Марди гулпарвар беҳтарин гулҳои зиндагиро парвариш карда, сипас онҳоро мефурӯхт. Аз ин ҳисоб даромаде ба даст меовард, то зиндагии беҳтаре дошта бошад. Ҳар ки аз назди хонаи ин гулпарвар мегузашт, ба димоғаш бӯи хуши гулистони ӯ мерасид. Замоне фаро расиду овозаи гулистони ин мард ба гӯши шоҳ расид. Шоҳ ба як назар ошиқи гулистон гардиду онро аз дасти мард рабуд. Марди деҳқонро бошад, бо ҷурме ба зиндон андохт. Мард дар зиндон доимо ба ёди гулистонаш буд. Дар фикри он буд, ки рӯзе аз зиндон озод хоҳад шуду ба гулистонаш бармегардад. Ниҳоят замоне фаро расид, ки малики кишвари бегона ба ин шоҳ ҷангиду ӯро шикаст дод. Бо фармони ин малик тамоми зиндониён озод карда шуданд.
Марди гулпарвар бо як умеде ба ҷониби гулистоне, ки бо хуни дил парвариш карда буд, давид.
Чун ба майдони гулистони худ расид, ҷуз майдони сӯхтаву пайи аспу гов ва каме ҷасадҳо чизи дигар надид.
Дарунаш оташ гирифт. Сар ба саҷда ниҳода бо гиряи зиёд аз даргоҳи пок ҳикмати ин ҳамаро пурсид. Вале ҷавобе нашунид. Бо вуҷуди ин қарор дод, ки гулистонро дубора барқарор кунад. Барои ин дубора сар ба саҷда ниҳод.
Чун сар бардошт гурӯҳе аз корвониёнро дид, ки канораш ҷамъ омадаанд. Ин корвон доимо тухми гулҳои гуногунро аз ин шаҳр ба дигар шаҳр бурда мефурӯхтанд. Корвониён ӯро ғулом карда, бо худ бурданд. Гулпарвар бо вуҷуди ғулом буданаш, дар талоши он буд, ки куҷое набошад, майдони гулистони худро бунёд кунад ва бо ин мақсад роҳ пеш гирифтанд.
Роҳи корвон аз биёбоне мегузашт, ки тафсон буду чоҳи об қариб ки вуҷуд надошт. Роҳи якҳафтаина тамоми обҳои онҳоро ба коми худ бурд. Захираи об тамом шуда буд, маводи ғизоӣ қариб ки ба итмом расид.
Аз сабаби нарасидани об аксари корвониён ҷон доданд, дигарон бошанд, дар дарвозаи марг қарор гирифтанд. Дигар касе парвои марди гулпарвар надошт. Умед ба оянда мурда буд. Ҳама якҷо нишаста маргро интизор шуданд.
Марди деҳқон ягона касе буд, ки ба оянда бовар дошт ва бархосту дар саҳро каме қадам зад. Хоки заминеро дид, ки барои кишт мувофиқ буд. Шод гардиду ба назди корвон баргашт. Чун ба корвон назар кард, ҳамаро мурда ёфт. Ашк аз чашмонаш ҷорӣ гардид. Сипас онҷо қабристоне бунёд намуду ҳамаро инҷо гӯронид. Баъди анҷоми дафнкунӣ баргашту каме тухмӣ гирифт ва заминро каме каланд зад. Сипас каме тухмиҳои гулҳоро ба замин пошид. Баъди анҷоми пошидан, даст ба дуо бардошту гуфт:
“Худовандо инҷо на об асту на гиёҳе, вале ризқдиҳандаи бандагон ва парварандагони наботот туйӣ. Ин тухмиҳоро ба умеде пошидам, то рӯзе инҷо низ ба гулистон мубаддал гардад.”
Баъди ин суханҳо сар ба саҷда ниҳоду ашк рехт. Худованд ба ин бандаи худ, ки боварӣ дошт, борони раҳмат фиристод. Мард шод гардиду шукронаи Офаридгор намуд. Худованд шукргузории бандаи худро дида вайҳе фиристод, ки “заминро бикан”. Мард заминро кофту чоҳи об баромад. Аз шодӣ дар куртаи худ намеғунҷид, сар ба саҷда ниҳода ашки шодӣ рехт.
Рӯзҳо гузаштанду тухмиҳо муғча бастанд. Баъди ҳафтае чун ниҳолоне ки умед ба оянда медиҳанд, гулҳо аз сабзише дарак доданд. Баъди моҳе гулҳо ба шукуфтан оғоз карданд. Баъди якуним моҳ дар биёбони касногузар як гулистони зебое бунёд гардид. Акнун ин гулистон низ ба мисли пештара бӯи хуше аз худ паҳн мекард. Гулпарвар дар дохили гулистони худ сайр намуду сипас ба кулбае, ки дар як кунҷи гулистони худ бунёд карда буд, рафт. Каламу коғазе гирифту навишт.
“Ин гулистонро бо умеде бунёд кардам, то ҳар ки аз он дидан намояд, бовар кунад ки оянда вуҷуд дорад ва сохтани он дар дасти ҳар яки мост. Гузаштаро ба ёд овардану бовариҳои худро нест кардан барои инсон дарҳои муваффақиятро мебандад. Бояд аз гузашта танҳо ибрат монад. Ин зиндагист, бовар кардан аст, умед бастан аст ва мубориза бурдан.”
Баъди муддате корвоне ба онҷо расид, онҳо низ аз оянда умеде надоштанд. Вале чун назарашон ба ин гулистон афтод, шод шуданд. Вориди кулба гардида гулпарварро мурда дарёфтанд, ки хате дар даст дошт. Чун хатро хонданд, ӯро канори гулистонаш дафн карданд.
Акнун хар ки ба инҷо мерасад, ба қабристоне, ки замоне одамон аз оянда умед канда буданду тамоми гузаштаи худро гӯронида буданд, вориди гулистон мегарданд. Бӯи хуши ин гулистон ба дилҳои онҳо фараҳ мебахшад. Онҳо дубора бовар мекунанд. Умед ба оянда мебанданд. Ва аз ҳамин гулистон сар карда ба оянда қадам мезананд.
Замоне ҳама орзуҳо мемиранд, боварҳо нест мегарданд ва ана ҳамон вақт марг оғоз мегардад. Барои ҳамин то вақте ки ҷон дар бадан ҳаст, мубориз бояд бурд. Зеро ин ҳама баҳри мову шумо имтиҳонест.
Марди Роҳ