Аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани кишвар ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфрасохторҳои нақлиётии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои  стратегӣ эътироф шуда, бо итминон метавон гуфт, ки ба шарофати нияти нек, азми қавӣ ва иродаи хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидем.

Бунёди як силсила иншооти муҳим, аз ҷумла, роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Чанак, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Саритош, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», Шаҳристон, Чормағзак, Шар-Шар ибтикоре мебошанд, ки дар робита ҳадафи стратегии зикршуда амалӣ гардиданд.

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад.

Ҳамватанони мо таҳти роҳбарии Сарвари хирадманди худ корҳоеро ба анҷом расониданд, ки моҳиятан табдили афсона ба воқеият маҳсуб мешавад. Кӣ гумон мекард, ки дар муддати кӯтоҳ, новобаста аз мушкилоту монеаҳои зиёд, мо нақби “Анзоб”-ро, ки баъдан ба пешниҳоди Сарвари давлат «Истиқлол» ном гирифт, ба истифода медиҳему мардум бемалол тамоми фасли сол аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб равуо мекунанд.

Сокинони кишвар азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе – Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт аз ёд намебароранд. Зеро дар ин роҳҳои ноҳамвор садҳо ҳамдиёронамон ҷонҳои ширини худро аз даст додаанд. Модарон гирён, фарзандон нолон ва арӯсон либоси мотамӣ ба бар кардаанд.

Роҳи ағбаи Анзоб ҳар сол тақрибан 6-7 моҳ баста мешуд. Бо вуҷуди ин мусофирон ба хавфу хатар, ҳатто ба марг рӯ ба рӯ шаванд ҳам, аз ин ағба гузар мекарданд. Шоҳиди ҳол будем, ки мардум ҳафтаҳо ё дар Майхӯра ва ё дар мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Фақат ба хотири ин, ки ягон трактор ё булдозер пайдо шаваду мошини онҳоро аз ағба гузаронад.

Яке аз шоҳидони ҳол чунин нақл кард: “Тирамоҳрӯя буд. Ҳамроҳи се нафар меҳмони хориҷӣ ба зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтем. Ҳамсафаронам аз манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо, меҳмоннавозиву қадршиносии ҳамдиёрони Рӯдакӣ болидахотир гашта, бо як ҷаҳон таассурот роҳ ҷониби Душанбе пеш гирифтанд.

Вақте ки ба ноҳияи Айнӣ расидем, борон ба боридан сар кард. Аз диламон гузашт, ки ҳамин ҳоло дар ағбаи Анзоб барф меборад ва шояд ағба баста шавад. Гумонамон рост баромад. Ҳамин ки ба «Ветерок», яъне таги ағба наздик шудем, дидем, ки қатори мошинҳои зиёде истодаанду ронандаҳо аз баста шудани ағба ва дар инҷо шабро рӯз кардани худ ҳарф мезананд. Маълум гашт, ки ағба ба наздикӣ кушода намешавад, зеро дар қисмати Шодмондара баландии барф ба як метр расида будааст. Таваккал карда, то ба Шодмондара рафтем. Вақте дарёфтем, ки илоҷи ба пеш ҳаракат кардан нест, ба қафо баргаштем. Дар «Ветерок» тақрибан ду соат интизорӣ кашидем. Соат аз даҳи шаб гузашта буд.

Тасмим гирифтем, ки ба Панҷакент баргардему тавассути роҳҳои Ӯзбекистон масофаи тақрибан 700 -киломметраро паймуда, ба Душанбе оем. Ва ҳамин тавр ҳам кардем, зеро дигар илоҷ надоштем”.

Ҳадаф аз ёдовар шуданамон аз он айём ба он хотир аст, ки маҳз бо масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсул метавон тамоми шубҳаҳоро ботил карда, собитқадам будан дар иҷрои рисолати ба зимма вогузорбударо исбот намуд.

Имрӯз бо шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст.

Механизми зикршуда дар минтақа иқдоми ҷадид буда, моҳияти пилотӣ дошт. Аз ин рӯ, барои дуруст дарк намудани бартариҳои он аз ҷониби шаҳрвандон вақти муайян лозим буд.

Ибтикороти амалишуда то ҳадде самар овард, ки давоми шаш соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

Дар ин муддат роҳбарият ва кормандони ба фаъолияти Ширкати мавриди назар зиёд мухотаби аҳли ҷомеа буданд ва хушбахтона, тавонистанд, ки бо далелу рақамҳои асоснок аҳли ҷомеаро ба муҳимияти фаъолияти филиали Ширкат муътақид созем.

Хушбахтона, ба шарофати корҳои амалишуда аҳли ҷомеа низ ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтанд ва дурустии созишномаи консессионии зикршударо дарк карданд. Ибрози арзи сипос аз ҷониби ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ солҳои охир ба падидаи маъмул табдил ёфта, моро беш аз пеш рӯҳбаланд месозанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сулҳу ваҳдати пойдор, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат мушкилоти ба роҳи Душанбе – Чанок рабтдошта ва шабҳои сарди зимистонро дар таги ағба рӯз карданҳо рафъ шуданд. Ҳоло мардум бо дили пур ва бе ягон мушкилот саҳар аз Душанбе баромада ба Хуҷанду Панҷакент мерасанду бегоҳ пас мегарданд. Зеро ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони «IRS» роҳ мисли кафи даст ҳамвор аст. Дар маҷмӯъ, алъон роҳи Душанбе-Чанок ба маънои томаш мушкилкушои мардум аст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь