“Имрӯз дар толори бахши кишоварзӣ ҷаласаи ғайринавбатии сабзавотҳо баргузор гардид”.

Бахтиёр Раҳматуллоев аз Фараж №6 (844) 16.02.2023

Маслиҳат: Баъди ин маҷлис ду – се муллоро даъват карда, ба фурӯшандаҳои сабзавот аз гӯру қиёмату азоби қимматфурӯш дар гӯр низ мегуфтед, хуб мешуд.

***

Маҳмадумар Асозода,раиси ширкати ,,Барқи тоҷик ” рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки “ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад “.

Радиои Озодӣ

Вокуниш: Дар зимистон мегӯед ки об ях кардааст ё захира бояд шавад, дар баҳор мегӯед обхезӣ шуда истодааст, дар тобистон мегӯед сатҳи об кам шудааст ва дар тирамоҳ мегӯед шамол ба симчӯбҳо халал мерасонад…  Бояд ба ягон сайёрае равем, ки чунин мушкилиҳо надошта бошанд.

***

«Барои дигарон медурахшаму худ месӯзам», – таъкиде, ки шиори тозароҳи тиб шудааст

Ҷавонони Тоҷикистон”, 17 Феврали 2023 

Маслиҳат: Мегӯянд: ,,Кал табиб бошад, ба сари худаш даво кунад ”

***

Дар замони муосир, дар шароите, ки мушкилиҳои зиёд ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, омӯзиши география ва зербахшҳои он: географияи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, географияи фарҳангҳо ва низоъҳо аз масъалаҳои умдатарин ба шумор мераванд

Ҷумҳурият”,  13.02.2023

Тасдиқ: “Пешгирии воқеа пеш аз вуқӯъ хубтар аст”.

***

Салом ба «СССР» – и азиз! Ман аз як чиз хеле ҳайронам, чаро дар кишвари мо варзишкор қадр дораду ҳунарманд не?

Бобоалӣ Сабурзода, ш.Душанбе, «СССР», 15.02.2023

Эътироз: Ғарибшоҳу «Хандинкамон» доранд ку?

***

Агар бовар надошта бошед, як сари қадам ба бозор қадам ранҷа кунед. Бозори сагҳои дайдуро бо чашмони саратон мебинеду боварӣ ҳосил мекунед.

Ҳокими Сафар, н.Файзобод, «СССР»,  25.02.2023

Вокуниш: Худ махур, ба кас мадеҳ,

Сарфа куну ба саг деҳчунин ки кардед, оқибаташ ҳамин мешавад. Дигар чӣ интизор доред?

***

Солҳои студентӣ

Солҳои ғуруру бебокӣ,

Солҳои таваккалу тавсиф,

Солҳои муҳаббату уммед,

Солҳои ситоишу таъриф.

Лоиқ Шералӣ аз сомонаи Фейсбукии Зафар Аскар

Савол: Солҳои шакаробхурӣ ё солҳои ролтонхурӣ?

***

Коргоҳи коркарди асал дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба фаъолият оғоз кард

«Садои Душанбе», аз Фейсбук

Тахмин: Занбӯрҳо шуниданд, ки нархи пиёз қимат шудааст,  онҳо ҳам баҳор наомадаву дарахтон гул накарда,  ба кор шурӯъ  шурӯъ карданианд.

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова хабарнигори мактаби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь