Бӯи ғализ ва кучаҳои ифлосро шумо метавонед дар наздикии театри Ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ бинед. Новобаста аз мавҷуд будани қуттиҳои партовгоҳ, вале аз чӣ бошад, ки гирду атрофи ин макон пур аз партов гардидаасту касеро аз ин парвое нест. Вақте гузаратон ба ин макон меафтад, шумо метавонед бинед, ки гирду атроф пур аз партов аст, ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ метавон ин ҳолатро мушоҳида намуд. Яке аз сокинони ин биноҳо мегӯяд вазъ чандин сол шуд чунин асту касе аз масъулин дар фикри ислоҳаш нест.

“Бо фаро расидани фасли гармо бӯи ғализи партов атрофро фаро мегирад” – мегӯяд ин шахс. Мутаассифона, ин ягона ҳолате нест, ки дар ноҳияи мазкур ба чашм мерасад. Дар кӯчаи Неъмат Қарабоев – 76 низ метавон бо партовҳо дар дохили ҷуйборҳо рӯ ба рӯ шуд, ки ин ҳолат низ ба чизи муқаррарие табдил ёфтааст. Ҷуйборҳои обе, ки пур аз партови қуттиҳои пластмасӣ ва ҳаргуна салафанпораҳо ҳастанд худ аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Бо дидани ин манзараҳо суоле ба миён меояд, ки айб дар кист, сокинон ё масъулин? Сокинон аз он мегӯянд, ки ҳармоҳа барои партов маблағ месупоранд.
Бо умеди он ки бо дидани аксҳои зер шояд масъулин аз хоби гарон бедор шаванду камбудии мазкурро ислоҳ намоянд, аксҳоро инҷой мегузорем. Чун дар ин фасли гармо зарари ин партовҳо дучанд мегардад.

Дар ин баробар аз сокинон низ даъват ба амал меорем, то тозагиро риоя намоянд ва дар ҷойҳои муқарраршуда, партовҳояшонро партоянд.

 

 

Шукрона САФАРЗОДА

Шоҳсанам ДУСМУРОДЗОДА

(таҷрибаомӯзони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь