Қаблан дар бораи иқдоми филиали Ширкатбунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) маълумот додаминҷумла зикр карда будемки чунин деворҳо  даҳҳо ҳамватанони моро аз ҳалокат эмин нигоҳ доштаанд.

Садамаи  чанде пеш  дар километри 124 – уми роҳи Душанбе  – Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) рухдода далели навбатӣ вобаста ба масъалаи мазкур маҳсуб мешавад. Ронандаи автомобили боркаши тамғаи маъруф бо номи  “Дулан” дар минтақаи мазкур аз ӯҳдаи идораи  воситаи нақлиёт набаромада,  ба деворҳои ҳимоявии канори роҳ бармехӯрад.

Ба шарофати деворҳои зикршуда ронанда осеб надида, аз баландӣ ба дарё афтодани автомобил пешгирӣ гардид.  Лозим ба ёдоварист,  ки ҳар як “парапет” зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазнро устувор мемонад.

Роҳбарият ва кулли кормандони филиали Ширкат бо масъулиятшиносии ба худ хос собит намуданд, ки таъмини ҳаракати  бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва  рушди инфрасохтори роҳҳо аз аҳдофи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошаду онҳо дар ин ҷода собитқадаманд.

 

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти Ширкат ба нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанд. Бинобар ин, ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти Ширкат бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ  оғоз гардида, то ин замон дар масофаи 16000 метри тӯлонӣ чунин деворҳои ҳимоявӣ сохта ва ё гузошта  шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми азнавсозии роҳи Душанбе  – Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод. Ба ибораи дигар, мавҷудияти чунин деворҳо чандин автомобилро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар, роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо дар сархати фаъолият қарор дода, гузоштани чунин деворҳо идома дорад.

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь