Олам на cap дораду на бар. Каломи ман ҳам на оғоз дораду на анҷом. Пас, чӣ гуна қиссаи дарозамро cap кунам. Ку аввалсухан ва ку охирсухани ман? Дар ин рӯзгор гумкардароҳам, ҳар чи ки навиштам, пароканда, пур аз дарду оҳ, таҳдор, поядор ва соядор. Маъзарат, хонандаи борикбин, ман қаламкаши касбӣ нестам ва ҳар чӣ навиштам, дилномаи ман аст ё мушоҳидоти зиндагии бесарунӯгам.

Бисёр ҷустам ва охируламр сари ҷумлаамро ёфтам, дар ин бесарию бебарӣ? Бале, ёфтам сарашро, зеро бе cap зиндагӣ нест, бе cap, яъне бе мағзи рӯшан коре пеш нараваду мушкиле осон нагардад. Дар cap аст маънии дунё. Cap набошад, ҷисм чӣ гуна кор кунад?

Қиссаи дароз аст монанди Роҳи Каҳкашон ва ибтидояш чунин аст:

Гурге дар ситоразори Фалак зиндагӣ мекарду ҳамеша дастбакор буд. Намеҷӯсту андешаи дароз мекард. Замоне байни ҳамкорон муҷодала кард. Рақибонаш хостанд, ки аз ӯ халос шаванд Роҳи халосиро меҷустанд.

Аҳли ҷамъияти ҷангал ҳар кадом дар дили хеш нисбати ӯ оташаки интиқом мепарвариданд ва фурсат мепоиданд, то ки қасос бигиранд.

Гург ҳам аз амали палангу рӯбоҳу шағол, сагу маймунҳо, калтакалосҳои бедум воқиф буд. Медонист, ки содиқона кор кардан ва ба манофеи аҳли ҷангал корномаҳои наве нишон додан, акнун дигар маъние надошт. Зеро ҳамкорони «содиқ» навпардозӣ кардани гурги пирро дигар чашми дидан надоштанд ва чун ӯро медиданд, аз хашм гӯё дандон мехоиданд, аз каломи онҳо заҳр мерехт. Аммо гург илоҷи дигар надошт, ночор зиндагӣ мекард ва ҳар рӯзро зинда ба зинда гӯё мегӯронид. Тобути рӯзҳои мурдаи ӯ сол аз сол зиёд мешуд. Вале ку тобутбардор?…

Солиён гург гӯшанишинӣ кард, хомӯш монд, аммо хомӯшӣ ҳам, «тилло» нашуд. Аз худ суол мекард: Худоё! Чӣ гунаҳ дорам? Дурӯғ нагуфтам, тӯхмат набофтам, ғайбат накардам, саҳнаи муқаддаси коргоҳро дар ҷангалистони вуҳуш фосид нагардондам, содиқона кор кардам. Вале аз чӣ ба сарвари говҷигари ҷангалӣ писанд нашудам. Чаро? Барои ин ки дурӯягӣ накардам, назди ӯ хушомад нагуфтам, сиёҳро сафед нагуфтаву чоплусӣ накардам. Ва ҳарчи дар дил доштам, ба худаш рӯ ба рӯ гуфтам…

Рӯзҳо мегузаштанд, дарди дили гург хеле зиёд шуда, ӯро ноором мекард, намедонист, ки чӣ тадбире андешад.

Паланг, рӯбоҳ ва шағол, сагу маймунҳо, калтакалосҳои бедум ин аҳволи гургро дида, дарун – дарун гӯшт мегирифтанд, хурсандияшон то ба авҷи фалак мерасид. Зоғу заған, каргасу аккаҳо, маймуну морҳо ҳам ба ҳоли гурги ғариб ханда мезаданд. Дар ҷаласаҳои васеи хеш ба ӯ тӯҳмат мезаданд, сояашро аз девори замон метарошиданд. Гург аз ин амали ҳамкорон воқиф буд. Чун бо эшон рӯ ба рӯ мешуд, ҳама ба ӯ теғ кашида, назар мекарданд. Ин ҳолат ба ӯ хеле таъсир мекард, аммо дигар илоҷ надошт, хомӯш дергоҳ назди ин қавми манфур менишаст. Сигор дармегиронду дуди ҳасрат аз сина берун мекард: дуди ғам, дуди танҳоӣ, дуди маъюсӣ ва дуди ночорӣ…

Гурги пир хаёлан мегуфт: як рӯз ин «донишмандони маҷлис» ба қадри меҳнатам мерасанд…

Солҳо мегузаштанд, мӯйҳои сари гург аз ғам сафед мешуданд. Панҷаи ожангҳо ба пешонаю рӯяш хат мекашид, чашмонаш хира мешуданд, хотирааш ҳам кунд мешуд. Фасли пирӣ расида буд. Боғи орзуҳояш дар оташи хазон дармегирифт, тирамоҳи пирӣ дар вуҷуди ӯ фаро расида буд. Тирамоҳе, ки хеле асрорангез аст, тирамоҳе, ки обҳо хеле рӯшан шудаанд: соф, булӯрин, пок ва муқаддас. Лек чй илоҷ?…

Рӯзе аҳли ҷангал гирд омаданду масъалаи аз кор рафтани гурги пирро гузоштанд. Сарвар гурги пирро назди худ хонд ва ба шуъбаи мутахассисин фармон дод: ҳар чи тезтар ҳуҷҷати гурги пирро ба нафақа омода кунед. Ӯро ба истироҳати абадӣ ҳидоят кунем. Бале, ба нафақа гусел кардан худ рамзи корношоямист ва рамзи ҳалолист. Ҳамин тавр ба дасти гурги пир ҳуҷҷати нафақаашро доданд. Ӯ нафақаномаро гирифту бо сари пур аз хаёл ба ҷангалаш, ба лонааш баргашт.

Зиндагии якрангу бенизом ӯро ба танг овард. Дар чунин ҳолат завҷааш низ ӯро нороҳат мекард, аз нарасидани маводи зиндагӣ ҳар гоҳ ба ӯ дармеафтод, хархаша мекард. Як шаҳр аз ғавғои зан ба ҳайрат афтода буд. Гурги пир намедонист, ки аз ин фоҷиаи зиндагӣ чӣ гуна раҳо шавад? Ба сараш хаёли худкушӣ меомад

Боре гурги пир лонаашро тарк карда, ба биёбон рафт. Хост ба касби бобоӣ шуғл варзад, яъне луқмаашро миёни авлодаш биёбад. Вале ғаризаи гургиашро кайҳо фаромӯш карда буд. Зеро барои гург будан, дар байни гургон будан ҳатмӣ буд. Вай дигар чорпо шуда наметавонист. Дар андеша буд. Ба ёдаш омад, дар китобе хонда буд, ки инсонро меҳнат инсон кардааст. Ин андешаро ӯ худ ба худ рад кард. Не инсонро меҳнат инсон накардааст. Не сад бор не! Инсонро меъдааш аз ҳайвони чорпоя ба ҳайвони дупоя табдил додааст. Вай тавонист тавассути шуур пеш равад, дандонашро ба шустан одат кунонад, дар рӯйи ҷои тозаву озода хоб карданро ёд гирифт, бо қошуқи оҳанин, нуқрагин ва тиллоӣ авқот хӯрданро писандид.

Ман ҳам гумон кардам, ки бо ин амал аз асри худ пеш рафтаам. Хостам монанди хаёлпарастон зиндагии зеботар барам. Чунон ки Достоевский фармуда буд: «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад!»…

Ман аз байни ҳамватанонам тарки ватан кардам, ба назди ҳамнавъони худ ба ҷангалистон омадам, ки онҳо аз гург дида ҳазорон бор ваҳшитар буданд. Гумон кардам, ки мардумро аз ҷаҳолат раҳо медиҳам. Дареғ, ки ин хаёли хом будааст. Бозгаштам ба назди ҳамнавъонам…

Гургон баъди маҷлиси навбатӣ мубодилаи афкор карданд. Яке аз гургон иброз кард: Ӯ ба гург монанд нест! Хуллас, гургон ӯро аз сафи хеш хориҷ карданд. Ҳамин тавр, ӯ ба саҳро равон шуд. Қувваи ҷисмониаш кам шуда, дандонҳояш рехтаву кам монда буданд. Гуруснагӣ ӯро фишор медод.

Рӯзе дар паси талҳо аспи пири ба нафақа баромадаро дид. Гург шукр гӯён ба назди аспи пир рафт: – Чӣ кораӣ?

Аспи пир як – як корномаи худро ба гурги пир нақл кард ва дар охир оҳе кашиду шикоят аз носипосии соҳибаш нақл намуд. Вақте ӯро ба дасти қассоб медиҳанд, қассоб аспи пиру лоғарро қабул накард. Аспро ба пуштаҳо cap доданд… Гург чун саргузашти аспи пирро шунид, гуфт: – Қисмат ҳамин будааст! Акнун омода бош, туро, эй аспи пир, мехӯрам!

Аспи пир посух дод: Маро хӯрдан мумкин нест, варақаи корношоямй дорам. Гург бовар накарда пурсид: «Канӣ, варақаи корношоямиатро ба ман нишон деҳ! Ту онро аз кадом бемористони ин марз гирифтӣ? Асп гуфт: – Аз қафо гузар, зери сумамро хам шуда бин!

Гург ба паси аспи пир гузашт. Аспи пири зирак бо ду пои қафо чунон ба фуки гург зад, ки он дур афтоду муддате беҳуш дароз кашид. Асп як ба ӯ нигариста, аз назди гурги ғелида дур шуд. Андешамандона ба худ мегуфт: – «Шояд ин лагади ман ба ӯ дарси ҳаёт шавад!»

Муддате гузашт, гург ба худ омад, аз ҷояш хесту нишаст, уллоси гургона кашида, ба осмон нигарист: Дунё аҷиб сохта шудааст. Оё ин Осмон канор дорад ё не? Ман аз куҷоям? Ба куҷо меравам? Оғоз чист? Фарҷом чист? Зиндагӣ чист? Марг чист? Баъди андешаронӣ маҳзуну уллоскунон ба гиря cap кард ва дили худро андак сабук гардонд. Чунин ба назар мерасид, ки ашки чашмонашро зиндагии сахти дунё кайҳо хушк кардааст. Аз чашмони ӯ ашк не, гӯё оташ мерехт, оташи сӯзон… Гург танҳоии пурдаҳшатро ҳис кард.

Имрӯз дар саҳрои беканори зиндагӣ танҳоӣ ӯро думболагирӣ мекард. Ҳарчанд мекӯшид, аз ин ваҳшати танҳоӣ раҳо шавад, наметавонист.

Роҳи биёбон гирифт. Дар роҳ хаёлоти давраҳои гуногуни зиндагиаш аз сараш дур намерафтанд. Роҳ мепаймуду аз озод будани худ шукр мегуфт. Ӯро дар ин дунё касе намефаҳмид. Шояд як замоне аз ҷаҳони ӯ насли дигар воқиф шавад: насли хаёлӣ не, насле, ки офаранда аст, хирадманд аст, корномаашро возеҳтар идрок мекунад…

Хаёлоти гург заминӣ мешуд. Эҳсоси гуруснагӣ ӯро маҷбур месохт, ки чизеро биёбаду тӯъма кунад. Аз ин рӯ, ба хулосае омад, ки акнун чизеро, ки пайдо кунад, ин дафъа на салом мекунад ва на варақи корношоямӣ мепурсад, яку якбора ба коми аждари нафс фурӯ мебарад.

Ин дам овози баррачаеро шунид. Аз олами хаёлот худро раҳо кард. Ба худ гуфт: акнун луқмаамро ёфтам. Дигар ҳеҷ гоҳ гузашт намекунам. Ҳеҷ гоҳ!

Ба сӯи баррача рафту ба ӯ наздик шуд Барррачаи маҳмаддоно, ки ба калонсолон гӯш накарда, канорҷӯӣ намуд. Рӯзи аввали танҳоияш дучори гург шуд. Гург хост баррачаро хӯрад. Баррача гуфт: – Ҳазратам, ман медонам, ки ту гуруснаӣ ва мехоҳӣ, ки маро хӯрӣ, ман розиам, лек ман бобою бибиҳоямро беҳад дӯст медорам. Иҷозат диҳед, ки бо онҳо як хайрхуш кунам. Баъд маро бихӯред!

Раҳми гурги пир омад – хайр рав, хайрхуш кун ва тез баргард, – гуфт.

– Бале, ҳазратам!

Ва гургу баррача ба сӯи рама ҳаракат карданд. Гург дар хаёли он буд, ки аз куҷои баррача биканаду бихӯрад. Баррача дар хаёли он буд, ки тезтар ба назди ақрабояш бираваду аз марг раҳоӣ ёбад. Гургу баррача хеле роҳ паймуданд. Он гоҳ гург ба хашм омаду гуфт: – Лаънатӣ, кай ба назди волидонат мерасӣ? Баррача дағалии гургро дида, ҳуш аз сараш парид. Ҳозир ҳазрати гург! Ҳу, ана он буттаро дидед?

Ин лаҳза сагҳои даҳмарда гургро диданду ба сӯяш ҳамла карданд. Гург, ки ин ҳолатро мунтазир набуд, худро мазаммат кард: Ман дар дунё аҳмақтарин ҷондори рӯи замин будаам, ки ҳамон шаттаҳои аспи пир сабақам нашуданд. Гург чӣ қадаре, ки қувват дошт, мегурехт. Яке аз сагҳо дид, ки ин гург хеле пир аст, ба сагҳои дигар гуфт: – Биёед, дигар аз паси он надавем, зеро гург пир аст, ба аҷали худаш рӯзе мемирад.

Ҳамин тавр, сагҳо ба рама баргаштанд. Гурги пир як оҳи сабук кашиду чунин хулоса кард: Аз байни гургони чорпоя гурехтам, назди гургони дупоя рафтам, гӯё аз барф гурехта ба борон афтодам…

Зиндагӣ дарси ҳаёт аст, як саҳнаи озмоиш аст, як саҳнаи панду ҳикмат аст. Он ки аз ҳикмату таҷрибаи рӯзгор баҳра наёфт, ба мушкилоти сахт рӯёру шавад, лутки зиндагӣ бар душаш занад.

Гурги пир аз таҷрибаҳои рӯзгор баҳра нагирифт. Имрӯз аз нофармонии хеш ашки ҳасрат мерезад, дар танҳоӣ…

***

Мӯре барои рӯзгораш дон ҷамъ меовард. Балки барои ором намудани меъдааш заҳмат мекашид. Ҳамин вақт аз болои сараш мӯре дигар, мӯре болдор парвоз кард. Шитоб дошт, ки ба мӯри заминӣ ҳеҷ нигоҳе накард. Мӯри заминӣ инро дид ва оҳе сард аз дили пурдард кашиду гуфт: – «Илоҳо болу парҳоят бишкананду бар замин афтӣ ва бидонӣ, ки мо чӣ заҳмате дорем».

Оҳ, агар инро он мӯр мешунид, дар ҷавоб дуо мекард, ки ту эй мӯри заминӣ, мехоҳам осмонӣ бишавӣ, соҳиби бол бигардӣ, то оламро бубинӣ, бифаҳмӣ ва аз дунёи бухлат раҳо биёбӣ. Не, ӯ нашунид ва рафт. Инро танҳо як кирми лойхӯрак шунид. Шуниду ба андеша рафт. Ба андеша рафту ғамгин гардид, ки як мӯре ба мӯри дигар, ба мӯре бузургтар чунин дуои бад мекунад. Зери лаб ба худ гуфт: «Оҳ, афсӯс аз ҷинси мо касе болу пар надорад, то мо бар ӯ офарин бихонем ва аз парвозаш лаззат бубарем.

Пас аз ин кирми лойхӯрак ба кори худ идома дод. Нахост ин ҳарфро ба касе бигӯяд. Ва ҳам шукр кард, ки онро фақат худаш шунидааст.

Ҳошим ГАДО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь