Бибии худораҳматиам ҳар сол вақте ки рӯзи Ғалаба наздик мешуду ҳама дар бораи солҳои ҷанг хотираҳоро ба ёд меоварданду аз радиову телевизион ҳар лаҳза садоҳои матбут ба ҷангу ғалаба баланд мешуд, қиссапардозиҳояшонро боз аз нав сар мекард.

Одатан бибиям ба мо бисёр қисса нақл мекард ва ҳама саргузаштҳои худ аз саргузаронидаашон буд. Вақте медид, ки ман китобҳоямро ба наздам қатор карда дарс тайёр мекунам, якеро гирифта ба чашмонаш наздик мебурду ҳиҷо ба ҳиҷо хонда, пас мегуфт: “Саргузашти маро ҳам нависӣ, чанд китоб мешавад…”

Аз рӯи нақли бибиям, модараш баъди тавлиди бибиям фавтидааст ва падараш ӯро парвариш мекардааст. Вақте ки ӯ ҳоло 7-8 сола будааст, ҷанги хонумонсӯз оғоз гардида, бибиям аз ягона сарпаноҳу такягоҳи хеш маҳрум мондааст. Зани дуюми падараш, ки дар пеши падараш меҳрубониҳои дурӯғин мекарду дар ғайбаш пасмондаи таги дегро, ки одатан ба сагҳо медиҳанд, ба ӯ медод, табиист, ки дигар ӯро ба хона нағунҷонидааст. Баъд сар мешавад саргардониҳо. Саргардониҳое, ки оғозашон буду анҷомашон на!

Намедонист, ки бо падараш чӣ шуд. На хати сиёҳ омаду на тобуташ ва на зиндаашро боре дид!

“Шумо ҳозир ба қадри ин тинҷию оромӣ намерасед, шиками гуруснаю пойи бараҳнаро надида бошед, як каме либосу пояфзолатон куҳнатар шуд, тамом, сӯи партов ҳаво медиҳед. Шукр кунед, бачаҳом, шукр кунед.”-мегуфт бибиям.

Оре, ҷанг хонасӯз аст, агар комилан гӯем, хонадонсӯз аст. Ҷанге, ки ҳазорон писарро аз оғӯши падару модар канда ҳазорон занро аз ҳамсараш ҷудо карда, чандин тифлро аз падар бенасиб гардонид, алҳақ хонасӯз буд. Ҷанге, ки як зан то охирин лаҳзаи ҳаёташ бо ашки талх ба ёд меовараду сарчашмаи тамоми бадбахтиҳояш медонад. Ин зан моро низ тарбият намудааст. Ин зан монеаҳои сангинро паси сар намудааст ва бо ҳазор машаққат барои иқболи худу фарзандонаш кӯшидааст. Ин гуна занҳо алҳақ, ки басо қавиянд, қавитар аз аксар мардон. Ва яке аз чунин занон бибии ман буд.

Мафҳуми “хидмати Модар-Ватан” аз ин ҷо бояд маншаъ гирад. Модарон барои оромии Ватан як пораи дили худ-фарзандонашонро ба ҷанг мефиристоданд, ки бигзор дили ман аз фироқи фарзанд оташ гирад, вале Ватан ором бошад. Мардон бошад барои ҳифз ва таъмини озодии зану фарзанд ва модару падари хеш ба ҷанг бархоста буданд. Занон ҳам дар ақибгоҳ то заррае, ки метавонистанд, меҳнат мекарданд. Бибиям мегуфт, ки “аз танӯр нонро канда ба сабад мепартофтем, чун аз танӯр нони дигарро канда ба сабад нигоҳ мекардем, ки нон нест.”

Имрӯз ҳама шоҳиди онем, ки барои ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавонписарон ҳар соле ду бор “аблава” бо онҳо бозии “мушу гурба” мекунад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад наворҳое, ки ҷавононро маҷбуран ба мошинҳо андохта мебаранд ва доду фиғонашон ба фалак мепечад, пур мешавад. Ин барои ҷавонони миллат шармандагист. Куҷост он ҳуввияту ғурури мардона?! Чаро мо имконият додем, ки “аблава” ба вуҷуд ояд. Магар ин моро дар назди ҷаҳониён хандахариш намекунад?!

Ба ояндаи Ватан нигарон мемонем!

Шумо чӣ ақида доред?

Ангубин

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь