Боғи ҳайвонот дар Душанбе: Ба тамошо равем ё шашликхӯрӣ?

Тоҷикистон 11 (1522) 15 02.2023

Савол: Мабодо ҳамон шашликҳо аз гушти ҳайвонҳои ҳамонҷой набошанд?

***

Ғазалшоҳ Сафарзода: Ҳадафи асосӣ- баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа

Фараж №10 (848) 16 03 2023

Вокуниш: Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта- рафта чарх оламгир кард.

***

Дар газета хондам, ки Айшвария Рай, келини Амитабх Баччан ва ҳамсари Абхишек Баччан зеботарин духтари Ҳинд, дар байни 79 кишвари дунё ҷойи 3-ро ишғол кардааст. Гуфтам 1000 номаъқулӣ кардаанд ҳакамони он давр. Агар дар ин намоиши зебопарастӣ 1 духтари тоҷик иштирок медошт, бе ягон баҳс, ё порагирӣ, бе ягон тағагӣ, ҷойи аввалро МЕГИРИФТ!

Исматулло Файзализода, ш.Маскав аз «СССР», №10-11 (755-756) 16.03 2023

Тасалло: Ғам нахӯред ҳама медонанд, ки дар ин ҷо вазифаи асосиро пардозгар иҷро мекард. Ва ҷойи аввал ҳам насиби ҳамон гардидааст

***

Ҳар ду дақиқа як зан аз мушкилоти марбут ба ҳомиладорӣ ё таваллуд мемирад.

«Дунё» №10-11 (987) 16.03.2023

Савол: Куҷо шуданд он қаҳрамонмодарҳое, ки 10-15 фарзанд таваллуд мекарданд?

***

Ютуб барои сафҳаи Абдурозиқ тугмаи тиллоӣ додааст. Дар ин бора Абдурозиқ дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст. Ӯ аз пайгирони саҳфааш ташаккурӣ кардааст. Ҷоизаи тугмаи тиллоиро Ютуб барои саҳифаҳое медиҳад, ки беш аз 1 млн корбар доранд. Саҳифаи Абдурозиқ дар Ютуб беш аз 1 млн пайгир дорад.

Азия плюс (Телеграм) 25 93.2023

Вокуниш: Агар бахт омад мекардааст намегуфтааст, ки ту ки ҳастӣ…

***

Гуфтани ҳақ гуноҳ аст?

«Pressa» (Телеграм) 22 03 2023

Ҷавоб:Гуфтани ҳақ гуноҳ нест . Мегӯянд, ку: «Ҳақиқат рӯзе аз рӯзҳо рӯи об мебарояд». Ҳеҷ гоҳ хас дар зери об намемонад.

Масъули гӯша Фурӯзанда Ҳусейнова,

«Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь