(Барқ: Афсонаи гузашта ё имрӯза?!)

– Оча, очаҷон!

– Лаббай, ҷони оча, лабай бачам?

– Мегум имрӯзам барвақт сарора дар болишт мемонем?

– Чӣ илоҷ, дар фасли тирамоҳу зимистон то аввал ё миёнаи фасли баҳора кор аниқ ҳами хелӣ давом мекунад…

– Охир меган, хирс дар зимистон ин қадар хоб намерава-ку?

– Э, бачаи содае, ҳоле, ки мо дорем ҳамун хирси бӯрам надорад…

– Чӣ хелӣ? Наход як ҳайвони даррандаи паҳлавон тоқати кори одамира надошта бошад?

– Содаӣ, сода, ина худат гӯш кун: дар як сол мо шаш-ҳафт моҳ бе барқ, бе газу гармӣ зиндагӣ мекунем, хӯроки дуруст ҳам нест, боз даводави зинда мондан, интизори марду ҷавонои дар дурию  ғарибӣ кормекарда, эҳ кадомиша гап занам, магар хирс ҳамин қадар мушкилот дорад? Хубуш чашмота пӯшу хоб рав, хоб…

– Оча, очаҷон!

– Бо чӣ гап? Чашмота пӯш!

– Мегум, фарқуш нест…

-Чихелӣ?

– Охир чӣ фарқ ҳаст, ки чашмора мепӯшӣ ё не, шаб хона ай гӯрда ҳам торикай!

– Биё моне, азоби охират масъалаи дигарай, лекин хайрият, ки унҷа дига ин проблемаҳои заминӣ як тарафаю интизории барқу газ нест, ҳаминда ҳам шукр, сад шукр!

– Оча, очаҷон, наход ҳамин қадар  дилут ай зиндагӣ монда боша?

– Бачаме, ай зиндагӣ не, зиндагӣ ширинаю орзуҳо ура бо чӣ қадари дига ширинтаруш мекуна, ай ҳамин як-ду мансабдору вазифадор дилсарду хунукдил шудаму корҳо дуғов шудагияй, ҳаму дар давраи саюзам аввал гуфта будан, ки Каммунизм месозем…

– Кадом Каммунизма? Калхози Каммунизм ҳаст-ку?

– Не, у Каммунизма не, биҳишта дар замин бояд месохтем, барои ҳамин шава шав нагуфта меҳнат кардем, роҳ сохтем, канал кандем, калхозу савхоз бунёд кардем, пахта коридему «пахтаҷон пахта» гуфта, чӣ қадар ҷони сияҳ канда, чӣ қадар ҷон канда, ҷон дода, намурдем, баъд Хрушёв омаду кукуруз кориду…

– Чӣ хелӣ кукуруз? Ҳаму поп-корна меген?

– Ҷуворимаккаи худамона. Ҳама ҷода ҳай коридем, ҳай коштем, ки ай нони маккагӣ ҳам безор шудем. Ана баъд Брежневи қошғафс омаду… Агарчи аспу моли мардума кам кард, лекин зиндагӣ хела хуб шуд. Нону хӯрока парешон шуду беқадр, мактабу балниса, китобхонаю чойхонаҳои калону хушрӯ буду қариб ҳамаш бепул, мардум ҳам пулдор шуд. Қариб ҳама бовар кард, ки биҳишт агар бошад ҳаминай, хела зиндагӣ соз гашт, нотарсида ай Далний Васток то у лаби дунё, то Калинграду Мурманск мерафтему як кас намегуфт, ки дар куҷо мегардӣ, дар замин ё осмон…

– Чӣ хел? Милиса набуд?

– Милиса, суду пракурор буд, қонун буд, лекин мо ҳама гражданини Саветский Саюз будему ин давлата СССР мегуфтанду «Ленин – бародар, раҳнамо». Ихели дар торикӣ намешиштем, свету газ доимӣ буду барфу борон ҳамаш вақт-вақтушда меборид. “Ов нестай, ованбор пур нашудай” гуфтани гапу калоча умуман набуд…

– Баъд чӣ шуд?

– Бало!

– Чӣ хелӣ бало? Настаяший бало ё ягон филми ужасира диден?

– Ҳақиқӣ! Гарбачёви холбасар омаду мардума хок ба даҳану хок ба сар кард. Мардум ҳам фаҳмидану кадом шеърдону шоирсурате гуфта буд, ки: «Дар саруш холай, охирзамонай, балои ҷонай» ва пас у қилиқои ҳархеле кард, ки перестройка, бозсозӣ-ошкорбаёнӣ, «ай хови гарон хез!» ва ина ҳамитари кору гап бисёр шуду мардум беқарор. Оҳиста-оҳиста суханбозӣ бисёру кор кам ва ризқу рӯзӣ ай уда камтар гашт, одамон барои нон, собун, дока, руған, гӯшт дар очераду қатор рост шудан…

– Бовар надорӣ? Ин масъала-да ҳоли худмон шоҳем. Пул боша… Гап-гапи пул ҳозир. Пул боша молу колои хитоӣ пур. Кор ҳам нафорамон, ҳамин лелепуто омада кор кардесан, фақат мегум бисёри бадан чӣ, ки омадесану омадесан… Тарсум ай ҳамияй, ки яке омада ҳами ҷоҳои худмонда пастаяна наистан…

– Баъд чӣ шуд?

– Гарангум кардӣ, биё хубаш хоб кун…

– Оча, оча, охир ҳоли соат ҳаштунимай…Гуфти бибим «детский час»…

– Э, худораҳматии бибит рост мегуфт, лекин барои у вақто рост мегуфт…

– Баъд чӣ шуд?

– Э, як замоне дунё нотинҷ шуду ҳамаҷо валангор. Байевику камандирои зиёде ҷанг мекунем гуфта, на дигар замин монду на техникаю савхозу калхозо. Ҳамара барои ҷанг гуфтану бозор бурда, пул карда ба кисаи худшон заданд. Ҳатто даҳмарда бо як таяқуш монду рамара зӯрозӯр пеш-пеш карда рафтан. Ҳами фермаи Петров ҳам ҳазорҳо гов дошт. Ҳозир на мол, на шиферу на девор, фақат чор сутуни сангӣ мондаю халос. Мегум вайронаҳои тахти Ҷамшед бошаву афсонаи бобоӣ. Дигар мардум дарбадарӣ диду гуреза гашт…

– Сулҳ шуд-ку?

– Шукри тинҷӣ, сулҳ шуд. Оши оштӣ додану мардако миёнора баста, ҷомаи оштигӣ пӯшидан. Ай пайи кор шудан, хеле корои хуб шуд…

-Хай, ин хубай, леки ҳоли ҳам отам нест-ку? Свет шавои тирамоҳу зимистон нест? Раҳо каҷу камбағало саргардон…

– Э бачаи сода, отат дар Расия мардикорӣ мекуна, аввал дар қишлоқи худмон бист-сӣ сол малимӣ карду галстука сахт баста мерафту боботу бибит хурсанд буду сари ман дар осмон… “Маълимҷон” гуфта локиҳоша  крем мекардуму кастуму брукоша утук, лекин шумо калон шиден, апоҳотда оқсақоло омадану увора шӯ додан даркор буд. Ина ҳамитарӣ  барои тӯй сандуқ, косаву тавақ, ҷевону  болишт… даркор шуду пули маълимӣ нарасиду гову буғзолаи хонанги ҳамара фурӯхтем. Ана баъд тӯшаи раҳа сари китф карду ай раҳматии бибит дуо гирифт. Худораҳматии бобот, ки худуш каммунисти бовиҷдон буду худшам маълимӣ мекард, ай ғаму ғусса ва шайтонбозии чанд каммунист ғамкасал шуду бечора ормонӣ ҷон дод…

– Оча, оча, мегум чиба дар ҳу хонаи Сафар-банкиру Тоҳир-бизнесмен ҳама вақт свет ҳасту уво чӣ хелӣ чор-панҷ мошин дорану се-чор қаср сохта тонистан?

– Суҳробҷон, бачам, ҳоли ҳам бачаӣ. Аввалуш, уно чаққонан, вақти бепулии мардум дар як лаҳза ким-чӣ хел корора кардан, даҳани мардума пӯшида намешава. Меган, ки сафедӣ бурдану пеши кору раҳшон сафед шуду ана тағоҳош корои калонда гузаштану ҳамашон савораю  қасрнишин гаштану каттагӣ карда мегардан… Бою бадавлатан, гаҳ-гаҳ хайру худоӣ ҳам мекунанд. Мегум мардакора Худо додшон… Пул метану свети ҳамамона мехарану дар хонаи худшон сар метан…

– Оча, очаҷон!

– Хоб кун бачам, шалпар шудуму чашмомда хоб омад, хов кун, ки якта-нимта барфай ё боронай омадесай, саҳарӣ курчака ёфта бомора тоза кардан даркор мешава… Яке ҳаму обанборои Нораку Бойғозӣ, Сангтӯда серов мешававу саргардонӣ тамом… Ҳозир хов кун…

– Майлуш оча, дунё ба умед меган…

– Ҳоба бачам, ана и гапут мефорам, хоби ширин…

– Шумода ҳам хоби ширин…

Cабзаалӣ  АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь