Wi-Fi-и ройгони Душанбе

Чаро мардум аз он истифода бурда наметавонанд?

  «Тоҷикистон», 15 (1526), 12.04.2023

Ҷавоб: Ба диққати тамоми шахсоне, ки аз Wi-Fi- и ройгон истифода кардан мехоҳанд, мерасонем, ки ҳоло асри 21 аст. Ройгонии Wi-Fi он тараф истад, ҳоло салом пулакӣ шудааст. Боз шумо бошед дар ҷустуҷӯйи Wi-Fi-и ройгон ҳастед.

***

Дискотека ё кӯрбазми маҳаллӣ!

Рақс бикун ҷоно, биё, рақс бикун ҷоно!

О, баландтараш кун! Ҳоло ҳам баландтар! Наход ҳамин қадар шавад-а?! Баландтар! Наход мусиқию суруди лозимаро баробари мо карда натавонеде?!

  «Фараж», №14 (852), 13 04.2023

Вокуниш: Э калонкаатон кафад дискотекаҳо! Наход то ҳамин дараҷа баланд кунед!? Ҷои фалаки моро банд карданатон бас набуд, ки боз шаб то рӯз намегузоред, ки мардум як хоби бароҳат дошта бошанд.

***

80 фоизи одамон ба саволи «корҳо чӣ хел» ҷавоби дурӯғ медиҳанд.

 «Дунё», №15 (991), 13.04.2023

Маслиҳат: Мегӯянд, ку: «Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз»

***

Дар сари замин нархи пиёз 4 ва дар бозор 8-10 сомонист. Чаро???

Саргузашти Пиёз-бойбачча дар ҶТ

   «СССР», №14 (759), 13.04.2023

Ҷойгузин: Эҳ войе! Ман дар тӯли умрам шояд ин қадар арзиш надоштам. Чи қадар дар ҷои ту буданро орзу мекунам! – инро гуфт ба пиёз картошка. (Бозорбудаҳо боз ба гӯшашон нарасад)

***

Нороҳатии Ҷабборов аз пешниҳоди харитаи 1924 дар баҳс бо Тоҷикистон

Радиои «Озодӣ», (Телеграм) 17 04.2023

Вокуниш: Дар ҳақиқат бояд дар изтироб бошад, чун гуфтаанд, ку «Ҳақ ба ҳақдор мерасад».

***

Аз «Китоби сурхи Тоҷикистон» навъҳои нобудшудаи ҳайвоноту растаниҳоро хориҷ мекунанд.

«Азия плюс», (Телеграм) 17.04.2023

Ҳушдор: Ҳой мардум!!! Инсоф – пояи тоат аст”. Аз нобуд кардани ҳайвоноту растаниҳои камёфт ба шумо чи фоида? Гурусначашмиро бас кунед!

***

Бино ба иттилои мақомот, марде дар Душанбе тирезаҳои мағозаи рафиқашро зада шикастааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар нашр кард.

Pressa.tj, (Телеграм) 17.04.2023

Ҳайрат: Наход рашк то ин дараҷа боло равад. Дар ҳақиқат мегӯянд, ки «Агар бинӣ набошад ду чашм ҳамдигарро мехӯранд».

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова,

  Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь