ё ба истилоҳ  таҳлилгар, рӯзноманигор ва матлабнависи инфиродӣ  “блогер”-и тоҷик чӣ гуна бояд бошад?

(бардошту назарсанҷиҳо аз семинари омӯзишии серӯза (28-29-30 октябри 2022)-и Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон)

Халқу миллатҳо, кишвару давлатҳо  бо шаҳрвандони донову доро, муаддабу бовиқор ва зираку ҳушёр, маконҳову   шаҳрҳо ва деҳаҳову маҳаллаҳо дар  партаву чаҳорчубаи хираду дониш, фарҳангу фаросат ва худшиносиву худогоҳӣ, рушду нуму ёфта, дараҷабандиву раддабандӣ шуда, сазовори мақому мартаба гардида, дар ҷаҳон боқӣ мемонанд.

Ибора ё термини “шаҳри  интеллектуалӣ” ё  ҳушманд,  “smart city” бо забони англисӣ   «умный город»  бо забони рӯсӣ имрӯз  байни мо маъруфият ёфта, забонзадаи ҳама гаштааст. Мавриди зикр аст, ки тибқи баррасиҳо, ин термин нисбат ба  шаҳру маҳаллаҳое  гуфта мешавад, ки барои ҷамъоварии иттилоот аз намудҳои гуногуни абзору дастгоҳҳои сенсорӣ ва усулҳои электронӣ истифода карда, ба сокинон шароиту имконоти саривақтиву заруриро фароҳам меоваранд.

Ҳамин тариқ, маълумот тавассути  шаҳрвандон, дастгоҳҳо ва захираҳои шаҳрдорӣ, идоракунии ҳаракати нақлиёт ва системаҳои нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, ва иншооти шаҳрӣ, шабакаҳои обтаъминкунӣ, идоракунии партовҳо, ошкоркунии ҷиноятҳо, системаҳои иттилоотӣ, мактабҳо, китобхонаҳо, беморхонаҳо ва дигар хадамоти иҷтимоӣ  ҷамъоварӣ шуда,  мавриди амал қарор мегиранд, ки мақсаду ҳадафи асосии “шаҳри интеллектуалӣ” ин ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ  ва дастгоҳҳои гуногуни физикии ба шабакаҳои  пайвастшудаи интернетӣ барои фароҳамсозии хадамоти фарогир  ва иртибот бо шаҳрвандон  мебошад.

Истифодаи дурусти он ба роҳбарон мансабдорони шаҳр имкон медиҳад, ки мустақиман бо ҷомеа ва зерсохторҳо робита дошта, ба талабу ниёзҳо ва арзу шикоятҳо фавран ҷавоб диҳанд.

Халлоқият, омӯзиш ва донишмандӣ аз хусусиятҳои чунин “шаҳрҳои ҳушманд” мебошад, ки  ҷомеаҳои озоду ободу ором месозанду умр ба сар мебаранд.

Кишвари мо низ бо дарёфти Истиқлол дар  санаи 9-уми моҳи сентябри соли 1991 муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуда, бо мардумони бо хираду бо фаросат ва роҳбарии Президенти бономусу ҷасорат Ватанро аз  ин вартаи  ваҳшату даҳшат  раҳонида, дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ онро гулгуншукуфон сохтанд.

Ҳамин тавр, дар пасманзари семинари серӯзаи омузишии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикстон   таҳти унвони “Мушкилоти таҳлилгар, рузноманигору блогерони тоҷик ҳангоми инъикоси масъалаҳои терроризм” (28-29-30 октябри соли 2022) бо интихоби беҳтаринҳо баргузор гардид.

Тренинг зери роҳнамоӣ ва дастуру машваратҳои коршиносони варзидаи журналистика Раҷаби Мирзо, Хуршеди  Атовулло, Ранжет Ятимов, Набӣ Юсупов ва Субҳон Ҷалил  оғоз шуд. Дар давоми се рӯз ба иштирокчиён оиди масоили мубрам аз ҷумла терроризму экстримизм ва мафҳуму шаклҳои он маърузаҳои назариву амалӣ   ироа гардид.

Бештари масоили ҳуқуқӣ ва қонунҳои марбут ба ВАО ва ҷазову ҷиноятҳо аз ҷониби коршинос Ранжет Ятимов бо зикри мисолу масалҳои таҷрибавӣ маънову мафҳум ва шарҳу тавсифи моддаҳо  барои иштирокчиён фаҳмондадиҳӣ гардид, ки аз нукоти муҳими омӯзиш ба ҳисоб меравад, то  рузноманигору блогер ё таҳлилгари масоили мубрами руз  огаҳии дуруст ёфта, малакаву касбияти худро боз ҳам қавитар гардонад.

Ҳамин тариқ, вазифаҳои асосии рузноманигор, блогер ва таҳлилгар бо истифода аз ченаки санҷишии панҷ “даблюз” )ибора аз панҷ ибораи англисии What? Who?When? Why?Where? , ки маънои чӣ, кӣ, кай, чарову чи хел, дар куҷо мебошанд, маншаъ гирифтааст) барои пахшу таҳияи хабар ё ба истилоҳ “неюз”(NEWS -nort-east-west-south) аз ҷониби Раҷаби Мирзо  бо мисолҳои  ҷаззоб ва бозиҳои интерактивӣ  баён гардид. Масоили мубрам ва доғи рӯз аз қабили набуди қонунҳои махсуси ВАО дар баъзе кишварҳо, муҳорибаҳо, муноқишаҳо, мунозираҳо  миёни  мамолики ҷаҳон ва паёмадҳои манфии он ба таҳлилгарону рӯзноманигорону матлабнависони ҷомеа ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо бо истифода аз 10 қоидаи маъруфи асосҳои рузноманигорӣ (шавқ, пахши хабари доғ, доштани нақша, мушаххас, омодаи гӯш кардан, ба ҳодиса халал ворид накардан, ҳусни баён, фарзияҳои нав, бетараф, ҳамқадами замон будан) бо риояи ABC (accurate,brief,concise-дақиқу кӯтоҳу пурмазмун) ироа шуда, таҳлилу  баррасӣ гардиданд, ки аз муҳимтарин нукоти омӯзиш ва дарки масоили мубрами ВАО мебошанд.

Роҳу равишҳои таҳияи хабару гузориш бо истифодаи  методи  панҷ “даблюз”, ки аз  мақсадҳои семинари омузишӣ аз ҷумла, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд, ба роҳ мондани мусоҳибаҳои дуруст бо коршиносони соҳавӣ  чӣ аз иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилоот, ҳамлу нақл ва бехатариву экологӣ буд, барои  камина бениҳоят ҷолибу хотирмон ва саривақтӣ тамом шуд.

Хулоса, паҳлуҳои дигари масоили ВАО,  таҳлилу баррасӣ ва  нақши рузноманигору таҳлилгарону блогерон аз ҷониби мутахассисон ва нахустблогерони тоҷик Субҳон Ҷалил ва Набӣ Юсупов  бо зикри таҷрибаҳои амалии шахсӣ дарсҳои омӯзанда гузаронида шуд, ки ҷанбаҳои норушани масоили мубрамро дар бахши ВАО ва пахшу таҳлили ин ё он мавзуи доғ  ба иштирокчиён возеҳ гардонид.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки чунин тренингҳо бо ҷалби тренерони моҳиру барҷастаи ВАО-и  кишвар заминаро барои  сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд ба мисли  шаҳру маҳаллаҳои ҳушманди ҷаҳон нақши калидӣ гузошта, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш”  бо қадами устувор ва  ҷасорату маҳорату фаросат ва зиракии сиёсӣ ба суи қуллаҳои баланд раҳсипор гашта, мардумони онро аз хатару таҳдидҳои номатлуб огоҳ карда, Ватанро Озоду Ободу Ором нигоҳ медоранд.

Мирсаид РАҲМОНОВ, таҳлилгар, ходими калони илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь