ки дар соҳаи журналистика заҳмат кашида, ба сифати афсари содиқи идеологӣ бо қалам аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва армонҳои мардуми тоҷик пуштибонӣ мекунад. Дар муқобили онҳое, ки бо Давлату Ҳукумати Тоҷикистон душманӣ меварзанд, мубориза бурдаасту мебарад. Дар ин раванд касбият, садоқат ва ҷасорат барояш авлавият ва меҳвару ҷавҳар буда, номгузории китоби панҷумаш рамзу ҳикмат дорад.

Муаллиф бар ин назар аст, ки бо дарки масъулият мегӯям, ки бидуни касбият соҳибном шудани журналист комилан ғайриимкон аст. Маҳз касбияти баланд замина фароҳам меорад, ки омӯзиши амиқи масъала ва таҳлилу муқоисаи мавзӯъ ва ояндабинӣ мадди назари журналист бошад.

Ҳастанд онҳое, ки худро «нофи журналистика» мепиндоранд, вале ягон матлаби қобили таваҷҷуҳу арзандаи ситоишашонро нахондаем. Ба «моҳи осмон айб меёбанд», аммо ду ҷумларо бо ҳам «ҷанг андохта» наметавонанд. Маҳз ҳамин «бузургон» баҳонаи «ба мо вокуниш намудан иҷозат нест!»-ро «сипар» намудаанд. Хуб дарк мекунам, ки ҳама масоил бояд тибқи назокати дар умури давлатдорӣ роиҷ риоя гарданд, вале дар ягон ҳолат таҳаммул кардани амалҳои муғризонаи нотавонбинон қобили қабул нест.

Далер Абдулло аз зумраи журналистоне маҳсуб меёбад, ки манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама чиз боло медонад ва барои ҳифзашон қалам ба даст гирифтааст, ки дар муқобили нотавонбинон истод шаваду аз арзишҳои милли худ дифоъ намояд, чи тавре, ки худ ӯ менигорад: Шахсан шоҳид будам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол қабл таъкид карданд, ки вақте нисбат ба Ҳукумату Давлат носазо мегӯянд, манзур танҳо Роҳбари давлат ва аъзои Ҳукумат нест, он ҳарзаҳо ба кулли тоҷику тоҷикистониён дахл доранд ва рисолати зиёиён аст, ки ба онҳо бетаъхир вокуниш намоянд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён гуфта буданд, ки мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон орем.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба зиёиён ва олимони кишвар дастур доданд, ки бетараф набошанд ва назару мавқеашонро равшану боҷуръатона баён намоянд. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллатро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунанд.

Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа, хизмат кунанд. Табиист, ки то чӣ андоза комёб будани журналист дар инъикоси дастоварду пешравиҳои мамлакат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, ҷасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад.

Муаллиф китоб ҳамзамон таъкид месозад, ки бо дарки масъулият мегӯям, ки мавқеи интихобкардаи ман қотеъ буда, лағзиш дар афкорам имконнопазир аст. Бо азми қавӣ, нияти нек ва иродаи хастагинопазир ба сӯи ҳадаф роҳ мепаймоям, ки бо амри дил интихоб кардаам. Дар ҳама ҳолат кӯшиш ба харҷ додам ва хоҳам дод, ки содиқонаву бериё эҷод намоям. Саъю талош ба он равона шудааст, ки бо мутолиаи нигоштаҳои ин қаламкаш пеши назари хонанда воқеият падид ояд. Ба ибораи дигар, бо қалам бозгӯӣ намудани ҳақиқати зиндагӣ мақсаду маром аст.

Маҳсули эҷодам, ки дар аксар рӯзномаву ҳафтанома, маҷалла ва дар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва пахш мешаванд, гувоҳи собитқадам будан дар ҷодаи интихобкарда мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ифтихормандам, ки ба ҳаводиси ҷомеа бетараф набудаму нестам ва нахоҳам буд. То ҷон дар рамақ дорам, аз манфиатҳои милливу давлатӣ таври шоиста ҳимоя хоҳам кард.

Муаллиф дар бобати САДОҚАТ, чунин мегӯяд: Дар шароити кунунӣ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо саҳмгузор будан баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатист. Ин рисолати таърихиро аз рӯзҳои аввали давлатсозиву давлатдорӣ, замоне ки аксарият арзишҳои милливу давлатиро фурӯхтанд, ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд, аз умури давлатдорӣ худро канор гирифтанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона, ҷасурона ва фарзандвор ба зимма гирифтанд. Ҳоло вазифаи ҷонӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдонии мо аст, ки дар паҳлуи ин Абармарди ­дунёи сиёсат бошем.

Таъкид менамоям, ки барои навиштан дар дилхоҳ жанри журналистика оид ба мақому манзалат ва нақши Пешвои миллат мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба нокифоягии далелу рақамҳо мувоҷеҳ намегардем. Ҳазорҳо далели вобаста ба ҷоннисорӣ, садоқат, самимият ва ҷасорати Роҳбари мамлакат мавҷуд аст, ки дар сурати истифодаи як қисмати он метавон афкори дилхоҳ нафарро ба самти мусбат шакл дод. Омили асосие, ки аҳли зиё бояд ба он истинод кунанд, иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва қулфкушои мушкилоти даврони давлатдори навини мо будани ин ҷанба маҳсуб мешавад.

Зиёиён, ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид карданд, «бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд». Бо вокунишҳои бетаъхиру аз далелу рақамҳо ғанӣ ба нотавонбинони тоҷику тоҷикистониён, ки аз дастовардҳои мо ваҳшатзадаанд, посух бояд дод. Илова бар ин, мо – зиёиён вазифадорем, ки ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти дастаҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ҷиҳати пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоем.

Вобаста ба ин Пешвои миллат чунин фармудаанд: «Бори дигар зиёиёни кишварамонро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд». Рисолати дигари аҳли зиё посухи сазовор додан ба онҳоест, ки худро мухолифи сиёсӣ мепиндоранд. Мавҷудияти мухолифин дар давлатҳои олам падидаи маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалаҳои гуногун, дар масоили миллӣ ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд.

Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии ин тоифа расидан ба қудрат аст, вале дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолифат надоранд, кор мегиранд. Дар маҷмӯъ, инъикоси дастовардҳо, саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ рисолати аҳли зиё маҳсуб шуда, дар кадом сатҳу сифат амалӣ шудани он ба садоқати ин қишри мафкурасоз марбут аст.

Муҳимтар аз ҳама, садоқати мо ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ набояд «мавсимӣ» ё марбут ба мансаб бошад. Барои инсони соҳибкасб, содиқ ва ҷасур аҳамият надорад, ки дар кадом вазифа қарор дорад, баръакс муҳим самараи меҳнат ва нақши ӯ дар пешрафти мамлакат, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ аст.

Воқеан, аз диди муаллифи китоб ҶАСОРАТ дар касби журналистӣ муҳимият вижа дорад ва худ таъкид мекунад, ки вақте журналист ба садоқату масъулият нигоҳи хос дорад, вижагиҳо ва таъсири онҳоро ба ҷомеа амиқ дарк месозад ва аз ҳамин мавқеъ ба дифои арзишҳои миллӣ ва давлатӣ бармехезад, зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф менамояд, он гоҳ ҷасораташ сутуданист.

Барои ба маъраз гузоштани ҷасорат иродаи шикастнопазир, азм ва нияти нек бояд дошт, муҳаббат ба халқу Ватан бояд дар мағз андар мағзи ҷон ҷойгузин бошад.

Нуран алонур аст, агар ҷасорати журналист маншаъ аз миллату Меҳан, таъриху забон, фарҳангу оини мардумӣ гирифта, реша ба ниёкони баномуси ҳимматбаландамон дошта бошад. Зеро инсони маҳрум аз ифтихори миллӣ моҳиятан манқурт буда, барояш мафҳумоти Ватан, миллат, ҳақиқат, ҳувият ва шараф арзиш надорад ва қодир аст онҳоро арзон фурӯшад.

Дар замоне ки ҷангҳои иттилоотӣ шиддат гирифта истодаанд, журналистон ба сифати афсарони идеологӣ дар самти дифоъ аз арзишҳои давлатӣ ва милливу маънавӣ бояд фаъолияти назаррас дошта бошад, инчунин, аҳли қалами кишвар дар пешорӯйи паҳн намудани маълумоти ғаразноку таҳқиромез, ки ба хотири паст намудани иродаи сиёсӣ ва азму субот, инчунин расидан ба иззати нафси мардум ва миллат паҳн карда мешаванд, хомӯшӣ ихтиёр накунанд.

Солҳои охир муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки ҳадди ниҳоии сиёсинамоии журналистика ва ба афсарони иттилоотӣ табдил додани журналистон маҳсуб мешавад, беш аз пеш авҷ гирифтааст. Дар ин раванд расидан ба мақсад ва дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани фаъолият бидуни қаробати журналист ва сиёсат ғайриимкон аст.

Бояд мадди назар дошт, ки ба ин ҳарбгоҳ сафарбар шудани журналистоне, ки ҷасур нестанд, пайомади ногувор ба бор меорад. Бегуфтугӯ, дар даргириҳои фикрӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ журналистоне комёбанд, ки ҷасуранду содиқ.

Қиёси касбият, арҷгузории садоқат, ситоиши ҷасорат ва қазовати мазмуну муҳтавои китоби мавриди назар аз хонандагони закӣ аст!

PS: Аҳли эҷодии МТЖТ Далер Абдуллоро ба муносибати нашри китоби навбатиаш муборакбод мегӯянд ва таманнои онро доранд, ки дар ҷодаи эҷод ҳамвора комёбу муваффақ бошад!

Таҳияи Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь