Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 250 мансабдор барои заминфурӯшӣ ва истифодаи нодурусти он.

«Азия плюс», Телеграм, 29.03.2023

Акси садо: Ин мансабдорон ҳеҷ не ки сер шаванд. Шояд дар ҳамон замини фурухтаашон гӯр кунанд, ин мушкил гум шавад? «Кӯзпуштро фақат хоки лаҳад рост мекунад» мегӯянд.

***

Овозхонӣ бештар аз журналистӣ пул дорад, аммо …

  «Самак», №11-12 (594) 30.03.2023

Вокуниш: Ин овозхонҳо барои пулу шуҳрат мехонанд, аммо журналист бо қаламаш метавонад тақдири як ҷомеаро ҳал намояд. Ҳеҷ гоҳ як овозхонро бо як журналист қиёс накунед.

***

Дар дохили тоқӣ варақаҳоро гузоштаанд. Агар аломати ҷамъ насибатон шуд, бояд ба артиш равед ва агар аломати тарҳ гирифтед, имсол озодед. Шеваҳои аҷибу ғариби фиристодани ҷавонон ба артиш.

«Радиои Озодӣ», 03.04.2023 (Телеграм)

Савол: Гурехтан бок адом аломат нишон дода шуда бошад?

***

Рамазон омаду и(мо)нсоф рафт….

«СССР» №12 (757) 30.03.2023

Вокуниш: Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,

Некӣ чи гуноҳ дошт, ки дар Рамазон накардӣ.

***

Замин такон хӯрд, қалбҳои мо чӣ?

Ҳафиз Раҳмон аз «Тоҷикистон», 12-13 (1524) 29.03 2023

Тавсия: Ин дили яхзадаи мардум бо гармшавии ҳаво шояд ба тапиш  дарояд. Ҳоло оғози фасли баҳор аст, то тобистон бояд сабр намоед устод.

***

ФАО: Зиёда аз 3 миллиард одам наметавонад хӯроки кофӣ хӯрад.

«Дунё» №12-13 (989)

Идома: Сабабаш нафароне, ки дар инстаграм барои хӯрдан мусобиқа мекунанд аст. Якбор мушоҳида кунед, мегӯед, ки дар даруни онҳо меъда не чоҳ пайваст кардаанд.

***

Як гӯсола подаро олуда месозад…

Шоира Мадалиева аз «Фараж» №11-12 (850) 30.03.2023

Тасалло: Инро ҳам фаромӯш накунед, ки «Давидани гӯсола то каҳдон аст».

  Таҳияи Ҳусейнова Фурӯзанда,

Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь