Эҷодгарӣ ҳам ишқ аст. Ишқи беҳамто, ҳарчанд ки:

Ишқбозӣ зи ҳар касе наояд,

Ишқро ҷони оҳанӣ бояд.

Муртазо Забеҳӣ – тадқиқотгари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чунин нидо дардода: «Сано бигӯям Фирдавсиро ва ҳамсари сабури варо, ки дуюмӣ чунин шавҳар парварида, аввалӣ чунин хамоса офарида!».

Фирдавсӣ асари бузурги худро биофарид дар муддати сӣ сол, боз панҷ соли дигар болои он заҳмат кашид, яъне аз таҳлил гузаронид. Хуллас, 35 сол бе музд, бе мавод, бе подоши кӯчак таърихи қадимаи миллати хешро ҷамъ овардан, дар дунёи бетартибу бенизом унҳоро ба тартиб кашидан, назм кардан осон набуд. Хосатан даме ки мулки азими аҷдодиро пора-пора арабу турку қарахитоиву бегонагони дигар ба тасарруфи ҳарбӣ ва мазҳабӣ ва тасарруфи моддиву молии худ гирифта, дар бандашон медошта ва соҳибони аслии кишварро барои омӯхтану донистани таърихи аслии худ маҳрум кунонда буданд.

Вале Фирдавсӣ буд, ки қотеъона, якравона дар иншои таърихи миллат ҳамарӯза заҳмат мекашид ва ӯро дар тӯли сӣ сол, балки сиву панҷ сол пуштибон ва дилсӯзи мудом лозим буд.

Ва чунин пуштибонии мудому фидокоронаро пеш аз ҳама, зан метавонист бикунад ва хоса зани хонадон.

Такя ба зан буд, ки Фирдавсӣ азимтарин достони дунёро аз худи зиндагиномаи Каюмарс, яъне Одамҳаво, яъне аз аввали дунё то қариби замонаи худаш, яъне то истилоъ шудани кишвари аҷдодиаш аз ҷониби аъроб навишта кард. Ва он 120 ҳазор мисраъ бишуд, яъне аз азимтарин достонҳои олам гардид.

Фирдавсӣ гузаштаи пурифтихори атрофиёни худро, гузаштаҳои ҳамзамонони худро иншо менамуд. Иншо менамуд талошгарона. Иншо менамуд рӯзу шабон, вале атрофиёнаш ёд намеоварда эҳёгари гузаштаи онҳо чӣ аҳвол дорад, чӣ рӯзгор аз сар мегузаронад, магар нимгуруснаву нимлуч нест, магар ба муҳтоҷии шадид гирифтор нашуда? Ва гар ёриҳои тасодуфии баъзе саховатпешагонро ба эътибор нагирем, касе умуман ёд намеовард ин эҷодгари таърихи миллатро, ин гӯяндаи ҳолномаи куҳанро.

Барои он ки Фирдавсӣ намирад, зинда бимонад, нони хӯрданӣ дошта бошад, танаш луч набошад, назди марду номард, назди арзандаву ноарзанда сар хам накунад, амсоли қаҳрамонҳои китобаш сарафрозу боғурур монда бошад, маҳз хизмати яке беҳад буд ва беамсол буд ва ӯ зани хонадони Фирдавсӣ ба шумор мерафт.

Зани хонадон, ки ба ҳама носозӣ тоқат меовард, норасоиҳоро таҳаммул мекард, «заҳр мехӯрдаву мепиндошта қанд», хуллас барои шавҳараш муҳайё менамуд ҳар чизи накӯе, яъне талош дошт то ёри эҷодгараш аз гуруснагӣ, лучӣ ва монанди ин азоб накашад, сархам намонад, муҳимтар аз ҳама иншои китобашро идома дода тавонад.

Ишқ дарёи каноранопазир,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.

Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб

Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.

Аз ҳамин боис Муртазои Забеҳӣ чунин нидо дардода: «Сано гӯям Фирдавсиро ва ҳамсари сабури варо, ки дуюмӣ (завҷа) чунин шавҳаре парварид ва аввалӣ (шавҳар) чунин хамосае биофарид…».

Ин зане буд, ки пажӯҳишгарони оянда барояш номҳои гуногун дардодаанд, вале ӯ як номи аниқи аниқе дошт: яъне зани эҷодгар! Яъне зани фидокори марди эҷодгаре!

Баъд чунин шуд: Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и китобатшударо бурд ҷониби Ғазнин, ки қароргоҳи Султони охирзамона буд, яъне поятахти Маҳмуди Ғазнавӣ. Фирдавсӣ ба он ҷониб асарашро ба умеде бурд, ки он қадр биёбад ва суд биоварад, яъне маблағе биоварад барои хонадони касодгаштаи худаш. Фирдавсӣ ин маблағро муқаддам аз ҳама сарф карданӣ буд барои ҳамсари фидокору ҷоннисор, яъне барои бонуи хонадонаш…

Гӯяндагони роз, ифшогарони асрор оварда, ки «Шоҳнома» аз ҷониби Султони Ғазнин хуш пазируфта нашуд, ба ивази ранҷи сивупанҷсолаи Фирдавсӣ инъоми дардодаи Султон Маҳмуд ба як ҳаммомпулӣ расид ва боз чанд коса шароби талх, ки онро шоир аз сари доғу алам харидаву ошомида буд.

Шоири музтарибгашта сари мастӣ мазамматнома иншо намуд алайҳи Султон, ба дари ҳаммом часпонд ва онро мутолиа кардани одамон боиси ҳангома шуд ва ин билохира кину адовати Султонро барангехт, фармуд шоирро даст гирифта, зери пойи жандапилҳои ҷангӣ барандохта маҷақ бисозанд.

Фирдавсӣ аз ин ҷиҳат илоҷ надошт ғайри рӯ ба фирор овардан, ҷое панаҳ шудан, ки касе надонад куҷо шуд, хуллас аз байн зиёда аз бист соли дигар гузашту касе зинда будан ё набудани шоирро намедонист.

Ривояте монда, ки муддати ин бист сол зани Фирдавсӣ ҳамарӯза ва ҳамашаба заҳмат мекашид, зиндагии духтараш, ки нишоне аз шавҳари шоираш буд, таъмин кунад, баробари ин ҳамарӯза ва ҳамашаба аз дастнависҳои Фирдавсӣ китоби «Шоҳнома»-ро рӯбардор мекард. Чунин мекард, то нусхаҳои он расида битвонад барои оянда ва ояндагон, зеро нусхаи асл дар Ғазнин, дар дарбори Султон Маҳмуд монда ва шояд нест карда шуда буд.

Хуллас зани Фирдавсӣ аз пайи кор буд ба ҷойи худи шоир. Зеро:

Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ

Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб

Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.

Ӯ ин ҳамаро аз сари муҳаббаташ ба Абулқосим Фирдавсӣ анҷом медод бо нусхабардор кардани «Шоҳнома»- вай.

Фирдавсӣ, ки қариб бист сол дар гурезагиву оворагӣ умр ба сар мебурд, медонист, ҷониби ватан баргаштанаш хатари зиёд дорад. Яъне хатари кушта шудани худаш ва зери пойи фили ҷанганда партофта шуданаш.

Вале чун тасодуф шунид, бонуи ҳамсараш – қаҳрамони эътирофнашудаи таърих ҷон дода, фавтида, дигар эҳтимоли кушта шудани худашро сарфи назар карда, роҳ гирифт самти ватанаш.

Ниҳоят, дар зодгоҳ – деҳи Божи остони Тӯс, дар хонадоне, ки қаҳрамони барои дигарон ноаён, яъне ҳамсари фидокораш набуд, яъне дар гӯрхонае зери хок карда шуда, шоир дигар тобу тоқат наоварда, аз по афтид. Яъне Фирдавсӣ зиндагиашро идома дода наметавонист дигар бе ун ҳамсари пурбардору нотакрораш. Аз ин боис рӯзи ин ҷо расиданаш ҷон супорида буд.

Бе Фирдавсиву занаш чӣ мешуд кунун тақдири азимтарин китоби олам, яъне «Шоҳнома». Магар аз байн мерафт муттасилу ноаён?

Ривояте оварда, ки маҳз ҳамон рӯзу шабҳо Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз кардаи худ пушаймон гардида, ба қадри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ расида ва барои ҳар мисраи он як тангаи тилло мукофот муайян карда, ки ҷамъулҷамъ мешуда 120 000 танга.

Ҳоло ин мукофоти деррасидаро меовард корвоне ҷониби деҳкадаи Бож, яъне ҷониби зодгоҳи Фирдавсӣ.

Ривоят боз меоварад, ки чун аз як дарвозаи ҳисори (девори гирдогирди) Бож шутуру фили пур аз тилло ворид мегардид, аз дарвозаи дигари ҳисори атрофи Бож мебароварданд тобути Фирдавсиро…

Чи тасодуфи пурпечи таърих ва чи тасодуфи қисмат.

Аз Фирдавсиву занаш духтаре монда, ки шояд ба маблағу сарват муҳтоҷӣ лошт, хосатан баъди азобу ниёзмандиҳо, ки ҳамроҳи падари ҷабрдида, модари заҳматӣ кашида, хосатан баъди ба гӯр супурдани модару падар, ки чунин маросимҳо бе хароҷоти муайян, балки бе сарфи зиёд нашуда. Хуллас ниёзмандиву муҳтоҷӣ мекашид духтари Фирдавсӣ. Баъд чанд халтача тилло, на вобаста ба он ки кадоме туро ранҷур карда ё озурда, тилло бошаду ин миқдор сарвати азимро кадом қабул надорад, хосатан сарвате, ки гӯё интизораш буданд солҳо; интизораш буда ба ивази «Шоҳнома». Ин маблағ ва сарвате буд, ки умри боқимондаи духтари барҳаёти Фирдавсиро муҳайё, серу пур, бофароғату бароҳат карда метавонист… Балки аз ин ҳам зиёдтар карда метавонист…

Вале духтари Фирдавсӣ ба онҳое, ки халтаҳои тиллоро оварда, чунин изҳор намуда:

– Мукофоти падари ман ва ҳамчунин мукофоти модари ман ҳамин «Шоҳнома» буд, ки баъди сари онҳо монда. Худи ман бошам ба мукофоте эҳтиёҷ надорам!

Инро касе гуфта метавонист, ки рӯида буда аз зани Фирдавсӣ. Бале рӯида аз зани Фирдавсӣ. Ва чанд шутур ё чанд фил тангаи тиллоро фақат метавонист рад кунад зан – бигзор барои ин мукофот ба иззати нафси вай расида, иззати ҷадҳои варо муддате зери по кардаанд. Вале фақат зан метавонист ин миқдор дорамии азимро рад кунад. Рад кунад бо чунин ғурури хосаи хештан ва бигзарад бо чунин осонӣ аз баҳри онҳо, ҳарчанд бисёриҳо даъвогаранд, ки зан чизпарасту молпараст бошад, дар аслу бунёдаш…

Аммо зани шоир Фирдавсӣ ва духтари ин зан тамоман дигар буда, чунонки дар боло зикр шуд ва дар асари саҳнавии «Ишқнома»-и Шераки Ориён низ чунин омадааст.

Шераки ОРИЁН,

дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь