Инсон ягона мавҷудест, ки тавонистааст аз роҳи ақлу хирад ё бошуурияш ба ҳақиқати ашёву ҳаводиси ҷаҳон огоҳ шавад. Кистии худу чистии ҷаҳонро дарк намояд. Бо дарёфти ҳақиқати воқеӣ аз олами мавҷуд тавонистааст фарояндҳои наверо бавуҷуд оварад ва садҳо пойгоҳҳоеро созандагӣ намояд то мушкили хешро саҳлу содда намояд.

Дар баробари неруи хирад инчунин инсон дорои ҳиссиёт ва ғаризаву хоҳишҳову ваҳму хаёл аст, ки онҳо низ дар шаклгирии сохтмони шахс метавонанд таъсиргузор бошанд. Гоҳҳо таъсири нерӯҳои зикргардида бартар аз таъсири нерӯҳои хирадист ва ин онҳоро низ таҳти таъсир қарор медиҳад.

Дар шинохти инсон бояд ҳамеша ҳар ду омили баробар дар назар дошт. Аз як сӯ эҳсосро ва аз сӯи дигар хирадро. Ҳардуи инҳо дар шаклгирии тафаккуру ҷаҳонбинии инсон баробар таъсир гузоранд. Инсон яъне эҳсосу хирад бо ҳам аст. Эҳсос бидуни шуур холӣ аз таақул аст ва шууру таақул бидуни эҳсос холӣ аз манзалати инсонианд. Ин ду агар аз фаҳми ҳам ғофил шаванд, ҳеҷ як дар танҳоӣ наметавонад ба булуғ расад ва онҳо танҳо дар ҳамбастагию ҳампайвастӣ метавонанд якдигарро такомул диҳанд ва камолоту булуғи шахсро ба миён оваранд. Гумон накунед, ки бештари мардумон  ҳардуи онҳоро онҳоро дуруст шинохтаану ононро ба камолот расонидаанд. Вақте ҳардуи ин омил ба дараҷаи баланди булуғи худ расидаанд, инсон аз нигоҳи дарку андеша ба камолот мерасад. Ҳастанд нафароне, ки таҳсил кардаҳоеанд, аммо бештар аз ин ки дар онҳо хирад ташаккулу такомул ёфта бошад, ҳис дар онҳо ҷамбаи тақвиятӣ дорад. Гарчӣ донишгоҳҳеро хатм намудаанд, вале ҳанӯз соҳибназар нестанд. Ҳануз дар дарки воқеият мушкил доранд.

Одатан дар мо шинохти як нафари таҳсилкарда ё огоҳро аксаран аз тарзи пӯшиш ва аломати зоҳирии он мардумони одддӣ тафриқаву  баҳогузорӣ мекунанд.Фарқ миёни як фарди таҳсилкарда бо як фарди таҳсил нокарда, вижагиаш дар либосу зоҳир муайян намешавад, балки дидгоҳ, андеша ва хирад метавонад онҳоро аз ҳам фарқ намояд. Нафаре метавонад зоҳир ва малоблиси оддие дар тан дошта, вале аз лиҳози дониш андеша ва хирад саршор ва огоҳ бошад ва дар айни замон нафаре метавонад малобиси пур зарқу барқи батан дошта вале аз назари андешаву дарку фаҳм дар сатҳи поёни тафаккур қарор бигирад. Ҷоҳилӣ аблаҳи ва нодониро намешавад бо зоҳири ороишдода дигаргун намуд. Масъала он аст, ки аксаран мардум ба зоҳири ҳар падидаву ашё таваҷҷуҳ мекунанд ва арзишгузории онро аз диди зоҳирӣ баҳогузорӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки зоҳирпарастӣ ва бидуни андеша таҳлил, арзёбӣ кардан ва ё баҳогузорӣ кардан ба падидаву ҳодиса чандон саҳеҳ ва воқеъбинона нест. Ин аст, ки аксаран дар ҷомеаҳо шахсиятҳое, ки хирадандеш ва зеҳнияти огоҳ доранд дар ҷомеа ношинохта мемонанд. Ин ҳам пеш аз ҳама бархурд мекунад бо он ҳиссу бардошти зоҳирие, ки авом аз афрод арзёбӣ менамоянд. Чунин тарзи баррасии масъала духура нокомил ва то андозае воруна аст. Нисфи аз мушкилоти  иҷтимоӣ ва маънавие, ки дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа ба вуқуъ мепайванданд инҳо пеш аз ҳама аз ҳамин ҳисандешии аҳли ҷомеа маншаъ мегиранд. Дар ҳоле ки онҳо наметавонанд ҷанбаҳои моҳиятии  фардро аз қабили истеъдод, ҳунар офаринандагӣ, тавоноӣ, таъсиргузорӣ, қобилият ва амсоли ин нерӯҳои моҳиятии инсониро арзёбӣ намуда, дар бобати шахсияти он қазовати дурустеро анҷом диҳанд, инъикоси яктарафа ва ҳиссию тахаюлӣ аз фард ба вуҷуд меояд, ки онро ҳамчун воқеият қабул мекунанд. Дар баробари ин, ҷиҳатҳои хирадӣ ва моҳиятӣ пушидаву нокомил боқӣ мемонанд, ки афроди оддӣ наметавонанд онро аз назари таҳлилӣ ва хирадӣ баррасӣ намоянд. Яъне набуди андешаи таҳлилӣ ва хирадии дарки ҳолатҳо ва вазъиятҳо боиси он мегардад, ки минбаъд бо гузашти замон тарафи дуюми фард яъне ҷамбаҳои моҳиятиву пушида ошкор шаванд. Дар натиҷа як навъ духурагие байни шинохти аввала, ки бар пояи эҳсос буд ва шинохти баъдӣ, ки бар пояи дарки неруҳои моҳиятист ба вуҷуд меояд ва фард гумон меварзад, ки дар шинохт нисбат ба ашёи даркушудаи қаблӣ (ё шинохти фарди алоҳида) иштибоҳ кардааст. Чунин навъи иштибоҳот дар аксар ҳолатҳои шинохт чи дар фардҳои алоҳида ва чи дар раванду ҳодисаҳо метавон ба осонӣ мушоҳида намуд.

Инсон шудан ба маънои ба  булуғи инсонӣ расидан, яъне соҳибназару соҳибхирад будан заҳмати зиёде талаб менамояд. Мутолеа мехоҳад, ранҷ мехоҳад ва шабзиндадорӣ мехоҳад. Ин ба он маънист, ки ҳеҷ як донишманд ва ё нобиға бе ранҷу заҳмат наметавонад ба дараҷаи баланди нубуғи худ бирасад. Ҳарчи қадар дарку фаҳм тамомтар шавад ҳамон қадар хиради инсон боло меравад, ташаккул меёбад ва дарку фаҳмаш дар нисбати ҷаҳон дигаргун ва комилтар мешавад. Дар баробари ин ҷуёию пуёияш низ бештар боло гирифта, пурсишҳои зиёдеро вобаста ба чунию чароии ҳастӣ бештар матраҳ менамояд. Инчунин, бо ин пурсишгарӣ аксар аз муҳокимаҳоро мавриди тардид ва баҳсу муҳокима қарор медиҳад. Касе ки мехоҳад комил шавад, бояд ки ба маърифати баланди дарку фаҳми воқеият бирасад. Барои ба сатҳи маърифати ҳақиқати ҷаҳони ҳастӣ расидан заҳмати пурранҷ ва таҳҳамулу ҳавсалаи зиёд металабад. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама раҳо шудан аз иддае тааллуқот ва озодии фард зарур аст. Инсони вобаста ва дар доираҳои маҳдуд боқимонда наметавонад олами ҳастиро ба тарзи воқеӣ ва он тавре ки ҳаст бишносад. Зеро вобастагии фикриву андешаӣ инсонро маҳдуд месозад ва ӯро намегузорад, ки дарки олами ҳастиро бо диду назари хосаи худ, ки аз таҳлилу шинохти илмиву таҷрибашуда бархостааст бирасонад. Ҳарчанд дар раванди иҷтимишавии фард аввалан маънавиётро аз шаклҳои шуури ҷамъиятии мавҷуда дарёфт менамояд, вале дар марҳилаи ба камоли маънавӣ расидан бори дигар тамоми омӯхтаҳои худро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар заминаи маҷмӯи арзишҳои то ин замон мавҷуд буда, назари хосаи худро дар мавриди падидаю ашёҳо ҳосил мекунад.

Қобили зикр аст, ки инсон вақте соҳибназар мешавад ӯ дар баробари ҳар ҳодисаю воқеа назари хосаи илмии худро ба миён меоварад ва дорои ҷаҳонбинии назаривӣ мегардад. Ҳамчунин аз соҳибназар шудан ҳам як навъ лаззоти маънавӣ мебарад. Лаззат бурдан ҳам замоне ҳосил мешавад, ки фард маънии онро фаҳм карда бошад. Манбаи онро шинохта бошад. Инсон чи гуна метавонад аз суханони касе ки онҳо дорои маънии баланд набошанд ва аз лиҳози мантиқӣ дорои ғалат ва ноҷурию норавонӣ бошанд лаззат бибарад. Қайд кардан ҷоиз аст, лаззати маънавӣ ва лаззате, ки аз шинохти ҳақиқати ҷаҳон ба даст меояд, он дараҷаи баланди лаззати инсонӣ ба ҳисоб меравад. Баръакс гоҳе ки инсон дар фаҳму дарки воқеиёт ба ваҳму тарс дода мешавад, он аз ин гуна ақидаву шинохт на танҳо лаззат намебарад, балки ба ваҳшат низ дода мешавад. Ҳамин аст, ки андешаҳое, ки аз мағзи таассубию хурофотӣ ва бовармандӣ ғизо мегиранд онҳо на танҳо инсонҳоро ба саодату лаззати маънавӣ намерасонанд, балки онҳоро ваҳшатзадаву тарсу мегардонанд, ҳатто аз рад кардан дар баробари онҳо ё шаккеро раво дидан ба ин ё он андешаи боварманд бисёр ба сахтӣ ва хушунати дарунӣ қабул мекунад.

Инсон гоҳе, ки ба огоҳӣ мерсад, он нисбӣ будани ҳар гуна андешаро дармеёбад ва ҳатто аз ин ки амалкардҳояшро ба таври ҳамешагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад аз иштибоҳе ки худ дар ин ё он марҳила анҷом додааст, чӣ аз лиҳози шинохту ҳукм кардан ва чӣ аз лиҳози амалкарду рафтор аз он сабақ мегирад ва аз ҳар гуна шикасту афтодан идомаи роҳро барои муваффақ шудану боз ҳам ба камоли инсонӣ расидан ҳамвор мегардонанд. Баръакс нафари таассубӣ ва вобастаи афкори дигарон ӯ аввалан иштибоҳи хешро эътироф намекунад, зеро дар афкораш ӯ дорои ҳеҷ гуна иштибоҳоте нест ва ҳамин гуна таассубият боиси он мегардад, ки як ғалат ё иштибоҳро борҳо такрор намояд. ӯ шикасту афтоданро на аз омилҳои ба худу атроф мансуб буда, балки вобастаи омилҳои фарозаминӣ медонад. Ҳамин аст, ки ин нафарон шикасту афтоданро на барои аз он сабақ гирифтану дар оянда як роҳи муваффақ шуданро сохтан, балки онро ҳамчун поёни кор меҳисобанд. Вақте сафи чунин афрод меафзояд табиӣ аст, ки ҷомеаро эҳсоси навмедӣ фаро мегирад.

Яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи таассубзадаю хурофотӣ ин навмедии сар то сарӣ дар байни афроди ҷомеа аст. Масъала ба он гиреҳ мехӯрад, ки фарди таассубзадаву хурофотӣ, ки наметавонад аз чорчӯбаҳои боварҳои худ берун равад ва як масъаларо аз чанд зовия ва дидгоҳ мавриди баррасиву таҳлил қарор бидиҳад, сабаб мешавад, ки дар тасмимгирӣ ба мисли ин ки як инсон на дар ҳоли ҳаракат, балки дар ҳоли якҷо пой куфтан монанд аст. Решаи ҳамаи инро нодонӣ ва таассуб ташкил медиҳад, ки дар пайи худаш ҷаҳолатро дар зеҳни фард ба вуҷуд оварда ҷойи ин ки масъаларо аз роҳи хираду таҳлили ақлонию мантиқӣ ҳал намояд баръакс онро аз роҳи зулм кардан зурӣ ва ғаризаҳое ки хоси ҷангал ҳастанд мехоҳад ҳал намояд. Ҳамин аст, ки ҷомеаи таассубзадаву хурофотӣ пур аз зулму истибдод аст, ки он ҳам берун омада аз нодонӣ ва таассубият аст. фарди таассубзадаву хурофотӣ чун роҳи ҳалли мушкилиро бо донишу хирад дар намеёбад он ҳамеша ё бо зуриву ҷаҳл мехоҳад масъаларо ҳал намояд ё баръакс ноумед ва манфиандеш мешавад, ки дар натиҷа вақте ки ин ҳолат афроди умумии ҷомеаро фаро мегирад ҷомеа низ ҷомеаи оқибмонда, ғайри фаъол ва аз назари банду басти иҷтимоӣ дар ҳоли аз ҳампошидагиву навмедии умумӣ қарор мегирад. Дар ин гуна ҷомеа андешаи ғолиб он аст, ки ҳалли масоили иҷтимоию инсонӣ ба онҳо ҳеҷ вобастагие надорад ва роҳҳали он марбут ба қувваю неруҳои мармузи осмонӣ аст, ки ин навъ ҷомеаро метавон ҷомеаи тақдирзадаву хурофотӣ унвон кард.

Ҳар қадар сафи инсонҳои огоҳ, донишманд ва хирадандеш дар ҷомеа зиёд гарданд, ҳамон қадар мушкилоти иҷтимоӣ камтар мешавад. Зеро ин афроди огоҳу донишманданд, ки дарки озодиву истиқлол доранд ва инҳоянд, ки метавонанд ба шахсият табдил ёбанд ва дар раванди иҷтимоӣ таъсиргузор бошанд. Сафи афроди офаринандаву ҳунарманд зиёд мешаванд. Барномарезиҳои илмӣ дар тамоми соҳот бавуҷуд меояд ва роҳҳҳалҳои мушкилоти иҷтимоӣ на бо роҳи таваккуливу бебарнома, балки тавассути омӯзиш ва таҳлилу муқоисаҳо сурат мегиранд. Ҷомеа ба ҷомеаи пуё ва дар ҳоли таҳаввул табдил меёбад, ки дар он амвоҷи навшавӣ ва навандешии пайваству давомдор ба вуҷуд меояд. Дар маҷмӯъ ҷомеа ба  самти рушд тамоюл менамояд. Дар дарозои таърихи башар низ ин инсонҳои огоҳ ва соҳибандешаву соҳибназар будаанд, ки ҷомеаро ба ҳайси равшангар ба самти рушаноӣ роҳнамун намуданд. Булуғу камолот ва пухтагии башар низ дар соҳибхирадиву соҳибандешагии ӯст, ки моҳияташ низ дар он ифода гардидааст.

Исомиддин ШАРИФОВ,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь