Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки занони тоҷик аз қадим хазинаи меҳрубонӣ буданд ва ҳамчунин, дар ҷасорату шуҷоат шуҳраи офоқ гардидаанд. Занони тоҷик дар марҳилаҳои муайяни таърих сарварии кишвар кардаанд, бар зидди душманон дар сафи мардон ҷангидаанд.

Шодӣ Сафаровректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Омӯзгор №10 (12391) 07.03.2023

Ифтихор: Устод Мирзо Турсунзода дониста гуфта будаанд: «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд» …

***

Шоири “бемор”-ро мунаққид табобат мекунад…

Ҳафиз Раҳмон аз «Фейсбук»

Маслиҳат:Агар Сулаймони мулки шеъри худ бошӣ, ҳеҷ мунаққиде барои табобат лозим намеояд!

***

Гаҳе болотар аз афлокӣ, инсон,

Гаҳе африштасон бас покӣ, инсон 

Гаҳе шайтон сабақомӯзи дастат,

Гаҳе паст аз хасу хошокӣ, инсон.

Исомиддин хонанда аз «СССР» №9 (754) 09.03.2023

Тасалло: Ҳар чи ояд бар сари фарзанди одам бигзарад!

***

Русия: Дар марз як мошини боркаш бо 17 тонна нос боздошт шуд.

«Самак» №9 (591) 08 03.2023

Тасалло: Дард кам, дарди сар кам. Фақат мабодо худи ронанда носкаш бошад, азоб мекашад…

***

Муаллим: Толиб! Мори айнакдор ба кадом гурӯҳи ҳайвонҳо дохил мешавад?

Талаба: Ба ҳайвонҳое, ки масофаи дурро дида наметавонанд.

«Тоҷикистон» 10 (1521) 07.03.2023

Ҷавоб: Ин морҳои айнакдори ҳозира ба морҳое монанд ҳастанд, ки зиёда аз 500-700 км -ро мебинанд,  аммо боз дар чашм айнак доранд.

***

Тоқа-кепка, Тюбикепка, тӯҳфа аз устоди азиз Адаш Истад, ки зиёд дӯсташон дорам…

Одили Нозир аз «Фейсбук»

Вокуниш: Кунун замона дигар гашту вақти «Тюбикепка» -пӯшӣ шуд…

***

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова хабарнигори мактаби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь