Сар аз 2 – ум дар Китобхонаи миллӣ даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” оғоз гардидаву он то 15-уми ҳамин моҳ идома меёбад.

Супориши редаксия: Аз рафти озмун суратгузориш омода намо!

Нисфирӯзии 7 – уми декабр ҷониби Китобхонаи миллӣ роҳ пеш гирифтам. Баробари ворид шудан ба китобхона нафарони зиёдро бо либоси расмӣ вохӯрдам. Ман, ки хуши пӯшидани либоси расмӣ надорам, дар байни ин ҳама фарқкунанда будам.

Ба толоре ворид шудам, ки волидайн баромади фарзандонашонро наззора мекарданд. Нафаре назди ман омад ва пурсид: “Ту кӣ ҳастӣ, киро расм мегирӣ?”

Баъд аз он ки рӯзноманигор буданамро фаҳмид, ҳарфе назада рафт. Ба толори дигар ворид шудам, он ҷо низ ба пурсишҳои боло рӯ ба рӯ шудам. Дар толор рӯзноманагорони дигар бо либоси расмӣ ширкат доштанд.

Вақте хостам аз рафти озмун акс гирам, нафаре бидуни муаррифӣ хост, монеи аксбардориям шавад. Сабаб пурсидам, гуфт: “Мумкин нест”. Хоҳиш кардам сабабашро ба ман фаҳмонад. Сабаб “номаълум”.

Пас аз кашммакашҳо муяссар шуд, то тавонам акс гирам. Аммо боз ҳам бо он шарте, ки аз фосилаи муайяне, ки аз ҷониби кормандони телевизион муайян шудааст. Бояд дар кадрҳои онҳо намоён нашавам. Чун, ба қавли онҳо, ман риш ва либоси ғайрирасмӣ дорам.

Ин ҷо савол ба миён меояд, ки чаро дар телевизионҳои мо муҳимтар аз ҳама чеҳра ва либос аст. Дар ҳоле, ки барномаи тамошобобе надорем.

Боиси зикр аст, ки масъулин пайваста ба набудани монеа барои риш дар телевизионҳо ишора мекунанд.

Албатта, доштани либоси расмӣ хуб аст. Вале маҷбурӣ ҳам нест -ку. Дар толорҳое, ки иштирокчиён баромад менамуданд, иштирокчиён ва ҳатто тамошобинон ҳама бо либосҳои расмӣ буданд. Шояд ин талаби телевизионҳо барои зебо омадани эфирашон бошад? Ё хайр!

Ғайр аз иштирокчиён ба ин озмун боз донишҷӯёнро низ ҷалб менамоянд, ҳамчун “тамошобин”. Ҳамарӯза сафи ингуна “тамошобинон” ду маротиба иваз мешавад. Як гурӯҳ аз субҳ то нисфирӯзӣ гурӯҳи дигар аз нисфирӯзи то бегоҳ ба ҳайси “тамошобин” дар  толоре, ки иштирокчиён баромад мекунанд, бояд нишинанд.

Як донишҷӯй, ки нахост номаш зикр гардад, ба мо гуфт:

– Моро гуфтанд, ки бояд соати 7:30 дақиқа дар ҳамонҷо бо либосҳои расмӣ ҳозир шавем. Онҷо ҳамчун тамошобин менишинем. Мо бояд ин ҷой то нисфирӯзӣ нишинем, пас аз он ба дарс меравем.

Хуб мешуд, агар донишҷӯёнро “бо хоҳиши худ” наоранду волидайнро иҷоза бидиҳанд, то дар дохил нишинанд.

Саволи дигар ин аст, ки чаро озмун пахши мустақим намешавад? Фикр мекунам, барои шаффофият беҳтар аст, пахши мустақим ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, озмуни мазкур се сол қабл бо Фармони Президенти кишвар таъсис ёфтаву он аз чор давр иборат аст ва ҳоло даври хотимавии он ҷамъбаст мегардад. Кӣ қанд мехураду кӣ фанд, то  ҳафтаи оянда пайгирӣ хоҳем кард?!

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь