Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2022 ба нозирони минтақавии милитсия ва нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила 5091 арзу шикоят дар хусуси 130 зӯроварӣ дар оила ворид шудаанд, ки аз он 4188 шикоят нисбати мардон ва 885 шикоят нисбати занон ва 18 адад нисбати ноболиғон аст. Тибқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 441 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудаанд. Аз ин шумора 391 парванда нисбати 402 нафар бо ҳукми айбдоркунанда анҷом ёфтааст. Ин рақамҳо назар ба солҳои пешин зиёд мебошанд.

Пеши роҳи хушунатро дастҷамъона мегирем

Имрӯз шарикони рушд барои амалигардонии қонуну барномаҳои давлатӣ ва санадҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак мерасонанд. Филиали Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар консорсиум бо БР СММ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолат»-ро чанд сол боз амалӣ карда истодааст. Мақсади асосии  ин  лоиҳа дастрасии шаҳрвандони осебпазир, бахусус, занон ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба Адолат” Ҳелветас  сиёсати давлатро ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба адолат ва волоияти қонун пурра дастгирӣ мекунад

Оқибати зӯроварӣ талоқ аст

Оқибати зӯроварӣ дар оила ба талоқ оварда мерасонад. Талоқ имрӯз яке аз мушкилиҳои умдатарин барои миллати суннатии тоҷик аст. Ба забон овардани калимаи “талоқ” аз ҷониби мард  на танҳо  парокандашавии оила, балқи ҳукм  барои аз даст  додани манзил ва бесарпаноҳ мондани зан бо кӯдаконаш мебошад. Коршиноси масоили иҷтимоӣ  дар он назаранд, ки дар 80 дарсади ҳодисаҳои талоқ занҳо осеб мебинанд ва зан бо фарзандонаш аз хонаи шавҳар ё хусуру хушдоман ронда мешавад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, сол то сол талоқ дар кишвар зиёд шуда истодааст. Дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бори аввал дар ду соли охир шумораи талоқҳо коҳиш ёфта, шумораи ақди никоҳ афзудааст. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар конфронси матбуотӣ  иброз дошт, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 32 ҳазору 151 ақди никоҳ сабт шудааст. Инчунин ин муддат  дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 370 оила пош хӯрдаанд. Раиси кумитаи занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода афзоиши талоқро дар кишвар ба дарёфти шаҳрвандии Русия рабт дод. Омори расмӣ таносуби издивоҷу талоқҳо дар Тоҷикистонро 8 ба 1 ҳисоб мекунад. Вақте ки оилаҳо пош мехӯранд, ба зан ҳамчун моликият кӯдакон мемонанд. Онҳо куҷо мераванд ва чӣ тавр зиндагӣ мекунанд, на  қонунро, на судро ва на собиқ шавҳару бобою бибиҳоро нороҳат мекунад. Ба кӯдакон як алименти ночиз (120-150 сомонӣ) таъин мекунанд. Бо ҳамин масъала гӯё, ки ҳал мегардад. Масхарабозии дигар дар хонаи собиқ шавҳар маскун кардани зан аст, ки дар 90 ҳолат он иҷро намешавад ва ҳатто зан ба зӯроварии такрорӣ  метавонад рӯ ба рӯ гардад.

Оё аҳдномаи никоҳ талоқро кам мекунад?

Имрӯзҳо баҳс дар бораи ҳатмӣ гаштани аҳдномаи никоҳ дар Тоҷикистон мебошад. Гӯё аҳдномаи никоҳ талоқро кам мекунаду занон бо кӯдакон дар кӯча намемонанд. Аҳдномаи никоҳ қарордодест, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои ду тарафро ҳангоми издивоҷ ва талоқ муқаррар мекунад. Соли 2011 ба Қонуни оилаи Тоҷикистон банде илова карда шуд, ки бинобар он ҳангоми никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён додани аҳдномаи никоҳ ҳатмӣ шуд. Ҳарчанд он барои издивоҷи байниҳамии шаҳрвандони Тоҷикистон низ тавсия шудааст, аммо ин амал ихтиёрӣ сурат мегирад. Вазорати адлия, ҳатто худи вазир  дар он назар аст, ки дар оянда  дар ҳоли ҳатмӣ шудани аҳдномаи никоҳ, ин талабот дар аксар ҳолатҳо риоя нахоҳад шуд. Аз Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи шумораи издивоҷҳо бо аҳдномаи никоҳ маълумоти мушаххас вуҷуд надорад.  Шояд ҳар сол ҳамагӣ 3 ё 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси аҳдномаи никоҳ издивоҷ мекунанд. Он ҳам аксаран аз ҷониби заноне талаб мешудааст, ки як бор хонавайрон шудаву бо фарзандони худ бесарпаноҳ мондаанд. Даҳсолаҳои наздик аҳдномаи никоҳ наметавонад дардхӯри  талоқ  ё  кам шудани зӯроварӣ дар оила гардад.

Аҳдномаи никоҳ барои  мардуми тоҷик як падидаи нав аст. Аксарият бар он назаранд, ки аҳдномаи никоҳ аз Аврупо ба мо омадааст. Аммо далелҳои таърихӣ ғалат будани ин ақидаҳоро исбот мекунанд. Ҳанӯз соли 1932 аз ҷониби бостоншиносон дар ғори Муғи  ноҳияи Айнӣ як Аҳдномаи никоҳи даврони зардуштӣ дарёфт шуд. Маълум гардид, ки он дар асри 8-и милодӣ, яъне 25-уми марти соли 710 байни ашрофи турк Оттегин ва духтараки суғдӣ Дуғдғунча баста шудааст. Он аксари талаботи имрӯзаи қонунгузориро марбут ба бастани аҳдномаи никоҳ ва як қатор мафҳумҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, товони зарар, моликият ва меросро дарбар гирифтааст. Аз ҷумла, Дуғдғунча Оттегинро ӯҳдадор намудааст, ки ба ӯ ҷавоҳирот ва дигар лавозимоти ороишии занона харидорӣ намояд. Ин Аҳднома низ гувоҳи соҳиби қадру қимати баланд будани зани тоҷик аст.

Вале имрӯз Аҳдномаи никоҳ наметавонад кафили таъмини зиндагии пасазҷудошавии оилаҳои тоҷик бошад. Барои  ин заминаи иқтисодии оилаҳо бояд беҳтар буда, мардҳо  ва ҳатто занон бо ҷойи кор ва маоши арзанда таъмин бояд бошанд. Дар шароити кунунӣ ҷорӣ гаштани аҳдномаи ҳатмии никоҳ метавонад сабаби  зиёд гардидани никоҳҳои ғайрирасмӣ  гардад.

Муҳаммади ХОЛИҚ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь