Наздики  як сол мешавад, ки аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ маҳфили фарҳангие таҳти унвони «Оина» ташкил карда шудааст. Ҳадаф аз ташкили ин маҳфил ҷалб кардани насли наврасу ҷавон ба китобу китобхонӣ, тақвият бахшидани маънавиёти мардум ва гиромӣ доштани бузургони адаб мебошад.

«Оина» ҳар моҳ як маротиба баргузор гардида, дар ҳар маҳфил осори яке аз шоирони номвар ба таври густарда мавриди омӯзиш ва қироат қарор мегирад. То имрӯз иштирокчиён аз осори устод Рӯдакӣ сар карда, то ашъори Лоиқ Шералиро мутолиа, азхуд ва дар минбари маҳфил қироат карданд.

Ногуфта намонад, ки дар маҳфили «Оина» хонандагони чор муассисаи таҳсилотӣ (деҳаҳои Ревад, Ёвон, Вота ва шаҳраки Ревад) иштирок карда, маҳорат ва дониши худро нишон доданду медиҳанд. Аз байни иштирокчиён беҳтаринҳо интихоб ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд ва дар оянда низ дар назар аст.

Маҳфили навбатии «Оина», ки 15-уми майи соли равон ба пешвози 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ  баргузор шуд, ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири номвар ва ватанпарвар бахшида шуд. Хонандагон ҳамзамон, бо азхуд ва қироат кардани ашъори шоир, бардоштҳои худро аз шеърҳо ва абёти шоир баён карда, баъзе луғатҳоро шарҳ доданд.

Фаъолон ва беҳтаринҳои давраи «Лоиқхонӣ» аз ҳисоби сарпарасти ҳамешагии маҳфил – раиси Хоҷагии деҳқонии ба номи Бобоҷон Ғафуров Ёқубҷон Раҷабов ба зиёрат ва саёҳати Мақбараи Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Хонамузейи Лоиқ Шералӣ (воқеъ дар деҳаҳои Панҷрӯд ва Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент) фиристода шуданд, ки ин низ дар ҷаҳонбинӣ ва огоҳии насли ҷавон таъсири мусбати худро хоҳад гузошт.

Дар оянда низ мо мекӯшем, ки чунин мафҳфилҳоро зиёд намоем, зеро насли наврас ва ҷавон ниёз ба чунин маҳфилҳоро доранд ва албатта, барои худшиносию худоогоҳии эшон мусоидат хоҳад намуд.

Бахшида ба солрӯзи устоди шаҳир Лоиқ Шералӣ

Умри дароз дорад рӯҳу равони Лоиқ,

Хушбахт бошад он ки дорад ҷаҳони Лоиқ.

Оне, ки ишқ варзад бо ёри дилфиребаш,

Бояд, ки хуш бихонад аз достони Лоиқ.

Сад шукр мегузорам, то ҳаст зиндагонӣ

Аз остони Лоиқ то осмони Лоиқ.

Аз хонаҳои чашмам ӯ рафт хонаи дил,

Сар то ба поям, эй дӯст, худ посбони Лоиқ.

Ҳар кас, ки сӯз дорад, ҳар кас, ки соз дорад,

Ӯ ҳамнишини Лоиқ, ӯ ҳамзабони Лоиқ.

Ин шеъри кӯчаки мо як зарра аз Зарафшон,

Ман – Комрони Аслон аз пайравони Лоиқ.

Рӯзибойи УМАР,

Комрони АСЛОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь