Ё чаро дар соли сеюми баргузорӣ ин озмун ба баҳсу моҷарои зиёди ширкаткунандагону ҳаводоронаш печид?

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҳоли ҷамъбаст шудан аст. Вале шикояту арзи иштирокчиён охир надорад. Мавзӯи асосии шабакаи иҷтимоии фейсбук дар сегменти тоҷикӣ баҳси озмуни мазкур гаштааст. Корбарон аз он шиква доранд, ки чаро рафти озмун аз телевизионҳои давлатӣ пахши мустақим намешавад. Ба назари корбарон, ин амал метавонад шаффофияти озмунро зери суол барад.

“То баромади ҳамаи иштирокчиён бе монтажу қайчӣ задан ба бинандагон мустақим нишон дода нашавад, ва иловатан, ба назари ҳакамон, инчунин байни тамошобинон, назарсанҷӣ гузаронида нашавад, ин ФУРӮҒ дурӯғ аст” – навиштааст корбаре бо номи Ҳусейнбой Ҳусейнов.

Ба суоли оне, ки чаро баромади иштирокчиён пахши мустақим дода намешавад, муовини якуми вазири маориф Муҳаммаддовуд Саломиён, ки инчунин котиби комиссияи озмун аст, чунин ҷавоб дод:

“Ҳар бегаҳ намоиш дода мешавад, аммо бо каме танзим. Ин ҳам  ба хотири вақт. Дар байн иштирокчӣ баъзе саволҳоро намедонад, барои ҳамин ҳайати ҳакамон саволҳоро барои ба хотир овардани иштирокчӣ шарҳ медиҳанд”.

Нуқтаи дигареро мебояд зикр намуд, ки иштирокчиён пайваста аз ноадолатии ҳакамон шиква мекунанд. Ҳатто ҳолате шуда, ки ҳакаме ба фарзанди худ баҳои баланд дод. Аммо пас аз рӯзе он ҳакамро аз ҳайати ҳакамон хориҷ карданд. Фарзанди ӯ низ аз иштирок дар озмун маҳрум шуд, танҳо барои имсол. Аз соли оянда боз метавонад иштирок намояд, вале боз ҳам суоли матраҳ ин аст, ки чаро фарзанд барои иштибоҳи падар аз идомаи сабқат маҳрум гардад?

Ба гуфтаи Муҳаммаддовуд Саломиён, то рӯзи 10-уми декабр наздики 20 нафар аризаи аппелятсионӣ навиштаанд. Дар натиҷаи аз нав дида баромадани баромади эшон маълум гардидааст, ки хатоӣ аз ҷониби ҳакамон роҳ дода нашуда, балки иштирокчиён хатои худро дарк кардаанд.

“Ҳудуди 20 ариза қабул шуд. Аз инҳо баъзеяшон баъди ариза навиштан пушаймон шуда, аз ариза даст кашиданд. Дигарҳояшро мо ҳамроҳи мутахассисон аз берун дида мебароем.

Онҳо ариза медиҳанд, мо аз телевизион дархост мекунем, телевизион ба мо сабти баромади онҳоро медиҳад. Он сабтро мо меорем, ба комиссия нишон медиҳем” – мегӯяд Саломиён.

Аз чӣ бошад, ки бархе иштирокчиён аз натиҷаҳои озмун норизо ҳастанд, вале бо сабабҳои “номаълум”, аз навиштани аризаи шикоятӣ худдорӣ мекунанд? Бо чанд тан аз иштирокчии аз натиҷаҳои озмун норизо ҳамсӯҳбат шудем. Аммо нахостанд дар бораи шикояташон чизе навишта бошем. Ҳатто чанд волидайн низ аз кори комиссия норизо буда, ба унвони раиси коммиссияи ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён ариза навиштаанд, вале то ҳол ҷавоб нагирифтаанд. Нусхаи аризаи эшон дастраси мо гардид ва мо бо онҳо дар тамос шудем.

Аммо боз ҳам муаммост, ки онҳо низ аз расонаӣ шудани нусхаи аризаашон худдорӣ намуданд.

Холиқназар Ҷумаев дар саҳифаи фейсбук аз саволҳои нодуруст додани ҳакамон гиламанд шуда навиштааст:

“Дирӯз барои мухлисӣ ба Холиқова Маҳиноз, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Панҷакент, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ширкат меварзид, ба Китобхонаи миллӣ рафтам. Ӯ дар номинатсияи “Адабиёти бачагона” баромад мекард. Иҷозаи вуруд ба толори баромадро надоданд, бинобар ин ба толори дигар гузашта, тариқи монитори гузошташуда, рафти пурсишро тамошо кардам. Саволу ҷавоб асосан хуб баргузор шуд, фақат як суоли яке аз доварон маро ба ҳайрат гузошт. Довар аз Маҳиноз пурсид:

Дар он тарафи Зарафшон Афғонистон ҷойгир аст?

Ростӣ, намедонам, довар ин саволро барои чӣ дод, чун инчо номинатсияи фанни ҷуғрофиё набуд, вале Маҳиноз лаҳзае дасту по гум кард. Баъд худи довар шояд иштибоҳашро фаҳмид, ки ба саволи гузоштааш худаш посух гуфт:

– Афғонистон дар он тарафи дарёи Панҷ ҷойгир аст.

Ҳарчӣ набошад, чунин савол ба назари ман бемавқеъ буд”.

Аммо муовини якуми вазир мегӯяд, ки саволҳо аз рӯи руйхати пешниҳоднамудаи худи иштирокчиён дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, иштирокчиён рӯйхати китобҳои хондаашонро пешниҳод мекунанд ва аъзои ҳакамон аз рӯи китобҳои хондаи онҳо савол медиҳанд.

Дар ин баробар котиби комиссияи озмун Саломиён аз он мегӯяд, ки аксари иштирокчиён китобро неву мазмуни онро аз интернет мехонанд. Бинобар ин, ба аксар саволҳо наметавонанд ҷавоб дода бошанд.

“Дар интернет мазмунҳои мухтасари асарҳои бадеӣ ҳаст. Баъзе аз иштирокчиён ҳамонҳоро мехонанд. Яъне худи китобро неву мазмуни мухтасарашро мехонанд. Вақте аз дохили асар ва ҷузъиёти он савол мешавад, намедонанд. Баъд якхелаш мегӯяд, ки ман инро аз интернет хондам” – мегӯяд Саломиён.

Нуриддин Шаҳобиддин, як корбари дигар дар саҳифаи фейсбукӣ чунин навиштааст:

“Ман ба ин озмун бовар надорам. Духтарчаи ман дар даври ноҳиявӣ фавқулодда баромад кард. Мухлисҳо бо кафкӯбӣ қабул карданд ва ҳакамон гуфтанд, ки мо баҳои аъло гузоштем, аммо ӯ ба даври шаҳрӣ нагузашт. Ҳоло мебинем ки хонандаҳои синфҳои болоӣ шеърҳои кӯдаконаро хонда истодаанд ва духтарчаи ман ин шеърҳоро чандин маротиба зеботар аз иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ мехонад. Аммо афсӯс…”.

Корбарон мегӯянд, бо ин амали худ масъулини озмун дили хонандагонро аз хондан сард мекунанд. Вале Саломиён мегӯяд, вазири маориф ба хонандагони синфҳои 11-е, ки дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок карданд, вале соҳиби ҷой нашуданд, имтиёз додааст. Мувофиқи он хонандагони синфҳои 11 метавонанд ба дилхоҳ муассисаи олии кишвар бидуни супоридани имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ ба факултаи филологӣ ройгон қабул шаванд.

Мувофиқи иттилои расида, соли равон дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар ин бора шаҳрдори Душанбе санаи 22-уми апрели соли равон  қарор қабул намуда буд.

Дар ҳамин баробар, бархе аз корбарон пешинҳод намуданд, ки мукофоти пулии озмуни мазкур аз байн бурда шавад. Чун ба фикри корбарон, аксарият ба хотири маблағ дар ин озмун ширкат мекунанд.

Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Аммо имсол шоҳҷоиза насиби ягон нафар намешавад.

“Имсол шоҳҷоиза насиби касе намегардад. Чун холҳои ба даст овардаи иштирокчиён барои шоҳҷоиза кифоят накард” – гуфт Саломиён ба хабарнигори “Фараж.

Аммо ба нафарони соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардида мукофотпулӣ дода мешавад. Ҷойи аввал соҳиби 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуввум 25 ҳазор сомонӣ ва ба нафари сазовори ҷойи сеюм гашта маблағ ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Иштирокчиёни норизо аз натиҷаҳои озмун сабаби ёфт нашудани номзади муносиб ба шоҳҷоизаро дар дуруст интихоб накардани соҳибони ҷойҳои аввал мебинанд.

Дар назар аст, дар рӯзи ба нашр расидани ин мавод маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун баргузор гардад. Дар ин бора ва дигар саволу ҷавобҳо дар шумораи оянда маълумот хоҳем дод.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь