“Эй мардум, танқид душманӣ нест!”

Сайёфи Мизроб, сардабир, СССР, №20.

Посух: Барои мову Шумо танқид, барои мансабдор таҳқиру душманӣ!

***

“Чаро донишҷӯён пас аз хатми таҳсили донишгоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд?”

СССР, № 20.

Ҷавоб: Дигар намераванд! То хизмати ҳарбӣ накунӣ, милисаю прокурор намешавӣ!

***

“…Минбаъд, ба ҷавононе, ки хидмат накардаанд, шиносномаи хориҷӣ дода нашавад!”.

СССР, № 20.

Идомаи ҷумла: … ягон нафар духтарашро ҳам надиҳад!

***

“Бузургии устод Лоиқ дар он аст, ки китобсӯзии худиву бегонаро дар таърихи миллӣ ба унвони мушкили ҷиддии ақибмондагию вопасгаройӣ мисол зада, ҳамзамонону ояндагонро ҳушдор додааст, ки дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, ки якеаш китобу дафтардорист, гомҳои устувор бардоранд ва нагузоранд, ки фоҷеаи китобсӯзӣ бори дигар такрор ёбад”.

“Самак”, № 20.

Тахмин: Замони устод Лоиқ Толибу толибонӣ набуд охир!

***

“Фарҳанги ҷавонон аз субфарҳанг бо ҳудудҳои ба таври возеҳ тавсифёфта иборат аст”.

“Самак”, №20.

Эътироз: Монед, ҷавонон фарҳангро хуб дарк кунанд, баъд ба фикри субфарҳанг меафтем…

***

 “Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия навишт, ки Русия ба сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ роҳ намедиҳад”.

“Самак”, № 20.

Шубҳа: О, портфели яроқи ядроӣ дар дасти Путин-ку?

***

“…Илова бар ин, муносибатҳои носолими байнидавлатӣ бо ҳамсояҳои наздиктарин,махсусан бо ба сари қудрат омадани дугонаи Жаппаров – Ташиев шадидтар шуданд”.

Куманчибек Нурматов, раиси авули Ак – Татири вилояти Бодканд, Қирғизистон.

“Дунё”, № 20.

Маслиҳат: Дугонаро якдона кунед, ҳамааш хуб мешавад!

***

“Русҳо ҳеч чизро фаромӯш намекунанд ва ҳеч чизро намебахшанд… Русия мағлуб нашудааст, баръакс, вай хеле пурқувват шудааст, лозим аст, ки вай дӯсти мо бошад”.

Ҷорҷ Буши калонӣ, сӯҳбати 30 соли пеш аз “The New-York Times”.

“Дунё”, №20.

Роҳнамоӣ: Ҷаноб, ин ҳарфҳоро оҳиста ба гӯши Ҷо Байден гӯед!

***

“Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Ғарб “шах додаву мот кард” ва онро боз мағлуб намуд”.

“Дунё”, № 20.

Хулоса: Вой ба ҳоли мардуми бечора…

***

“Ман хеле шавқмандам, ки андешаи шуморо дар бораи он ки дар ояндаи наздик барои таҳкими амнияти мо дар ин минтақа чӣ кор кардан лозим аст, бидонам”, – гуфтааст Путин (дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон)”.

“Азия-Плюс”.

Эътироз: Медонед, медонед ҷаноби Путин. Толибро ба Кремл роҳ додеду Панҷшерро ба гӯристон.

***

“Ба наздикӣ мо аз Туркия омадем. Нархи як чипта дар он ҷо 70 $ аст”.

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

“Тоҷикистон”, №20.

Ҳайрат: Нархи бензину маошро мефаҳмидед, ба суоли худ посух меёфтед.

***

“Ду сол пеш ҳафтавори “Пайк” як нафар кормандашро ихтиёрӣ ба сафи артиш равон кард. Хизматро адо карда омада гуфт, ки дар ду сол ҳамагӣ 6 тири автомат паррондааст”.

 “Пайк”, № 17.

Луқма: Мабодо ба сӯйи командираш набошад?

***

“Чаро дар Душанбе метро намесозанд?”.

Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррир.

“Пайк”, №17.

Ҳушдор: Илтимос, ширкатҳои Бек Сабурро барои сохмони метро тавсия надиҳед!

***

“Аз рӯи чунин нолаю вовайло намудани тоҷирон суоле матраҳ мешавад, ки оё ин гиряҳо сирф аз барои Худо буд ё ин ки равнақ ёфтани савдояшон?”.

“Пайк”, № 17.

Фолбинӣ: Барои рафтани моҳи шарифи рамазон гиристаанд. Охир, моҳи шариф моҳи миллионер шудани эшон ҳам ҳаст.

***

Дар филмҳои туркӣ дида мешавад, як духтар ба 5 писар ошиқ мешаваду ахиран аз якеи дигар ҳомилаву боз бо якеи дигар зиндагӣ мекунад.

Эмомалӣ Саидзод, журналист.

“Пайк”, №17.

Мушоҳида: дар филмҳои тоҷикӣ духтар аз ишқ шикаст мехӯраду зани тоҷик ба таппак рӯ меоварад. Чаро чунин аст?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь