Худованд дӯст медорад эҳсонкорону саховатмандонро, ки мудом бо амалҳои некашон дар дилу дидаи мардум ҷой гаштаанд.

Хирадманди беҳамтои замон, сиёсатмадори номдор дар ҷаҳон, Қаҳрамони халқи тоҷик, Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои неку рафтори наҷиби худ, бо ризоии Худованди муттаол байни мардум чароғи фурӯзон гариданд, ки бо он оламро равшанӣ доранд. Маҳз бо хайру эҳсон, дастгирии ятимону маъюбон, барҷомондагону эҳтиёҷмандон дар дилу дидаи халқи азизашон ҷой гаштаанд. Дар пайравӣ ба Пешвои миллат сафи эҳсонкорону саховатмандон торафт афзуда, сатҳи камбизоатии мардум паст гашта, мавзеҳои гуногуни Ватан ободу шодоб ва мардумонаш шод гаштаанд. Беҳуда нест, ки дар рӯзи соли нави хониш, рӯзи дониш пагоҳии барвақт Роҳбари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргирии мактабиёни эҳтиёҷманд, аз волидон маҳрумгашта, интизори нигоҳи гарму оғӯши нарми волидон омада, дили нозуки пурорзуи онҳоро ба даст гирифтанд ва саробон будани давлатро барои чунин шахсон таъкид карданд. Бо туҳфаҳо соли нави хониши онҳоро табрик гуфта, дилашонро шод гардониданд. Зери супориш, пешниҳод ва пайравӣ ба Сарвари давлат имрӯз сафи эҳсонкорону саховатмандон афзуда, маъюбону ятимон, эҳтиёҷмандону ниёзмандон дастгирӣ ёфта истодаанд.

Чанде қабл бо модари танҳои ба ёрӣ муҳтоҷ Шарофат Насриддинова дар шаҳраки Гипрозем суҳбат доштам. Аз ҷумла изҳор доштанд, ки “солиёни зиёд заҳмат кашида, хизмати падару модар ва аҳли оиларо кардам. Бо бародари худ дар як ҳавлӣ, ки аз падар мерос мондааст, дӯстона, аҳлона зиндагӣ доштам. Бо амри тақдир, бо ризогии Худованд оиладор шуда, ду фарзанд ёфтам, ки онҳо иллатнок ба дунё омаданд. Духтарам Оиша аз роҳгардӣ маҳрум будааст, ки инро пас аз дусола шуданаш ҳис кардам. Дар аввал пойҳояш каме қувват дошт, аммо рафта-рафта аз мадор монд. Писарам Худойдод пас аз Оиша ба дунё омад ва аз хурдӣ ба касалии дил гирифтор буду торафт бемориаш хурӯҷ мекард. Падари фарзандонам, ки маро бо суханҳои ширину ваъдаҳои зиёд гирифта буд, хешу таборам набуд, бо дидани ҳолати фарзандон ба куҷое ғайб заду дигар барнагашт. Бо азобу заҳмат ва машаққатҳои зиёд, бо дастгирии бародарам маъюбонро нигоҳубин мекардам. Бародари ба ҷону дил баробарам дар ҳавлии бобоӣ барои ман хонаи алоҳида сохта, ҳамеша аз ҳолу аҳволам хабар мегирифт. Шароити ҷои зистамон вазнин буданашро ба инобат гирифта, барои ману маъюбонам дар маҳаллаи Пахтакор, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, ноҳияи Сино (собиқ ноҳияи Рӯдакӣ) барои сохтани иморат замин доданд, ки аз Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам ва арзи сипос мекунам. Бо бахти мани бетолеъ бародари дастгиру мададгорам аз олам гузаштанд. Имрӯз дар он ҳавлии бобоӣ бо фарзандону оилаи бародарам дар азоб ҳастам. Аз ин боис аз эҳсонкорону саховатмандон, шахсони баору номуси диёр мепурсам, ки барои сохтани иморат дар замини наздиҳавлигиам мадад расонанд. Аз роҳбарони ноҳияи Сино, ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа  мепурсам, ки барои мушкилотамро ҳал намудан дасти мадад расонанд ва камари ҳиммат баста, дили ношоди ману маъюбонамро шод гардонанд”.

Дар ҳақиқат, дастгирии маъюбону эҳтиёҷмандон амали некест, ки Ҳукумати кишвар ба роҳ мондааст. Чӣ хеле, ки гуфтаанд:

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Боварии комил дорем, ки МИҲД-и ноҳияи Сино дар мувофиқа бо эҳсонкорону саховатмандон ба модари маъюбон ёрии худро расонида, дили ранҷури онҳоро шод мегардонанд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь