Ба некбинон равшан аст, ки тоҷикон ҳамчун мардумони ориёитабор дар гузаштаҳои дур ба тамаддуни ҷаҳонӣ чеҳраҳои тобнокеро бахшидаанд ва дар кашфи асрори ҷаҳон то андозае пешгом будаанд. Аммо онҳо натавонистанд аз ин дастовардҳои назариявии донишмандони худ комбардорӣ карда, сарзамини хешро ба ҷойгоҳи тавлидгарони мошину олоти киштварзиву саноатӣ, роҳкушоиву борбарӣ, тӯпу борутсозӣ табдил диҳанд. Бодиянишинони нодидаву муҳтоҷи айшу нӯш, пас аз чирамандӣ ба алафчарҳову обшорони густурда ва мардумони андешаварзи ин сарзамин, боварҳои дини исломро барои сарвариву осудаву бегазанди худ ба кор бурданд ва дар дарозои ду – се садсола ҷаҳонбинии аксари озодзодагонро ба сатҳи ибтидоӣ бозгардонданд. Ва мутаассифона, то ҳануз ҳам «аллома»-ҳои дингарои замони мо пешравиҳои аврупоиёнро «моддигароӣ» ва ё баргирифта аз донишҳои исломӣ арзёбӣ мекунанд ва сад дареғ иддае аз ҷавонони мо, ки ғолибан ба пажӯҳишу донишварзӣ сару кор гирифтаанд, он пиндорҳои пуриштибоҳро бо шеваи худбузургбинӣ нек дармеёбанд.

Яке аз он алломаҳо, ки берун аз кишвари мо зистааст ва намехоҳам номашро ошкор кунам, пиндорҳои ба истилоҳи худашон мағлатаро назарияи исломӣ унвон карда, ба яке аз мунаққидони худ чунин дарафтодааст: «Тибқи изҳороти ин бехирадон эронӣ аз тарс хатти қадими худро раҳо карду хати арабиро ба кор бурд, аз тарс ба забони арабӣ беш аз забони форсӣ аҳамият доду барояш фарҳангу қоидаю дастур навишт, аз тарс таълифоти худро ба забони арабӣ навишт, аз тарс ба бачаҳои худ забони арабӣ меомӯхт, аз тарс мафоҳими исломиро дар дили адабиёти худ ҷой дод…» Ва он «аллома» барои зарба задан ба нигорандагони  суханони боло ва пешравиҳои ғарбиёни ғайримусалмон ин гуфтори яке аз ҷонибдорони хешро пешниҳод кардааст: «Одами ғарбзада ҳурҳуримазҳаб аст, ба ҳеҷ чиз эътиқод надорад, аммо ба ҳеҷ чиз ҳам беэътиқод нест, як одами исқотист, нон ба нархи рӯзхӯр ва ҳама чиз барояш  маъние надорад. Худаш бошаду хараш аз пул, дигар буду набуди пул ҳеҷ аст. На имоне дорад, на маслаке, на мароме, на эътиқоде ба Худо ё ба башарият. На дар банди таҳаввули иҷтимоист ва на ҳатто дар банди ломазҳабию бединӣ. Албатта, гоҳе ба масҷид меравад, ҳамон тавр, ки ба ҳизб меравад ё ба синамо, аммо ҳама чӣ фақат тамошочист, дуруст мисли он ки ба тамошои бозии футбол рафтааст, ҳамеша канори гувд (чуқурӣ) асту ҳич вақт ӯро васати гувд намебинӣ, ҳеҷ вақт аз худаш моя намегузорад, ҳатто ба андозаи нами ашке дар марги дӯсте, ё таваҷҷуҳе дар зиёратгоҳе, ё тафаккуре дар соати танҳоӣ… Одами ғарбзада роҳатталаб аст, дамро ғанимат медонад ва на албатта, ба таъбири фалсафа одами ғарбзада шахсият надорад, чизест беисолат…» Нигорандаи навиштори боло китобе унвонии «Ғарбзадагӣ» ба чоп расонда, фасоди Ғарбро дар «мошинисм» низ дидааст. Чуноне дида мешавад рӯҳониёни имрӯз низ аз дастовардҳои техникии садсолаҳои аврупоиёну чиноиҳову ҷопониҳо бо нафрат менигаранд, вале дар ҳавопаймову мошинҳояшон, сайр карда, аз афзорҳои барқиву васоити дигари кашфкардаашон роҳат мекунанд. Ин носипосии онҳо обишхӯри пиндорҳои тасаввуфӣ ва дар пеши андешаҳои техникии садсолаҳои ахир лол монда, шарм карданашон мебошад. Аммо бадкориашон дар он аст, ки ҷавонони ноогоҳи дур аз биниши таҳлилӣ ва ноком аз мутолиаи дуруст, метавонанд ба гуфтаҳояшон бовар карда, аз созандагиву эҷодгариҳои Ғарб худро дар дуриҳо ҷой бидиҳанд. Ноогоҳон дарнамераванд, ки Худованд ба онҳо заминҳои киштбоби зиёд ато кардааст, вале наметавонанд худро бо хӯрока, аз ҷумла гандум таъмин кунанд. Монанди он ки Русия аз киштзорҳояш 95 миллион тонн гандум истеҳсол мекунад ва 59 миллион тоннаи онро кишварҳои Арабистони Саъудӣ, Миср, Покистон, Бангладеш, Эрон (18 миллион тонна) мехаранд.

Намедонам он таассубгароён, ки аврупоиёнро «…дар банди таҳаввули иҷтимоӣ набудан» гунаҳкор медонанд, чӣ посух хоҳанд дод, ки чаро даста – даста одамони кадом мардум, бовармандони кадом мазҳабу дин барои раҳоӣ аз гуруснагиву беморӣ, беҳуқуқиву заҷру ранҷи кӯдакони хеш, барои наҷот ҳангоми убур аз дарёву баҳрҳои самти Аврупо ҷон медиҳанд, дар марзҳои Аврупо дар сардиҳои сахти зимистон, пушти симхорҳои марзбонӣ дастҳои кӯдаконро кафчаи гадоӣ кардаанд. Кадом сармоядори Арабистони Саъудӣ, Дубай, Малайзия ва дигар кишварҳои мусалмонии дорандаи сармояи бешумор, як пули сиёҳе ба гуруснагони кишварҳои Афғонистон, Сурия, хайр кардааст, аммо масалан, сармоядори овозаманди аврупоӣ – Бил Гейтс ҳар сол понздаҳ дар сади даромадашро ба ятимон, беморони саратон ва дигар дармондагон мебахшояд.

Мардумони кадом кишвари аврупоиву яҳудӣ, ки муқаддасоти динниаш дар он сарзамин ҷойгир аст, аз ҳаҷгузорон ҳатто барои як коса об пули ҳангуфт ситонда,  гузаргоҳҳои паямбаронашонро мояи тиҷорат қарор додаанд?

Китобе дар хазина дорам, унвонии «Саргузашти Ҳоҷӣ Бобо Исфаҳонӣ», ки соли 1826 бо хомаи Ҷеймс Юстиниан Мориер, дар ибтидо ёвари сафир, сипас дабири сафорат ва ахиран сафири Бритонияи Кабир дар Теҳрон, нигошта шуда, онро соли 1831 ховаршиноси шинохта О. Сенковский ба забони русӣ баргардон карда, зери унвони «Сайёҳати Мирзо Ҳоҷӣ Бобо Исфаҳонӣ дар Форс ва Туркия», ба чоп расондааст. Мориер дар китоби худ саргузашти ҷавонеро бо номи Бобо нақл мекунад, ки номи ӯ «Ҳоҷӣ» аст. Ӯро ба он хотир Ҳоҷӣ номида буданд, ки ба ҳангоми дар сафари Макка будани падари сартарошаш, дар хонаи падарӣ зода шудааст. Ҳоҷӣ Бобо ночор (аз пушти чаповулгарони туркман) аз дасисаҳои замони носозгор гирифтори сафарҳои пурхатар гардида,  аз нокомиҳо пандҳо андӯхта, дармеёбад, ки аз печу хами рӯзгори носозгор танҳо метавон бо макру ҳила ва дурӯғбофиҳо раҳоӣ пайдо кард. Ӯ бо вуҷуди бесаводӣ бо ҳилаву найрангҳо аз нотавониҳои мансабдорони чун ӯ бесавод, дуздони хазинаи давлатӣ ва ришватситонон кор гирифта, гаҳе пизишки овозаманд, гаҳе ба мартабаҳои ходими давлативу дипломатӣ мерасад. Мо шарҳи ин асари ҷолибро дар ин фурсат лозим намедонем ва як – ду порчаеро аз баргардони русиаш бозоварда, таваҷҷуҳи хонандаро бештар ба он саҳнаҳое ҷалб карданием, ки чӣ гуна мардумони форс англисҳоро «кофирони чиркини беақл» гуморида, ба сару либос, ришҳои тарошида ва шеваи зиндагиашон бо тамасхуру истеҳзо менигаранд. Гарчи аврупоиҳо пиндори камақлонаву худситояндаи шарқиёнро медонистанд, бо лабханду писханд ва бо хандахариши танзомез худро нодону гул нишон медоданд. Инак, порчае аз он китоб:

«После некоторого молчания он вынул часы, не для того чтобы знать течение бесполезного для него времени, но чтоб похвастать ими передо мною, Я воспользовался этим случаем и завел с ним разговор о своём деле.

– Это франкские часы, не правда ли? – спросил я.

– Настоящие франкские! – отвечал он с важностью, передавая их мне для осмотрения. – Других таких часов нет в целом мире.

– Удивительно – воскликнул я. Эти франки, должно быть, народ необыкновенный.

– Конечно, но что проку? – сказал писец. Все они кяфиры, народ тьмы и проклятия.

– Ради имени аллаха! – прервал я вежливо втыкая ему в зубы отнятую от собственных губ трубку, – порасскажите мне что – нибудь о них. Обширна ли страна Фарангистан?  Где живёт царь франков?

– Что вы говорите, друг мой, обширна ли страна? – возразил он. – Фарангистан, то есть Аврупа, обширнее всего света; и царь там не один, а пропасть султанов, королей, герцогов, так что и во сто лет их не пересчитать.

– Но раб ваш слышал, что все франки принадлежат к одному племени и только разделяются на разнык поколения и улусы, управляемые особыми ханами.

– Святейший наш пророк сказал, что все неверные составляют один народ; и это совершенная правда. Извольте видет: все они одинаково бреют щеки и оставляют волосы на голове, носят черные колпаки и наряжаются в узкое и короткое платье; все пьют вино, едят свинину. Поэтому – то страна их называется у нас общим именем: “Дом вражды и подвизания за веру”. Но в том нет сомнения, что они разделены между собой на многие государства….

– На что вы напрасно об них беспокоитесь? Все они одинаковые псы и, буде угодно аллаху, вскоре сгорят в аду, так что и помину о них на земле не будет.»

(- Ин соати фарангӣ аст, ҳамин тавр не? – пурсидам ман.

– Фарангии ҳақиқӣ! Ҷавоб дод ӯ бовиқор ва соатро барои тамошо кардан ба ман дода гуфт: Чунин соати дигар дар саросари дунё нест.

-Аҷабо,- гуфтам ман. Ин фарангиҳо гумон меравад бояд халқи ғайриодӣ бошанд?

– Албатта, аммо чӣ суде аз ин – гуфт котиб. Онҳо ҳама кофиронанд, халқи торик ва лаънаткардаҳо.

-Ба номи аллоҳ! – ягон чизе ба ман дар бораи онҳо нақл кунед. Оё кишвари Фарангистон паҳновар аст? Подшоҳи фарангиён дар куҷо зиндагӣ дорад?

– Чиҳо мегуед шумо, дӯсти ман, кишвари онҳо густурда аст? – бо эътироз гуфт ӯ. Фарангистон ва ё Аврупо  аз ҳама дунё густурдатар аст ва дар он ҷо подшоҳони зиёд, як дунё султонҳо, қайсарон, мулкдорон фармонравоӣ мекунанд, ки дар сад сол онҳоро шумурда намешавад.

– Аммо ин ғуломи шумо шунида будам, ки ҳама фарангиён ба як қавм мансубанд, вале ба улусу қабилаҳои гуногун фасл гашта, аз тарафи хонҳои махсус идора мешаванд.

– Пайғамбари муқаддаси мо гуфтааст, ки ҳама мушрикон як халқро ташкил мекунанд; ва ин ҳақиқати мутлақ аст. Бифармоед, мулоҳиза кунед: ҳамаи онҳо якхела рӯйҳояшонро метарошанд ва мӯйҳои худро дар сарҳояшон мегузоранд, ба сар кулоҳҳои сиёҳ мемонанд ва либосҳои тангу кутоҳ ба бар мекунанд, ҳама май менӯшанд, гӯшти хук мехӯранд. Барои ҳамин ҳам номи кишварашон барои мо унвони ягона дорад: «Хонаи хусумат ва фаъолият барои дин…».

– Аммо чӣ шумо беҳуда дар бораашон ташвиш мекашед? Ҳамаашон сагҳои якхелаанд ва ба аллоҳ маълум аст, ки ба наздикӣ дар дӯзах хоҳанд сӯхт ва ёдкарде дар бораашон рӯйи замин нахоҳад боқӣ монд…). (Джеймс Мориер, Похождения Хаджи Бабы из Исфагана, Москва, 1989, стр. 392).

Муаллифи китоби номбурда, дар саҳнаҳои ҷолибе бо як ҳунари баланди танзу истеҳзо бепарвоии сарвазир ва шоҳро дар нисбат ба сарнавишти раъият бозтоб мекунад. Чуноне ки ҳангоми хуруҷи бемории «гул» (оспа, ки дар Аврупо аз роҳи сӯзандору онро аз байн бурда буданд), дар кишвар маргу мири мардум, ба вижа кӯдакон ниҳоят авҷ гирифта буд, сафорати Англия пешниҳод мекунад, ки ваксинаи «гул» -ро гузаронанд. Аммо шоҳ бо виқор изҳор медорад: «Ман намегузорам, ки ба хуни поки миллати ман доруҳои ҳароми инглисиро бикоранд». Англисҳо дар шигифт намедонанд чӣ гуна шоҳро барои раҳонидани мардумонаш аз маргумири саросарӣ, ба ризоият дароваранд. Вале бо машварат бо дипломати маҳаллӣ дармеёбанд, ки шоҳ матоъи моҳутро бисёр дӯст медорад ва метавон бо туҳфа кардани ду – се баста аз он матоъ (яъне пора додани )иҷозаи шоҳро гирифт. Ҳамин тавр чораро аз роҳи туҳфаи се баста моҳут пайдо карда, мардумро аз марг раҳоӣ мебахшанд.

Соле пас аз ин дар кишвар бинобар сабаби хушксолиҳои пайдар пай гуруснагӣ ба миён меояд. Англисҳо пешниҳод мекунанд, агар шоҳ иҷоза диҳанд онҳо аз Аврупо тухмиеро меоранд, ки ба замин кошта шуда, ҳосилаш на камтар аз гандум одамонро мехӯронад. Ба ин пешниҳоди онҳо шоҳ мегӯяд, ки «ман намехоҳам, ки дар замини муқаддаси ман, тухми зироати кофирӣ корида шавад». Ва ин бор низ шоҳро аз роҳи подоши панҷ баста матоъи моҳут, барои кишти зироати инглисӣ, розӣ мекунанд. Мардуми маҳаллӣ ин зироатро (яъне картошкаро) «себи заминӣ» унвон мегузоранд.

Боре вазир ба Ҳоҷӣ Бобо мегӯяд: «Франки толкуют о каких – то гражданских добродетелях, любви к отечеству, заботливости о благе общем, – молвил везир далее, у нас этого никто не понимает. Это должны быть особенные западные аллегории. Какое нам дело до отечества, или до общего блага? У нас отечество там, где живут мусулмане…».

(Фарангиҳо дар бораи кадом як накӯкориҳои шаҳрвандӣ, меҳр ба Меҳан, ғамхорӣ барои осоиши ҳамагонӣ, ҳамеша суханронӣ мекунанд, аммо ин ҳамаро касе намефаҳмад. Гумон меравад ин гуфтор ташбеҳоти хоссаи ғарбиҳо мебошад. Мо чӣ кор дорем ба Меҳан ва ё хушрӯзгории мардум? Барои мо Меҳан он ҷоест, ки дар он мусалмонон зиндагӣ доранд.)

(Джеймс Мориер, Похождения Хаджи Бабы из Исфагана, Москва, 1989, стр. 411).

Дар ҷойи дигар қаҳрамони асар қавми худро бо аврупоиён муқоиса карда, бартариҳои ҳамқавмони худро муайян мекунад: «Правда, что в сравнении с нами, они казались тварями гнусными, созданными единственно на щепу для адского пламени, и, вероятно завидовали нашему перед ними превосходству…».

(Ба ростӣ, ҳам дар муқоиса бо мо онҳо ҷонварони нафратангезу нопоке мебошанд, ки танҳо ҳамчун тароша барои алангаи оташи дӯзах офарида шудаанд ва гумон аст, ки ба бартариҳои мо дар нисбат ба худашон рашк мебаранд). (Джеймс Мориер, Похождения Хаджи Бабы из Исфагана, Москва, 1989, стр. 412).

Муаллиф дар ҷойи дигари китоби худ одати ташрифоти расмии англисҳоро аз нигоҳи як форс бефарҳангӣ арзёбӣ намуда бо тамасхур чунин тасвир кардааст: «Так, например, посол никак не хотел сидеть перед шахом на земле, с поджатыми под себя ногами: он непременно требовал для себя кресел, да ещё чтобы они были поставлены в таком – то, а не ином растоянии от трону. Он объявил решительно, что во дворец не пойдёт босиком по мостовой и даже не наденет красных чулок, а предстанет перед церемонии в башмаках, точно как в коншне. Мы настаивали, чтобы, по крайней мере, он не снимал своего колпака, из уважения к высокому сану Средоточия вселённой, но он и на то не согласился, не понимая видно, того, что образованные люди только в бане сидят с открытою головою. Статья о церемониальной одежде подала повод к самым жарким прениям. Мы представляли послу, что в платье, сквозь которое все части тела рисуются почти нагими, он не может и на глаза шаху показываться. Тот, с своей стороны, утверждал, что не иначе предстанет перед шахом, как в том же самом наряде, в которм он к своему государю…».

(Бад – он сон, ки чуноне сафир ҳеҷ намехост дар назди шоҳ чорзону рӯйи замин нишинад: вай талаби қатъӣ намуд, ки барояш курсиҳо оваранд ва курсиҳо аз тахти шоҳ ба шакли хостаи онҳо, на ба сурати дигар ҷойгир бошанд. Вай қатъиян изҳор намуд, ки ҳаргиз аз ҷодаи сангфарш побараҳна ба қасри шоҳӣ нахоҳад рафт ва ҳатто ҷӯробҳои қирмизӣ нахоҳад ба пой кард ва дар маросими пазироии шоҳ бо пойпӯш чуноне, ки дар саисхона бошад, ҳузур хоҳад дошт. Мо пофишорӣ накардем, ки ахиран аз рӯйи эҳтиром бар мақоми Маркази Олампаноҳ (яъне шоҳ) кулоҳи худро аз сар барнадорад, аммо ӯ ба ин ҳам розӣ нашуд, ки ба гумонамон дарнамерафт, ки шахсони бодониш танҳо дар ҳаммом бо сари бекулоҳ менишинанд. Нуктаи либоси маросимӣ баҳсу мунозираҳои гарму ҷӯшонро сабабгор гашт. Мо ба сафир равшан карданӣ будем бо либосе, ки аз зераш тамоми қисматҳои бадан урён менамоянд, вай наметавонад ҳатто ба чашми шоҳ намоён гардад. Вай дар навбати худ таъйид мекард, ки ба ҳузури содаву куҳна дар либоси дигаре ҳозир нахоҳад шуд, ҷуз нлибоси дар назди подшоҳи худ ба бар карда.). (Джеймс Мориер, Похождения Хаджи Бабы из Исфагана, Москва, 1989, стр. 404).

Дар бораи худбузургбинии тоҷикон (умуман шарқиён) сухани ногуфта бисёр аст, аммо на ҳама пай бурдаанд, ки яке аз вопасмониҳои мо реша дар худбузургбиниҳоямон дорад. Ва инро мардумони Аврупову Русия хуб пай бурдаанду дар гуфугӯҳои ҳамдигарӣ бо тамасхур ёд мекунанд.

Зафар Мирзоён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь