Рости гап, ман як одами бемаълумот, ба шаробу кӯчагардӣ майлдошта буда, дар умрам ба гардан галстук набаста будам. Агар баста бошам ҳам, ёд надорам. Вале воқеае, ки рӯзи наврӯзи порсола ба сарам омад, галстукбандии маро дар ҳама ҷо овоза кард.

Ҳарчанд касбу кори аниқ надорам, худро дар байни мардум бовиқору пулдор намоиш медодам. Аз ин рӯ, баъзе соддалавҳон гумон мекарданд, ки ман ягон калоншавандаам. Охир, қаду қомат ва шукуҳу шаҳоматро худо ба ман арзонӣ карда.

Меоем сари воқеаи рӯзи наврӯз.

Бо як нафар ҳамқадаҳи худ дар варзишгоҳи ноҳия нишаста, баромадҳои наврӯзии санъаткоронро тамошо доштем. Чи ҷои пинҳон кардан, ки гулӯямон равған кардагӣ буд.

Дар роҳрави поёни нишастгоҳи варзишгоҳ ду нафар низомӣ қадам зада, тартиботро назорат мекарданд. Дидам, ки яке аз онҳо маро бодиққат синчакунон гузашта рафт. Ҳангоми бозгашт боз дидам, ки ӯ сӯи ман нигоҳ мекунад. Чун нигоҳамон ба якдигар бархӯрд, ӯ бо ангушт ишора кард, ки наздаш равам. «Чӣ гуноҳ карда бошам?»,- андешидам ба худ. Ҳамқадаҳам гумон кард, ки мани ношуд ягон балое ба сар овардаам, ки норозиёна сӯям назар карду аз ман рӯй гардонд. Ман ноилоҷу хавотиромез сӯи милиса рафтам.

Маълум шуд, ки ҷавони милиса маро мешинохтаасту хостааст, ки ҳамчун шахси намуддору босалобат дар маҷлис иштирок намоям. Ба онҳо супориш мешавад, ки пур шудани маҷлисгоҳи ноҳияро, ки имрӯз ҷаласаи тантанавие бо иштироки меҳмонон аз давлати хамсоя барпо мегардад, таъмин намоянд. Ана бо ҳамин мақсад, ӯ аз ман илтимос кард, ки дар маҷлис даромада иштирок кунам. Ман ноилоҷ розӣ шудам. Сӯи маҷлисгоҳ равона шудем, ки дар роҳ як милисаи дигар бо назари суол аввал ба ман, баъд ба рафиқам нигоҳ карду гуфт:

– О, ин шахс галстук надорад-ку! Бегалстукҳоро даромадан намемонанд. Рав, ягон галстук ёфта деҳ!

Ҳамроҳам аз ман хоҳиш кард, ки рафта аз дӯкони рӯ ба рӯямон якто галстук харам. Гуфтам, ки пул надорам. Бечора маҷбур шуда, маро ба дӯкон бурд. Галстукҳоро нишон дода, гуфт:

– Ягонтояшро интихоб кунед!

Ман ҳам фурсатро ғанимат дониста, як галстуки 35-сомониро интихоб кардам. Ҳамроҳам пулашро дод ва онро ба гардани ман басту вориди маҷлисгоҳ шудем. Маҷлисгоҳ аз ҷамъомадагон тақрибан пур буд, танҳо дар мобайни қатори якум, рӯ ба рӯи минбар се-чор ҷои холӣ монда буду халос. Ману ҳамроҳам рафта нишастем. Баъди мо ду нафари дигар омаданд ва маҷлисгоҳ пур шуду ҷаласа оғоз ёфт. Дар чунин ҷаласаи тантанавӣ бори аввал бо галстук нишастанам кам буд, ки боз ҳар як баромадкунанда гӯё ба ман муроҷиаткунон сухан мегуфт, ишораи даст ва теғи нигоҳаш сӯи ман буд, ки из ин худро хеле нороҳат ҳис мекардам. Андешаи он чиз маро ором намегузошт, ки агар мабодо ягонтои онҳо ҷониби ман саволе диҳад ё сухане гуфтанро талаб кунад, чӣ кор мекарда бошам? Баданамро арақи сард фаро гирифт. Хайрият, ин тавр нашуд. Як соати маҷлис ба назарам хеле дуру дароз намуд. Охир, оқибат он ба анҷом расид ва ман худро каме сабук ҳис кардам.

Аз маҷлис баромада, ба автовокзал рафтам, то ба маршрутка нишаста ба хона равам. Ҳар касеро, ки дучор мешудам, ба назарам сӯям ғайриоддӣ назар мекард. Дар аввал ҳайрон шудам. Баъд ба хотирам омад, ки дар гарданам галстук дораму касе маро то ин дам бо галстук надида буд.

Ҳар шиносе, ки маро медид, ба галстукам ишора карда, мепурсид:

– Ҳа, Абдумавлон, тинҷӣ!?

– Тинҷӣ,- ҷавоб медодам ман.

Аз саволҳои мардум ба ҷон омада, оқибат кӯшиш кардам, ки нигоҳамро аз онҳо гурезонам.

Хуллас, бо азобе ба хона расида омадам. Занам маро бо галстук дида, чашмонаш беҷо шуд ва якбора гуфт:

– Ҳа, чӣ гап, девона шудед магар???

– Чӣ шудааст? Магар галстук бастан девонагист?,- пурсидам ман.

– Галстук барои шумо баринҳо не, тезтар онро кушоед,- гуфту ба гарданам даст андохта, хост галстукамро кушояд, вале натавонист. Боз як бор кӯшиш кард, нашуд. Хостам худам кушоям, вале азбаски ягон бор онро набаста будам ва тарзи кушоданашро намедонстам, натавонистам. Зан бо қаҳр қайчиро ба даст гирифта, мехост онро қайчӣ кунад, лекин ҳайфам омаду онро ғеҷонда-ғеҷонда бо як машаққати зиёд аз гардан баровардам.

Худоро шукр! Садҳо шукр! Гӯё бори вазнине аз китфам фаромад. Аҳд кардам, ки дигар ҳеҷ гоҳ галстук намебандам.

Қурбонмат ДАДОМАТОВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь