Монолог

Бало аз таги по мехезад мегӯянд, рост будааст. Бештар бо айби худамон. Умуман, “Навбат ба мо расид, балеро бало навишт”. Дар ҳолати бо ман рӯйдода низ, “Бале”и маро чун “Бало” фаҳмиданд

Акнун аз оғоз.  Дар як маъракае нишаста будам, ки гап сари тамсил мерафт. Ман, дар он баҳс, чӣ хеле, ки мегӯянд, “ширкат намеварзидам”, лекин ҳис мекардам, ки барои ба ҷанҷоли муқаррарии ҷойдорӣ табдил ёфтани ин “баҳси адабӣ”, мӯҳлати андаке мондааст. Бинобар ин, ман фавран мақоли “Қочмаган номард”- ро барои худ тарҷумаи таҳтуллафз кардам, ки чизе ба “Мардонавор мегурезам” ё “Мурданивор роҳи гурезро пеш мегирам” монанд шуд. Ва дар ҳамон лаҳзае, ки ман нияти нопоки худ, яъне “мардонавор гурехтан”-ро амалӣ карданӣ шуда, бо шаст аз ҷоям хестани будам, овози балнди занонае маро боз ба ҷоям баргардонд – шин – ед… (Ба гумонам “ед” баъдтар ба хотираш расид). Ва ман дарҳол аз се ҷиҳат қиёс кардам, ки ин зан вазифадор аст. Яъне Соҳибмансаби миқёси ноҳиявӣ ё ҳеҷ набошад маҳаллавӣ.

  1. Аз овозаш: омирона, фармоишӣ, сохта. 2. Аз либосаш сирф худамонӣ, (қариб мегуфтам суннатӣ) яъне миллӣ: рӯмолча, блузка, аз болояш кофта ва юбкаи аз зону поёнтар. 3.Одатан мардҳо вақте андоми занро тасвир кардани мешаванд, бо дастонашон дар ҳаво чизе монанд ба рақами 8 мекашанд (яъне мӯрчамиён). Шояд як сабаби 8-уми мартро рӯзи занон эълон кардан ҳам, мӯрчамиёнии ҳамин рақами 8 бошад. Лекин ин хонум ин зан ба рақами 1 монанд буд. Яки соядор. Рост. Ҳама тарафаш баробар. Гӯё рассоме ду ё се хишти бетониро болои ҳам рост монда аз он 1 сохтанӣ шудаасту, баъд бо кадом сабабе дар болои он як чизи кулӯла ё мудаввареро гузошта дар як тарафаш бо қалами қошкашак сурати чеҳра кашидааст. Гарданро фаромӯш кардааст. Ҳа, ҳа, фикратон дуруст, албатта, он қопчаи чармине, ки боксёрҳою каратистҳо рег пур карда меовезанду баъд бо он машқи муштзанию шаттазанӣ мекунанд як ба хотирам омаду – ту ҳозир бо мисол чӣ будани тамсилро ба мо мефаҳмонӣ, баъд ҷавоб…ед!.. фармуд овози омирона. Ман ҳам нишастаму бо зиндадилии сохта (аз афташ аз тарс) сар кардам:

– Дар номашон садқа, ҳамин Ҳуҷҷат-ул-ислом Носири Хисрави Қубодиёнӣ як тамсиле доранд, дар бораи “Чинор ва Каду”.

Қисса кӯтоҳ, роҳгузаре нафаҳмида як донаи Кадуро дар пояи Чиноре мепартояд… Баҳорон, Кадудона аз замин сар кашида ба ҳар су дав меандозад. Яке аз давҳо ба Чинор часпида дар мӯҳлати андаке то худи нӯги Чинор мерасад ва кадуе мебандад. Каду, баъд аз баландии Чинор наззора кардани гирду атроф дид, ки дар ин наздикиҳо ба ғайр аз Чинор дигар ҳамсӯҳбате нест, ноилоҷ бо Чинор оғози сӯҳбат мекунад:

– Ту чандсолаи?- мепурсад Каду аз Чинор

– Тақрибан сисола, ҷавоб медиҳад Чинор – Эҳ-ҳе… Ту дар сабзидану дав партофтан хеле лаванду нокорӣ будаи – мегӯяд Каду,- ту беҳтараш аз ман ибрат гир. Ман роҳи дар 30 сол тайкардаи туро, дар 30 рӯз тай кардам… Дар зиндагӣ ҳамеша пешрав ва пешдав будан лозим. Вагарна тамоми вазифаҳоро тақсим карда мегиранду ту бо шохаю барги холӣ ва нолозим мемонӣ. – Ҳеҷ гап не- ҷавоб медиҳад Чинор – ман сабру таҳаммулро пеша кардааму дар ақидаи худ устуворам. Имрӯз – пагоҳ боди Меҳргон ба вазидан оғоз мекунад. Ана ҳамон шамоли тирамоҳӣ, вазни суханони туро собит менамояд. Ту, Каду, Решаро нодида гирифтаи.

– Кӣ кадуро надидааст? Ман?! Ногоҳ садои омиронаи зан баланд гашт, эҳ-ҳа, ман ҳар кадуеро дидаам, ки. – Ана корро бало зад, дарҳол аз дил гузарондам ман ва фаҳмондан хостам: – Хонум, он хонуми “К..а дида кадуя надидагӣ” қиссаи дигар, вай аз Мавлонои Рум,- Носири Хисрав бошад, дар бораи худи каду.

– Э ман кадуи Румӣ Мавлонотам дидагияму кадуи Носирию Хисравиатро ҳам! Агар намедидам ин қадар сол дар чунин вазифаи масъулиятнок кор намекардам! – Ҳой, хоҳар, ин ҷо гап дар бораи надидани каду намеравад, балки дар бораи он ки худи каду, решаро аз хотир баровардааст ва онро нодида гирифтааст. Хато гуфтаи – хато пато нест! Агар бошад ҳам дар гуфтаи ҳамон Мавлонату Ҳуҷҷат-улат аст. Ҳамаатон дониста монед, ки сардор ҳеҷ гоҳ хато намекунад! Ман худам дар вақташ шӯъбаи набототу сабзавотро хатм кардаам. Нав дидам, ки чанору каду бо ҳам лақ-лақу пақ-пақ карда гап мезадаанд! – Охир ин тамсил – тамсилу кадуят сарата хурад! Чӣ тамошокаду бошаду чӣ носкаду! Ман бо шумо барин каллакадуҳо дар сари як миз нишастан намехоҳам! Вай дастпоки рӯи зонуҳояшро бо шаст ба рӯи дастурхон ҳаво дода бо он обкадуи баклашкаи навакак худаш кушодагиро чаппа карду бовиқор аз хона баромад. Чун рақами 1… Пас аз хомӯшии гарон, ман оҳиста сар бардошта ба дигарон нигоҳ кардам. Ҳама бо мақсади гусел аз ҷой хеста, дастҳо пеши бар бо қомати хамида аз паси Вазифа баромаданд. Гуселкунандагон ба рақами 2 монанд буданд.

Нурулло Абдуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь