Баъди салому алейк Иззатманд аз ӯ пурсид: – Кароматуллоҳ, ин қадар хароб шудаӣ, магар зани дуюм гирифтӣ? Кароматуллоҳ  хандиду гуфт:  – Устод, зани дуюм аз куҷо? Ҳоло агар ҳамон якторо ҳам раҳматии падарам бисту чанд сол пеш намедод, як умр безан мегаштам.

«Тоҷикистон», 24 (1535), 14.06.2023

Тасалло: Шукри падаратонро кунед, ки дар он вақт шуморо дарк намуда, оиладор кардаанд, вагарна то ҳол безан мемондед.

***

Телефонҳои шахсони мансабдори «Обу корез» -ро аз амалгарон дастрас карда бошем ҳам, бенатиҷа, чунки онҳо доимо “хомӯш” ё “аз минтақа берунанд», зеро худ бо об таъминанду парвои ташналабонро надоранд.

«Тоҷикистон», 24 (1535), 14.06.2023

Вокуниш: Телефонҳои шахсони мансабдори «Обу корез» шояд ба дохили об афтода, корношоям шуда бошад. Ё шояд худашон ба об партофта бошанд. Шояд мехоҳанд ҳамон телефонҳояшонро низ аз об сер кунанд?

***

Вақте бача будем, бо чӯбҳои дароз (ҳ)элчаи занбӯрро мекофтем, занбӯрҳои ғаюру зебои мо, ки ҳоло аз дасти заҳриндунболҳои чинӣ нест шудаанд, ба мо бачагон ҳуҷум мекарданд, аз неши газидаи эшон сару рӯямон варам мекард ва дард. Устоҳо низ барои кор кардан дар назди элчаи онҳо дар амон набуданд. Онҳо барои аз неши ин ҷондоракон наҷот ёфтан, ягона роҳи наҷот доштанд: дуд андохтан!!

Саъдӣ Маҳдӣ, «СССР», 23 (768), 15.06.2023

Маслиҳат: Устод инқадар агар муштоқи давраҳои кӯдакӣ бошед, як бори дигар ҳамон халачӯбҳои даврони кӯдакиро гирифта, элчаҳои занбӯрро кобед. Баъд аз неш задани занбӯрҳо, ки сару рӯятон варам кард, чеҳраатонро бо замони кӯдакӣ муқоиса кунед. Шояд ягон навгонӣ ба назаратон расад.

***

Ин ғубор аз мо нахоҳад рафт бо амри касе,

Андар ин як нукта пинҳон аст ҳикматҳо басе.

Хайрандеш, «СССР», №23 (768), 15.06.2033

Эътироз: Худатон медонед, ки агар ин ғубор равад, шуморо низ бо худаш мебарад.

***

Мутолиаи ҳикоёти ӯ ва махсусан, китоби меомад, ки бо номи «Дасти боло» соли гузашта ба нашр расид, собит месозад, ки муаллиф дар натиҷаи омӯзиш, ҷустуҷӯ ва озмоишҳои мутолиотӣ хеле пухта шуда, қалами худро барои таълифоти осори арзандаи адабӣ омода кардааст.

Шамсуддин Солеҳ, «Фараж», №23 (861), 15.06.2023

Дастгирӣ: Ба фикри шумо розиям устод! Дар ҳақиқат ҳикояҳои китоби «Дасти боло» -и Шодӣ Раҷабзод хеле пурмазмуну содда ва равон мебошад. Тавсия мекунем, ки як бор мутолиа намоед, зеро пушаймон намешавед.

***

Аз нависандаю шоирон ва файласуфон як хоҳиш дорам:

Эй доноёни роз, аввалан узри бепоён ба Шумо, зеро аз Шумо хоҳиш дорам, ки дигар шеър, наср ва фалсафа иншо накунед!

  Ҳошим Гадо, «Фараж», №23 (861), 15.06.2023

Посух: Агар ин нависандаю шоир ё файласуф эҷод накунанд, пас шумо нақши киро иҷро мекардед?? Баръакс, шумо шукронаи онҳоро кунед!

***

На осоиш, на оромиш ба шабҳо,

Ҳазорон фикр дар сар, сад муаммо.

Набинӣ одамро, ки касал не,

Ки бепул зиндагонияш асал не.

«Самак», №23 (605), 15.06.2023

Накӯҳиш: Ба хотири ҳамин аст, ки мегӯянд: «То ҷон наканӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад». Зиндагӣ осон мебуд, бо гиря оғоз намешуд.

Фурӯзанда Ҳусейнова, «Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь