Терминали нави боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳаҷми 19 миллион доллари амрикоӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавии хизматрасонӣ бунёд хоҳад шуд.
Имрӯз зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ва омодагиҳои масъулини фурудгоҳи Душанбе ба зимистонгузаронии имсола як гуруҳи журналистони расонаҳои гуногуни кишвар аз ин макон дидан карданд.
Муҳандиси пешбари шуъбаи сохтмони асосии ҶСК Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Одил Бобоев ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави терминали боркашонӣ 30-юми марти соли 2017 оғоз гардида, мувофиқи нақша бояд моҳи майи соли 2018 ба итмом расад.
– Дар асоси созишномаи грантии бебозгашти баимзорасида байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – “Ҷайка” лоиҳаи беҳдошти инфрасохтори Фурудгоҳи Душанбе 30-юми марти соли 2017 оғоз гардид. Маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 1 миллиарду 914 миллион йен, баробар ба 19 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки 5 миллион доллари он барои насби системаи аэронавигатсионӣ ва 12 миллион доллари боқимонда дар сохмони терминали боркашонӣ сарф хоҳад шуд,- гуфт Одил Бобоев.
Ҳадаф ва вазифаҳои асосии лоиҳаи сохтмони терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе харидорию насби системаи фурудоии автоматӣ, системаи чароғакҳои роҳнамоикунандаи ҳавопаймоҳо ва самтҳои асосии фаъолияти лоиҳа бошад, таъмини бехатарии парвозу нишасти тайёраҳо, баланд бардоштани самаранокии боркашонӣ гуфта мешавад.
Масоҳати умумии сохтмон 3681 метри квадратӣ буда, 2289 метри онро анбори тиҷоратӣ ва 1392 метри квадратияшро сохтори маъмурӣ ташкил медиҳад. Сохтмони ин терминалро ширкати ҷопонии “НИПОН Констракшн” ба зимма дорад ва таъминкунандаи таҷҳизоти системаи дохилии терминал ширкати “Адед валю Корпорейшн” мебошад.
Ба гуфтаи Одил Бобоев, дар иншоот 167 нафар коргар заҳмат мекашанд, ки аз ин ҳисоб танҳо 25 нафар мутахассисони ҷопонӣ муҳандис-техникҳо мебошанд. Музди меҳнати моҳонаи коргарони маҳаллӣ аз 2,5 то 3000 сомонӣ гуфта мешавад, ки бо хӯроки гарм низ таъмин ҳастанд. Ӯ мегӯяд, маҳсулоти ин иншоот, ба ҷуз оҳану бетони ватанӣ, ҳама аз Ҷопон дастрас гардидаанд, ки аз ташхиси лабараторӣ ҳамарӯза гузаронида мешаванд.
– Анбори тиҷоратӣ, ки феълан дар фурудгоҳ амал мекунад, соли 1964 сохта шудааст. Он масоҳати 534 метри квадратиро дар бар мегирад, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Яке аз ҳадафҳои лоиҳа низ баланд бардоштани сатҳу сифат ва ҳаҷми боркашонӣ ва ҷалб намудани ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу маҳсулот ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мебошад,- гуфт дар интиҳои суҳбат Одил Бобоев.
Дар баробари шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар терминали нави боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамчунин рӯзноманигорон бо таҷҳизоту теникаҳои замонавии рӯизаминӣ, ки аз омодагии ҷиддӣ гирифтани масъулини фурудгоҳ ба зимистон шаҳодат медод, ошно гардиданд.
Сармуҳандиси ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Бобоҷон Садриддинов, ҳамзамон раиси ситоди давраи тирамоҳу зимистон иттилоъ дод, ки корхона барои бе ягон камбудӣ паси сар кардани замистони 2017-2018 пурра омода аст.
– Барои хизматрасонии перонӣ, хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва техникаҳои барфрӯбӣ ҷамъ 192 техника фаъол аст, аммо дар умум қариби 300 техникаву таҷҳизоту механизмҳо дар тавозуни фурудгоҳ қарор доранд, ки барои беҳтар сохтани сатҳи хизматрасонӣ кор мекунанд. Дар зарфи 5-6 соли охир қариб ҳамаи техникаҳои давраи шӯравӣ нав карда шуданд. Дар шароити феълӣ техникаҳо барои хизматрасонии рӯизаминӣ пурра мерасад. Дар баъзе қисматҳо ҳатто зиёданд. Алҳол зарурати харидории бештари техникаҳо вуҷуд надорад,- иброз дошт Бобоҷон Садриддинов.
Номбурда ҳамчун роҳбари ситод оид ба давраи тирамоҳу зимистони имсола вазифаҳои асосии ситодро аз тайёр намудани мошину механизмҳои ба ҳавопаймоҳо хизматрасонанда ва захираи сӯзишворӣ барои онҳо, омода кардани техникаҳои борбардор, захира намудани моеъҳои зидди яхбандии “Типи-1” (120 т), “Типи-4” (60 т), реаген (150,5 т), мазут (140 т), бензин (55 т), сӯзишвории дизелӣ (65 т), омода намудани техникаҳо ва таҷҳизоти сӯхторнишонӣ, тайёр намудани бинову толорҳои VIP, SIP барои пешвоз ва гусели мусофирон, омода сохтани хати сунъии парвоз, роҳравҳои зимомӣ, перон, тайёр намудани алоқа ва воситаҳои муоина ва дигар равғанҳои молиданию қисмҳои эҳтиётӣ иборат медонад, ки ситод ҳамаи ин корҳоро аз нақша зиёд ба итмом расонидааст.
Ба гуфтаи Садриддинов, ба наздикӣ аз тарафи ширкатҳои ҳавопаймоии “Астана эйр”, “Флай Дубай”, “Ютер”, “Туркиш” маводҳои захирашудаи фурудгоҳро тафтиш карда баромаданд ва ризояташонро барои парвоз ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доданд.
– Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар давраи тирамоҳу зимистони имсола ҳам ба ҳавопаймоҳо ва ҳам ба мусофирон хизматрасонии хубро ба роҳ мемонем,- иброз дошт бо қатъият Бобоҷон Садриддинов.
Ӯ дар мавриди маоши ронандаҳои нақлиёти хизматрасонанда гуфт, онҳо вобаста ба категорияҳояшон 2-2,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Боиси хурсандист, ки сол то сол сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон дар тамоми соҳаҳои нақлиёт, чӣ ҳавоӣ ва чӣ заминӣ рӯ ба беҳшавӣ дорад. Он рӯз дур нест, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ ҳамчун фурудгоҳи транзитӣ ба ҷаҳониён хизмат расонад.
Шамсулло Фозилов