(гузориши махсус аз маҷлиси ғайринавбатии сабзавот)

Чӣ тавре қаблан ваъда карда будем, шуморо мехоҳем аз баргузорӣ ва натиҷаҳои маҷлиси сабзавотҳо, ки бевосита бо даъват ва сардории ҷаноби Сирпиёз баҳри ба ҳам овардани сабзавотҳо баргузор гардида буд, огаҳ созем. Ин маҷлис барои аксари сабзавотҳо ғайриинтизор  буд, аз қабили Занҷабил, Помидор, Картошка, Пиёз, Сабзӣ ва дигарон. Онгунае, ки интизор мерафт маҷлис бо як рӯҳияи ба худ хос баргузор гардид.

Дар ин маҷлиси ғайринавбатӣ Каду ғайриинтизори ҳама ва бидуни эълони номаш, ба суханронӣ баромад. Касе аз ҳозирин натавонист ба ин кирдори ӯ эрод гирад. Ҳарчанд садри маҷлис Сирпиёз бошад ҳам, ин ҷо Каду ба худ “эҳтироми хоса” дорад. Ҳама сабзавотҳо аз ӯ метарсанд. Аз миш-мишҳои байни сабзавотҳо ҳаминро фаҳмидам, ки гӯё Каду дар “боло” одам доштааст. Худро ҷияни “фалонӣ” муаррифӣ мекардааст дар ҳама ҷой. Албатта ба ин амали ӯ касе чизе намегӯяд ҳатто касе гурда намекунад пишакашро “пишт” гӯяд. Аз ӯ ҳама чиро интизор шудан мумкин. Чун ӯро беҳуда Каду ном накардаанд.

Каду бовиқор ба минбар баромаду ба ҳозирон бо як нигоҳи мағрури ба худ хос назар андохт. Аз ин нигоҳи вай, чанд нафар аз аҳли маҷлис дилашон таҳ кашид. Масалан бечораи Турб боз ҳам бештар чеҳрааш сабзтар шуду занҷабил аз тарс якбора рангашро дигар карда, сурхи ҷигарӣ шуд. Дигарон бошанд бо тарс ба миз чашм духта менишастанд, ки Кадуи бузург чӣ мегӯяд.  Каду абру ба ҳам кашидаю мад кашида гуфт: “Медонам, медонам, ки дар даруни дилатон чӣ қадар маро бад мегуеду дашном медиҳед. Рост, ки ман хӯроки дустдоштаи мансабдорон ҳастаму аз ин рӯ аввал соли маро эълон карданд. Бо эълон кардани соли каду ҷумҳуриро каду зер кард, ҳама кадуфурӯш шуданд. Дигар мансабдоронро ба кадусару кадуфаҳм ташбеҳ додан муд шуд. Вале, бубинед, ки оё ягон бор шудааст, ки ман аз ин муваффақият сардаргум шудаю нархамро боло бурда бошам? Не! Имрӯз дар кишвари мо аз ҳама арзон нархи каду асту аз ҳама бештар мансабдороне, ки ба каду монанд мекунанд: кадуфаҳм, кадусар, каллакаду ва ғайра.

Алббатта инҷо ҷаноби Каду аз худ бисёр гапу ҳарфҳои зиёдатиро илова намуда, худро мисли мусича бегуноҳ метарошид. Ҳозирин ҳам вонамуд мекарданд, ки Каду дар ҳақиқат одами бегуноҳ аст. Аммо таҳи дил ӯро мазаммату дашном медоданд.
Чаро таҳи дил мегӯӣ хонанда?! Чун сабзавотҳо ҳам мисли мо, – одамон аз рӯирост гуфтани гапи ҳақ ҳарос доранд. Бале онҳо ҳам намехоҳанд бо Каду сарбасар шаванду сари худро дар бало гузоранд. Барои ҳамин ҳам онҳо шиори “Даҳони пӯшида, сад тилло”-ро аз будаш ҳам зиёдтар риоя мекунанд.

– “Маро руирост таҳқир мекунед, аммо ман боре аз шумо ба ҷое шикоят бурдам? Ба суд рафтам? Кадубадбинҳоро ба маҳбас кашидам? Не! Шукронаи ман кунед бахилҳо, ман боре нархамро тағйир надодаам, боре ҳам мисли Тарбуз аз панҷу шаш сомонӣ ба бисту панҷоҳ сомонӣ хез накардаам, обруи худро нигоҳ медорам.

Шумо “Афсонаҳои халқи тоҷик” – ро хонед! Хонед ва донед, ки ин асари оламшумул хақиқат дорад! Таърихро бояд аз он омӯзед! Дар чанд ҳикоя дар бораи он ки аз даруни каду тилло меёбанд, ҳаст? Ман беш аз бист ҳикояро дар ин бора хондам, шумо бошед ” Одина” хон, тиҷоратро омӯз гуфта гаштед! Ин тиллоҳо аз он гувоҳи медиҳанд ки каду сабзавоти худодод аст! Ҳоҷати парвариши вай нест, танҳо Худо диҳад, медиҳад  надиҳад намедиҳад! Инро фаромуш накунед!

Боз баъзеи ту гап зан шудаӣ! Мисли сирпиёзу тарбузу сабзию картошка… Боз ҳамин картошка ҳам гапзан шудааст. Рута сафед, ту аввал дар тамузи тобистон сухтану пухтанро омуз! Дар оғуши хоки сиёҳ салқину бароҳат калон мешавӣ, боз нозатро бин!

Сабзиашро намегуед? Хайр ана мардум палавхуриро бас карданд, баъд ҳоли ту чӣ мешавад? Ҳамин ошро ҳам панҷакентиҳо мехуранд, баъд конибодомию исфарагиҳо ҳам ошхур шуданд. Агар бас кунанд чӣ, палавхуриро? Кадушурбо ба гузаранд чи? Ба шакароб гузаранд чи? Ба тандуркабоб гузаранд чи?

Шаробу ширчою кадушурбою тандуркабобо, барои мо ҳамин бас аст, биринҷу сабзию картошкаро фаромуш кунед!

Каду боз мехост чизе гӯяд, аммо Сирпиёз дигар тоқат карда натавонисту аз ҷояш баланд шуд. Хост то кадуро аз суханронӣ боздорад. Вале боз мулоҳиза намуд, ки агар кадуро байни мардум шарманда кунад, ҳолаш бад хоҳад шуд. Охир Каду “тағо” дорад, Сирпиёз чӣ? Ҳеҷ кас надорад як сағераи бекас аст. Тақдираш баландӣ карду нархаш баланд шуд. Баъди муроҷиат ва аз баландии нархаш болидан, дигар ҳарруз кормандони коррупсияву андоз таги дарашро охурча кардаанд, ки чаро нархи ту баланд?! Охир чи гуна ба онҳо мефаҳмонад, ки ин ҳамаро ӯ бо меҳнати худ сазовор шудааст. Аммо ҳайҳот, ку гуши шунаво?

Бинобар ҳамин Сирпиёз роҳи дигари аз Каду сухангириро  фикр карда баромад. Ӯ ба ҳозирин ишорат кард то ҳамагӣ қарсак зананд. Ҳозирин ҳам маътали ишора будаанд, ки якбора ба қарсак задан даромаданд. Аз ин қарсзаниҳо Каду ба ваҷд омада хост боз чизе илова кунад. Аммо ҳеҷ чизе дигар ба зеҳнаш наомад. Ба варақи дасташ нигоҳ кард, ки он ҷо низ дигар чизе навишта нашудааст. Зери дил ба Сирпиёз барои “дастгириаш” сипос гуфт бехабар аз он, ки ин қарсҳо барои ба “суханҳои пурмуҳтаво” неву барои анҷоми нутқ зада шудаанд.

Баъд аз он, ки Каду суханашро ба итмом расонид, барои ширин нишон додани худ, Сирпиёз ба ӯ аз номи садорати сабзавотҳо ҷоиза барои “баромади хуб” тақдим намуд.

Пас аз он Картошка бо даъвати Сирпиёз ба минбар баромад. Дар баробари Картошка ҷаноби Пиёз ҳам аз ҷой бархест. Охир ӯ  ин лаҳзаро чанд муддат инҷониб интизор буд. Ҳанӯз Картошка суханашро оғоз нанамуда, Пиёз ба ӯ дарафтод. Агар дигар сабзавотҳо мудохила намекарданд Пиёз тайёр буд дар худи ҳамон маҷлисгоҳ аз Картошка “фри” омода созад. Аммо албатта, ки бо дахолати дигар сабзавотҳо Пиёз ором гардид. Вале ҳар лаҳза дар пойин шудани нархи худ Картошкаю Сабзиро мазаммат мекард. Ҳозирин ҳарчанд хостанд Пиёз ором нишинад то онҳо тавонанд суханҳои Картошкаро шунаванд. Лекин Пиёз аз тезияш намемонд, ки намемонд. Билохира тезии Пиёз ба дили нозуки Картошка таъсири худро расонид. Картошка бо оби дида ба шикоят шурӯъ кард:

Сараввал ман мехоҳам ба ҷаноби Пиёз муроҷиат намоям, ки дар поён шудани нархашон маро мазаммат намуда истодаанд. Бовар кунед барои поён омадани нархи шумо, ман ҳеҷ дахле надорам. Мактуби маро инҷо овардед шумо. Аммо ман он мактубро барои пурсидани маслиҳат нависта будам. Аз ин беш нияте надоштам. Танҳо хостам аз шумо кӯмак пурсам, вале шумо инро нодуруст фаҳмидед.

Инҷо ман мехоҳам на танҳо аз Пиёз балки аз ҳамаи шумо кӯмак пурсам. Новобаста аз он, ки нархи ман ба хоки сиёҳ баробар аст. Имрӯз ба сари ман боз як мусибати наве омад. Аллакай ду ҳафта мешавад, ки барги маро як кирме бо номи “Совка” хурда, нобуд карда истодааст. Бар зидди ин кирм, ки намедонам аз куҷо ба сари ман омад, деҳқонҳо тамоми доруҳоро истифода бурданд. Ҳайҳот, ки ҳамааш бенатиҷа ба анҷом расид. Ягон навъ дору бар зидди ин “бало” натавонист мубориза бурда. Соҳибони ман ҳатто аз ҷумҳурӣ мутахассис даъват карданд.
Лекин мутаассифона он мутахассисҳо низ аз табори бародари мо Каду будаанд, чӣ аз дасташон ҳеҷ чиз наомад, вале дар ҳама ҷой овоза паҳн кардаанд, ки гӯё давои дарди маро ёфта бошанд.

Мӯҳтарам сабзавотҳои азиз ба ин дуруғҳо дода нашавед! Аз рӯи шунидам ин “Совка” аксар ба растаниҳои сабз моил будааст. Бинобар ҳамин ҳампешагон аз шумо даъват меорам то зидди ин кирм дар якҷоягӣ ҷангем. Чун ин рӯз метавонад ба сари шумо низ биёяд.

Бо ҳамин Картошка дигар натавонист суханашро давом диҳад. Чун аллакай гиря нафасгираш карда буд. Аз ғояти суханҳои ӯ аҳли толор ба ваҷд омада, ӯро бо қарсакҳои пурмавҷ гусел карданд. Пиёз низ аз кардаи худ пушаймон, дар гушае ором менишаст.

Сирпиёз дид, ки вақт ҳам дер шудааст. Суханро ба дарозо накашида, танҳо бо додани огоҳӣ ба Помидор, ки айни ҳол нархаш дар бозорҳо ба 10 сомонӣ баробар аст, маҷлисро хотима бахшид. Помидор баъди гирифтани  “огоҳӣ” қавл дод, ки тамоми кушишро барои поин овардани нархаш ба анҷом мерасонад.

Ба ҳамин аз сабаби кам будани вақт, маҷлиси ғайринавбатӣ бо шунидани шикояти Картошка, манманиву воҳимаҳои Каду ва танбеҳи Помидор ба итмом расид.

Лекин ҳозирин барои ислоҳи камбудиҳо ва дареғ надоштани кӯмаки худ ба картошкаву барои дар якҷоягӣ мубориза бурдан алайҳи баландшавии нархи маҳсулоти хурока, қавл доданд, ки дар оянда ба ин мавзуъ бармегардем.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь