Ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарине ба ҳисоб мерафт, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Албатта, ин мавзӯъ бисёр фарох аст. Инҷо танҳо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба якчанд корнамоиҳои Пешвои миллат, ки воқеан тавониста ҳувияти миллии шаҳрвандони моро баланд бардорад, ҷалб мекунем.

Миллати тоҷик дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст. Гузаштаи он аз қаъри ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад. Пешвои миллат ҳангоме, ки Президенти ҷумҳурӣ таъин гардиданд фазои фарҳангии Тоҷикистон ба ҳамагон аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки дар таъсири ҳодисаҳои таърихӣ арзишҳои миллии мо аксарият рӯ ба нестӣ ниҳода буданд ва воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ба мафкураи ҷомеа таъсири зиёде гузошт.

Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Ин буд, ки барои рӯ овардани мардум ба гузаштаи худ ва худшинос гардидани ҷомеаи Тоҷикистон якчанд корҳои бузургеро анҷом доданд, ки чанде аз онҳо мавриди зикр аст:

Гузоштани аввалин муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошад. Рӯзи 6-уми сентябри соли 1999 дар Душанбе аввалин муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва “Озодӣ”), қисми марказии ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 – солагии ҷашни давлати Сомониён – аввалин давлати тоҷикон, муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) – Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав – майдони “Дӯстӣ” гардид. Пас аз ин, қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҳайкалҳои ин қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) – Исмоили Сомонӣ дар худшиносии мардуми тоҷик таккони ҷиддӣ бахшид. Хурду калони ҷумҳурӣ бо ифтихор аз назди ин муҷассама гузар мекунанд.

Чуноне Пешвои миллат таъкид месозанд, моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон – аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, ки барои ҳар як соҳибватан нақши меҳварӣ дорад мукофотонидани шахсони бузурги миллати тоҷик бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо ин унвони олӣ мукофотонида шуданд. Худи Пешвои миллат, ки воқеан арзандаи ин унвони олӣ ҳастанд, соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки дар марҳилаи аввали шаклгирии давлат-миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва сохтани як миллати воҳид зарур буд.

Қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар худшиносии наслҳои имрӯзу оянда нақши муҳим доранд. Онҳо касонеанд, ки ҳузурашон ва вуҷудашон барои миллати мо ҳаётист. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро миллат муҳтарам медонад ва аз маҳбубияти табиии мардум бархурдор мебошанд. Онҳо барои истиқлоли андеша ва озодии фард фарди ин миллат талош ва заҳмат намудаанд.

Пешвои миллат ба номҳои кӯчаю хиёбонҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуданд, ки тамоми кӯчаю хиёбонҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Тоҷикистон барои тоҷикиятро дар вуҷуди ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон рушд доданд ба тоҷикӣ номгузорӣ карда шуданд. Аксарият номҳои ба фарҳанги миллати тоҷик бегона дар тамоми саросари ҷумҳурӣ иваз карда шуданд.

Фарҳанги номгузориро дар наслҳои имрӯзу оянда зери назорат гирифтанд. Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро ба шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс, инчунин муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад. Ҳукумати кишвар баъди соҳибистиқлолӣ баҳри ҳифзи анъанаҳо ва расму русуми миллӣ пардохтанд, ки қатори онҳо масъалаи номгузории тоҷикӣ ҳам шомил шуд. Ин иқдом, ки асоси дифоъ аз масъалаҳои миллиро дар бар мегирад, аввалин бор соли 2007 аз ҷониби  Президенти кишвар роҳандозӣ гардид. Пешвои миллат аз аввалинҳо шуда, ному насабашро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намуд. Аз баҳори соли 2007 мардуми равшанфикру дорои ҳиси миллӣ ба гузоштани номҳои тоҷикӣ ва гирифтани пасвандҳои “ов”, “ова”, “ович”-у “овна” аз ному насабашон оғоз карданд. Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба қайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба хотири ҳифзи масъалаҳои миллӣ ва ҷорӣ намудани номҳои тоҷикӣ чанд тағйирот низ ба амал омад.

Пешвои миллат ҷиҳати устувории забони тоҷикӣ талош варзиданд. Ин забон бо тавонмандӣ солҳои сангину пурошӯбро убур кард ва маҳз дар даврони Истиқлолият бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор пайдо карда, чун дарахти пургул ҷило дод. Аз ин лиҳоз, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Ҳастии миллат- забони миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”,  “Дин ва ҷомеа”; “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд. Мавқеи устувор пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳувияти ҳар фарди тоҷикро баланд гардонид.

Таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти Имоми Аъзам. Воқеан, таваҷҷӯҳ ба ин шахсият ин рӯ овардан ба гузаштаи арзандаи шахсиятҳои тоҷик аст. Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд. Хидмати ӯ махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шойистаи қадрдонист. Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун ойина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамойӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд.

Ҳафтум арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки созандатарин иқдомҳои Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии ҷомеаи Тоҷикистон бешуморанд. Дар муддати 27 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дигар шуд, нав шуд, қабои ҷадид ба сар кашид. Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлолият ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии мардуми тоҷик зиёданд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд. Дар замони ҷаҳонишавӣ пуштибонӣ аз фарҳангу ҳувият ва арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои асосӣ барои пойдорию муаррифии миллат ба шумор меравад, ки хушбахтона, Пешвои миллат барои тоҷику тоҷикона будани миллат корҳои зиёдеро анҷом доданд ва дода истодаанд.

Ситора АБДУМУМИНЗОДА,

муовини ректори ДТТ оид ба тарбия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь