Дар шаҳри Душанбе қисми зиёди одамон, аз маршруткаҳову автобусҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Аммо барои дуздон, ҷойи наве барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон шудааст. Аниқтараш, макони серодаму серпул, барои дуздӣ осону камаён.

“Тоҷикистон”,  №23 (1534), 07.06.2023

Тасдиқ: Агар касе ба маршруткачиҳо, ягон раҳматнома ё сипоснома надиҳад ҳам, дуздони дохили маршруткаҳо медиҳанд, зеро дохили маршруткаҳо ҷойи кори доимии онҳо гаштааст.

***

Чун рӯзҳои охири нашъунамои замбурӯғ аст, шитоб дорам. Метарсам, ки мавсим ба охир нарасад ва замбурӯғ нохӯрда намонад.

 «Тоҷикистон», 23 (1534), 07.06.2023

Маслиҳат: Бо аз тарси замбурӯғ тамом шудан, нашавад, ки ягон намуди замбурӯғи заҳролудро истеъмол кунед. Худо накарда, баъд мавсими шумо ҳам мисли мавсими замбурӯғ мешавад.

***

 Аз чӣ сабаб бошад, занҳо хашмгин мешаванд, ки зани дуюм дошта бошӣ, аммо кори дуюм дошта бошӣ, нармдилона муносибат мекунанд.

 «DAЙDЖЕСТ Press”, №23 (1466), 07.06.2023

Сабаб: Хашми зан мисли тӯфон аст. Дуюм ин, ки онҳо ғами шумо, – мардҳоро мехӯранд.Медонанд:  «Якзанаро як рӯш сиёҳу дузанаро ҳарду рӯяш сиёҳ».

***

Оқибат гургзода гург шавад, 

Гарчӣ ба одамӣ бузург шавад.

«Самак», №22 (604), 08.06.2023

Мантиқ:

Фарзанди касе намекунад фарзандӣ,

Сад тавқи тилло бар гарданаш гар бандӣ!”

Як тавқи тилло ба гардани хар бандӣ,

Ҳам кор кунад ва ҳам кунад фарзандӣ

***

Аз кӯдакӣ дар оилае тарбият гирифтам, ки ба маърифату китоб алоқамандӣ дошт. Бобою модаркалони тарафи падариам қариб ҳама кормандони ҳукуматӣ ва аҳли илму ирфон буданд.

«Самак», №22 (604), 08.06.2023

Ҳамовозӣ: Дар умум мардуми тоҷик аз қадимулайём ҳамчун мардуми бофарҳангу бомаданият ва соҳибилму бомаърифат ба воя мерасиданд. Тоҷик буданамонро бо Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Турсунзода ё Бобоҷон Ғафуров мешиносанд ва ин далели он аст.

***

Чаро мо аз таҷрибаи кишварҳои шарқӣ, ки иқлимашон тамоми сол гарм ва истгоҳҳояшон шишабандиву кондитсионер дорад, истифода набарем? Дар ҳарорати 40 дараҷа гарм дар истгоҳ зери тунукаи тафсон истодан ҳам қаҳрамонист!

Шодон Иброҳимзода,  «СССР», №22 (767), 08.06.2023

Ҳайрат: Агар ин қаҳрамонӣ бошад, пас тамоми мардуми Африқо бо қаҳрамониашон рекорди ҷаҳонро шикастаанд ку??

***

Дар урфият мегӯянд, «Худо, корат ба милисаву балниса наафтад». Ин мақоли мардумро ҳазле беш намедонистам. Аммо дар амал ба ин мақоли мардумӣ корафтода шудем

Ҷ. Фахриддин, «СССР», № 22 (767), 08.06.2023

Паёмад: «Ҳар ҷо санг ояд, ба пойи  ланг ояд». Акнун фаҳмидед, ки чаро ин тавр мегуфтаанд?

***

Мақсад ҳамин ки ба қурбоққа шароити шоҳона ва биҳиштиат лозим нест.  Ягона хоҳишу орзуяш ҳамин, ки дар ботлоқ бошад. Ӯ бадбӯй аст, ӯ чиркин аст, ӯ дар ботлоқ байни қурбоққаҳо будан мехоҳад.

«Фараж», №22 (860), 08.06.2023

Вокуниш: Мегӯянд «Аввал бубинад ҷои худ, баъд бимонад пои худ». Қурбоққа ҷояшро медонад.

Фурӯзанда Ҳусейнова, «Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь