Тибқи қоидаи нав, ҳар нафаре, ки ба рухсатии меҳнатӣ мерафт, бояд гузорише менавишт, ки дар муддати истироҳат чӣ кор карду дар куҷо буд. Ман низ гузорише навиштам… ва онро пешниҳоди ҳамагон намудам. Қазоват аз Шумост…

Ба Самъи Шумо бо эҳтироми каппа-калон мерасонам, ки ман ба муддати як моҳ, оғоз аз 16-уми октябри соли 2017-уми мелодӣ то 16-уми ноябри соли 2017-уми мелодӣ, мутобиқ ба моҳҳои сафари соли 1439-уми ҳиҷрӣ-қамарӣ ва меҳргон-обонмоҳи соли 1396-уми ҳиҷрӣ, яъне як моҳи пурра дар истироҳат будам…
ИСТИРОҲАТ… Аҷабо! Аҷаб кайфияту аҷоибот хушнудие дорад! Истироҳат дар истироҳатгоҳҳои гармчашмаю канори… Оҳҳо, истироҳат дар лабею бо лабе… Оре, истироҳат дар курраи Замин, дар ҳамаи материк-қитъаҳои он аҷаб қудрату нерӯ мебахшад. Аниқтараш ба кас хеле хуб, хушу хушнудона мефорад!
Масалан дар қитъаи Амрико!
Аз сардиҳои шимолии Канадаю наздик ба он аз хунукиҳои Гренландия, истеъмоли яхмоси табиӣ ва нӯшидан аз обҳои тозатарини ҷаҳон аз пиряху ҷавоняхҳои Уқёнуси шимолии ҷаҳон, даме дар ҳаводиси бузург қарор доштан ва хӯрдани қурутоб бо хешу ақрабои Муродулло, яъне Доналд Трамп, нимнигоҳе накардан ба экс-президенти ИМА Барак Обама, аҷаб кайфияте дорад! Даме дами беғам задан дар Кубаю Аргентина, Бразилияю стадионҳои бузурги он ва нӯшидани қаҳваи «Пеле» бо Пеле худ истироҳати воқеист!
Африқо! Оҳҳо! Истироҳат дар ин вақтҳои сармо дар қитъаи дӯстдоштаамон – Африқо ҳам хеле хотирмон мегузарад! Пойи луч роҳ гаштан дар қумзорҳои Сахара фоидабахш ҳам ҳаст! Ҳамчунин дар биёбонҳои Саҳрои Кабиру канори дарёи Нил, андаруни аҳромҳои Миср ва баҳравар шудан аз симои нуронию қирагун ва сиёҳмушки бонувони танзаниягию тунисӣ, мароккоию зимбабвиягӣ, яъне санамҳои африқоӣ худ истироҳати воқеист!
Аврупо! Истироҳат дар Аврупо! Ин қитъаи паҳновар касро болидарӯҳу хушнуд мекунад! Оғоз аз Исландияю Англия, Испанияю Италия ва то ба дашту домонҳои паҳновари сарзамини Рус ҳама ҷо истироҳатгоҳ мебошад! Бо мавҷ-мавҷи муҳоҷирону сайёҳон рафтан ба ин қораи васеъ ва дар зиёд кардани аҳолии он худ фоидаи дигаре дорад!
Австралия! Бале, инҷоро беҳуда замини ҷанубӣ нагуфтаанд! Савори кенгуру ва будан байни аҳолии таҳҷоӣ, дидани пешрафту комёбиҳои ин манотиқ ба истироҳат истироҳати дигар зам мекунад! Ва сари қадам қадам мондан ба Антарктида ҳам касро хунсарду боҳуш менамояду вақти истироҳатро зоеъ кардан нашояд!
Осиё! Оғоз аз Япония, Корея, Хитой ва то ба кишварҳои ҳамсоя худ як ҷаҳони дигар ҳаст! Расму ойин, забону дин, чеҳраю нажодҳои мухталиф, ин ҳама дар гаҳвораи Шарқ ба ҷунбиш омадааст!
Филу уштур, тимсоҳу каркадан, говмешу гӯсфандҳои шашликбоб ва олами парандагони гуногунрангу гуногунбол, гуногуновозу гуногунсурат – ин ҳама дар ин минтақа хеле зиёд аст!
Диёрам! Оре, истироҳат дар ҳама манотиқи кишвар худ ҳаловати дигар, рангу бӯи дигар дорад!
Баъзан кас ҳайрон мемонад, ки дар куҷо, кай, чӣ хел истироҳат намояд… Истироҳат… Худ ҳамин мафҳум ба шахс истироҳат мебахшад ва… Чӣ? Чиро диҳам? Китоб? Кадом китоб? Китоби «Географияи ҷаҳон»? Дар дасти ман? Мактаб меравӣ?
Эъъъ паате… ана тамоман кайфа парондӣ!
Оббо! Даме китоби «Георафияи ҷаҳон»-и писарчаамро дар бағал гирифта, аҷаб фикрроние кардаам!
Эъъъ пааате, аниқ кайфа паронд! Акнун гузориш аз истироҳату худи истироҳат чӣ мешавад? Аллакай вақти истироҳат гузашт?
Истироҳат… акнун чӣ нависам? Ба кор омадам. Ба кор тайёрам… Қазоват аз Шумо…

Гузоришдиҳандаи истироҳатнокарда,
Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь