Тақриз

Таърихи халқи тоҷик дар аҳди чандинҳазорсолаи худ аз гардиши айём басо давраҳои даҳшатбор ва ҳодисаю воқеаҳои хунрезу ғамангезро аз сар гузаронидааст. Ғосибон пас аз забти сарзамини тоҷикон кӯшиш ба харҷ додаанд, то ки мадракҳои таърихиро бо роҳи оташ задану ғарқи об кардан нобуд созанд. Аз ҳамин лиҳоз, таърихи халқи тоҷик ҳанӯз саҳифаҳои норушан дошта ва ҳодисаю воқеаҳои аз сари мардуми тоҷик гузашта зери пардаи торикӣ паноҳ ёфтаанд.

Романи адиб Зариф Ғулом «Исёни Назир», ки нашриёти ҶДММ «Ношир – С» -и шаҳри Бохтар ба табъ расондааст, ба ҳамин мавзуъ бахшида шуда, хазинаи асарҳои таърихиро бойтар мегардонад.

Муаллиф дар тадқиқи бадеии мавзуи роман сухани тоза гуфта, ба ҳодисаи таърихӣ бо диди нав муроҷиат намуда, асосҳои сиёсию иҷтимоии сар задани шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувонро кушода, дар ин замина таназзули давлати манғитиёнро ба хонанда ошкор месозад.

Адиб хеле моҳирона ва бадеӣ ба футур мувоҷеҳ шудани сохти кӯҳнаи феодалӣ ва бо азоб сар даровардани муносибатҳои сармоядориро дар сарзамини Аморати Бухоро тасвир намудааст.

– Аз амир фармон гирифтам. Мо бояд ба оқпошо дасти мадад дароз кунем. Ҷалолатмаоб аллакай ба Николай чанд миллион маблағ фиристода ваъда додааст, ки барои сарбозонаш аспҳои саворӣ ва озуқаворӣ мефиристад. Ҳозир ба деҳаи Калот рафта, аз хоҷагиҳо як аспӣ мегиред. саҳ 17.

Бо ибораи дигар нависанда Зариф Ғулом заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятии аз байн рафтани хонадони манғитиёнро бо сар задани Ҷанги якуми ҷаҳон ва тезу тунд гардидани норозигии мардум дар сарзамини Мовароуннаҳрро нишон медиҳад, ки дар натиҷа бо гузашти чанд соли дигар дар ҳақиқат давлати тоҷикон дар рӯйи харитаи ҷаҳон пайдо мешавад.

Роман аз сафарҳои нависандаи маъруф Сотим Улуғзода ба деҳу диёри водии Хатлон ва тасвири табиати зебои сарзамини тоҷикон оғоз мегардад.

Адиб аз хирмани қазоқон ҷониби мадрасаи таги чанорҳо қадам зад. Лаби ҳавз нишаста, ба талу теппаҳо, ҷараёни ороми рӯди Вахш, ки мавҷҳои он дар зери шуои офтоб ялақос мезаданд ва қатортеппаҳои Мирзобек назар кард. Дарё дар пастӣ ва деҳа дар баландӣ ҷой гирифта буданд. Қисми ғарбии деҳа кушода буда, манзараи асрорангезаш афсона барин менамуд. саҳ13.

Нависанда тавассути образи Назир нерӯи адл ва иттиҳодро дар ҳаёти ҷомеа нишон додааст. Иттиҳодпарварии Назир тамоми мардуми деҳаҳои гирду атрофи Кӯли Сӯфиёнро дар атрофи ӯ муттаҳид гардонда, бо ин васила ӯ ба исёни ошӯбгрон раҳнамоӣ мекунад.

– Туро ба иттиҳод даъват мекунам, – Назир рост ба чашмони ҳамсуҳбаташ нигарист. – Мехоҳам, ки дар паҳлуям бошӣ. Дар деҳаҳои гирду атрофи Калот ҳама туро ҳамчун марди шуҷоъ ва адолатҷӯ ҳурмату эҳтиром мекунанд. Бо пайвастанат ба дастаи ман қувваи мо даҳчанд меафзояд ва ғалаба ҳатман насиби мо мегардад. саҳ 66.

Зариф Ғулом ҳақиқати таърихиро таъқид карда тасвир менамояд, ки ҳукуматдорони манғит ба сари халқи тоҷик ҷабру зулм ва азобу машаққати зиёдро бор карда буданд ва он сабабгори сар задани шӯриши деҳқонон гардид.

– Шумо бо ёронатон Кугану Жоббор амри амири Бухороро бо баҳонаи ҷанги Гирмон дастак карда, аз будаш зиёд асп ҷамъ овардаву андози ушрро зиёд гирифта, андозҳои нав ҷорӣ кардед, – қозӣ ангушти якумашро қат кард. саҳ. 85.

Мутобиқи жанри роман дар он чеҳраҳои шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, мутафаккир, шоир ва хаттот Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ҳофизи хушовоз ва мутриби мумтоз Карими Шиш ва образҳои мусбату манфии бисёре тасвир ёфтаанд ки онҳо дар ҷой ва мавқеи худ симои қаҳрамони асосии асар Назир паҳлавонро пурратар гардондаанд.

– Ҳой, ҳамшаҳрӣ! Ин ҷо биё. Бо мо биншин, – марди қоматбаланди кушодачеҳраи ришу бурутдор Назирро бо даст ишора кард…

Номи ман Нусратулло Махсум. Аз тоҷикони Қаротегинам…

Мо тоҷикон бояд ҳукмронии туркони манғитро сарнагун карда, давлати худро созем… саҳ. 53 – 54.

Тамоми муборизаи Назир паҳлвон, чуноне ки аз роман пайдост, ба хотири барҳам задани ҳукмронии аморати манғитиён равона карда шуда ва набардҳои ӯ бо Куган ва ёронаш, муттаҳид гардонидани деҳқонон дар атрофаш ва сабақ омӯхтанаш аз суҳбатҳои Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемуру княз Архангелский аз қобилияту истеъдоди роҳбарӣ карданаш ба исёни мардумӣ дарак медиҳад.

– Мо бояд ҳукмронии туркони манғитро барҳам зада, давлати тоҷиконро барқарор созем, – Назир суҳбатҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро ба хотир овард. саҳ 67.

Ҳодисаю воқеаҳо ва садамаҳо дар ҳалқаи сюжет ба зуҳур меоянд. Сюжети роман бошад, ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамони асосии роман Назир паҳлавон иртиботи қавӣ дорад.

Бояд зикр кард, ки муаллиф дар роман ишқи поку самимии яке аз қаҳрамони фаъоли асар Абдукаримро бо маҳбубаш Аноргул хеле табиӣ офаридааст.

Дар асар пургӯйӣ, сухани зиёдатӣ, воқеа ва манзараҳое, ки бо сюжети роман робита надошта бошанд, дида намешавад. Муколамаҳо пурмаънӣ ва серборанд.

Забони асар содаю равон аст. Тасвиру тадқиқи бадеии воқеаю ҳодисаҳо ба исбот мерасонанд, ки нависанда аз ганҷинаи бепоёни забони адабии тоҷикӣ тибқи мавқею мақоми он моҳирона истифода бурдааст. Шакли навишти роман мисли асарҳои драмавист. Аввал макону замон баён мегардад, сипас суҳбати қаҳрамонон тасвир меёбад.

Дар роман инчунин шеърҳое ҳастанд, ки алайҳи сиёсати замонаи аморати Бухоро гуфта шудаанд (саҳ. 54, 74, 84) ва онҳо бо ҳадафи ғоявии роман ва нақши Назир паҳлавон дар шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувон басе мувофиқ омадаанд.

Дар хотима таъқид карданием, ки романи «Исёни Назир» асари таърихӣ бошад ҳам, аҳамияти замонавӣ дошта, ин ҳодисаи таърихӣ бояд дар китоби дарсии таърихи халқи тоҷик ҷойи сазовори худро гирад, зеро ки он барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи озоди он бениҳоят аҳамияти беназир дошта, дар мустаҳкам кардан ва рушду камол расондани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, чун гавҳраки чашм нигоҳ доштани якпорчагии кишвар, дар руҳи ватанхоҳӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани сокинони гуногунмиллати ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад.

Ҷонибеки АСРОРИЁН,

мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь