Ба ифтихори 75-солагии таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосири рақобат дар бозори меҳнат ниёз дорад. Аз ҷумла, ба кадрҳои  журналистӣ. Зеро дар ҷаҳони муосир иттилоъ ва иттилоърасонӣ дар равандҳои ҷаҳонишавӣ нақши муассир доранд. Танҳо кишварҳое дар ин шароит метавонанд арзишҳои худро ҳифз намоянд, ки мардумаш худшиносу худогоҳ ҳастанд, дар афкорашон манфиатҳои миллӣ нақши барозанда доранд. Ва дар ин самт муҳимияти фаъолияти журналистон меафзояд. Зеро журналистон дар баробари таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон бо иттилоъ, ҳамчунин, дар ташаккули афкори ҷомеа таъсир мегузоранд.

Таҳсилоти журналистӣ дар ҷумҳурии мо таърихи 57-сола дорад. Соли 1966 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Университети давлатии Тоҷикистон) шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Фаъолияти ин шуъба то соли 1971 идома дошт ва сипас бинобар дар феҳристи ихтисосҳои барои Тоҷикистон иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд набуданаш (яъне асноди таъсиси ин шуъба расмӣ нашуда будааст), баста шуд. Кадрҳо барои ВАО-и кишвар минбаъд дар гурӯҳи ихтисоси журналистикаи факултети филологияи тоҷик тайёр карда мешуданд. Соли 1987 бо талоши як гурӯҳ устодон бо роҳбарии профессор Воҳид Асрорӣ ва ибтикори дотсент Иброҳим Усмонов (баъдан доктори илм, профессор) шуъбаи журналистика аз нав таъсис дода шуд. Дар маросими оғози фаъолияти шуъба кормандони масъули давлативу ҳизбӣ ширкат доштанд. Соли 1992 бо шарофати истиқлолият дар заминаи ин шуъба ва гурӯҳи тарҷумонӣ факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфт, ки соли 2007 бо пешниҳоди Вазорати маориф факултети журналистика номгузорӣ шуд. Яъне факултети журналистика ба дурустӣ аввалин фарзанди замони Истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Баъди фароҳам омадани фазои сулҳу субот шуъбаҳои журналистика дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зиёд шуданд. Имрӯз дар кишвар дар баробари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боз 8 муассисаи таҳсилоти олии кишвар журналистонро тайёр мекунанд. Пойгоҳи моддиву техникӣ, ҳайати кадрии кормандони илмиву таълимии ин муассисаҳо дар як сатҳ нест. Агар дар баъзеяшон заминаи илмиву таълимӣ ва моддиву техникӣ дар сатҳи баланд таъмин бошад, дар баъзеяшон устодони унвондор нестанд, шогирдон дастрасӣ ба интернет, таҷҳизоти техникии журналистӣ надоранд. Аз ин сабаб, ҳамаи коршиносони соҳа шароити беҳтар омода сохтани журналистонро дар Донишгоҳи миллӣ мебинанд. Пеш аз ҳама студияи таълимии радио ва телевизиони муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон, синфхонаҳои компютериву лингафонӣ ва тахтаҳои электронӣ дар ихтиёри донишҷӯён карор доранд. Дар заминаи Студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика соли 2022 дар Радиои “Садои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ва имсол “Телевизиони  таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз намуданд. Факултет бо аксари нашрияву маҷалла ва нашриётҳои марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. 19-уми марти соли 2021 бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи нави ҳамкорӣ миёни Кумита ва ДМТ ба имзо расид. Дар асоси ин Шартнома гузаронидани таҷрибаомӯзиву машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултети журналистика (тахассуси радио ва телевизион) дар заминаи радио ва телевизионҳои назди Кумита ба роҳ монда шуда, барои донишҷӯён вақти эфир дар шабакаҳои радиову телевизион дода мешавад.

Ба таълими фанҳои ихтисосии журналистика то соли 1991 ҳамагӣ 5 нафар унвондорон машғул буданд. Ҳоло дар ин самт фақат дар ДМТ қариб 40 нафар унвондорон, аз ҷумла 12 нафар доктори илм фаъолият доранд. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ихтисосҳои журналистӣ низ ташаккул ёфтанд. Дар ДМТ аз рӯйи 6 ихтисоси журналистӣ: журналистика (рӯзонаву фосилавӣ, тоҷикиву русӣ), ВЭБ-журналистика (рӯзонаву фосилавӣ), журналистикаи байналхалқӣ, умури нашриёт, иттилоот ва робита, журналист-тарҷумон мутахассисон тайёр карда мешаванд. Журналистони оянда дар 2 зина: бакалавр ва магистратура таҳсил мекунанд. Дар солҳои фаъолияти гурӯҳ, шуъба ва факултети журналистика дар Донишгоҳи миллӣ қариб 5 ҳазор журналист омода карда шудааст.

Дида мешавад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сатҳи омодасозии журналистони оянда ва кадрҳои илмиву омӯзгории журналистика таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд. Имрӯз аксари кормандон ва роҳбарони расонаҳои кишвар дастпарварони факултети журналистикаи ДМТ мебошанд.

Журналистикаи тоҷик аз шохаҳои серпаҳлу, вале хеле кам таҳқиқшудаи илмҳои гуманитарии мо мебошад. Агар гӯем, ки таҳқиқи илмии таърих, назария ва амалияи журналистикаи тоҷик ба таври консептуалӣ дар замони истиқлол ташаккул ёфтааст, хато нахоҳад шуд. То замони истиқлолият баъзе паҳлуҳои таҳқиқи илмии журналистикаи тоҷик дар осори илмии адабиётшиносону муаррихони ҷудогона мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар самти журналистика қабул ба аспирантура сурат намегирифт. Ҳамагӣ 2 нафар дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар риштаи журналистика рисолаи илмӣ дифоъ карда буданд. Бо шарофати Истиқлолият журналистикаи тоҷик ба таҳқиқи илмӣ фаро гирифта шуда, аспирантура ва докторантура ба фаъолият оғоз карданд. Агар дар ибтидо муҳаққиқони журналистика дар шӯроҳои диссертатсионии соҳаи таърих ва адабиёт рисолаҳои худро ҳимоя мекарданд, пас аз фароҳам омадани фазои сулҳу субот соли 2004 бо талошҳои декани вақти факултети филология, дотсент М. Имомзода (ҳоло академик) ва декани вақти факултети журналистика, профессор А. Саъдуллоев (шодравон) ва дастгирии профессор М. Н. Қосимова (шодравон) ба Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия пешниҳод карда шуд, ки дар назди Шурои диссертатсионии ДМТ Д 737.004.03 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву доктории филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – журналистика низ рисолаҳо ҳимоя карда шаванд. Шурӯъ аз соли 2006 дар Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – журналистика роҳандозӣ гардид. Баъдан, аз соли 2011 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ ин ихтисос ифтитоҳ гардид. То имрӯз дар ин шуроҳо дар самти таҳқиқи илмии таърих, назария ва амалияи журналистика дар кишварамон 11 нафар рисолаи докторӣ, беш аз 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 20 нафар шаҳрвандони хориҷӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо фармони раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050400 – Рӯзноманигорӣ (дар баробари дигар ихтисосҳои филологӣ) дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Акнун муҳаққиқони тоҷик метавонанд бо забони давлатӣ рисолаҳои худро дар Шӯрои миллии диссертатсионӣ ҳимоя кунанд.

Хулоса, илм ва таълими журналистикаи тоҷик дар замони Истиқлолият ба таври воқеӣ рушд карда, ба дараҷаи сифатан нав баромадааст. Дар ин ҷода саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии омодасозии кадрҳои илмиву эҷодии журналистӣ хеле бориз аст.

Сангини ГУЛЗОД,

устоди ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь